Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (301)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (44)

* * *

Дил ниҳодани араб бар илтимоси дилбари хеш ва савганд хӯрдан, ки дар ин таслим маро ҳилате ва имтиҳоне нест (1)

* * *

Мард гуфт: акнун гузаштам аз хилоф,

Ҳукм дорӣ, теғ баркаш аз ғилоф.

Марди араб ба ҳамсараш гуфт: аз низоъу ситез гузаштам, ҳар ҳукме, ки дар бораи ман дорӣ, теғи фармонатро аз ғилофи комат баркаш ва берун ор.

Ҳар чӣ гӯйӣ, ман туро фармон барам,

Дар баду некомади он нангарам.

Ҳар амре ба ман кунӣ, ман онро гӯш мекунам ва мутеъ ҳастам, ҳаргиз ба неку бади он фармон наменигарам.

Дар вуҷуди ту шавам ман мунъадим,

Чун муҳиббам, ҳубб юъмиву юсим.

Ман дар вуҷуди ту фонӣ мешавам, зеро ки ошиқам, ва ишқ чашму гӯши одамиро кӯру кар месозад.

Манъадим: нестипазир, адампазир.

Нукта: Ишора аст ба ҳадиси:

حبّك الشيءَ يُعمي ويصمّ

«Ишқи ту нисбат ба чизе, туро кӯру кар месозад.» (Сунани Абӯдовуд, ҳ.5130)

Гуфт зан: оё аҷаб ёри манӣ,

Ё ба ҳилат кашфи сиррам мекунӣ?

Зан гуфт: оё воқеан ёру ёвари ман ҳастӣ ё мехоҳӣ бо ҳилаву найранг, асрори даруниамро ошкор намоӣ?

Гуфт: валлаҳ олимис-сиррил-хафӣ,

К-офарид аз хок Одамро сафӣ.

Аъробӣ гуфт: ба Худое, ки донои рози ниҳон аст савганд, ки Одами сафӣ ва баргузидаро аз хок биёфарид!

Сирри хафӣ: рози ниҳон. Сафӣ: баргузида.

Дар се газ қолаб, ки додаш вонамуд

Ҳар чӣ дар алвоҳу дар арвоҳ буд.

Худованд он се газ қолабе, ки ба ҳазрати Одам (а) дод, дар он қолаби кучак ҳар чи дар лавҳи қазо ва қадар ва олами арвоҳ буд, ба ӯ нишон дод.

Нукта: Се газ: манзур, маҳдудият ва хурдӣ аст, на баёни ададе хосс. Газ, миқёсе дар андоза аст, ки арабии он, заръ аст. Ин байт ишора дорад ба мазмуни каломи ҳазрати Амири мӯъминон (а), ки фармуд:

أتزعم أنك جرم صغير

وفيك انطوى العالم الأكبر

«Эй инсон! Ту гумон дорӣ, ки ҷисме хурд ҳастӣ, дар ҳоле, ки ҷаҳони бузург дар ту печида шудааст?!»

То абад ҳар чӣ бувад ӯ пеш-пеш

Дарс кард аз алламал-асмои хеш.

Одам (а) асрору асмои ҳар чи ки то абад хоҳад омад, пешопеш фаро гирифтааст.

Нукта: Мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 31 сураи Бақара:

وَعَلَّمَ آدَمَ الأَسْمَاء كُلَّهَا

«Ва Худованд биёмӯхт ба Одам ҳамаи номҳоро

То малак бехуд шуд аз тадриси ӯ,

Қудси дигар ёфт аз тақдиси ӯ.

То ин ки фариштагон аз таълими ин илм ба ҳазрати Одам (а) аз худ бехуд шуданд ва аз тақдиси ӯ покии тозае ёфтанд.

Нукта: Ин байт аз абёти мушкили Маснавӣ аст. Эҳтимолан нозир аст ба ояти 31-32 сураи Бақара ба хусус марбут аст бад-он ҷое, ки фариштагон натавонистанд аз номҳои таълимшуда бар Одам хабар диҳанд ва ба аҷзи худ эътироф карданд ва Худоро дубора тасбеҳ намуданд ва «Субҳонака» гуфтанд. Аз дигоҳи ирфони Ибни Арабӣ низ тавон гуфт, ки малоика ҷомеияти Одамро надоштанд, чаро ки эшон фақат ба асмое хосс аз ҳазрати Ҳақ воқиф буданд, дар ҳоле, ки Одам мазҳару маҷлои ҷамиъи асмоуллоҳ буд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.785)

Он гушодишон, к-аз Одам рӯ намуд,

Дар гушоди осмонҳошон набуд.

Он гушоишу футуҳе, ки аз ноҳияи ҳазрати Одам (а) ба онон даст дод, ҳатто назираш дар он гушоишу футуҳе, ки аз осмонҳо бар онон рӯ менамуд, набуд.

Дар фарохӣ арсаи он покҷон

Танг омад арсаи ҳафт осмон.

Дар муқобили паҳноварии он руҳи пок, арсаи ҳафт осмон тангу хурд менумуд. Хулоса, вусъати осмонҳои ҳафтгона ва замин, дар муқобили руҳи поки инсони комил боз ҳам танг аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: