Перейти к содержимому

Зарбулаҷали Созмони Милал ба ҳукумати Тоҷикистон барои озодии фаврии Зайд Саид

Ба гузориши сойти Ахбор, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар хулосааш пиромуни парвандаи соҳибкори тоҷики зиндонӣ Зайд Саидов мегӯяд, ҷониби ҳукумат бояд Зайд Саидовро аз маҳбас озод карда, ба ӯ ҷуброн пардохт кунад ва дар сурати зарурат, мурофиаи одилонаи парвандаашро доир кунад. Созмони Милал барои иҷрои ин қарораш ба ҳукумати Тоҷикистон 180 рӯз вақт додааст. Зайд Саидов дар соли 2013 дастгир ва ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид хулосааш дар бораи парвандаи соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик Зайд Саидовро нашр кард. Қарори ин кумитаи Созмони Милал ҳанӯз рӯзи 4 апрел тасвиб шуда, акнун дар дастраси ҳамагон қарор гирифт.

Кумитаи ҳуқуқи башар, ки аз соли 2015 парвандаи Зайд Саидовро таҳқиқ мекард, ба чунин натиҷа расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар парвандаи Зайд Саидов як силсила аз муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандиро поймол кардааст ва бояд иштибоҳҳои худро ислоҳ кунад.

Кумитаи ҳуқуқи башар мегӯяд, ҷониби ҳукумат исрор меварзид, ки гуноҳи Зайд Саидов дар додгоҳ исботи худро ёфт, вале далеле наовард,ки чаро ҳуқуқи ӯро барои сохтани ҳизби сиёсӣ бо роҳи боздошт ва зиндонӣ кардан шадидан маҳдуд кардааст.

Ба ақидаи Кумитаи Созмони Милал, мақомоти Тоҷикистон ҳуқуқи Зайд Саидов ба озодии гирдиҳамоӣ ва таъсиси ҳизби сиёсӣ, ҳаққи ӯ ба тафтиши бидуни мамониат ва муҳокимаи одилонаи парвандаашро зери по кардааст.

Кумитаи ҳуқуқи башар дар хулосааш пиромуни ин парванда мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд Зайд Саидовро озод кунад ва барои ҳабси ғайриқонуниаш ба ӯ ҷуброн пардохт кунад. Дар сурати зарурат, меафзояд ин ниҳоди Созмони Милал, мақомоти Тоҷикистон метавонанд мурофиаи парвандаи Саидовро аз нав доир кунанд, вале бо риояи тамоми меъёрҳои додгоҳи одилона ва тамоми кафолатҳои ҳуқуқи озодии инсон, ки дар Паймони байналмилалии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ зикр шудаанд.

Аз давлати Тоҷикистон ҳамчунин тақозо шудааст, ки бо андешидани чораҳои қатъӣ аз такрори чунин ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар оянда пешгирӣ кунад.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба давлати Тоҷикистон барои озод кардани Зайд Саидов ва иҷрои дигар хулосаҳояш 180 рӯз фурсат додааст. Ба ин тартиб, агар ин 180 рӯз аз рӯзи тасвиби қарори Кумитаи ҳуқуқи башар ҳисоб шавад, Зайд Саидовро бояд то 1 октябри соли равон аз маҳбас озод кунанд.

Бар пояи гузориши сойти Ахбор, Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар деҳаи Шодмонии ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба дунё омада, риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Зайд Саидов соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, солҳои 2002-2006 дар мақоми вазири саноати кишвар кор кард. Баъди рафтан аз мақом Зайд Саидов ба тиҷорат баргашт ва яке аз нафарони пештоз дар бозори сохтмони пойтахти Тоҷикистон шуд. Чандин иншооти бузург дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла бинои мактаби рақами 8, Маркази тиҷоратии «Соҳибкорон”, Маркази тиҷоратии «Пойтахт” дар канори варзишгоҳи «Спартак” ва «Душанбе-Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистонро ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов сохтаанд.

Зайд Саидов, ки имсол ба синни 60 расид, моҳи майи соли 2013 баъди эълони азмаш барои сохтани ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав боздошт ва бо иттиҳомоти иқтисодӣ ва таҷовуз ба номус дар ду мурофиаи додгоҳӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Зайд Саидов ин иттиҳомотро беасос номида, рад мекунад ва мегӯяд, азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав сабаби чунин ҷазои шадидаш аз ҷониби мақомот шудааст.

То кунун бисёриҳо дар Тоҷикистон мутмаинанд, ки Зайд Саидовро беасос ва бо тӯҳмат зиндонӣ кардаанд. Дар баҳори соли 2017 боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудани тақрибан ҳамаи аъзои бригадаи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов аз Агентии мубориза бо коррупсия, бо шумули раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ Фирӯз Холмуродзода шакку шубҳаҳо дар бораи гунаҳкории ин соҳибкори шинохтаро боз ҳам бештар кард. Дар пайи маҳкум ба зиндон шудани муфаттишони парвандааш бисёриҳо умедвор буданд, ки парвандаи Зайд Саидов низ бозбинӣ хоҳад шуд, вале чунин нашуд.

Манбаъ: сойти Ахбор (Мирзо Салимпур)

Гузориши СММ дар бораи Зайд Саидов (PDF)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: