Шаклу шамоили ҳазрати Паёмбар (с) дар ривоёт

Мурод аз шамоили ҳазрати Паёмбар (с), вежагиҳои ҷисмонӣ ва мушаххасоти чеҳра ва андоми мубораки он ҳазрат (с) аст, ки дар манобеи ривоӣ ва таърихии мухталиф баён гардида. Мусалмонон, аз садри ислом, илова бар ҳифзу забти гуфтору кирдори ҳазрати Паёмбар (с), ба забту нақли авсофи зоҳирии он ҳазрат (с) низ ҳирси фавқулъодае доштанд.

Дар ин росто, китобҳои фаровоне навишта шуда, ки шояд китоби «Ашшамоилул-Муҳаммадия» таълифи муҳаддиси шаҳир Имом Тирмизӣ, аз ҷомеаътарини китобҳо дар ин мавзӯъ маҳсуб бишавад. Дар ин навиштор, гӯшае аз шамоили он ҳазрат (с)-ро ба нақл аз китоби шарифи «Арраҳиқул-махтум» барои хонандаи азиз баён хоҳам дошт.

* * *

Умми Маъбади Хузоӣ, Расули Худо — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам — ро, ки дар масири муҳоҷират аз Макка ба Мадина аз канори хаймаи ӯ гузаштанд, барои шавҳараш чунин тавсиф мекунад:

«Зебоияш чашмгир буд, симояш нуронӣ ва чеҳрааш дурахшанда. Ва марде хушахлоқу нексират буд. Андомашро бузургии шикам ё бузургии сар маъюб нагардонида буд. Кучакии сар низ андомашро номутаносиб насохта буд. Хушандому хушрӯй буд. Чашмони сиёҳ ва мижгоне баланд дошт. Садое гарм ва гардане афрошта дошт. Чашмоне гиро ва сурмакашида, абрувоне монанди камон дошт. Гесувонаш сиёҳ буданд. Вақте сукут мекард, виқораш дучандон мешуд. Ва чун лаб ба сухан боз мекард, оростагӣ ва маҳобаташ афзун мегардид. Аз дур, зеботарин ва хушсимотарини мардум ба назар меомад, ва аз наздик, некӯтарин ва ширинтарини мардум ҷилва мекард. Гуфтораш ширину дилчасб буд. Ба андоза сухан мегуфт; на кам ва на зиёд, ва чунон буд, ки гӯӣ гуфтораш риштаҳои марворид ва гавҳар буданд, ки сарозер мешуданд. Миёнақад буд. На кӯтоҳии қадаш андоми ӯро аз чашмнавозӣ бозмедошт, ва на баландии қоматаш қади болои ӯро аз дилангезӣ меандохт… Ҳамроҳоне дошт, ки перомунаш ҳалқа зада буданд; ҳар гоҳ сухане мегуфт, ба суханаш гӯши ҷон месупурданд, ва ҳар гоҳ фармоне содир мекард, аз ҷону дил фармонашро мебурданд. Ҳама гӯш ба фармон, ва ҳамагон пайваста толиби дидораш буданд, ва ҳамвора перомунаш гирд меомаданд. Ҳеч гоҳ чеҳра дарҳам намекашид, ва ҳаргиз касеро таҳқир намекард ва кучак намешумурд.»

* * *

Алӣ ибни Абӯтолиб дар мақоми тавсифи шамоили Расули Худо — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам — чунин мегӯяд:

«На зиёда аз ҳадд баландқомат буданд ва на беш аз андоза кӯтоҳқад; миёнақад буданд ва хушандом, гесувонашон на чандон дарҳам фишурда буд, ва на чандон овехта. Хушҳолату ороста буд, на бисёр фарбеҳу танӯманд буданд, ва на сураташон комилан гирд буд. Дар айни ҳол, сураташон тамоюл ба гирдӣ дошт. Сафеду гандумгун буданд, ва чашмоне дурушту бодомӣ бо мижгоне баланд доштанд. Дуруштандому қавиҳайкал буданд, ва азулот ва мафосили варзида доштанд. Аз зери чона то рӯйи нофашон пурмӯй буд, аммо бақияи танаи эшон бемӯй буд… Ҳангоме, ки рӯй ба сӯи касе мекарданд, бо тамоми андомашон ба сӯи ӯ бармегаштанд. Миёни ду китфи эшон мӯҳри нубувват машҳуд буд, ҳамчунон ки эшон хатми нубувват ва охирин паёмбари Худо буданд. Аз ҳамаи мардум бахшандатар; ва аз ҳамаи мардум далертар ва бошаҳоматтар; ва аз ҳамаи мардум сареҳтар ва ростгӯтар; ва аз ҳамаи мардум вафодортар; ва аз ҳама мутавозеътар, ва аз ҳама хушмаҳзартар буданд. Ҳар кас эшонро барои нахустин бор медид, ҳайбати эшон бар вуҷуди ӯ чира мегардид, аммо ҳар кас бо эшон муошират мекард, муҳаббати эшон дар дилаш ҷой мегирифт. Ҳар, ки мехост дар бораи эшон сухане бигӯяд, мегуфт: на пеш аз вай ва на пас аз вай, ҳамонанди вайро надидаам.»

* * *

Дар ривояте дигар аз Алӣ ибни Абӯтолиб омадааст, ки он ҳазрат (с) ҷумҷумае бузург ва мафосил ва азулоте варзида ва дурушт доштанд, ва танаи эшон аз зери гулӯ то рӯйи ноф, хатте пайваста аз мӯй дошт. Ҳангоме, ки роҳ мерафтанд, андаке ба ҷилав хам мешуданд ва суръат мегирифтанд, чунонки гӯӣ аз боло ба поин сарозер шудаанд.»

* * *

Абӯлтуфайл мегӯяд: «Он ҳазрат (с) сафед ва намакин ва миёнақад буданд.»

Анас ибни Молик мегӯяд: «Дастони дурушт ва ситабре доштанд.» Низ меафзояд: «Хушсимо ва намакин буданд; на сафед ва бенамак, ва на ба шиддат гандумгун. Вақте, ки аз дунё рафтанд, шумори мӯҳои сафеди сару риши он ҳазрат (с) ба бист тор мӯй намерасид.»

Абӯҷуҳайфа мегӯяд: «Дар ноҳияи зери лаби поини он ҳазрат (с) андак осоре аз мӯйи сафед мушоҳида кардам.»

Абдуллоҳ ибни Буср мегӯяд: «Дар ноҳияи зери лаби поини он ҳазрат (с) чанд тори мӯйи сафед мушоҳида мешуд.»

Барроъ мегӯяд: «Он ҳазрат (с) чаҳоршона буданд, фосилаи миёни ду китфи эшон зиёд буд. Гесувони анбӯҳе доштанд, ки рӯйи лолаи гӯшҳояшонро пӯшонида буд. Эшонро дар ҳоле, ки ҳуллае қирмизранг бар тан пӯшида буданд дидам. То он замон ҳеч чиз ва ҳеч касро ба он зебоӣ ва некӯӣ надида будам. Ибтидо, он ҳазрат гесувонашонро пушти сарашон мерехтанд.., пас аз муддате рӯйи сарашон фарқ боз мекарданд ва гесувонашонро ба самти росту чап шона мекарданд.»

Низ ҳам ӯ мегӯяд: «Он ҳазрат (с) хушрӯйтарин ва хушхӯйтарини мардум буданд.» Аз ӯ пурсиданд: оё чеҳраи Набии Акрам — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам — ҳамонанди шамшер барқ мезад? Гуфт: «На, мисли моҳ медурахшид.» Ва ба ривояти дигар, гуфт: «Чеҳраи эшон мутамойил ба гирдӣ буд.»

Ҷобир ибни Самура мегӯяд: «Дар як шаби маҳтобӣ ба дидори он ҳазрат ноил шудам. Гоҳ ба чеҳраи Расули Худо — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам — ва гоҳ ба моҳ менигаристам. Он ҳазрат (с) ҳуллае қирмизранг бар дӯш гирифта буданд. Саранҷом, дидам эшон дар нигоҳи ман, бисёр некӯтар ва зеботар аз моҳи шаби чаҳордаҳанд.»

Абӯҳурайра мегӯяд: «Ҳеч чиз ва ҳеч касро некӯтар ва зеботар аз Расули Худо — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам — надидаам. Гӯӣ ки хуршед дар ойинаи чеҳраи эшон метобид. Ва ҳеч касро надидаам, ки сареътар аз Расули Худо — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам — роҳ биравад… Мо дар пайи эшон худамонро барои расидан ба эшон ба заҳмат меандохтем; аммо эшон ҳаргиз эҳсоси хастагӣ намекарданд.»

Каъб ба Молик мегӯяд: «Вақте, ки он ҳазрат шодмон мешуданд, чеҳраи эшон ҳамонанди пораи моҳ медурахшид.»

Рӯзе назди ҳазрати Оиша нишаста буданд ва пойафзорашонро таъмир мекарданд. Дар он асно, ки машғули дӯхтани пойафзорашон буданд, донаҳои арақ бар пешонии эшон нишаст, ва хутути чеҳраи эшон шурӯъ ба барқ задан кард. Оиша вақте ин манзараро дид, мабҳут гардид ва гуфт: «Ба Худо, агар Абӯкабири Ҳазалӣ (шоир) шуморо дида буд, дармеёфт, ки шумо сазовотар аз дигарон ҳастед, ки мисдоқи ин сурудаи вай қарор бигиред:

وَإِذَا نَظَرْتَ إِلَى أَسِرَّةِ وَجْهِهِ

بَرَقَتْ كَبَرْقِ الْعَارِضِ الْمُتَهَلِّلِ

«Ва он ҳангом, ки ба хутути чеҳрааш назар меафканӣ, ҳамонанди абри сафеде, ки аз каронаи осмон ба сӯи ту меояд, барқ мезанад

Абӯбакр ҳар гоҳ, ки он ҳазратро мулоқот мекард, мегуфт:

أَمِينٌ مُصْطَفًى لِلْخَيْرِ يَدْعُو

كَضَوْءِ الْبَدْرِ زَائِلُهُ الظَّلامُ

«Амин ва баргузидаи Худованд аст, ва ҳамагонро ба некӣ фаро мехонад; ҳамонанди моҳи шаби чаҳордаҳ, ки тирагӣ ва торикӣ яксара аз он фосила гирифтааст

Ибни Аббос мегӯяд: «Дандонҳои пешини он ҳазрат андаке фосила доштанд; вақте сухан мегуфтанд, чунон мушоҳида мешуд, ки гӯӣ аз миёни дандонҳои пешини эшон нур метобад… Мижгоне пурпушт доштанд, ва риши он ҳазрат анбӯҳ буд. Пешонии баланд ва фарохе доштанд. Абрувони он ҳазрат ба ҳам пайваста ва дар айни ҳол мутамойиз аз якдигар буданд. Бинии борик ва кашидае доштанд, ва сурати он ҳазрат гӯштолуд набуд. Аз зери гулӯ то нофи эшон як шохаи мӯйи пурпушт кашида шуда буд, ва ҷоҳои дигари шикам ва синаи он ҳазрат мӯй надошт. Аммо, дастҳо ва шонаҳояшон пурмӯй буд. Шикаму синаи он ҳазрат дар имтидоди якдигар буд. Синае паҳну ариз доштанд. Кафи дастонашон кашида ва паҳн буд. Мучи дастон ва соқи поҳояшон кашида ва баланд буд… Дуруштандом ва дорои аъзое варзида буданд. Ҳангоми роҳ рафтан, поҳояшонро аз рӯйи замин меканданд ва ба ҷилав мутамойил мешуданд, ва орому сареъ роҳ мерафтанд.»

Анас мегӯяд: «Ҳариру дебоеро нармтар аз кафи дастони ҳазрати Расули Акрам — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам — дар тамоми умр ламс накардаам, ҳамчунин, ҳаргиз бӯи хуше — ё: атре; ва ба ривояти дигар: мушку анбар — ё атриёти дигар — ро хушбӯйтар аз бӯи Расули Худо — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам – ё: бӯи хуши Расули Худо — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам – истишмом накардаам.»

Ҷобир мегӯяд: «Набии Акрам — Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам — аз ҳеч гузаргоҳе намегузаштанд ҷуз он ки ҳама мефаҳмиданд он ҳазрат аз он ҷо гузаштаанд; аз бӯи хуши он ҳазрат…»

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ, Суннат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: