Бекори бепуле, ки милюнер шуд — филм ва тасовир

Гузорише, ки мехонед, аз як хабаргузории эронӣ нақл мекунам, аммо пеш аз нақли ин гузориш, шоиста аст бидонем, имрӯз даромади бисёре аз кишварҳои дунё, фақат аз роҳи туризм ва гардишгарӣ аст. Кишварҳое мисли Туркия, Тойлонд, Мағриб (Марокаш), Ҷумҳурии Думиникан, Ҳинд ва ғайра, на нафт доранд ва на гоз ва на манобеи зеризаминии қобили таваҷҷӯҳ, ки аз ҳисоби онҳо даромад дошта бошанд, балки даромадашон бештар аз роҳи туризм аст.

Тоҷикистон, бешак яке аз кишварҳое аст, ки дар ин замина, аз зарфиятҳои билқувваи фаровоне бархӯрдор аст, мо ҷоҳои дидании беназире дорем, шояд барои як тоҷикистонӣ ҷаззобияти он малмус нест, аммо бетардид барои ҷаҳониён ҷаззобияти фаровон дорад, ба хусус рустоҳо ва ба истилоҳ, қишлоқҳои мо бо он табиати бикр ва зебо ва ҷаззобаш.

Ин гузориш, ки дар зайл меояд, шояд барои як тоҷикистоние, ки сокини яке аз рустоҳо ва деҳоти зебои мост, мӯҷиб шавад, ки кори ин марди рустоии эрониро, ки ҳеч чиз надошт ва сипас милюнер гардид, улгу ва сармашқ қарор бидиҳад ва коре кунад, ки ҳам худаш пулдор гардад ва ҳам соири ҳамрустоиҳояш барои ёфтани қути лоямут роҳии Русия нашаванд.

Инак ин гузориш:

* * *

Аббос Барзагар, мутаваллиди 1973, аҳли Шероз, як марди рустоӣ аст, ки то севвуми дабистон бештар дарс нахонда ва корашро бо шустани қабр дар қабристон шурӯъ мекунад. Аммо шарти ҳамсараш барои издивоҷ ин буда, ки шуғлашро иваз кунад, ки маҷбур мешавад ба кори дастфурӯшӣ дар Шероз рӯй биёварад. Моҷарои зиндагиаш шабеҳи филмҳое аст, ки қаҳрамони филм як шаба пулдор ва таҳаввули азиме дар зиндагиаш рух додааст.

Як шаб ду нафар олмонӣ ба хотири борон, ба хонаи Аббос паноҳ мебаранд; ва ҳамин сароғози бахту иқболи ӯ мешавад ва то имрӯз идома дорад. Хонаи Аббос Барзагар дар рустои Базмшаҳр, 15 километрии шаҳри Бавоноти Шероз дар Эрон аст.

Моҷаро аз ин қарор аст: дар як шаби боронӣ ду гардишгари мутурсавори олмонӣ дар роҳ монданд ва барои ин ки битавонанд дар як ҷойи амн шабро ба субҳ бирасонанд, ба хонаи як рустоӣ паноҳ бурданд, ба хонаи Аббос Барзагар. Аббос, ин рустоии содда, ҳамроҳи хонаводааш талош кард, то ба шеваи худаш аз меҳмонони хориҷӣ ба хубӣ пазироӣ кунад.

Кулбаи онҳо муҳаққар буд ва ба ҷуз чойи оташӣ ва дампухтаки гуҷафарангӣ ва мости маҳаллӣ, чизи дигаре надоштанд. Соддагии пазироии хонаводаи Барзагар ва зиндагии якрӯза дар рустои хушобу ҳаво, ризояти ду меҳмони олмониро ҷалб кард он қадр, ки се моҳ баъд як гурӯҳи ҳафтнафараи олмонӣ ба пешниҳоди дӯстонашон ба хонаи Аббос рафтанд.

Онҳо хостанд, то бо ҳамон дампухтак ва чойи оташӣ, ки дӯстонашон таъриф карда буданд, дар хонаи рустоии Аббос пазироӣ шаванд. Субҳ оқои Барзагар роҳнамои онҳо шуд, то битавонанд манотиқи диданӣ ва табиии рустои Базмшаҳри Бавоноти Форсро бибинанд.

Мавқеи баргашт, меҳмонони олмонӣ 200 ҳазор тумон ба Аббос ҳадия доданд. Ин пул дар он замон барои Аббос зиёд буд ва ӯро ба ин фикр андохт, ки беҳтарин роҳ барои касбу кор, метавонад пазироӣ аз гардишгарон дар як рустои босафо бошад, бинобар ин шурӯъ ба кор кард. Ба тавре, ки тайи 9 сол, 18 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба рустои Базм дар минтақаи Бавоноти Форс омадаанд ва Аббос ҳам ба унвони «корофарини бартар дар санъати гардишгарӣ», тавониста 126 лавҳи сипос бигирад ва даромади рӯзонааш даромади милюнӣ бишавад.

Табдили як русто ба қутби гардишгарӣ

Аббос дар бораи шурӯи кораш мегӯяд: «Рӯзҳои аввал, ба ожонсҳои мусофиратии Шероз ва Исфаҳон сар задам ва гуфтам, ки: «Метавонам аз гардишгарони шумо, дар русто пазироӣ кунам.» Он гуфтанд, бояд маҷҷонӣ (ройгон) аз русто дидан кунанд, то битавонанд тасмим бигиранд, ки авзоъ барои пазироӣ муносиб аст ё хайр. Ором-ором меҳмонони ман аз ҳафт нафар ба чанд ҳазор гардишгари хориҷӣ расид ва ба як ҳаммоми хонаам, 21 ҳаммоми дигар изофа шуд, то ҷое, ки метавонам чанд ҳазор гардишгарро дар русто искон бидиҳам ва барои ҳазор нафар дар минтақаи Бавонот иштиғолзоӣ кунам.»

Аббос Барзагар қасд дорад, то як ҳутели ашоирӣ дар иртифоъоти русто бино кунад. Ин ҳутел яке аз гаронтарин марокизи иқоматии Эрон хоҳад шуд. Вай мегӯяд: «Ин корро бо кӯмаки или ашоирӣ (яъне мардуми ашоир) анҷом медиҳам. Дар ҳоли ҳозир, 600 кӯдаки ашоирӣ таҳти омӯзиши гардишагарӣ қарор гирифтаанд.»

Барзагар мӯътақид аст: «Дар Эрон масъулон фақат шиор медиҳанд, ки гардишгарӣ санъати даромадзое аст, аммо ман бидуни шиор сар додан, яке аз касоне будам, ки тавонистам, ҳам барои худам ва ҳам аҳолии рустои Базми Бавонот даромадзоӣ кунам.»

Вай баён мекунад: «Мутаваҷҷеҳ шудам, ки асолат ва навъи ғизо ва чорчӯби хонаводаи рустоӣ бисёр боарзиш аст ва метавон аз роҳи муаррифии он ба дигарон, ҳам арзишҳоро ҳифз ва ҳам барои худ ва дигарон даромадзоӣ ва иштиғолзоӣ кард.»

Барзагар бо ибрози ин ки «аз гардишгарони хориҷӣ дар русто бо маҳсулоти кишоварзии худ пазироӣ мекунам» гуфт: «Хонавода ва аҳолии рустои Бавонот ҳамагӣ дар амри кишоварзӣ муваффақ ҳастанд ва субҳҳо бо асали табиӣ ва гирдуи заминҳои худашон аз мусофирон пазироӣ мекунанд.»

Вай бо ишора ба музейе дар деҳкада гуфт: «Дӯстон, замоне, ки ба фикри сохтани музей афтодам, хелеҳо боварам накарданд ва хандиданд, вале ба лутфи Худованд ба ҳиммат ва талоши фаровон ҳоло музейи мо яке аз ифтихороти кишварам шудааст.»

Барзагар мегӯяд, ки дар муваффақияташ ҳеч созмон ва маркази давлатие дахолат надоштааст, «балки Созмони мероси фарҳангӣ парвонаи гардишгарӣ ба ман намедод ва мегуфт, ки «бояд таҳсилоти олӣ дошта бошӣ», аммо замоне, ки корам равнақ гирифт, парвонаи ифтихории гардишгарӣ доданд ва дар ҳамоишҳояшон аз ман ва духтаронам тақдир мекунанд.»

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: