Перейти к содержимому

Ардуғон: «Руҳи Ҳитлер дар бархе аз мақомҳои исроилӣ зуҳур кардааст»

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, режими саҳюнистиро «фошисттарин ва нажодпарасттарин» ҳукумати ҷаҳон тавсиф кард ва гуфт: «Руҳи Ҳитлер дар бархе аз мақомҳои исроилӣ зуҳур кардааст.»

Ба навишта хабаргузории Reuters,  Ардуғон ҳамчунин гуфт: «Режими саҳюнистӣ ба далели ҳамалоти кӯр ба навори Ғазза ва ҳадаф қарор додани ғайринизомиён бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ, тонк ва дигар ҷангафрӯзҳои сангин, давлати теруристӣ аст

Раисиҷумҳури Туркия гуфт: «Қонуни «кишвари яҳуд» ба режими саҳюнистӣ иҷоза медиҳад рафтори табъизомез бо фаластиниҳо дошта бошад ва фишорҳо бар онҳоро афзоиш диҳад

Лозим ба ёдоварӣ аст, ҳарчанд давлати Ардуғон бо режими саҳюнистӣ робитаи диплумотик дорад, аммо ҳар аз чанд гоҳе аз ин режим интиқод мекунад.

Қонуни «кишвари яҳуд», ки ҳафтаи гузашта дар порлумони режими саҳюнистӣ тасвиб шуд, ин режимро амалан ба режими опортойд табдил мекунад ва бо нодида гирифтани ҷамъияти фаластиниҳои сокини Фаластини ишғолӣ, «Исроилро кишваре яҳудӣ» ва Қудси ишғолиро «пойтахт»-и он тавсиф мекунад. Бо тасвиби ин қонун, фаластиниҳо амалан аз ҳуқуқи камтаре дар муқоиса бо яҳудиён бархӯрд хоҳанд буд.

* * *

Вокуниши Натанёҳу ба суханони Ардуғон

Бино бар эъломи дафтари нахуствазирии режими саҳюнистӣ, Натонёҳу бо баёни ин ки Ардуғон дар ҳоли табдили Туркия ба як «диктотурии сиёҳ» аст, гуфт: «Ин ки як демуктотур (диктотури баромада аз фароянди демукротик) аз ин қонун интиқод карда, нишонаи ҳаққонияти ин қонун аст

Нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки низомиёни таҳти амраш дар ҳафтаҳои ахир ҳудуди 150 фаластиниро дар марзи Ғазза ба шаҳодат расондаанд, Ардуғонро ба саркӯби курдҳо ва зиндонӣ кардани фаъолони сиёсӣ дар Туркия муттаҳам кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: