Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (300)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (43)

* * *

Махласи моҷарои араб ва ҷуфти ӯ (3)

* * *

В-он ки он маънӣ дар ин сурат бидид,

Сурат аз маънӣ қариб асту баъид.

Ва он кас, ки маъноро дар ин сурат мебинад, бояд бидонад, ки сурат бе маъно аз як ҷиҳат наздик аст ва аз як ҷиҳат дур.

Нукта: Сурат метавонад мазҳари маъно бошад, вале наметавонад аз ҳар чиҳат маъноро нишон диҳад. Зеро сурат, маҳдуд аст ва маъно номаҳдуд. Акбарободӣ дар тавҷеҳи ин байт, мисоли обу дарахтро меоварад, ки аз назаре обу дарахт бо ҳам наздикӣ ва қаробат доранд, ва аз назаре дигар, фарқу ҷудоӣ доранд. Ин ки дарахт сарсабзу боланда аст, нишон медиҳад, ки об боиси ин амр шуда ва дар ҳамаи аҷзоъу андоми дарахт об ҷориву сорӣ аст. Вале аз як назар ҳам, обу дарахт аз якдигар ҷудо ҳастанд ба эътибори ҳақиқати он ду. Зеро об, аз ҷумлаи ҷамодот аст ва дарахт дар шумори наботот. Ва дигар он ки: об, ҷавҳарест басит ва дар шумори аносур, ва дарахт аз мураккабот аст ва аз ҷинси маволиди салоса. Пас, нисбати сурату маънӣ, монанди обу дарахт аст, ки аз як ҷиҳат қаробат доранд ва аз ҷиҳоте мутаъаддид, аз ҳам баъид ва дуранд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.195)

Дар далолат ҳамчу обанду дарахт,

Чун ба моҳийят равӣ, дуранд сахт.

Ба унвони мисол, обу дарахтро метавон зикр кард. Ҳарчанд об, мояи болидан ва рушди дарахт аст ва дар ҳамаи аҷзоъи дарахт ҷараён дорад, вале моҳияти ин ду аз ҳам бисёр фосила дорад.

Нукта: Акбарбодӣ мегӯяд: «Дар ин ҷо ишорат аст ба он ки зоти Ҳақ, ки маънии сувар (суратҳо)-и олам аст агарчи дар ин сувар пайдову зоҳир шудааст ва ба як эътибор қариби ҳама аст ва айни ҳама, аммо ба эътибори таъайюни инҳо (суратҳо) ва итлоқ (-и зоти Ҳақ), ӯ ғайри ҳама аст.» (Ҳамон манбаъ)

Моҳият чист?

Калимаи «моҳият» муштақ аст аз «мо ҳува», яъне «чист ҳақиқати он?» Аз ин рӯ, ҳукамо гуфтаанд:

الماهية ما يقال في جواب ما هو

Яъне, моҳият ҳамеша дар посухи чистии ашё гуфта мешавад. Масалан, вақте мегӯем: инсон чист? Посух дода мешавад: ҳайвони нотиқ. Пас, «ҳайвон» ва «нотиқ», ки ҷинсу фасли инсон аст, моҳияти ӯст. Бинобар ин, аз назари фалсафӣ, чун «вуҷуд» дар марҳилаи итлоқ, ба чизе хосс муқайяд намешавад ва ба васф намеояд, аз ин рӯ вақте ки бихоҳем «вуҷуд»-ро бо яке аз таъайюнот маҳдуд кунем ва онро мутаъайин созем ва онро аз итлоқ берун оварем, онро бо моҳият нишон медиҳем. Масалан, офтоб дар мақоми зоташ нурест воҳид, вале чун ба девор афтад масалан, дароз мешавад, чун аз равзанаи мудаввар афтад, доираишакл менумояд ва чун ба шишаҳои рангин тобад, рангоранг нишон дода мешавад. Ин авсоф дар марҳилаи зоти хуршед вуҷуд надорад, балки дар марҳилаи таъайюну таҳдиди офтоб матраҳ мешавад. Аз ин рӯ, моҳиятҳоро умуре эътиборӣ ва адамӣ хондаанд, на амри мутаҳаққиқ ва мутаъассили хориҷӣ ва айнӣ. Бинобар ин, метавон гуфт, ки моҳият, ҳадди вуҷуд аст. (Ҳикмати илоҳӣ, ҷ.1, с.17)

Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ мегӯяд: «Касрати мавҷудот ба эътибори моҳийёти онҳост, ки онҳоро урафо «аъёни собита» мегӯянд ба эътибори вуҷуди ҳақиқӣ, ки ҳамаро воҳид дорад.

Аъён ҳама шишаҳои гуногун буд,

К-офтоб дар он партави хуршеди вуҷуд.

Ҳар шиша, ки сурх буд ё зарду кабуд,

Хуршед дар-ӯ ба он чи ӯ буд намуд.

(Шарҳи асрор, с.72)

Тарки моҳийёту хосийёт гӯ

Шарҳ кун аҳволи он ду моҳрӯ.

Баҳсу шарҳи моҳийёту хоссиятҳои ашёро раҳо кун ва дубора ба шарҳу нақли аҳволи он ду зеборухсор яъне зану марди аъробӣ бипардоз.

Нукта: Ин чанд байт, ки гузашт, дар интиқод аз тариқаи сӯфиёне аст, ки мегуфтанд: мо маъниро дар сурат менигарем. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1109) Тавзеҳ он ки: гурӯҳе ах сӯфиён, бар мабнои

المجاز قنطرة الحقيقة

Яъне «ишқи маҷозӣ пуле аст ба сӯи ишқи ҳақиқӣ», муддаӣ буданд, ки бояд ҷамолу камоли мутлақро дар рухсораи моҳрӯёну зебочеҳрагон мушоҳида кард. Яке аз сардамдорони ин маслак Авҳадуддини Кирмонӣ буд. Маъруф аст, ки вақте Шамсуддини Табрезӣ дар аснои мусофират, ба Бағдод расид, бо Авҳаддудини Кирмонӣ мулоқот кард ва ба ӯ гуфт: дар чистӣ? Гуфт: моҳро дар оби ташт мебинам. Шамс гуфт: агар дар гардан дунбал надорӣ, чаро дар осмон намебинӣ? Яъне агар ишқи ту аз ағрози шаҳавонӣ орӣ аст ва ҷӯёи ишқи ҳақиқӣ ҳастӣ, ба ҳар нуқта аз ин ҷаҳон бингарӣ, ӯро мебинӣ, пас ниёз ба ин кори нораво нест. (Зиндагонии Мавлоно Ҷалолуддин, с.53)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: