Перейти к содержимому

«Кишвари яҳуд»; нажодпарастонатарин қонун дар режими саҳюнистӣ тасвиб шуд

Порлумони режими саҳюнистӣ имрӯз дар раъйгирии ниҳоӣ, лоиҳаи табъизомези «кишвари яҳуд»-ро тасвиб ва ба қонун табдил кард, то ба ин тартиб заминаи қонунӣ барои ҳазфи мусалмононро фароҳам кунад.

Лоиҳаи ҷанҷолӣ ва нажодпарастонаи «кишвари миллии яҳуд» бомдоди панҷшанбе (19.07.2018) дар раъйгирии ниҳоӣ дар порлумони режими саҳюнистӣ (Кнессет) тасвиб шуд.

Ин лоиҳаи табъизомез, ки ба номи «кишвари яҳуд» шӯҳрат дорад, тамоми сарзамини Фаластинро кишваре фақат барои яҳудиён эълом карда ва фаластиниёнро аз тамоми ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва инсонӣ маҳрум мекунад.

Ҳамчунин бо ҳазфи забони арабӣ аз мадорис, забони ибрӣ танҳо забони расмии ин минтақа шинохта хоҳад шуд. Ин тарҳ бо 62 раъйи мувофиқ, 55 раъйи мухолиф ва 2 раъйи мумтанеъ, ба тасвиб расид.

Ба навиштаи сойти Times of Israel, ин қонун илова бар эъломи шаҳри Қудс ба пойтахтии режими саҳюнистӣ, «тавсиъаи шаҳракҳои яҳудинишинро арзиши миллӣ дониста ва барои иртиқои шаҳракҳои феълӣ ва таъсиси шаҳракҳои ҷадид иқдом мекунад.»

Бархе аз бандҳои ин қонун ба шарҳи зер аст:

1) Усули бунёдин:

— ин сарзамин (Фаластин) ба унвони ватани таърихии яҳудиён шинохта мешавад, ки давлате ба номи «Исроил» бояд дар он таъсис мешуд;

— давлати «Исроил» маҳалли зиндагии тамоми яҳудиёни ҷаҳон бояд бошад;

— яҳудиён ҳақ доранд сарнавишти худро дар давлати «Исроил» ва ба унвони шаҳрвандони он, таъйин кунанд.

2) Нишонҳои давлатӣ:

— номи ин кишвар «Исроил» хоҳад буд;

— парчами он сафед бо ду хатти обӣ дар канораҳои боло ва поин бо нишони обии ситораи Довуд дар марказ аст.

3) Пойтахт: шаҳри Қудс ба таври комил на тақсимшуда ба бахшҳои шарқӣ ва ғарбӣ.

4) Забон:

— забони расмӣ ибрӣ хоҳад буд;

— забони арабӣ вазъияти хоссе хоҳад дошт ва фақат дар сурати бархе истисноҳои қонунӣ, дар бархе ниҳодҳо истифода хоҳад шуд;

5) Тамоми яҳудиён озод хоҳанд буд, то ба ин минтақа муҳоҷират кунанд.

6) Тавсиъаи шаҳракҳои яҳудинишин арзиши миллӣ аст ва барои иртиқои шаҳракҳои феълӣ ва таъсиси шаҳракҳои ҷадид, бояд иқдом шавад.

7) Тақвими расмӣ, тақвими ибрӣ хоҳад буд ва тақвими мелодӣ дар канори он истифода хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: