Перейти к содержимому

Руҳуллоҳ Кабирӣ: «Бовар дорам, ки мардуми дилсӯз ва раҳмдили тоҷик барои наҷоти Ҳамзаи бегуноҳ маро танҳо намегузоранд»

Руҳуллоҳ Кабирӣ, падари Ҳамза ва писари Муҳиддин Кабирӣ, дар мусоҳибае, дар посух ба ин пурсиш, ки «роҳи ҳалли ин мавзӯъ ба назари шумо чист, аз тариқи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ иқдоме наметавон сурат дод?» гуфт: «Ҳар чӣ дар тавонам бошад, анҷом медиҳам. Дар ҳолати оддӣ қарор надорам. Дилам пур аз дард аст. Ба ҳар созмону гурӯҳе, ки бидонам ҷони инсон ва тифли бегуноҳе барояш арзиш дорад, муроҷиа мекунам. Ба ҳар даре, ки камтарин имкони кӯмак вуҷуд дошта бошад, сар мезанам, аммо бештарин умедам ба Худованд ва мардуми кишварам аст. Мардуми дилсӯз ва раҳмдили тоҷик дар ин рӯзҳои душвор ҳамроҳам буданд ва бовар дорам, ки то охир барои наҷоти Ҳамзаи бегуноҳ маро танҳо намегузоранд.»

Ба гузориши Хабаргузории Тасним, ахиран ахбори ногуворе дар фазои расонаии Тоҷикистон мунташир шудааст. Ҳамзаи 4-сола, ки мубтало ба бемории сахте (саратон) аст, тайи чанд моҳи ахир ба рағми талошҳои пизишкони тоҷик, тумураш ба ҳолати бадхим даромада ва ниёз аст, то барои мудово ба хориҷ аз кишвар эъзом шавад, аммо ин бор мушкил, на масоили пизишкӣ ва на мушкилоти молӣ, балки сирфан як «мушкили сиёсӣ» аст.

Ҳамза, фарзанди Руҳуллоҳ Кабирӣ ва наваи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ аст. Дар ҳоле, ки падар ва падарбузургаш дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, ӯ ва модараш бидуни ҳеч иттиҳоме ва сирфан ба ҷиҳати нисбати хонаводагӣ, иҷозаи хуруҷ аз кишварро надоранд ва гуфта мешавад, паспортҳои онҳо тавқиф шудааст.

Дар ҳамин росто, Тасним гуфтугӯеро бо Руҳуллоҳ Кабирӣ, падари Ҳамза дар бораи бемории ӯ ва охирин вазъияташ тартиб додааст, ки дар идома мехонед.

Тасним: Аз вазъияти Ҳамза бигӯед. Ҳамза чанд солаш аст? Бемории Ҳамза чист ва дар чӣ вазъияте қарор дорад?

Руҳуллоҳ Кабирӣ: Ҳамза фақат 4 сол дорад ва 3 сол аст, ки ба навъе дар асорати мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Мо 6 моҳ пеш мутаваҷҷеҳ шудем, ки Ҳамза бемор аст. Пас аз расонаӣ шудан ва талошҳои ақвом, коркунони давлатии Тоҷикистон ӯро ба бемористони Қаряи боло бурданд ва ӯро таҳти амали ҷарроҳӣ қарор доданд, аммо мутаассифона ин ҷарроҳӣ муассир набуд ва тумури саратониаш ба шиддат бузургтар шуд. (Тасвири он дар аксҳое, ки расонаӣ шудаанд мавҷуд аст).

Тасним: Чӣ тавр аст, ки ҳамсари шумо ва Ҳамза дар Тоҷикистон монда ва ба шумо мулҳақ нашудаанд?

Руҳуллоҳ Кабирӣ: Аснод ва мадорики ҳамсар ва писарам 3 сол пеш мусодира шуда ва ҳамвора зери фишор ва таҳдид қарор доштаанд. Дар ниҳодҳои мубориза бо теруризми шаҳри Ваҳдат наздик ба 300 нафар фаъолият мекунанд ва пайваста онҳоро зери назар доранд. Бидуни иҷоза ҳатто ба маросими дафни падарбузург ҳам натавонистанд бираванд, чӣ бирасад ба сафар ба хориҷ аз кишвар. Борҳо дархости иҷозаи сафар кардаанд, вале дар ҷавоб ҳамеша мегӯянд: ин (масъала)-ро мақомоти боло ҳал мекунанд ва аз дасти мо, кормандони оддӣ, коре сохта нест.

Тасним: Ба тозагӣ хабаре шунидем мабнӣ бар ин, ки давлати Тоҷикистон мамнӯъияти хуруҷи ҳамсар ва фарзанди шуморо такзиб карда ва гуфта ҳатто барои мудовои Ҳамза ҳамкорӣ ҳам мекунад?

Руҳуллоҳ Кабирӣ: Бале, баъд аз аксуламали мардуми меҳрубон ва шарифи тоҷик, ҳукумати Тоҷикистон асорати 3-солаи худро инкор карда ва изҳор доштанд, ки манъе барои хуруҷи ҳамсар ва фарзандам аз Тоҷикистон вуҷуд надорад ва ҳатто кӯмак мекунанд, ки зудтар барои мудовои Ҳамза сафар кунад. Ин масъала барои ман каме умедворкунанда буд, аммо бо гузашти 2 рӯз аз он, ҳанӯз асноди хонаводаамро ҳам пас надодаанд ва зоҳиран мехоҳанд вақтро талаф кунанд.

Тасним: Эътирозе то кунун ба ин раванд нашудааст?

Руҳуллоҳ Кабирӣ: Дар Тоҷикистон ҳамсар ва фарзандони мухолифин ҳамчун василаи фишор ва таҳдид истифода мешаванд, вале касе ба доди онҳо намерасад. 2 сол пеш ҳам замоне, ки Созмони амният ва ҳамкории Урупо эътирозоте дар ин замина кард, дидем, ки сохтмони ин созмон мавриди ҳамла қарор гирифт ва хасороте ба он ворид шуд. Давлати Тоҷикистон мухолифонашро ба теруризм муттаҳам мекунад, вале мо имрӯз мебинем, ки худ гурӯҳҳои мушобеҳи ҳамонҳо ташкил дода ва зану фарзандони мухолифинро мавриди озору азият қарор дода ва ба гаравгон мегиранд.

Тасним: Дар изои муҷаввизи хуруҷи хонавода аз Тоҷикистон, оё то кунун дархосте ба сурати расмӣ ва ё ғайрирасмӣ ба шумо матраҳ шудааст?

Руҳуллоҳ Кабирӣ: На. То ҳол аз ҷониби ҳукумат чизе аз мо дархост накардаанд. Ин иқдомҳо навъе интиқомгирӣ аз хонаводаи мухолифон аст. Зеро онҳо медонанд, ки хонаводаи мо ҳеч гуноҳе надоранд. Ин амал сирфан як интиқомҷӯии бераҳмона аст, на чизи дигар.

Тасним: Агар Ҳамза барои мудово ба хориҷ аз кишвар мунтақил нашавад, ин беморӣ чӣ авоқибе барои ӯ хоҳад дошт?

Руҳуллоҳ Кабирӣ: Ба гуфтаи пизишкон, агар Ҳамза барои дармон ба хориҷ аз кишвар эъзом нашавад, саратон дар баданаш пешрафт карда ва Худой нохоста эҳтимоли ҳар ҳодисаи баде вуҷуд дорад. Дуо мекунам, ки Худованд Ҳамзаи азизамро ҳифз кунад. Аз ҳамаи хонандагон ҳам илтимоси дуо дорам.

Тасним: Роҳи ҳалли ин мавзӯъ ба назари шумо чист? Аз тариқи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ иқдоме наметавон сурат дод?

Руҳуллоҳ Кабирӣ: Ҳар чӣ дар тавонам бошад, анҷом медиҳам. Дар ҳолати оддӣ қарор надорам. Дилам пур аз дард аст. Ба ҳар созмону гурӯҳе, ки бидонам ҷони инсон ва тифли бегуноҳе барояш арзиш дорад, муроҷиа мекунам. Ба ҳар даре, ки камтарин имкони кӯмак вуҷуд дошта бошад, сар мезанам, аммо бештарин умедам ба Худованд ва мардуми кишварам аст. Мардуми дилсӯз ва раҳмдили тоҷик дар ин рӯзҳои душвор ҳамроҳам буданд ва бовар дорам, ки то охир барои наҷоти Ҳамзаи бегуноҳ маро танҳо намегузоранд.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: