Перейти к содержимому

Инсони комил (29)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби қудрат (3)

Мантиқи ислом дар масъалаи қудрат

Мантиқи ислом дар ин ҷо чист? Оё ислом қудратро таблиғ кардааст ё заъфро, ва ё на қудрат ва на заъфро ба ин маъно таблиғ накардааст? Ҷавоб ин аст, ки ислом ба як маъно қудратро таблиғ кардааст, вале қудрате, ки на танҳо қудрати ничеӣ нест, балки қудрате аст, ки аз он ҳамаи сифоти олии инсоният монанди меҳрубонӣ ва раҳм ва шафқат ва эҳсон бармехезад.

Дар ислом, бидуни шак, даъват ба қудрат ва тавоноӣ шудааст ва насси Қуръону аҳодиси мост. Дигарон ҳам, ки дар мавзӯи ислом мутолеа кардаанд, исломро дар миёни адён ба ин мушаххаса шинохтаанд, ки ҳеч дине ба андозаи ислом пайравони худро ба қуввату қудрат даъват накардааст. Вил Дуронт дар ҷилди 11-уми китоби «Таърихи тамаддун«, ки ихтисос ба таърихи тамаддуни ислом дорад, ин ҷумларо мегӯяд:

«Ҳеч дине ба андозаи ислом, мардумро ба қудрату қувват даъват накардааст

Дар ин замина, дар Қуръон матлаб хеле зиёд аст. Як ҷо хитоб ба Яҳё мефармояд:

يَا يَحْيَى خُذِ الْكِتَابَ بِقُوَّةٍ

«Эй Яҳё! Китобро ба қувват бигир.» (Сураи Марям, ояти 12) Оёте, ки дар аввали суханам барои шумо тиловат кардам, бибинед бо чӣ ҳамосае роҷеъ ба ин ки мӯъминин мардуми қавӣ ҳастанд ва ҳаргиз заъфу ваҳнро ба худашон роҳ намедиҳанд сухан мегӯяд:

وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيٍّ قَاتَلَ مَعَهُ رِبِّيُّونَ كَثِيرٌ فَمَا وَهَنُواْ لِمَا أَصَابَهُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَمَا ضَعُفُواْ وَمَا اسْتَكَانُواْ وَاللّهُ يُحِبُّ الصَّابِرِينَ

«Чӣ бисёр паёмбароне, ки мардони илоҳӣ ҳамроҳи онон ҷангиданд ва бо ботил набард карданд ва ҳаргиз сустӣ пайдо накарданд ва заъф нишон надоданд ва Худованд муқовиматкунандагонро дӯст медорад.» (Сураи Оли Имрон, ояти 146)

Дар ҷои дигар мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِهِ صَفًّا كَأَنَّهُم بُنيَانٌ مَّرْصُوصٌ

«Худованд мардумеро, ки дар роҳи ӯ меҷанганд ва монанди девори филизӣ, ки ҳеч қудрате наметавонад онҳоро аз ҷо биканад ва ҳаракат диҳад истодагӣ мекунанд, дӯст дорад.» (Сураи Сафф, ояти 4)

Боз дар ин замина мефармояд:

مُّحَمَّدٌ رَّسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاء عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاء بَيْنَهُمْ

«Муҳаммад (с) паёмбари Худост ва касоне, ки бо ӯянд, бар кофирон сахтгир ва бо ҳамдигар меҳрубонанд…» (Сураи Фатҳ, ояти 29)

Ва амсоли ин оёт дар Қуръон зиёд аст.

Шуҷоат дар ислом, як ҳақиқати мамдуҳ аст. Иззат (яъне мақоми маниъ доштан) ва дар он ҳадд қудрат доштан, ки касе натавонад инсонро хору залил кунад, дар ислом амре мамдуҳ аст. Бибинед Қуръон роҷеъ ба муқобила бо душман чӣ мегӯяд:

وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ وَمِن رِّبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدْوَّ اللّهِ وَعَدُوَّكُمْ

«Дар муқобили душман, то он ҳадди ниҳоии қудрататон нерӯ таҳия кунед, ки душман ҳаргиз натавонад ба шумо тамаъ бибандад.» (Сураи Анфол, ояти 60)

Дар ояти дигаре мефармояд:

وَقَاتِلُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَكُمْ وَلاَ تَعْتَدُواْ إِنَّ اللّهَ لاَ يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ

«Бо касоне, ки бо шумо набард мекунанд, ба набард бипардозед, вале таҷовуз накунед…» (Сураи Бақара, ояти 190) «Ва ло таътаду…» яъне бо душман ҳам, ки набард мекунед, ҳаққу адолатро ҳаргиз фаромӯш накунед. Дар тафсири ин оят гуфтаанд: бо душман, ки набард мекунед, то он вақт идома диҳед, ки душман набардро идома медиҳад. Агар душман гуфт: “таслим” ва аслиҳаро замин гузошт, шумо дигар аслиҳа ба кор набаред, ки ин эътидо ва таҷовуз аст. Пирамардҳоро накушед, баччаҳо ва занҳоро накушед ва мутаъарризи онҳо нашавед, ба касе, ки аз майдони ҷанг берун рафтааст коре надошта бошед. Фақат бо касе, ки бо шумо набард мекунад, дар камоли нерӯмандӣ набард кунед. Инҳо як силсила дастурҳост, ки дар Қуръони Маҷид ҳаст, ки боз ҳам оёте шабеҳ ба ин оёт дар Қуръон вуҷуд дорад.

* * *

Қуввату қудрат дар аҳодис

Дар ин ҷо чанд ҳадис барои шумо мехонам, то мушаххас шавад, ки ислом чӣ гуна ҷубну заъфу тарсро маҳкум, ва қуввату қудратро ситоиш кардааст. Аммо он қуввату қудрате, ки ислом ситоиш мекунад, ҳаргиз сар аз фалсафаи Ниче дарнамеоварад.

Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд:

لا ينبغي للمؤمن أن يكون بخيلا ولاجبانا

«Ду чиз барои мӯъмин сазовор нест: яке, бухл, ва дигаре тарс (тарсу будан).» (Биҳор, 75/301)

Мӯъмин тарсу нест, шуҷоъ ва қавӣ аст. Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар дуои худаш мефармуд:

اللهمّ إنّي أعوذ بك من البخل وأعزذ بك من الجبن

«Худоё! Аз ду чиз ба ту паноҳ мебарам: бухл ва тарс.» (Ҷомеъус-сағир, 1/58)

Алӣ (а) дар бораи мӯъмин мефармояд:

المؤمن نفسه أصلب من الصلد

«Мӯъмин руҳаш аз санги хоро сахттар ва муҳкамтар аст.» (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 333)

Имом Содиқ (а) фармуд:

إنّ الله عزّ وجلّ فوّض الى المؤمن أموره كلّها ولم يفوّض اليه أن يكون ذليلا

«Худо ихтиёри мӯъминро дар ҳар чиз ба худи ӯ додааст, илло дар як чиз, ва он ин ки хору залил бошад.«

أما تسمع قول الله تعالى يقول: ولله العزّة ولرسوله وللمؤمنين

Баъд фармуд:

فالمؤمن يكون عزيزا ولا يكون ذليلا

«Мӯъмин ҳамвора азиз аст ва ҳеч гоҳ тан ба хорӣ намедиҳад

إنّ المؤمن أعزّ من الجبل

«Мӯъмин аз кӯҳи баланд поятар ва маниътар ва азизтар аст«, зеро лоақал як тикка аз кӯҳро метавон бо куланг канд, вале бо ҳеч куланге намешавад як қитъаи кучак аз руҳи мӯъминро ҷудо кард ва руҳи ӯро кучак кард:

إنّ الجبل يُستقلّ منه بالمعول والمؤمن لايُستقلّ من دينه شيء

(Кофӣ, 5/63)

Имом Боқир (а) мефармояд: Худованд ба мӯъмин се хислат додааст: иззат дар дунё ва охират, растгорӣ дар дунё ва охират,

والمهابة في صدور الظالمين

«Ва ҳайбат дар синаи ситамкорон.» Яъне мӯъмин ҳолате дорад, ки ситамкор дар дили худ аз ӯ эҳсоси ҳайбат мекунад. Чун ғайрат ҳам аз қувват аст ва беғайратӣ аз заъф. Аҳодиси зиёде дар ин замина омадааст. Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: Иброҳими пайғамбар, ғаюр буд ва ман аз ӯ ғаюртар ҳастам. Ҳамчунин фармуд:

جدع الله أنف من لا يغار على المؤمنين والمسلمين

«Худо бинии он касеро, ки нисбат ба мӯъминин ва мусалмонон ғайрат намеварзад қатъ кунад!«

Дар бораи Саъди ғаюр фармуд: Саъд ғаюр аст ва ман аз ӯ ғаюртар ҳастам ва Худо ғаюр аст.

Иқболи Покистонӣ ҷумлаи хубе дорад ва гӯё онро дар муқобили ҷумлаи Мусилинӣ гуфтааст. Мусилинӣ мегӯяд: “Он ки оҳан дорад, нон дорад.” Яъне агар мехоҳӣ нон дошта бошӣ, оҳан (яъне зӯру аслиҳа) дошта бош; он ки зӯр дорад, нон дорад. Иқбол мегӯяд: «Он ки оҳан аст, нон дорад.» Мусулинӣ рӯи аслиҳа такя мекунад: ҳар ки зӯри моддӣ дорад, нон дорад. Вале Иқбол рӯи руҳу равон такя мекунад ва мегӯяд: ҳар касе, ки худаш оҳан аст, нон дорад. Таъбири Амирулмӯъминин ин буд:

المؤمن نفسه أصلب من الصلد

«Руҳи мӯъмин аз санги хоро сахттар аст.» Иқбол мегӯяд: руҳи мӯъмин оҳан аст. Мақсуд дар ҳамаи инҳо як чиз аст. Ба ҳар ҳол, ислом даъват ба қуввату қудрат мекунад.

Бибинед Алӣ (а) дар “Наҳҷул-балоға” чӣ қадр даъват ба қуввату қудрат кардааст ва ҳаргиз заъфро шоистаи ҷомеаи исломӣ намедонад. Мефармояд:

فوالله ما غُزي قوم قطّ في عقر دارهم الاّ ذلّوا

«Савганд ба Худо, ҳаргиз бо қавме дар миёни хонаашон ҷанг нашуда, магар он ки залилу мағлуб гаштаанд.» (Хутбаи 27) Ё дар ҷои дигаре мефармояд:

ولا يمنع الضّيم الذليل ولا يدرك الحقّ الاّ بالجدّ

«Ҳаргиз одами забун наметавонад бо зулм мубориза кунад ва ҷилави зулмро бигирад, ва ҳаргиз ба ҳақ наметавон расид магар бо ҷиддияту кӯшиш.» (Хутбаи 29)

* * *

«Ҳақ» гирифтанӣ аст ё доданӣ?

Фарангиҳо мегӯянд: ҳақ гирифтанӣ аст. Ин худаш масъалае аст, ки оё ҳақ гирифтанӣ аст ё доданӣ? Яъне оё ҳақ, чизе аст, ки инсонҳо ба майли худашон онро ба зиҳақҳо медиҳанд ё ҳақ чизе аст, ки зиҳақ бояд бигирад? Баъзе мактабҳо бар ин асос аст, ки ҳақ доданӣ аст. Яъне он ҳаққеро, ки золим гирифтааст, бояд пасбидиҳад; агар надод, дигар надодааст, чун ҳақ доданӣ аст, на гирифтанӣ. Масеҳият бар ин асос дуруст шуда, ки: ба золим мегӯем ҳақро ба ту бидиҳад, ту коре бо ӯ надошта бош. Эй касе, ки ҳаққат поймол шудааст! Тавсия мекунем, хоҳиш мекунем, то ҳақро ба ту бидиҳанд. Мабодо як вақт худат барои гирифтани ҳақ қиём кунӣ, ки ин бар хилофи шаъни инсоният ва ахлоқ аст. Аз назари инҳо ҳақ доданӣ аст.

Як идда мегӯянд: ҳақ фақат гирифтанӣ аст. Магар мумкин аст инсоне, ки ҳаққеро хӯрдааст, биёяд ва ба як шакле он ҳақро бидиҳад? Яъне инҳо мункири отифа ва инсоният ва виҷдони инсонӣ ҳастанд.

Аз назари ислом, ҳақ ҳам гирифтанӣ аст ва ҳам доданӣ. Яъне, аз ду ҷабҳа бояд барои истифои ҳақ мубориза кард. Ислом он касеро, ки ҳақро рабудааст, бо таълиму тарбияти худаш омодаи пасдодан мекунад — ва кардааст — вале ба ин қаноат намекунад. Дар айни ҳол, ба он касе, ки ҳаққаш рабуда шудааст мегӯяд: ҳақ гирифтанӣ аст, ту ҳам бояд барои ҳаққи худат қиём кунӣ ва онро бигирӣ.

Ҷумлае аст, ки Алӣ (а) дар номаи маъруфи худашон ба Молики Аштар, аз Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нақл мекунад, мефармояд:

فإنّي سمعت رسول الله (ص) يقول في غير موطن: لن تُقدّس أمّة حتّى يؤخذ للضعيف حقّه من القويّ غير متتعتع

«Ҳеч уммате ва қавме ба мақоми қадосат ва тақдис ва — ба таъбири мо — ба мақоми тараққӣ намерасад, магар он ки қаблан ин марҳиларо гузаронда бошад, ки заъиф дар муқобили қавӣ биистад ва ҳаққи худро мутолиба кунад, бидуни он ки забонаш ба лукнате биафтад.» (Наҳҷул-балоға, номаи 53) Яъне, ислом он заъиферо, ки ҳаққи худро наметавонад мутолиба кунад, ба расмият намешиносад. Ҷомеае, ки дар он, заъифон он қадр заъифуннафс бошанд, ки натавонанд ҳуқуқи худро мутолиба кунанд, як ҷомеаи исломӣ нест.

Мардҳои бартари худамон дар гузашта чӣ гуна будаанд? Аслан худи Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чӣ гуна инсоне аст? Яке аз мушаххасоти Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) қуввати руҳӣ ва қудрати баданӣ, ҳар дуст. Қуввати руҳии Пайғамбарро таърихи зиндагии эшон нишон медиҳад.

* * *

Қуввати руҳӣ ва ҷисмии Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)

Нависандаи китоби «Муҳаммад; паёмбаре, ки аз нав бояд шинохт» (1) ду чизро хуб парвариш додааст. (2) Яке аз он ду чизе, ки хуб муҷассам карда, ин аст, ки Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар шароите қарор мегирифт, ки аз назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ умедаш аз ҳама ҷо қатъ буд, тамоми шароит алайҳи ӯ буд ва байни ӯ ва пирӯзӣ ба андозаи як мӯ ҳам пайванд набуд, вале Пайғамбар ҳеч вақт иродаи худашро намебохт; иродаи Пайғамбар дар ҳамаи аҳвол монанди кӯҳе буд, ки як зарра тазалзул дар он пайдо намешуд. Воқеан қудрати руҳии Пайғамбар дар ин муддати 23 сол аҷиб аст! Вақте инсон мутолеа мекунад, ҳайратангез аст ва шоир — ки зоҳиран Ҳассон ибни Собит аст — дар замони худи Пайғамбар дуруст гуфтааст:

له همم لا منتهى لكبارها

وهمّته الصغرى أجلّ من الدهر

Ба илова, Пайғамбар аз назари қудрату қуввати зоҳирӣ ҳам марде қавӣ буд. Андоми Пайғамбар, андоми як далер ва як диловар буд. Марде қавӣ ва шуҷоъ буд ва маҷмӯи андомаш андоми як марди шуҷоъ буд:

كان بادنا متماسكا

(Макорими ахлоқ, с.12) Пайғамбар на чоқ буд ва на лоғар, мутавассит буд; баданаш гӯшт дошт, аммо гӯшти мутамосик. Бадани мутамосик яъне мисли бадани одамҳои варзишкор, аз ин ҷиҳат, ки гӯшти баданашон сифту муҳкам ба якдигар часбидааст. Одамҳое, ки чоқ ҳастанд ва пай дар баданашон ҷамъ шуда, гӯшти баданашон шул аст, вале Пайғамбар ин ҷур набуд.

Аслан, шуҷоати Пайғамбар дар ҳадде буд, ки Алӣ (а) мефармояд: гоҳе, ки шароит бар мо сахт мешуд, ба Пайғамбар паноҳ мебурдем:

وكنا اذا احمرّ البأس اتّقينا برسول الله

(Наҳҷул-балоға, калимоти ғариб, 9)

Ҳудуди ҳашт сол пеш (яъне соли 1345 шамсӣ), ки барои аввалин бор ба Макка мушарраф шудам, хобе дар Макка дидам, ки хеле аҷиб буд! Дар он ҷо Пайғамбари Акрамро аз пушти сар мушоҳида кардам, андоми аҷибе дидам ва дар олами хоб ба ёди ҷумлаи Амирулмӯъминин афтодам, гуфтам: бе ҷиҳат нест, ки Алӣ (а) мефармояд:

وكنا اذا احمرّ البأس اتّقينا برسول الله

Пайғамбари Акрам инчунин буд: қавӣ буд, шуҷоъ буд, қувватро ситоиш мекард ва шуҷоатро низ ситоиш мекард.

* * *

Пас, дар ислом қуввату қудрат ситоиш шуда, яъне ислом онро ба унвони як арзиш барои инсон мешиносад.

Матлаберо мухтасаран арз мекунам ва тафсираш барои ҷаласаи баъд бошад. Ва он ин ки: дар ислом қудрату тавоноӣ як арзиш аз арзишҳои инсонӣ дар канори чандин арзиши дигар аст, ки маҷмӯан ҳамаи ин арзишҳо дар канори якдигар инсони комили исломро ташкил медиҳад. Оқои Ниче дар тамоми арзишҳо фақат ҳамин як арзишро (яъне қудратро) дидааст. Маълум аст, агар ҳамаи шохаҳои як дарахтро бизананд ва як шохаро нигаҳ доранд, фақат ҳамон шоха рушд мекунад ва ҳамаи шохаҳои дигар аз байн меравад. Фарқи мактаби Ниче ва мактаби ислом дар ин аст, ки дар мактаби Ниче инсоният як арзиш бештар надорад, ва он, тавоноӣ ва қудрат аст, пас ҳамаи арзишҳои дигар маҳв ва фидои ин арзиш мешавад. Вале дар ислом, қудрат як арзиш аз маҷмӯае чандин арзиши мутаъолӣ дар инсон аст. Вақте ин арзиш дар канори соири арзишҳо қарор гирифт, он вақт шакли дигаре пайдо мекунад.

ولا حول ولا قوّة الاّ يالله العليّ العظيم

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Нависандаи ин китоб Кунстонтин Виржил Геургиу (Constantin Virgil Gheorghiu), аҳли Румонӣ аст.

(2) Албатта дар ин китоб нуқоти заъфи зиёде ҳам ҳаст. Билохира як хориҷӣ бар ҳамаи мадорик ончунон, ки бояд, тасаллут надорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: