Перейти к содержимому

Инсони комил (27)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби қудрат (1)

وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيٍّ قَاتَلَ مَعَهُ رِبِّيُّونَ كَثِيرٌ فَمَا وَهَنُواْ لِمَا أَصَابَهُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَمَا ضَعُفُواْ وَمَا اسْتَكَانُواْ وَاللّهُ يُحِبُّ الصَّابِرِينَ

(Сураи Оли Имрон, ояти 146)

Яке дигар аз мактабҳо дар мавриди инсони комил, инсони бартар, инсони намуна, инсони идеол ва инсони мутаъолӣ, мактаби қудрат аст. Дар ин мактаб, инсони комил мусовӣ бо инсони муқтадир ва соҳиб қудрат аст, ва ба иборати дигар, камол дар ин мактаб мусовӣ бо тавоноӣ, ва нақс мусовӣ бо аҷзу нотавонӣ аст. Ҳар инсоне, ки қавитар аст комилтар, ва ҳар инсоне, ки заифтар аст ноқистар аст, ва асосан ҳаққу адолат, ҳақиқате нест ва маъное ғайр аз ҳамон қудрату тавоноӣ надорад. Яъне агар ду нерӯ дар баробари якдигар қарор гиранд, мо маъмулан ин тавр фикр мекунем ва мегӯем, ки қатъи назар аз ин ки ин нерӯ пирӯз шавад ё он нерӯ, яке аз инҳо ҳаққу адолат аст ва дигаре ботилу зулму ҷавр. Мумкин аст дар як ҷо ҳақ ботилро шикаст диҳад ва бар ботил пирӯз шавад ва як ҷо ҳам мумкин аст акси қазия иттифоқ биафтад, яъне ботил бар ҳақ пирӯз шавад. Албатта тибқи мантиқи Қуръон, пирӯзии ниҳоӣ ҳамеша бо ҳақ аст ва пирӯзии ботил, пирӯзии муваққат аст, ва ин як матлабе аз дидгоҳи Қуръон аст, ки бисёр қобили таваҷҷӯҳ аст. Вале аз назари Қуръон ҳам матлаб аз ин қабил нест, ки агар ду нерӯ дар баробари якдигар қарор гиранд, он нерӯе, ки нерӯи муқобилро шикаст диҳад ҳақ аст ва он, ки шикаст бихӯрад ботил аст.

Аммо тарафдорони ин мактаб (мактаби қудрат) мегӯянд, ҳар ки тарафи муқобилро шикаст диҳад, ҳамон бар адолат аст; коре, ки тавоно ва муқтадир мекунад, ба далели ин ки тавоност, айни адолат аст.

* * *

Таърихчаи мактаби қудрат

Ин мактаб собиқаи зиёде дар дунё дорад ва собиқаи он ба давраи қабл аз Суқрот мерасад. Суқрот дар ҳудуди чаҳорсад сол қабл аз мелоди Масеҳ будааст ва аз замони ӯ ҳудуди 2500 сол мегузарад. Қабл аз давраи Суқрот гурӯҳе будаанд, ки дар масоили фалсафӣ онҳоро «суфастоиён» меноманд ва инҳо дар масоили иҷтимоӣ чунин назаре доштаанд, ва ин фикр дар ҳамон дунёи Юнон бо зуҳури файласуфоне аз қабили Суқрот ва Афлотун ва Арасту мансух шуд ва баъд бо омадани масеҳият ҳеч ҷое барои ин навъ афкор набуд, чун масеҳият дуруст дар нуқтаи муқобили ин тарзи фикр аст. Яъне на танҳо аз қудрат таблиғ намекунад, балки аз заъф таблиғ мекунад. Ин ки дар масеҳият гуфта мешавад агар касе ба тарафи рости сурати ту силӣ зад, тарафи чапи сурати худро биёвар ва ҳатто аз худат дифоъ накун, навъе таблиғи заъф аст. Баъд, ки ислом дар дунё зуҳур кард — гӯ ин ки як мантиқи хоссе дар мавриди қуввату қудрат дорад, ки тавзеҳ хоҳем дод — мусаллам аст, ки матлабро ба ин сурат тарҳ накард, ки зӯр мусовӣ бо ҳаққу адолат аст ва ҳаққу адолат мусовӣ бо зӯр. Худи фарангиҳо истилоҳи “ҳаққи зӯр”-ро ба кор мебаранд, яъне ҳаққе, ки мусовӣ бо зӯр аст.

Бори дигар дар Мағрибзамин ин фикр зинда шуд, ки бале, ҳақ мусовӣ аст бо зӯр, ва ин фикр барои аввалин бор дар фалсафаи сиёсӣ (яъне дар ҳадди сиёсат ва на беш аз он) зуҳур кард. Мокёвеллӣ, донишманд ва файласуфи маъруфи итолиёӣ, асоси фалсафаи сиёсиашро бар сиёдат гузошт. Ӯ мегӯяд: дар сиёсат танҳо чизе, ки бояд малҳуз шавад, сиёдат аст ва ҳеч асли дигаре дар сиёсат мӯътабар нест. Барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ — ки ҳамон сиёдат аст — ҳар чизе ҷоиз аст: дурӯғ, фиреб, макр, қасамҳои дурӯғ, хиёнат кардан, по рӯи ҳақ гузоштан. Мегӯяд: дар сиёсат, мазмум шумурдани ин масоил, ба ҳеч наҳв набояд матраҳ бошад.

Баъд аз ӯ, файласуфони дигаре пайдо шуданд, ки на танҳо дар сиёсат, (балки) мутлақан ин масъаларо тарҳ карданд ва ба унвони як ахлоқи умумӣ чароғи сабзе ба сиёсатмадорон доданд, ки шумо дар сиёсат ин роҳро дар пеш бигиред, балки асосан мӯътақид шуданд, ки ахлоқи олӣ ва ахлоқи инсонӣ яъне ҳамин. Дар ин ҷиҳат, Ниче (1), файласуфи маъруфи олмонӣ, ба таври умум асли қудратро дар ахлоқ матраҳ кард.

* * *

Назарияи Бекан ва таъсироти он

Ин ҷо бояд муқаддимае арз кунам, ки зикри он лозим аст. Медонед, ки дар ҳудуди чаҳор қарни пеш яъне дар қарни шонздаҳум, таҳаввуле дар илму мантиқ пайдо шуд ва ду нафар аз файласуфони бузурги ҷаҳон — ки яке ангилисӣ (Фронсис Бекан, Francis Bacon) ва дигаре фаронсавӣ (Рене Декорт, René Descartes) аст — пешрави илми ҷадид хонда шуданд. Ба хусус Бекан назаре дар боби илм дорад, ки ин назар ҳамаи назариёти гузаштаро дигаргун кард. Ин назар, ки маншаъи тараққии улум ва тасаллути зиёд ва фавқулъодаи инсон бар табиат шуд, айнан маншаъи фосид шудани инсонҳо гардид. Яъне ин назария, ҳам табиатро ба дасти инсон обод кард ва ҳам инсонро ба дасти худи инсон харобу фосид кард. Ин назария чист?

Қабл аз Бекан, бузургон, аъам аз фалосифа ва ба хусус адён, илмро дар хидмати ҳақиқат гирифта буданд, на дар хидмати қудрат ва тавоноӣ. Яъне, вақте инсонро ташвиқ ба фарогирии илм мекарданд, такягоҳи ин ташвиқ ин буд, ки эй инсон! Олим бош, огоҳ бош, ки илм туро ба ҳақиқат мерасонад, илм, василаи расидани инсон ба ҳақиқат аст. Ва ба ҳамин далел, илм қадосат дошт, яъне ҳақиқати муқаддас ва мофавқи манофеи инсон ва умури моддӣ буд. Ҳамеша илмро дар муқобили молу сарват қарор медоданд: оё илм беҳтар аст ё молу сарват? Мебинед, дар адабиёти мо — чӣ форсӣ ва чӣ арабӣ — миёни илму сарват муқоиса мекунанд ва он вақт илмро бар сарват тарҷеҳ медиҳанд:

Илм доданд ба Идрису ба Қорун зару сим,

Он яке зери замину дигаре фавқи фалак.

Амирулмӯъминин Алӣ (а) дар ҷумлаҳое, ки дар “Наҳҷул-балоға” аст, миёни илму сарват муқоиса мекунад ва илмро бар молу сарват тарҷеҳ медиҳад. Ҳамеша ба илм ба унвони амре муқаддас ва мофавқи умур ва манофеи моддӣ нигоҳ мекарданд ва муаллим як мақоми қудсӣ дошт. Алӣ (а) мефармояд:

من علّمني حرفا فقد صيّرني عبدا

«Касе, ки як ҳарф ба ман биёмӯзад, маро бандаи худаш сохтааст.» Бибинед Қуръон мақоми илм ва қадосати илмро то куҷо боло бурда, ки дар достони хилқати Одам ва таълими асмо ва саҷдаи малоика мефармояд: эй малоика! Эй фариштагони ман! Ба Одам саҷда кунед, ба далели ин ки Одам медонад чизеро, ки шумо намедонед.

Бекан назари ҷадиде иброз кард ва гуфт: инҳо барои инсон саргармӣ аст, ки дунболи илм биравад барои ин ки мехоҳад ҳақиқатро кашф кунад, зеро худи кашфи ҳақиқат муқаддас аст. Инсон илмро бояд дар хидмати зиндагӣ қарор диҳад; он илме хуб аст, ки бештар ба кори зиндагии инсон бихӯрад, он илме хуб аст, ки инсонро бар табиат мусаллат кунад, он илме хуб аст, ки ба инсон тавоноӣ бидиҳад. Ин буд, ки илм ҷои ҷанбаи осмонии худашро ба ҷанбаи заминӣ ва моддӣ дод. Яъне масири илму таҳқиқ иваз шуд ва илм дар масири кашфи асрору румузи табиат афтод барои ин, ки инсон бештар бар табиат мусаллат шавад ва беҳтар битавонад зиндагӣ кунад, ва ба иборати дигар, рафоҳашро беҳтару бештар фароҳам кунад.

Албатта, ин назария аз як назар хидмати бисёр бузурге ба башарият кард, чаро ки илм дар масири кашфи табиат барои тасаллути инсон бар табиат ва баҳраманд шудани ӯ аз табиат афтод, ва аз ин назар бисёр хуб буд. Аммо дар канори ин, илм дигар он қадосат ва волоӣ ва мақоми қудс ва таҳорати худро аз даст дод. Алъон ҳам агар таваҷҷӯҳ кунед, барои донишҷӯён ва туллоби улуми диние, ки дар ҳавзаҳо ва бо меъёрҳои қадим таҳсил мекунанд, илм ҳамон арзишро дорад; ҳамон арзише, ки масалан китоби «Одобул-мутаъаллимин» ё китоби «Мунятул-мурид«-и Шаҳиди Сонӣ баён кардааст ва он китобҳо пур аз ривояту ҳадис дар фазилати илм аст. Ин аст, ки барои онҳо илм, як қадосат ва таҳорате дорад. Масалан, мӯътақиданд, ки вақте мехоҳем дар як ҳавзаи илмӣ дарс бихонем, беҳтар аст вузӯ бигирем ва бо таҳорат барои таҳсил биравем. Барои як талаба, устод ва муаллим як эҳтирому ҷалолату қадосати хоссе дорад. Як талаба воқеан дар умқи руҳаш нисбат ба устодаш хузӯъ дорад. Агар бихоҳад илмро барои мол таҳсил кунад, дар худаш эҳсоси шарм мекунад, ки ман илмро таҳсил кунам барои ин ки дар оқибат пуле гири ман биёяд! Ё як муаллим агар бихоҳад таълим диҳад ва таълимашро дар изои пул ва музду аҷр қарор диҳад, инро таназзули мақоми илм медонад.

Вале дар таҳсилоти ҷадид, ки идомаи ҳамон равиши Бекан аст, масъалаи таълиму таъаллум он қадосати худро ба куллӣ аз даст додааст. Як донишҷӯ вақте таҳсил мекунад, таҳсил барои ӯ як амали муқаддимотӣ барои зиндагӣ аст. Дигар фарқе нест байни ин ки як инсон дар мадраса ва донишгоҳ дарс бихонад барои ин ки фардо дуктуру муҳандис шавад ва як зиндагии хуб фароҳам кунад, ва ин ки дар бозор шогирди як тоҷир шавад ё як аттор ва баққол гардад. Ӯ дунболи пул медавад ва он дигаре ҳам дунболи пул медавад. Дар бораи муаллими худаш ҳам фикр мекунад, ки ин фард дар моҳ чанд ҳазор тумон ҳуқуқ мегирад ва дар изои ҳуқуқаш бояд ин ҳарфҳоро дар ин ҷо бизанад. Амалан ҳам мо мебинем, ки шогирд пушти сари устод даҳто фуҳш ҳам мумкин аст бидиҳад ва ҳеч дар виҷдони худ эҳсоси шарм намекунад ва барои ӯ масъалае нест.

Бекан гуфт: илм, барои қудрат ва дар хидмати қудрат; доноӣ барои тавоноӣ, на барои чизи дигар. Ин назария дар ибтидо асари бади худашро зоҳир накард. Вале тадриҷан, ки башар аз илм, фақат тавоноӣ ва қудрат мехост, ба ҷое расид, ки ҳама чиз дар хидмати қудрату тавоноӣ қарор гирифт.

Алъон чархи дунё бар ин асос мегардад, ки илм ба таври куллӣ дар хидмати қудратҳост. Ҳеч вақт дар дунё илм ба андозаи имрӯз асир ва дар хидмати зӯрмандон ва қудратмандон набудааст ва уламои тирози аввали олам, асиртарин ва зиндонитарини мардуми дунё ҳастанд. Олимтарин фард масалан оқои Энштейн аст, вале илми Энштейн дар хидмати кист? Дар хидмати Рузвелт. Энштейн навкари оқои Рузвелт аст ва наметавонад набошад. Чӣ дар урдугоҳи империёлизм ва чӣ дар урдугоҳи сусиёлизм ҳамин тавр аст, фарқ намекунад, дар ҳама ҷо илм дар хидмати қудрат аст. Алъон дунёро қудрат мечархонад, на илм. Ин ҷумларо, ки мегӯем: “Дунёи мо, дунёи илм аст” бояд андаке тасҳеҳ кунем. Дунёи мо дунёи қудрат аст, на дунёи илм, ба ин маъно, ки илм ҳаст, вале на илми озод, балки илм дар хидмати қудрату зӯру тавоноӣ. Илм имрӯз асир аст ва озод нест ва аз ин рӯ ҳар ихтироъ ва иктишофе, ки дар дунё рух медиҳад, агар бишавад онро дар хидмати зӯр қарор дод ва аз он як силоҳи маҳиби хатарнок ва ваҳшатноке барои куштани инсонҳо сохт, аввал он ҷо аз он истифода мешавад, баъд дар хидмати корҳои дигари башар қарор мегирад. Яъне аввал дар хидмати зӯр қарор мегирад, магар ин ки иктишофе бошад, ки ба дарди зӯр нахӯрад. Аҳёнан дар ибтидо иктишофро буруз намедиҳанд ва то вақте, ки лозим бошад, ин сиррро ҳифз мекунанд барои ин ки “зӯр” ба он эҳтиёҷ дорад.

Роҳе, ки Бекан тай кард, хоҳ нохоҳ ба он чи ки Мокёвеллӣ ва махсусан Ниче гуфтааст мунтаҳӣ мешавад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Ӯ дар охири умр девона шуд, ва ба ақидаи ман, осори ин ҷунун дар ҳамон авоил ҳам зоҳир будааст. Ниче нависандаи бисёр муқтадире аст, ки қисматҳое аз ибороташро барои шумо хоҳам хонд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: