Перейти к содержимому

Посухи Зариф ба Тромп: «Муроқиб бош!»

Вазири хориҷаи Эрон дар сафҳаи Твиттери худ, ба таҳдидҳои зидди эронии раисиҷумҳури Омрико посух дод.

Муҳаммадҷавод Зариф дар ин паёми худ навишт: «Мо таҳти таъсир қарор нагирифтем. Дунё чанд моҳ пеш, дуруштгӯиҳои хашинтаре шунид; эрониҳо ҳам чиҳил сол аст, ки чунин дуруштгӯиҳое — албатта аз навъи мутамаддинонатари онро — шунидаанд. Мо қидмате ба дарозои як ҳазора дорем ва шоҳиди уфули имперотуриҳо будаем, аз ҷумла имперотурии худамон, ки беш аз тӯли умри бархе кишварҳо давом оварда. Муроқиб бошед!»

Гуфтанӣ аст, раисиҷумҳури Омрико рӯзи душанбе, ба суханони раисиҷумҳури Эрон хитоб ба Иёлоти Муттаҳида мабнӣ бар ин ки «бо думи шер бозӣ накунед», вокуниш нишон дод. Дунолд Тромп дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт:

«Хитоб ба раисиҷумҳури Эрон, Руҳонӣ: дигар ҳеч вақт Иёлоти Муттаҳидаро таҳдид накун, вагарна бо паёмадҳое мувоҷеҳ мешавӣ, ки мушобеҳи он қаблан бар сари иддаи ангуштшуморе дар таърих омадааст. Мо дигар кишваре нестем, ки сӯҳбатҳои ҷунуномези шумо дар бораи хушунат ва маргро тоб биёварем. Муроқиб бош!»

Раисиҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар ҳамоиши намояндагиҳои кишвараш дар хориҷ аз Эрон гуфта буд: «Имрӯз сухан гуфтан бо Омрико маъное ҷуз таслим ва поёни дастовардҳои миллат надорад. Оқои Тромп! Мо марди шараф ва зомини амнияти оброҳи минтақа дар тӯли таърих ҳастем; бо думи шер бозӣ накунед, пушаймонкунанда аст

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: