Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (302)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (45)

* * *

Дил ниҳодани араб бар илтимоси дилбари хеш ва савганд хӯрдан, ки дар ин таслим маро ҳилате ва имтиҳоне нест (2)

* * *

Гуфт пайғамбар, ки Ҳақ фармудааст:

Ман нагунҷам дар хуми болову паст.

Ҳазрати Расули Акрам (с) фармуд: Ҳақ Таъоло фармуда: ман дар маҳдудаи болову пастӣ намегунҷам.

Нукта: Ишора аст ба ҳадиси:

لا يسعني أرضي ولا سمائي ويسعني قلب عبدي المؤمن

«Замину осмони ман гунҷоиши маро надорад, аммо дили бандаи мӯъмин гунҷоиши маро дорад.» (Эҳёи улуми дини Ғаззолӣ)

Дар замину осмону арш низ,

Ман нагунҷам, ин яқин дор, эй азиз!

Эй азиз! Ту яқин бидон, ки ман ҳаргиз дар замину осмон ва ҳатто арш намегунҷам.

Дар дили мӯъмин бигунҷам, эй аҷаб!

Гар маро ҷӯйӣ, дар он дилҳо талаб.

Аммо дар қалби мӯъмин мегунҷам, ва ин шигифт аст. Агар маро мехоҳӣ, бояд дар он дилҳо биҷӯӣ.

Нукта: Сӯфиён, инсонро мазҳари томму тамоми ҳазрати Ҳақ донистаанд ба наҳве, ки Ҳақ Таъоло бо ҳамаи асмо ва сифот, дар ӯ таҷаллӣ кардааст. (Шарҳи Гулшани роз, ч.130) Онҳо вақте Одам мегӯянд, манзурашон танҳо шахси хоссе, ки ҳамсари Ҳавво бошад нест, балки мақсуди эшон аз Одам, ҳақиқати инсон аст. Чунонки Ибни Арабӣ нахустин фасс аз китоби «Фусулул-ҳикам«-ро ба номи Одам ихтисос додааст, манзураш ҳақиқати навъӣ ва куллии инсон аст, на як фарди хосс. Ғоят ва мақсуд аз офариниши ҷаҳон, инсони комил будааст. Зеро инсон дар ҳукми руҳи олам аст, ва олам, ҷасад ва колбади он. Ва мусалламан бе ҳузури инсон, олам зинда ва маънидор нест. Зеро инсон, барзах миёни олами вуҷуд ва ҳазрати Ҳақ ва ё ҷомеъи халқу Ҳақ аст. Аз ин рӯ, Ҳақ Таъоло ба ӯ мақоми хилофати худ бахшид, ба ин маънӣ, ки ҳар фарде аз афроди инсон, баҳрае аз ин хилофат дорад, вале хилофати ҳақиқӣ аз они инсони комил аст. (Шарҳи Фусусул-ҳикам, с.55-72)

Гуфт: «Удхул фӣ ибоди, талтақӣ,

Ҷаннатан мин руъяти ё муттақӣ.»

Ҳақ Таъоло гуфт: дохил шав, эй парҳезгор, дар зумраи бандагони ман, то аз дидори ман биҳиштро бибинӣ.

Нукта: Муқтабас аст аз ояти 27-30 сураи Фаҷр:

يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ. ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً. فَادْخُلِي فِي عِبَادِي. وَادْخُلِي جَنَّتِي

«Эй ҷони ба Ҳақ оромёфта! Ба парвардигорат боз ой, ту аз Худо хушнуд, ва Худо аз ту хушнуд. Ба ҷамъи бандагонам пайванд ва ба биҳишти кароматам андар шав

Арш бо он нури бопаҳнои хеш

Чун бидид онро, бирафт аз ҷойи хеш.

Арши азим бо он нури паҳновари худ, ҳамин ки одам ва асрорашро дид, аз ҷо такон хӯрд ва маҳви анвори одам шуд.

Худ бузургий арш бошад бас мадид,

Лек сурат кист, чун маънӣ расид?

Азамати арш бисёр аст, вале дар қиболи маънӣ, сурат кист? Яъне сурат дар баробари маънӣ чизе нест.

Мадид: кашида, густарда.

Ҳар малак мегуфт: моро пеш аз ин,

Улфате мебуд бар рӯйи замин.

Ҳар фариштае мегуфт: мо пеш аз ин амр, бо замин улфати хоссе доштем.

Улфат: дӯстӣ ва хӯгирӣ.

Тухми хидмат бар замин мекоштем,

З-он таъаллуқ мо аҷаб медоштем.

Дар замин, тухми хидмат мекоштем ва бунёди тоату ибодат мениҳодем ва аз ин таъаллуқу муҳаббате, ки бо замин доштем, худамон ҳам шигифтзада будем.

К-ин тааллуқ чист бо ин хокамон?

Чун сиришти мо будаст аз осмон.

Ва аз худамон мепурсидем: ин ҳама майлу гароиш ба хок аз баҳри чист? Ҳол он, ки сиришти мо осмонӣ аст.

Улфи мо анвор бо зулмот чист?

Чун тавонад нур бо зулмот зист?

Улфату ҳамдамии мо, ки нур ҳастем, бо торикӣ барои чист? Нур чӣ гуна метавонад бо зулмат бизияд ва зиндагӣ кунад?

Одамо! Он улф аз бӯйи ту буд,

З-он ки ҷисматро замин буд тору пуд.

Эй Одам! Он улфату унсу таъаллуқе, ки миёни мо ва замин падидор шуда буд, бар асари он бӯи диловези ту буд, зеро тору пуди ҷисми ту аз замин аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: