Перейти к содержимому

Кабирӣ: «Ҳукумати Раҳмон бо ДОЪИШ ҳеч фарқе надорад»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, ки инак, бахши аввали он пешкаш мешавад, бо баёни ин ки ҳукумати Раҳмон бо ДОЪИШ ҳеч фарқе надорад, изҳор дошт: «Яке бо номи дин террор мекунад, дигаре бо номи дунявият. Ҳамон кушторҳои бидуни маҳкама, ҳамон додгоҳҳои пӯшида, ҳамон мусодараи амволу гаравгонгирии мухолифин. Ва ҳамон иттиҳомҳо. Фақат ба ҷои кофир ва муртад, инҳо хоин ва истилоҳҳои дигарро истифода мебаранд.»

Инак, бахши аввали ин мусобиҳа:

— Салому дуруд. Аввалан, зодрӯзатонро табрик мегӯям, иншоаллоҳ, ки мисли ҳамеша бонишоту сарбаланд бошед. Дар ин гапу гуфтугӯ, бино надорам ҳамаи суолҳоям сиёсӣ бошанд, суолҳоям мутанаввеъ ҳастанд. Суоли аввалам ин аст, ки шунидам, натавонистед, ҳамаи хонаводаро ба берун аз кишвар интиқол бидиҳед, баъзе хоҳарону бародаронатон, ки шояд ба хоҳиши худашон монда бошанд, аммо ҳукумат монеъи хуруҷи ҳамсарони ду писаратон шуд, яъне нагузоштанд берун оянд, ва шунидам, шароити бисёр сахте доранд ва писари оқо Руҳуллоҳ, писаратон бемор ҳам будааст. Сиёсат, ки ҷои худаш, аммо инсоният ҳисобаш ҷудост. Оё худатон аз ҳукумат талаб накардед, ки иҷоза бидиҳанд ин ду арӯсатон биёянд пеши шавҳаронашон? Магар гаравгон нигоҳ доштани ду зан, ҷавонмардист?

— Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Ташаккур барои табрик ва бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи дӯстоне, ки аз тариқи шабакаҳо ва ё мустақим, табрикоти худро фиристоданд, изҳори миннатдорӣ мекунам.

Бале, мутаассифона на ҳамаи ҳамкорон, ёру дӯстон ва аъзои хонавода тавонистанд он рӯзҳо кишварро тарк кунанд. Аксариятро ҳисси бегуноҳӣ фиреб дод. Ба маънои он, ки «ман, ки гуноҳе надорам, чаро битарсам ва ҳиҷрат кунам?» Ҳатто муовинонам ба исрори ман далел меоварданд, ки агар берун равем, ин маънии даст доштан дар ин ҳодисаҳоро дорад. Бояд истод ва исбот кард, ки мо ҳеч гуноҳе надорем, ки фирор кунем. Бехабар аз он, ки дар баробари як ҳукумати диктотурӣ ва суди ғайримустақил, имкон надорад як нафар бегуноҳии худро исбот кунад. Агар метавонист, Зайд Саидов мекард, ки бо ҳамин ният баргашт.

Ҳамин ҳолати дӯстон ва хонавода, худаш иттиҳомоти ғайримантиқии мақомотро дар бораи даст доштани ҳизб дар ҳодисаҳои сентябр комилан рад мекунад. Агар роҳбарияти ҳизб тарҳи табаддулот медошт, магар қабл аз он рӯз хонаводаи худро берун намекард? Ман танҳо 12-уми сентябр ба муовинон, аъзои Раёсати олии ҳизб ва хонавода дастури ҳиҷратро додам. Чун аз дохили ҳукумат маълумот расид, ки бо ин баҳона, аксариятро ҳабс хоҳанд кард.

— Чаро ҳамин маълумоти ба шумо расидаро ба онҳо нарасондед, то масъаларо ҷиддӣ бигиранд?

— Мутаассифона, на ҳама ба ҳарфи ман гӯш доданд, ва бархе ҳам фурсат наёфтанд. Ба ҳар сурат, ин савол ба вуҷуд меояд, ки агар дар утоқи кории Муҳаммадалӣ Ҳаит ё Сайидумар Ҳусайнӣ нақшаи ин тарҳ гӯё «ёфт» шуда бошад, чаро онҳо билофосила ҳиҷрат накарданд? Баръакс, то охир саъй карданд маро мутақоид кунанд, ки бояд дар дохили кишвар бимонанд ва бегуноҳии ҳизб ва худро исбот кунанд.

Ин ҳама далолат бар он мекунад, ки ҳеч тарҳи табаддулоте вуҷуд надоштааст ва ҳизб камтарин рабте ба ин ҳодисаҳо надорад. Вуҷуди фарзандони хурдсоли ман то имрӯз ба ҳайси гаравгон дар дасти ҳукумат, далели ин гуфтаҳост.

— Бале, як қисмати суоли ман дар боло, дар ҳамин хусус буд, дар бораи ҳамсарони писаронатон, ки дар Тоҷикистон монданд.

— Бале, аммо дар ибтидо арз кунам, ин ки мегӯед, баҳси сиёсат аз баҳси инсоният ҷудост, ин барои як ҳукумати қонунмеҳвар, ҳаддиақал ахлоқмеҳвар дуруст меояд. Роҳбарияти имрӯзаи кишвар борҳо исбот кард, ки дар рафторҳои худ на қонунро мешиносад ва на ахлоқи сиёсиро ва на арзишҳои оддии инсониро. Ман ҳеч гоҳ ба ҳукумат барои фарзандонам муроҷиат накардам, агарчи барои ҳар падар ва бобо, чунин тасмиме сахт аст ва шояд бераҳмона ҳам намояд. Борҳо ҳамсарам чунин хоҳишро кард аз ман, ҳатто хост ба хонум ва ё духтари раисиҷумҳур худаш муроҷиат кунад, ҳамчун модар ба модар. Аммо, вақте зиндонҳо пури бародарону дӯстон аст, ҳатто муроҷиати як модар ба модар ҳам маънӣ надорад. Хусусан, ки хабари бемории тифл чанд моҳ пеш дар расонаҳо нашр шуда буд. Агар ҳисси модарӣ бедор мешуд, ҳамон вақт мешуд.

— Ин дар таърих ҳаст, дар сафаҳоти таърих мехонем, ки ҳатто золимон ва ситамгарони таърих мисли Искандару Чингизу Темуру амсоли онҳо, ҳисоби зану баччаи душманони худро аз ҳисоби душманонашон ҷудо мекарданд. Ҳамин Искандар вақте вориди Эронзамин мешавад, камоли эҳтиромро нисбат ба зану баччаҳои шоҳи Эрон мабзул медорад, ҷойгоҳи онҳоро ҳифз мекунад ва дастур медиҳад касе ҳаққи таъарруз ба онҳоро надорад. Аммо мақомоти мо, зоҳиран ҳамин ҳадд аз ҷавонмардиро риоят намекардаанд. Оё чунин нест?

— Ба назари ман, каме беинсофӣ мешавад дар ҳаққи онҳое, ки ном бурдед. Дуруст, онҳо зулму ситам доштанд болои мардум ва инро сарчашмаҳо сабт кардаанд. Аммо, то ин ҳадд онҳо номард набуданд. Ва ҳатто агар бар фарз ба зану тифле ҳам зулм карда бошанд, ба миллатҳои дигар кардаанд, на ба юнониву муғулҳо. Чингизҳои кишвари мо зулму номардии худро танҳо бо миллати тоҷик кардаанд.

Ин ҳам ёдамон наравад, ки асри Искандару Чингизу Темур, асри қонуну ҳуқуқи башар набуд, ки аъмоли онҳоро бо меъёрҳои имрӯза баҳогузорӣ кунем. Меъёри хубу бад ва зулму адл дар он айём, аз имрӯз фарқ мекард. Ин ҷиноятҳо ва номардиҳо дар аср ва кишваре мегузарад, ки қонун ва ҳуқуқи инсон бояд ҳарфи аввалро бизанад, на тафаккури асримиёнагӣ.

Бинобар ин, рафтори ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистонро ман баробари ДОЪИШ медонам, на Чингизу Темур. Чаро ДОЪИШ-ро террористӣ меномем? Барои он, ки идеологияи худро бо зӯр болои мардум таҳмил мекард, ҳар кас, ки андеша ё сиёсати онҳоро қабул надошт, душман, кофир ё муртад ҳукм мекард ва зану баччаву моли онҳоро мусодара менамуд ё гаравгон мегирифт. Ҳукумати Раҳмон аз ДОЪИШ чӣ фарқе дорад? Ҳеч. Яке бо номи дин террор мекунад, дигаре бо номи дунявият. Ҳамон кушторҳои бидуни маҳкама, ҳамон додгоҳҳои пӯшида, ҳамон мусодараи амволу гаравгонгирии мухолифин. Ва ҳамон иттиҳомҳо. Фақат ба ҷои кофир ва муртад, инҳо хоин ва истилоҳҳои дигарро истифода мебаранд.

Агар ба саволи шумо баргардем, ин ки Раҳмон тасмим гирифтааст интиқоми фаъолиятҳои мухолифинашро аз занҳо ва тифлҳо бигирад, дигар барояш тифли 4-сола ҳам як душман аст, ки бояд аз байн биравад.

— Иттифоқан, ҳаминро мехостам бипурсам, яъне аз вазъи ногувори Ҳамза писари Руҳуллоҳ.

— Бале, маълумоте, ки ахиран гирифтем, баёнгари як ҷинояти тарҳрезишуда аст, ки мақомот нисбати тифл доранд анҷом медиҳанд. Ҳанӯз чанд моҳ пеш табибони шаҳри Ваҳдат нишонаҳои саратонро дар тифл ошкор карданд ва тавсия доданд, ки ба бахши саратони Қаряи боло муроҷиат шавад. Чун ҳар қадами келинҳо таҳти назорати мақомоти амниятӣ аст, бо дахолати онҳо тифлро ба шӯъбаи дигар интиқол доданд. Дар сурате, ки табибони бахши оддӣ тавсия додаанд, ки ин маризи бахши мо нест ва пофишорӣ кунед барои баргардонидан ба бахши саратон. Дар натиҷа ҷарроҳиро дар ҳамон бахши оддӣ таҳти назорати мақомоти амниятӣ анҷом доданд ва дастур шудааст, ки касе ҳақ надорад ҷузъиёти бемориро ба касе бигӯяд. Ҳатто, ба модараш ҳам. Гӯё як бемории оддӣ асту ниёз ба табобат дар хориҷ надорад. Фақат ба хотири он, ки аз рафтани модар ва тифл ба хориҷ пешгирӣ шавад. Дар сурате, ки келин пешниҳод кардааст ду тифли дигарашро назди мақомот гаравгон хоҳад гузошт, танҳо иҷозат диҳанд, ки Ҳамзаро ба Россия, Туркия ё Ҳиндустон баранд.

Имрӯз беморӣ аз нав шиддат ёфтааст. Шунидам, ки дирӯз келин тифли варамкардаро бардошта ба идораи амният бурдааст. Кормандони оддӣ ҳам бо таассуф гуфтаанд, ки ҳалли ин масъала аз салоҳияти онҳо берун аст ва дар дастони «боло» аст. Ва дуруст ҳам мегӯянд. Раҳмон як масъалаи сирф тиббии як кӯдакро ба масъалаи амниятӣ табдил додааст. Албатта, аз ӯ дигар чизро интизор будан имкон надорад. Ва на танҳо аз ӯ, ҳама имрӯзҳо масъалаҳоро танҳо аз зовияи сиесӣ ва амниятӣ мебинанд. Тифли бемор набераи Кабирӣ аст ва масъала бо ҳамин тамом.

— Ҳоло келинҳо чӣ мегӯянд?

— Мушкилӣ дар он аст, ки мо тамоси мустақим надорем ва маълумотро дона-дона аз ҳамсояҳо ва шиносҳо ҷамъоварӣ мекунем. Барои келинҳо доштани телефон ва иртибот бо хориҷ манъ аст. Хулоса ин, ки бо бархе афрод дар мақомоти имрӯзаи кишвар дар бораи қонун, арзиш, аҳду паймон ва ҷавонмардӣ гап задан маънӣ надорад. Ин мафҳумхо барои аксарашон бегона аст. Онҳое, ки виҷдону имон доранд ва ба қонуну ҷавонмардӣ эҳтиром коиланд, қудраташон ҳанӯз кам аст. Шояд дар оянда бо ҳаминҳо атрофи ин мавзӯъҳо сӯҳбат карда шавад, аммо на имрӯз.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: