Перейти к содержимому

«Мубориза бо фасоди молӣ ҳатто дар сурате, ки аъзои хонаводаи ман дар ин масир қарор гиранд, мутаваққиф нахоҳад шуд»

Акс аз сойти rus.azatutyun.am

Нахуствазири Арманистон тайи нишасти хабарӣ эълом кард, ки аз мизони фасоди молӣ дар ин кишвар ҳайратзада шудааст, чаро ки рӯзе нест хабаре аз фасоди молии як мақоми давлатӣ мунташир нашавад.

Никул Пошиниён, ки дар пайи эътирозоти мардумӣ ба фасоди густарда дар Арманистон ба қудрат расид, изҳор дошт: «Иттилооти рӯзмарра дар бораи фасоди молӣ ҳайратовар аст

Вай афзуд: «Дар ҷомеаи Арманистон ҳамеша аз масоили айнӣ сухан мегуфтанд, аммо ба чунин масоили пинҳоне ишора намекарданд, ҳол он ки мизони фасоди молӣ дар кишвар беш аз пеш болост ва бояд барои он коре кард

Ба гузориши Azatutyun, Пошиниён изҳор дошт: «Қаблан талош мекардам муболиғагӯӣ накунам, аммо имрӯз аз ҳаҷми фасоди молӣ ҳайратзада ҳастам, чаро ки ҳаҷми фасод дар Арманистон ғайриқобили тасаввур аст

Вай гуфт: «Ҳадафи мо, эҷоди сохтори иқтисодӣ бо шароити баробар барои ҳама дар тиҷорат ва ҳимоят аз сармоягузориҳо ва тавсиъаи зерсохтҳо аст. Дар гузашта ҳам эълом кардам, ки мубориза бо фасоди молӣ ҳатто дар сурате, ки аъзои хонаводаи ман дар ин масир қарор гиранд, мутаваққиф нахоҳад шуд

Пошиниён гуфт, ки танҳо дар сурати решакан кардани фасоди молӣ ва бозгардондани маблағҳои дуздидашуда, метавон ҳуқуқи бознишастагон ва кормандони давлатро афзоиш дод.

Вай хотирнишон кард, ки тақрибан ҳар рӯз дар Арманистон, як фасоди молӣ дар сатҳи давлатӣ ифшо мешавад ва барои пешрафт дар ин замина ниёз ба сохтори қазоии мустақил ва ҳимояти бахшҳои тиҷории кучак ва мутавассит дорем ва ин иқдомот дар авлавияти кории давлати ҷадид қарор дорад.

Нахуствазири ҷадиди Арманистон хотирнишон кард: «Дар арсаи сиёсии дохилии кишвар, интизори баргузории интихоботи порлумонии зудҳангом меравад, таърихии баргузории ин интихобот, наздик аст

Ба гуфтаи вай, пас аз раъйгирӣ дар Маҷлиси миллии Арманистон, ихтиёроти нахуствазир коҳиш хоҳад ёфт ва ба ин тартиб байни давлат ва порлумон мувозинаи қувваҳо барқарор хоҳад шуд.

Нахуствазири Арманистон, бо баёни ин ки дар арсаи сиёсати хориҷии кишвар тағйироти маҳсусе рух нахоҳад дод, изҳор кард: «Мо сиёсати комилан шаффоф дар қиболи шарикон хоҳ Русия ё Иттиҳодияи Урупо хоҳем дошт

Вай, дар бораи ширкати ҳайъати Арманистон дар нишасти НАТО дар Бруксел (Брюссел) низ тасреҳ кард: «Ҳайъати Арманистон дар иҷлоси НАТО дар Бруксел ширкат накард, балки дар нишасти кишварҳои ширкаткунанда дар амалиёти сулҳ дар Афғонистон ҳузур ёфт

Нахуствазири Арманистон афзуд: «Дар мавриди Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳам, Арманистон афзоиши короии сохтори ин созмонро ҳадаф қарор додааст

Вай ҳамчунин гуфт, ки давлати Арманистон корҳои зиёде бояд анҷом диҳад, бинобар ин ба таътилоти тобистонӣ нахоҳад рафт.

Гуфтанист, дар ду моҳи ахир, бо рӯи кор омадани давлати ҷадиди Арманистон ба нахуствазирии Пошиниён, сарони бисёре аз созмонҳои Арманистон ва устондорони ин кишвар тағйир кардаанд.

Созмони амнияти миллии Арманистон дар ин муддат хонаҳои шуморе аз мақомҳои сиёсӣ, низомӣ ва пулиси ин кишварро бозрасӣ карда ва теъдоди зиёде аз ҷумла ду бародари Серж Саркисиён, раисиҷумҳури собиқи Арманистон дастгир шудаанд.

Мубориза бо фасод ва беқонунӣ яке аз ҳадафҳои умдаи давлати ҷадиди Арманистон ба риёсати Никул Пошиниён эълом шудааст, ки дар иродаи умумии ҷомеаи Арманистон реша дорад.

Дар ҳақиқат, ба назар мерасад давлати Арманистон ба риёсати Пошиниён талош мекунад зимни мумониат аз ришвахорӣ ва фасоди давлатӣ, хост ва иродаи умумии ҷомеаи Арманистон мабнӣ бар барқарории адолати иҷтимоиро муҳаққақ созад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: