Перейти к содержимому

Бомбборони шадиди Ғазза тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ (филм) // Ҳамос: ҷавоби бомбборон, бомбборон аст

Расонаҳо эълом карданд, ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ шомгоҳи ҷумъа минтақаи навори Ғаззаро ба шиддат бомбборон карданд.

Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз хабарнигори худ навишт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин режим ба чанд ҳадаф дар минтақаи Аззайтун, ки ба эҳтимоли зиёд мутаъаллиқ ба гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос аст, ҳамла кардаанд.

Рӯзномаи Ҳоаретс лаҳазоте пеш эълом кард, ки «пешбиниҳо ҳикоят аз он дорад, ки артиши Исроил қасд дорад ба талофии захмӣ шудани низомии худ, амалиёти низомии густардае ба мавозеи нерӯҳои муқовимат дар Ғазза анҷом диҳад

Гуфтанӣ аст, тактирандозони фаластинӣ асри ҷумъа тавонистанд яке аз нерӯҳои гашти режими саҳюнистиро дар наздикии марзи Ғазза ҳадаф қарор дода ва онро захмӣ кунанд. Расонаҳои саҳюнистӣ вазъияти низомии захмишударо вахим гузориш доданд ва навиштанд, ки ӯ ба «марги болинӣ» дучор шудааст; зеро гулӯла ба синаи ӯ исобат кардааст.

* * *

Ҳамос: Ҳақ дорем аз худамон дифоъ кунем // Ҷавоби бомбборон, бомбборон аст

Ҷунбиши муқовимати Ҳамос шомгоҳ ҷумъа баъд аз иқдоми ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ дар бомбборони Ғазза, дар баёнияе, бар ҳаққи худ барои дифоъ таъкид кард.

Дар ин баёния омадааст: «Ҳақ дорем аз худамон дифоъ кунем. Вазифаи миллии мо, дифоъ аз манофеи мардумамон ва эҷоди муъодилае барои боздорӣ аст, ки дар он бомбборон бо бомбборон посух дода хоҳад шуд

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин ҳам дар баёнияе таъкид кард: «Мо бар ҳаққамон барои муҳофизат аз худ ва посухдиҳӣ ба таҷовузҳои теруристӣ таъкид мекунем

Лозим ба ёдоварӣ аст, Ғазза аз соли 2007 дар муҳосираи режими саҳюнистӣ қарор дорад. Ҳудуди як милюну 800 ҳазор фаластинӣ дар навори Ғазза, ки дар муҳосираи ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии Исроил қарор дорад зиндагӣ мекунанд ва аз ҳуқуқи асосӣ ҳамчун ҳаққи ҷобаҷоӣ, шуғли муносиб ва имконоти беҳдоштӣ ва омӯзишии кофӣ маҳрум ҳастанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: