Перейти к содержимому

Инсони комил (28)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби қудрат (2)

Истифодаи Ниче аз усули Дорвин

Як асли дигар дар дунё пайдо шуд, ки ин асл ҳам пояи дигаре барои ҷаноби Ниче шуд, ва он асл яке аз усули дорвинизм буд. Дорвин худаш шахсан як масеҳии мутадайин аст ва як одами зидди Худо нест ва дар калимоти худ ба вуҷуди Худо тасреҳ ва иқрор ва эътироф мекунад ва ба ҳазрати Масеҳ (а) эҳтиром мегузорад (1), вале усули Дорвин дар дунё мавриди суистифодаҳои зиёде воқеъ шуд, ки худи ӯ ҳам намехост чунин шавад. Аз ҷумла, моддигароён (материалистҳо) усули такомули Дорвинро абзоре барои инкори Худо қарор доданд, ки ин худаш достоне аст.

Яке аз суистифодаҳои дигаре, ки аз фалсафаи Дорвин шуд, дар “ахлоқ” буд, дар мавриди сохтани инсони хуб ва намуна, инсони бартар ё комил; чаро ки яке аз усули Дорвин «асли танозӯъи бақо» буд. Дорвин чаҳор асл таъсис кард, ки яке «асли ҳубби зот» буд, яъне ҳар ҳайвоне ҳубб ба зот дорад ва барои сиёнати зоти худ кӯшиш мекунад. Асли дигар ҳамин асли «танозӯъи бақо» буд, ки гуфт: асоси зист ва ҳаёт дар ин олам ин аст, ки ҷондорҳо бо якдигар доиман дар ҳоли ҷангу мубориза ҳастанд, ва он ки қавитар аст, боқӣ мемонад. Ҷондорон дар ғирболи табиат, ғирбол мешаванд, ва табиат, дар ҷангу кашмакаши доимӣ, ки ҳайвонот доранд, ғирбол мекунад ва аслаҳ (солеҳтар)-ро барои бақо интихоб мекунад, ва “аслаҳ барои бақо” яъне он мавҷуде, ки дар майдони мубориза беҳтар тавонистааст худро нигаҳ дорад ва тавонистааст ҳарифро аз байн бибарад ва худро ҳифз кунад.

Ҳол, бар ин асли Дорвин эродҳое гирифтаанд, ки: на, мавҷудоте на ба далели қавӣ будан, балки ба далоили дигаре боқӣ мондаанд ва аслаҳият барои бақо ғайр аз қавӣ будан аст, ки мо аҷолатан коре ба ин эродҳо надорем.

Ба ҳар ҳол, оқои Ниче аз ин асл натиҷа гирифт, ки асл дар ҳаёти ҳамаи ҷондорон ва ҳатто дар ҳаёти инсон, ҳамин аст, ва ҷангу танозӯъ асле дар зиндагии инсонҳост, ва ҳар инсоне, ки қавитар бошад, боқӣ мемонад ва ҳақ ҳам бо ҳамон аст, ки боқӣ мемонад. Ва баъд гуфт, ки табиат ба сӯи инсони бартар (2) сайр мекунад ва инсони комил бояд дар оянда ба вуҷуд биёяд. Инсони комил (ба назари ӯ) яъне чӣ? Яъне инсони қавитар ва нерӯмандтар; инсоне, ки ахлоқи заъифпарвар аслан дар ӯ вуҷуд надорад. Ахлоқи заъифпарвар чист? Ҳаминҳое, ки мо имрӯз онҳоро камол мешуморем: муҳаббат варзидан, меҳр варзидан, эҳсон кардан, хидмат ба халқ кардан… Мегӯяд: ин ахлоқ, падари башарро даровардааст. Инҳо монеъи такомули башарият ва монеъи бурузи инсони бартар ва қавитар ва инсони комил аст. Инсони комил он аст, ки дар ӯ ин нуқтаҳои заъф — ки мо онҳоро камол ҳисоб мекунем — вуҷуд надошта бошад. Ва аз ин рӯ, Ниче, ҳам душмани Суқрот аст ва ҳам душмани Масеҳ. Мегӯяд: Суқрот, ки дар ахлоқи худаш, ба иффату покӣ ва адолату меҳрубонӣ ва амсоли ин ҳарфҳо тавсия кард, хиёнат кард, ва бадтар аз Суқрот — ба ақидаи ӯ — Масеҳ аст, ки ин ҳама роҷеъ ба меҳрубонӣ ва утуфат ва муҳаббати инсонҳо сухан гуфтааст. Аз назари Ниче, инҳо нуқоти заъфи инсон аст; инсон ҳар чи аз ин сифот надошта бошад, ба камол наздиктар аст, чун камол яъне тавоноӣ, ва нақс яъне нотавонӣ, ва инҳо аз нақс ношӣ мешавад.

* * *

Хулосае аз назариёти Ниче

Ҳол, барои ин ки бибинед мавзӯъ то куҷо кашида шудааст, қисматҳое аз калимоти ӯро, ки дар китобҳои таърихи фалсафа зиёд нақл кардаанд, барои шумо мехонам. Шояд дар китобҳои мутаъаддиде, ки дар ин бора хондаам Фурӯғӣ беҳтар аз дигарон нақл карда бошад ва аз ин рӯ ман қисматҳое аз он чиро, ки Фурӯғӣ нақл кардааст, барои шумо мехонам. Фурӯғӣ менависад: (3)

«Ҳамаи донишмандони дунё худпарастиро мазмум, ва ғайрпарастӣ ва шафқатро мустаҳсан (писандида) шумурдаанд. Ниче ба хилофи ҳама, худпарастиро ҳақ дониста ва шафқатро заъфи нафс ва айб пиндоштааст

Мо роҷеъ ба ин мавзӯъ бояд сӯҳбат кунем, ки оё воқеан шафқат, заъфи нафс аст ё на? Ин худаш як матлабе аст. (Дар идома Фурӯғӣ менависад:)

«Аз раъйи Дорвин, Ниче «кӯшиш дар бақо»-ро пазируфта ва онро ба маънии танозӯъ гирифта ва он чиро дигарон натиҷаи фосиди раъйи Дорвин шумурдаанд, ӯ дуруст пиндошта, ки афрод бо якдигар дар кашмакаш бошанд ва таҳсили тавоноӣ кунанд, то ғалаба ёбанд. Умуми хайрхоҳони олами инсоният, риояти ҳоли аксарро воҷиб шумурда ва мадори амри дунёро бар салоҳи ҳоли омма қарор додаанд. Ниче ҷамъияти аксарро хор пиндошта, ҷамоати қалил яъне хавоссро зиҳаққ шумурдаасту бас. Бунёди фикри Ниче ин аст, ки шахс бояд ҳар чи бештар тавоно шавад ва зиндагониаш пурҳиддату хуштар ва “ман” яъне нафсаш шукуфтатар ва нерӯмандтар ва аз тамоюлот ва тақозои нафс бархӯрдортар бошад

Ҳам фол ва ҳам тамошо! То ба ҳол дигарон мегуфтанд, агар ин корҳоро анҷом диҳед, зидди ахлоқ аст, вале ӯ мегӯяд: на, ин корҳоеро, ки мутобиқи ҳавои нафсатон аст, анҷом диҳед, ва ахлоқ ҳам ҳаминҳост; аслан, кори хуб ҳам ҳамин аст! (Фурӯғӣ аз забони Ниче идома медиҳад:)

«Баъзе мегӯянд, беҳтар он буд, ки ба дунё наёем. Шояд чунин бошад, намедонам. Аммо медонам, ки хуб ё бад, ба дунё омадаам ва бояд аз дунё мутаматтеъ (баҳраманд) шавам ва ҳар чи бештар, беҳтар

Мегӯяд: ман бояд ҳадафам ин бошад, ки битавонам ҳар чи беҳтар худро мутаматтеъ (баҳраманд) кунам ва бештар аз дунё баҳра бибарам; ҳар чи, ки маро дар расидан ба ин мақсад кӯмак кунад, хуб ва ахлоқ аст… (Идома медиҳад:)

«Он чи барои ин мақсуд мусоид аст агарчи қасоват ва бераҳмӣ ва макру фиреб ва ҷангу ҷидол бошад, хуб аст, ва он чи музоҳим ва мухолифи ин ғараз аст агарчи ростӣ, меҳрубонӣ, фазилат ва тақво бошад, бад аст… Ин сухан ботил аст, ки мардум ва қабоил ва милал дар ҳуқуқ яксонанд, ва ин ақида бо пешрафти олами инсоният мунофӣ аст

Мегӯяд: тасовии (баробарии) ҳуқуқи ҳамаи инсонҳо ғалат аст, зеро сабаб мешавад заъифҳоро дар ҳадди қавиҳо нигаҳ дорем ва дигар қавиҳои бечора ҳам пеш нараванд; бигузор заъифҳо поймол бишаванд, то майдон барои қавӣ боз шавад. Вақте майдон барои қавӣ боз шуд, “инсони бартар” ба вуҷуд меояд. (Идома медиҳад:)

«Мардум бояд ду даста бошанд: яке забардастон ва хоҷагон, ва яке зердастон ва бандагон, ва асолату шараф мутаъаллиқ ба забардастон аст ва онҳо ғояти вуҷуданд (4) ва зердастон олат ва василаи иҷрои ағрози эшон мебошанд… Ҳайъати иҷтимоия ва маданият барои пешрафти кори он табақаи шариф ташкил шудааст, на чунонки гумон рафтааст, ки забардастон барои ҳифзи зердастонанд

Мегӯяд: иҷтимоъ фақат барои ин аст, ки ақвиё ба навоӣ бирасанд ва заъифон ҳукми чаҳорпоёнро доранд, ки бояд барои ақвиё боркашӣ кунанд. Ба ақидаи ӯ, ин ки Саъдӣ мегӯяд:

Гӯсфанд аз барои чӯпон нест,

Балки чӯпон барои хидмати ӯст.

— дуруст нест, аслан гӯсфанд барои чӯпон аст. (Идома медиҳад:)

«Забардастон ва нерӯмандон, ки хоҷагонанд, бояд парвариш ёбанд, то аз эшон мардумони бартар ба вуҷуд оянд ва инсон дар мадориҷи суъуд ва тараққӣ қадам занад

Худи фарангиҳо баҳсе роҷеъ ба беҳбуди насли башар ва ислоҳи нажод доранд, ки ҳатто Олексис Корл дар охири китоби «Инсон мавҷуди ношинохта» то андозае ҳамин аслро пайравӣ мекунад, ки хулоса, нажодҳоро бояд ислоҳ кард, ва мӯътақид аст, ки асосан набояд ба инсонҳои заъиф ҳаққи тавлиди насл дод. (Идома медиҳад:)

«Усули ахлоқӣ, ки мардум то кунун пайравӣ кардаанд, дар салоҳи омма ва табақаи аксар яъне зердастон тартиб дода шудааст, на дар салоҳи забардастон ва табақаи шариф. (5) Ин аст, ки бояд он усулро баҳам зад ва усуле бояд ихтиёр кард, ки дар салоҳи ҳоли шарифон бошад. Тавзеҳи ин маънӣ чунин аст, ки ба ақидаи Ниче, некӣ ва ростӣ ва зебоӣ, ки умуре аст, ки ҳама пешниҳоди хотир доранд, умури ҳақиқӣ ва мутлақ нестанд; он чи ҳақиқат аст ин аст, ки ҳама кас хоҳони тавоноӣ аст

Баъд махсусан ба адён ҳамла карда, мегӯяд: адён ба башарият хиёнат карданд, зеро башарро даъват ба адолат ва ҳимояти зердастон ва заъифон карданд. Аввал, ки адён набуданд ва ҳамон қонуни ҷангал ҳукмфармо буд, даврони хубе буд. Ҳар ки қавитар буд, заъифтарро мехӯрд ва заъиф аз байн мерафт. (Идома медиҳад:)

«Дар оғози амр, дунё бар вифқи хоҳиши мардумони нерӯманд мегузашт ва нотавонон зердаст ва бандаи эшон буданд, ва лекин нерӯмандон андаканд ва нотавонон бисёр. Пас, ин бисёриро василаи пешрафти худ сохтанд ва ба ҳилаву тадбир, усули раъфату шафқату фурӯтанӣ ва ғайрхоҳӣ ва меҳрубонӣ ва адолату кароматро дар азҳон ба сурати некӣ ва дурустӣ ва зебоӣ ҷилва доданд ва қабулониданд, то тавоноии нерӯмандонро таъдил кунанд ва аз бандагии онҳо раҳоӣ ёбанд, ва ин мақсудро бештар ба василаи адён (динҳо) пеш бурданд ва номи Худо ва ҳақро ҳисори онҳо қарор доданд

Ин назария, дуруст нуқтаи муқобили назарияи Корл Моркс аст. Ниче ва Моркс ҳар ду зидди дин ҳастанд, вале Ниче муддаӣ аст динро заъифон алайҳи қавиҳо ихтироъ карданд, то ба қавиҳо афсор бизананд, чун худашро тарафдори қавиҳо медонад, ва Моркс, ки худашро тарафдори заъифон муаррифӣ мекунад, мегӯяд: динро қавиҳо ихтироъ карданд барои ин ки ҷилави шӯриши заъифонро бигиранд.

Ниче баъд ба Суқрот ва Будо ва Исои Масеҳ (а) ҳамла мекунад ва мегӯяд:

«Ахлоқи масеҳӣ, ахлоқи бандагӣ аст ва ахлоқи хоҷагиро табоҳ кардааст, ва гуфтугӯи бародарӣ ва баробарӣ ва сулҳ ва риояти ҳуқуқи занон ва ранҷбарон ва амсоли ин суханон, ки имрӯз дар дунё шойеъ шуда, аз он маншаъ аст ва худъа ва тазвир ва фиреб аст ва мояи фақру заъфу инҳитот мебошад ва бояд ин усулро хароб кард ва усули зиндагии хоҷагӣ бояд ихтиёр намуд. Усули зиндагии хоҷагӣ кадом аст? Фикри Худо ва зиндагии ухравиро бояд канор гузошт… (6) Бояд раъфату риққати қалбро дур андохт. Раъфат аз аҷз аст, фурӯтанӣ ва фармонбардорӣ аз фурӯмоягӣ аст, ҳилму ҳавсала ва афву иғмоз (чашмпӯшӣ) аз беҳимматӣ ва сустӣ аст. Мардонагӣ бояд ихтиёр кард. Башар бояд ба марҳилаи марди бартар (7) бирасад. Марди бартар он аст, ки аз неку бад бартар бошад, (8) азму ирода дошта бошад

Дар миёни фарангиҳо мактабҳои зиёде зуҳур кардааст. Хушбахтона дар миёни мо чунин мактабҳое (яъне чунин вабоҳое) пайдо нашудааст.

Руҳи урупоӣ ҳамин аст. Эъломияи ҳуқуқи башарро ҳам, ки онҳо медиҳанд, барои фиреби дигарон аст. Тарбияти урупоӣ ва ахлоқи воқеии урупоӣ яъне ахлоқи мокёвеллиӣ ва ничеӣ. Амале, ки истеъмор дар дунё анҷом медиҳад, бар ҳамин асос аст ва руҳи фарангӣ, аъам аз омрикоӣ ва урупоӣ, истеъмор ва ҳамин ахлоқ аст. Агар ҷилави мо дам аз ҳуқуқи башар мезананд ва мо бадбахтҳо гоҳе оби даҳони худамонро қурт медиҳем ва меойем ҳарфҳои онҳоро бозгӯ мекунем, ба Худо қасам иштибоҳ мекунем. Бибинед, оё коре, ки масалан Омрико алъон дар Ветном мекунад, ғайр аз иҷрои фалсафаи Ниче аст? Айни ҳамон аст ва ҳеч чизи дигаре нест. Инҳо ин ҳама дам аз инсоният ва инсондӯстӣ мезананд ва мо мегӯем Росел чунин гуфтааст ва Сортр чунин гуфтааст, вале ҳам Росел таҳи фикраш ҳамин аст ва ҳам Сортр. Тамоми фарангиҳо асоси фикрашон бар ҳамин аст. Шояд хеле афроди истисноӣ пайдо шаванд, ки ин тавр набошанд ва эҳтимолан дар онҳо ҳам хуне аз Машриқзамин вуҷуд дорад; лобуд модарашон аҳли Машриқзамин буда, вагарна нажоди инҳо ин нажод нест.

Ниче мегӯяд: (9)

«Нафс куштан чаро? Бояд нафсро парварид. Ғайрпарастӣ чист? Худро бояд хост ва худро бояд парастид. Заъифу нотавонро бояд раҳо кард, то аз миён биравад ва ранҷу дард дар дунё коста шавад… Марди бартар он аст, ки нерӯманд бошад ва ба нерӯмандӣ зиндагӣ кунад ва ҳавоҳо ва тамоюлоти худро бароварда намояд

Ин, таърифи марди бартар аст, ки он ғояти ҳастӣ ва ғояти камол аст ва мегӯяд, хилқат барои ӯст ва ҳама муқаддимаи вуҷуди ӯ ҳастанд. Ҳол, бибинед инсони комили оқои Ниче чӣ чиз аз об дармеояд: ҳеч чиз набояд монеъаш шавад ва бояд ахлоқу раҳму инсонияту муруввату меҳрубониву адолату ҳамаи ин ҷур ҳарфҳоро дур бирезад ва худро аз ҳамаи инҳо поку мубарро карда бошад. (Идома медиҳад:)

«Ҳавоҳо ва тамоюлоти худро бароварда намояд, хуш бошад ва худро хоҷа ва худованд бидонад ва ҳар монеъе, ки барои хоҷагӣ дар пеш биёяд, аз миён бардорад ва аз хатар наҳаросад ва аз ҷангу ҷидол натарсад

Баъд ҳам суроғи занҳо меравад ва мегӯяд:

«Баробарии зан бо мард ва лузуми риояти ҳуқуқи ӯ низ, аз суханони ботил аст. Асл мард аст. Мард бояд ҷангӣ буда ва зан василаи тафаннуну тафреҳи ҷангиён бошад ва фаразанд биёварад

Мегӯяд: зан барои кори дигаре наомадааст; фақат василае барои тафреҳ, ва тафаннуне барои мард ва мошине барои бачча зоидан аст.

Ин ҳам як меъёр дар дунё барои муаррифии инсони комил, инсони намуна, инсони аъло, марди бартар ва ё суперман аст. Бо кадом миқёс? Миқёси қудрат ва тавоноӣ. Дар ин ҷо роҷеъ ба масъалаи қудрат ва тавоноӣ чӣ бояд гуфт?

Нуқтаи муқобили ин мактаб, мактабе аст, ки заъфро таблиғ мекунад ва хубӣ ва некиро дар заъф медонад, ва чунин макотибе ҳастанд ва будаанд ва махсусан ин эрод бар масеҳият ворид аст, ки дар ахлоқи масеҳият бар рӯи заъф хеле таблиғ шудааст. Аслан ҳамин ҳарф, ки “агар ба тарафи рости суратат навохтанд, тарафи чапи сурати худро биёвар”, таблиғи заъф аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Ҳатто дар таърихи зиндагии ӯ навиштаанд: вақте, ки дошт мемурд ва дар ҳоли эҳтизор буд, китоби муқаддасро рӯи синааш муҳкам гирифта ва ба он часбида буд.

(2) Инсонеро, ки мо инсони комил мегӯем, инҳо инсони бартар ё “суперман” меноманд.

(3) Ибороти нақлшуда аз китоби «Сайри ҳикмат дар Урупо», ҷ.3 мебошад.

(4) Яъне хилқат барои онҳост.

(5) Ба ақидаи ӯ, табақаи шариф, забардастон ҳастанд.

(6) Ба қавли ӯ, инҳо хеле асбоби заҳмат аст.

(7) Ҳамон инсони комил, абармард ва ё “суперман”.

(8) Ба қавли Мавлавӣ:

 Ҳин, макун «лоҳавл», имронзодаам,

Ки зи «лоҳавл» ин тараф афтодаам.

(9) Боз Худо падарашро биёмурзад, ки ақидаашро буруз додааст!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: