Перейти к содержимому

Бо сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон ошно шавед

Сайидмуҳсини Набавӣ, сафири асбақи Эрон дар Утриш (Австрия), қарор аст ба ҷои Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон шавад.

Набавӣ пеш аз Утриш ҳам, сафир дар Андунезӣ ва Сингопур будааст. Вай пас аз бозгашт аз Утриш низ, ба унвони мушовири вазири хориҷаи Эрон фаъолият кардааст.

Зиндагинома

Сайидмуҳсини Набавӣ дар таърихи 4 исфанди 1335 шамсӣ (баробар бо 23 феврали 1957) дар шаҳри Наҷафи Ашраф (Ироқ) дар хонаводаи як олими динӣ мутаваллид шудааст. Падари ӯ, Оятуллоҳ Сайидҳусайналии Набавӣ, яке аз уламои Эрон ба шумор меояд.

Набавӣ то 4-солагӣ дар Наҷафи Ашраф ба сар бурд, аммо аз соли 1340 (1961) ба баъд, дар Эрон ва дар устони Мозандарон зиндагӣ ва даврони дабистонро дар ҳамин устон гузаронд.

Ӯ дар соли 1355 (1976) дар риштаи улуми иҷтимоии Донишгоҳи Бангалури Ҳиндустон таҳсил намуд ва пас аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон, дар риштаи фалсафаи Донишгоҳи Теҳрон идомаи таҳсил дод.

Набавӣ, дар оғозҳои Инқилоби Исломӣ дар садо ва симои Эрон ба унвони муовини бурунмарзӣ ва мудирияти тавлиди радио анҷоми вазифа намуд.

Ӯ дар соли 1368 (1989) ба унвони раиси Идораи маҷомеъи байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон анҷоми вазифа намуд.

Набавӣ дар соли 1374 (1995) дар даврони риёсати ҷумҳурии Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ба унвони сафир дар Андунезӣ ва Сингопур мансуб шуд.

Дар соли 1382 (2003) дар даврони риёсати ҷумҳурии Сайидмуҳаммади Хотамӣ, ба унвони мушовири вазири хориҷа анҷоми вазифа намуд, сипас ба унвони сафири Эрон дар кишвари Утриш мансуб гардид.

Аз соли 1386 (2007) пас аз муроҷиат аз Утриш, ба унвони мушовири Вазорати умури хориҷаи кишвараш анҷоми вазифа намуд.

Ӯ соҳиби ду духтар ва як писар аст. Аз назари гароиши сиёсӣ, ӯро ислоҳталаб медонанд. Ба шеъри порсӣ алоқаи фаровон дорад ва худ шеър ҳам менависад.

Манбаъи зиндагиномаи Сайидмуҳсини Набавӣ: веблоги шахсии ӯ ба номи Ҳарфи муҳаббат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: