Перейти к содержимому

Руҳонӣ хитоб ба Тромп: «Бо думи шер бозӣ накун! Пушаймонкунанда аст!»

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, изҳор дошт: «Имрӯз сухан гуфтан бо Омрико маъное ҷуз таслим ва поёни дастовардҳои миллат надорад. Ва оқои Тромп! Мо марди шараф ва зомини амнияти оброҳи минтақа дар тӯли таърих ҳастем; бо думи шер бозӣ накунед, пушаймонкунанда аст.»

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳасани Руҳонӣ дар мулоқот бо намояндагони кишвараш дар хориҷ аз Эрон афзуд: «Имрӯз касе дар Омрико сари кор омада, ки на танҳо мехоҳад бо давлати пеш аз худ биҷангад, балки бо манофеи ҳамаи дунё ва албатта ба таъбире, бо манофеи худаш дар ситези доимӣ аст, ин масъала на танҳо барои Эрон, балки барои ҳамаи ҷаҳон як хатар аст, ки албатта дар дили он фурсатҳои бузурге низ вуҷуд дорад

Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард: «Имрӯз тардиде дар ин нест, ки ҳокимони Омрико зиддияти шадиде бо миллати Фаластин доранд. Имрӯз ҳайъати ҳокимаи Омрико ба вузуҳ эҳтиром ва иззати мусалмононро нодида гирифта ва бо ҷойгоҳи Қудси шариф дар қалбҳои мусалмонон меҷангад, аммо онҳо намедонанд, ки доранд чӣ коре анҷом медиҳанд

Руҳонӣ гуфт: «Имрӯз ба роҳатӣ метавонем ба ҷаҳониён бигӯем, ки омрикоиҳо дар ботин, ҳеч таъаҳҳуде ба сулҳ, муъоҳидот ва созмонҳои байналмилалӣ надоранд, дар ҳоле, ки то чанде пеш, ки Омрико дар созмонҳо ва муъоҳидоти байналмилалӣ ҳузур дошт, чунин истидлоле сахт буд, аммо амалкарди ҳайъати ҳокимаи феълии Омрико нутқ, баён ва қалами моро барои тавзеҳ додани ботини ҳақиқии ҳайъати ҳокимаи ин кишвар равон кардааст

Раисиҷумҳури Эрон, бо баёни ин ки «рафторҳои ҳайъати ҳокимаи феълии Омрико хатароти зиёде барои ҷаҳон ба вуҷуд оварда, аммо дар дили ин хатарҳо фурсатҳои бузурге низ вуҷуд дорад», тасреҳ кард: «Бояд аз ин фурсатҳои бузург ҳаддиаксари баҳрабардорӣ анҷом гирад. Ҳамеша метавонистем мустанадоти зиёде ироа кунем мабнӣ бар ин ки режими саҳюнистӣ асосан бар мабнои таҷовузгарӣ, ишғол, хиёнат, овора кардани мардум ва куштани кӯдакону занону пирамардон рӯи кор омадааст, аммо бо вазъияте, ки имрӯз дар сояи ҳимоятҳои бемантиқи ҳайъати ҳокимаи феълии Омрико аз ин режим ба вуҷуд омада, истидлол алайҳи ин режим низ осонтар шудааст

Руҳонӣ, бо ишора ба бархе мавозеъ ва рухдодҳои ҷадид дар иртибот бо Фаластин, гуфт: «Ҳеч гоҳ то имрӯз саҳюнистҳо ва давлати Омрико ба ин сароҳат эътироф накарда буданд, ки асосан давлате ба номи Фаластин намешиносанд ва ё Қудси шарифро мутаъаллиқ ба мусалмонон намедонанд ва асосан боварашон ин аст, ки Фаластин сарзамине исломӣ набуда. Ва ин мавозеъ ҳеч вақт ин қадр сареҳ ва бо вақоҳат баён нашуда буд

Раисиҷумҳури Эрон афзуд: «То чанде пеш муддаӣ буданд, ки режими саҳюнистӣ улгуи демукросӣ дар минтақа аст, аммо оё имрӯз тардиде боқӣ монда, ки ин режим улгуи опортойд дар минтақа аст? Шароити сиёсии имрӯз дар канори ин ки вазъиятро шояд барои мо сахт мекунад, аммо истидлол ва ёргирӣ дар арсаи байналмилалиро барои мо роҳат кардааст

Руҳонӣ дар идомаи суханони худ, бо баёни ин ки омрикоиҳо дар чанд навбат ба ҷанги миллати Эрон омаданд, ки ҳар бор шикаст хӯрданд, изҳор дошт: «Бори аввал, омрикоиҳо дар замоне, ки миллати Эрон бо диктотури дастнишондаи ҳоким бар кишварашон мубориза мекарданд, тамомқад ба ҳимоят аз ӯ пардохтанд. Мардуми Эрон ба дунболи озодӣ, демукросӣ, ҳокимияти миллӣ, истиқлол ва дифоъ аз дин, ҳувият ва арзишҳояшон дар баробари касе буданд, ки дастнишонда ва навкари хориҷиҳо буд ва дар дохил туи сари мардум мезад ва як диктотур буд. Мардуми бузурги Эрон наметавонистанд таҳаммул кунанд, ки ҳокими кишварашон навкари бегонагон бошад, аммо туи сари мардуми худаш бизанад

Раисиҷумҳури Эрон изофа кард: «Омрикоиҳо мусаммам шуда буданд, ҳатто ба қимати куштори милюнҳо эронӣ, шоҳро ҳифз кунанд. Оё метавон пазируфт омрикоиҳое, ки мусаммам буданд барои ҳифзи нерӯи дастнишондаи худашон хуни милюнҳо эрониро бирезанд, тарафдори эронӣ бошанд?! Барои омрикоиҳо шикаст дар баробари миллати Эрон хеле сахт буд ва ин ки бибинанд мусташорон ва диплумотҳои онҳо аз 23 баҳмани соли 57 бо вазъе ҳақоратомез ва бо шармсорӣ дар баробари миллати Эрон ин кишварро тарк мекунанд, боиси асабонияти бисёр буд

Руҳонӣ тасреҳ кард: «Давраи дуввуме, ки Омрико ба ҷанги миллати Эрон омад, давраи истиқрори низоми Ҷумҳурии Исломӣ буд. Аз ҳамон ибтидои пирӯзии инқилоб, тавтиаҳои омрикоиҳо дар манотиқи мухталифи Эрон оғоз шуд ва гурӯҳакҳо ва бархе кишварҳои минтақа ба таҳрики Омрико ҳар рӯз масъалае эҷод мекарданд

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин ки севвумин талоши омрикоиҳо барои шикасти низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати Эрон, роҳандозии ҷанги 8-сола алайҳи кишварамон буд, гуфт: «Ҷанги 8-сола алайҳи Эрон аз нишасти Тоиф оғоз ва барномарезӣ шуд. Омрикоиҳо дар остонаи оғози ҷанги 8-сола бо Эрон тамоми равобити худро бо Эрон қатъ карданд ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки тамоми таҷҳизоти низомии Эрон омрикоӣ буд, пас аз қатъи равобити Омрико бо Эрон, ҳамаи пешбиниҳо ва муҳосиботи онон ин буд, ки бо вуқӯи як ҷанг, Эрон дар муддати чанд моҳ замингир мешавад ва шикаст мехӯрад

Руҳонӣ афзуд: «Дар ҷанги 8-сола алайҳи Эрон на танҳо Омрико, балки ҳамаи қудратҳо ва кишварҳои дигар аз Шӯравӣ, урупоиҳо, кишварҳои араби минтақа ва дигарон ба ҷуз чанд кишвари маъдуд, ба ҳимоят аз Ироқ бархостанд, аммо ин тавтиаи сангин низ бо шикаст мувоҷеҳ шуд

Руҳонӣ бо баёни ин ки Омрико дар тавтиаи чаҳоруми худ ба дунболи таҳрими иқтисодии Эрон буд, гуфт: «Онҳо ба баҳонаи он ки Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ аст ва ин баҳонаҷӯиро бо шавоҳид ва қароине замима карда буданд, Эронро таҳрим карданд ва дар ин мавзӯъ ҳам Омрико сардамдори таҳрим буд ва ҳар бор се кишвари дигар мехостанд бо мо дар масъалае тавофуқ кунанд, Вошингтун иҷозаи онро надод

Руҳонӣ бо баёни ин ки миллати Эрон дар давраи тӯлонии 12-сола истод ва муқовимат кард ва дар санъати ҳастаӣ ба пешрафт расид ва қадамҳои муҳимме бардошт ва пойи мизи музокира онҳоро маҷбур кард, ки фанноварии ҳастаии Эронро бипазирад, афзуд: «Ин бузургтарин муваффақияти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки 6 қудрати бузурги дунё бигӯянд, матлабе, ки 12 сол унвон мекарданд, иштибоҳ буда ва бипазиранд, ки Эрон бояд фанноварии ҳастаӣ дошта бошад ва на танҳо онҳо, балки Шӯрои амнияти Созмони Милал ҳам ин мавзӯъро мавриди пазириши худ қарор диҳад

Раисиҷумҳури Эрон, бо баёни ин ки душманон эълом мекунанд, ки мехоҳем дар баробари нуфузи Эрон истода ва аз нуфузи Эрон дар минтақа ва ҷаҳон ҷилавгирӣ кунем, гуфт: «Нуфузи Эрон танҳо дар Ироқу Сурия нест. Эрон сарзамини қудратманд ва миллати Эрон, миллате бузург, бофарҳанг ва сулҳталаб аст, ки ҳаргиз теруризмро таҳаммул намекунад ва наметавонад бибинад, ки бародарон ва хоҳаронаш дар Сурия ва Ироқ ба хоку хун кашида шуда ва сар аз баданашон ҷудо шуда ва занони онҳо ба бардагӣ ва асорат бурда мешаванд

Руҳонӣ хитоб ба душманон гуфт: «Ҳаргиз барои мубориза бо теруризм аз шумо иҷоза нахоҳем гирифт ва ифтихори мо ин аст, ки миллатҳоро наҷот додем. Ин шумо будед, ки ваҳшиҳои теруристро ба вуҷуд овардед ва аз ин ки ба онҳо силоҳи зидди зиреҳ ва таҷҳизот ва таслиҳот ба онҳо додед, хиҷолат накашидед ва режими саҳюнистӣ хиҷолат накашид, ки маҷрӯҳони ДОЪИШ-ро ба сарзамини худ бурд ва онҳоро мудово кард. Бояд хиҷолат бикашед, чаро ки дар таърих обрӯе бароятон намондааст

Руҳонӣ хитоб ба Омрико ва режими саҳюнистӣ, гуфт: «Шумо, ки имрӯз дам аз ҳуқуқи башар мезанед, дар минтақа ва кишварҳое назири Афғонистон ва Покистон ва ҳатто Арабистон коре ҷуз тороҷи амволи мардум надоштаед ва ба ҷои он то тавонистед силоҳ вориди минтақа кардаед

Раисиҷумҳури Эрон, бо ишора ба ин ки имрӯз дар ин шароит Омрико панҷумин тавтиаи худ алайҳи миллати Эронро калид задааст ва таҳримро пеш гирифтааст, гуфт: «Омрико имрӯз бо иштибоҳи муҳосиботӣ ба дунболи он аст, ки бар миллати Эрон фишор ворид кунад. Онҳо миллати бофарҳанги Эронро намешиносанд ва намедонанд, ки миллати Эрон ҳеч гоҳ ва дар ҳеч шароите навкари ҳеч кас нахоҳад шуд ва ин дар ҳоле аст, ки бузургтарин дастоварди миллати Эрон дар тӯли 40 соли гузашта аз инқилоб ин буда, ки оқоии худро ба даст оварда ва онро тасбит карда ва мусташорон ва коршиносони омрикоиро аз ин кишвар берун ронданд

Руҳонӣ идома дод: «Мо бо ҳеч кас даъво ва ҷанг надорем, аммо душманон бояд хуб бифаҳманд, ки ҷанг бо Эрон модари ҷангҳо, ва сулҳ бо Эрон модари сулҳҳост ва мо ҳеч вақт аз таҳдид натарсида ва дар баробари таҳдид, таҳдид хоҳем кард

Руҳонӣ, бо баёни ин ки мо бояд равобити хуби худро бо ҳамсоягонамон мустаҳкам кунем, ба бархе изҳори назарҳо перомуни чигунагии равобити Эрон ва Русия ишора кард ва гуфт: «Мо на таслими Ғарбем ва на таслими Шарқ ва шиори «На шарқӣ, на ғарбӣ» мунофоте бо густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон надорад

Вай изҳор дошт: «Мо Русияро на ба унвони қудрати бузург, балки ба унвони як ҳамсоя мебинем ва ҳусни ҳамҷиворӣ ва густариши равобит бо Маскавро ба нафъи ду кишвар медонем

Руҳонӣ хитоб ба омрикоиҳо ва дар посух ба ин ки онҳо гуфтаанд намегузорем нафти Эрон содир шавад, изҳор дошт: «Оқои Тромп! Мо марди шараф ва зомини амнияти оброҳи минтақа ва амнияти масири киштиронӣ дар тӯли таърих ҳастем, бо думи шер бозӣ накун, пушаймонкунанда аст. Шумо фикр мекунед Эрон ин қадр заъиф аст, ки иҷоза диҳад, ки шумо ба хоста ва ба аҳдофатон бирасед?»

Руҳонӣ таъкид кард: «Мо таслим намешавем ва дар баробари одами зӯргӯ ва қулдуре, ки ахлоқу адаб надошта, сиёсат намедонад, тарҳу барнома намефаҳмад ва ба миллат ва давлат ва мушовирони худ ҳам дурӯғ мегӯяд, меистем ва бояд бидонанд, ки миллати таърихсоз, куҳан, инқилобӣ, дар баробари ин бесарупоҳо таслим нахоҳад шуд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: