Вақте як ҳаштак арши ҳокимро ба ларза дармеоварад

Раисиҷумҳури Миср хашми худро нисбати дархости мардум барои тарки қудрат иброз дошт.

Ба гузориши Аннашра, Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср, пас аз ин ки мардум дар шабакаҳои маҷозӣ дар қолаби ҳаштаки #Бирав_эй_Ассисӣ, хоҳони тарки қудрат тавассути ӯ шуданд, хашми худро иброз дошт. Ҳомиёни Ассисӣ мегӯянд, мардум дар ҳоле хоҳони рафтани Ассисӣ ҳастанд, ки ӯ ба дунболи анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар аст ва мегӯяд, ин ислоҳот Мисрро аз фақр берун хоҳад кашид.

Ассисӣ дар конфронси ҷавонон, ки ҷадидтарин даври он дар Донишгоҳи Қоҳира баргузор шуд, гуфт: «Мо ба миллатҳои фақир пайвастаем, ман омадаам шуморо аз ин бӯҳрон хориҷ кунам, он вақт ба ман мегӯянд, «Бирав эй Ассисӣ!»

Вай дар идома гуфт: «Мехоҳам шуморо аз фақр наҷот диҳам ва ба сатҳи миллатҳои дорои шаъну арзиш иртиқо диҳам, он вақт шумо ҳаштак мегузоред, ки #Бирав_эй_Ассисӣ?!»

Ассисӣ, ки барои нахустин бор дар соли 2014, ва дар соли 2018 ҳам барои дуввумин бор – ва ба гуфтаи нозирон, дар як интихоботи тақаллубӣ — ба унвони раисиҷумҳур интихоб шуд, иҷрои ислоҳоти иқтисодиро ба далели воми 3-солаи Миср ба арзиши 12 милёрд дулор ба Сандуқи байналмилалии пул идома медиҳад. Ва ин дар ҳоле аст, ки ин ислоҳот барои милюнҳо мисрӣ душвор буда ва онҳоро таҳти фишор қарор медиҳад.

Тайи моҳи июн кампине дар Твиттер ба роҳ афтод ва милюнҳо мисрӣ дар он мушорикат карда ва хоҳони рафтани Ассисӣ шуданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: