Перейти к содержимому

Эҳёи понтуркизм дар Қазоқистон ҳамгароии уруосиёиро таҳдид мекунад

Мақолае аз Фарҳод Шариф дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Eurasia Daily Monitor

Истилоҳи «понтуркизм», ки дар даврони ҳокимияти Жузеф Истолин (Иосиф Сталин) ва раҳбарони кумунисти пас аз ӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, маънои тақрибан шуме таҳти унвони «душмани халқ» ёфта буд, тайи 25 соле, ки аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Қазоқистон мегузарад, ба бахши ҷудонопазири ҳувияти миллии қазоқҳо табдил шудааст. Дар ҳақиқат, насли қазоқҳои мудерни имрӯзин, ҳисси «ифтихори таъаллуқ доштан ба дунёи туркзабонҳо»-ро дар ин кишвар тавсиъа додаанд. Ин падида, дар маросими гиромидошти 125-умин солгарди таваллуди шоири миллии қазоқҳо, Могҷон Ҷумъабоев (Магжан Жумабаев), бештар буруз кард. Ҷумъабоев тайи даврони поксозиҳои истолинӣ дар соли 1937, ба Сибир табъид шуда ва дар зиндонҳои НКВД дар ҳоли сутудани понтуркизм ва миллигароӣ буд. Мақомоти кумунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар он замон, на танҳо ашъори Ҷумъабоевро аз китобҳо ҳазф карданд, балки онҳо ҳатто номи вайро низ мамнӯъ эълом карда буданд.

Ин маросим (125-умин солгарди таваллуди Ҷумъабоев) дар таърихи 22 июни 2018 дар рустои Соритумор (Сарытомар) дар шимоли Қазоқистон, ки маҳалли таваллуди Могҷон Ҷумъабоев аст, дар фазои боз баргузор шуд. Дар ин маросим, равшанфикрон ва чеҳраҳои машҳур аз кишварҳои Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва намояндаҳое аз ақаллиятҳои туркзабон дар Федеросиюни Русия ва Муғулистон низ ширкат карданд. Кумор Оқсаққолов (Кумар Аксакалов), ҳокими шимоли Қазоқистон, дар оғози ин ҷашн таъкид кард, ки Ҷумъабоев шоири тамоми миллатҳои турк аст ва паёми табрики Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистонро дар ибтидои ин маросим қироат кард. Илова бар ин, Дуйсен Кассейнов, раиси Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ (TURKSOY), ишора кард, ки соли 2018 дар тамоми кишварҳои туркзабон ба номи Могҷон Ҷумъабоев номгузорӣ шудааст.

Пеш аз ин низ дар таърихи 19 июн, Назарбоев ба мӯҷиби ҳукме, дастури интиқоли пойтахти Қазоқистони ҷанубӣ аз Чимкент ба Туркистон ва эҷоди як воҳиди арзии ҷадид ба номи «Минтақаи Туркистон»-ро дода буд. Раисиҷумҳури Қазоқистон бо таъкид бар аҳаммияти таърихии ин иқдом, бо баёни ин ки Туркистон шаҳри муқаддасе аст, онро «пойтахти маънавии ҷаҳони туркзабон» муаррифӣ карда буд.

Давлати Қазоқистон, ки ба сурати суннатӣ равобити хубе бо Русия доштааст, ҳеч гоҳ ба сурати расмӣ гароишҳои понтуркистии худро, он ҳам ба сурати шадид, нишон надодааст.

Аммо Назарбоев, ки ахиран ба тарзи фазояндае дидгоҳҳои мубҳаме дар хусуси Иттиҳодияи иқтисодии уруосиёӣ ва нақши Русия дар он пайдо кардааст, ҳаддиақал дар ҳавзаи иқтисодӣ ба дунболи истиқлоли бештар аз Маскав ва пайвандҳои наздиктар ба Истанбул мебошад. Дар ҷаласаи соли 2013-и Шӯрои Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё, ки дар Минск баргузор шуд, Назарбоев пешниҳод карда буд, то Туркия низ ба Иттиҳодияи гумрукӣ, ки он замон муташаккил аз Русия, Белорус ва Қазоқистон буд, изофа шавад.

Ӯ ҳамчунин пешниҳоди инҳилоли Иттиҳодия уруосиёиро ба унвони як сохтори зоид ва нокоромад ироа карда буд. Раисиҷумҳури Қазоқистон нигаронии худро аз бозсозии сохторҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ё сохторҳои тобеъи Русия, иброз доштааст.

Ин нахустин бор нест, ки раисиҷумҳури Қазоқистон Маскавро бо чунин алфозе таҳрик мекард. Як сол қабл аз он дар Онкоро, Назарбоев дар ҷаласаи Шӯрои кишварҳои туркзбон ширкат карда ва бо истинод ба ҷумалоти Мустафо Камол Отатурк, бунёнгузори Ҷумҳурии Туркия, ки гуфта буд: «Вақти он расида, ки тамоми туркҳо муттаҳид шаванд», ба он ҷумлаи: «Агар мо муттаҳид бошем, ба қудрати муассире дар ҷаҳон табдил хоҳем шуд»-ро афзуда буд. Маскав дар он замон интизори шунидани чунин ҷумалотеро аз Назарбоев, ба унвони шахсе, ки муштоқтарин ҳомии ҳамгароии иқтисоди уруосиёӣ (ба раҳбарии Русия) буд, надошт.

Аммо ба рағми гароишҳои понтуркистии муштарак миёни равшанфикрон дар Қазоқистон ва Туркия, равобит байни давлатҳо дар Истанбулу Остона ҳамеша хуб набудааст. Дар порае аз мавқеиятҳо мисли ҳаводиси рӯйдода пас аз кудетои низомии соли 2016 дар Туркия, собит шуд, ки Қазоқистон бештар ба усули сиёсии истиқлол ва ҳокимияти худ аз бародари бузургтараш (яъне Туркия) тамоюл дорад.

Мақомоти қазоқ ҳанӯз ҳеч иқдоме дар ростои дархостҳое, ки борҳо аз сӯи Онкоро такрор шудааст мабнӣ бар бастани ниҳодҳои омӯзишӣ ва таваққуфи фаъолиятҳои тамоми созмонҳое, ки муттаҳам ба иртибот бо Фатҳуллоҳ Гулен ҳастанд, сурат надодаанд. Фатҳуллоҳ Гулен, чеҳраи мазҳабии турк аст, ки солҳост аз Туркия хориҷ шуда ва тайи ин муддат яке аз муҳимтарин руқабои раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Ардуғон будааст.

Онкоро, Гулен ва созмони таҳти амршро ба тарҳрезӣ ва иҷрои кудетои нофарҷоми соли 2016 муттаҳам кардааст. Бо ин авсоф аммо Вазорати омӯзишу парвариши Қазоқистон ин паёмҳоро нодида гирифта ва ин гуна истидлол мекунад, ки мадориси туркӣ, ки дар сар то сари Қазоқистон бозгушоӣ шудаанд ва пайрави як мувофиқатномаи дуҷониба, ки тавассути Нурсултон Назарбоев ва раисиҷумҳури собиқи Туркия, Тургут Узал имзо шудааст, мебошанд. Илова бар ин, Остона иддао мекунад, ки ин мадорис ба лиҳози молӣ тавассути Қазоқистон пуштибонӣ мешаванд.

Бо вуҷуди чунин танишҳое бо Туркия, аммо илҳоқи Карима (Крим) ба Русия дар соли 2014 ва адабиёти империёлистӣ, ки пас аз он аз Маскав шунида мешавад, як эҳсоси русуфубиё (русофобия)-ро дар миёни миллигароёни қазоқ тақвият кардааст. Аз ҳамин рӯ, ин мавзӯъ заминаҳои муносибе барои шукуфоии понтуркизм дар Қазоқистон фароҳам овард.

Ахиран яке аз хабарнигорони телевизиюни рус ба номи Владимир Соловев, ки ба забони тунду тезаш маъруф аст, Қазоқистонро муттаҳам карда, ки дар ҳоли кӯмак ба Иёлоти Муттаҳида барои эҷоди як пойгоҳи низомӣ дар дарёи Хазар аст. Ин дидгоҳи Соловев вокуниши сареъи миллигароёни қазоқро, ки хостори хуруҷи нерӯҳои низомии Русия аз ин кишвар, ки дар ҳоли ҳозир дар 8 пойгоҳ дар манотиқе аз Қазоқистон мустақар ҳастанд, барангехт.

Дар маҷмӯъ бояд ишора кард, ба рағми ҳароси шадиде, ки Маскав дорад, зуҳури понтуркизм дар Қазоқистон ва дар кулли Осиёи Марказӣ ба назар намерасад, ки дар кӯтоҳмуддат таҳдиде барои Русия ба ҳисоб биёяд. Нуфузи Туркия дар миёни кишварҳои туркзабони ин минтақа, дар марҳилаи феълӣ танҳо ба ҳавзаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ маҳдуд шудааст. Аммо ба ҳар тартиб тарвиҷи понтуркизм як чолиши ҷиддӣ дар баландмуддат барои идеяҳои Иттиҳоди уруосиёии Кремлин маҳсуб мешавад.

Eurasia Daily Monitor

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: