Имрон Хон; ситораи крикете, ки нахуствазири Покистон мешавад // Нигоҳе ба сиёсатҳои ҳизби «Таҳрики инсоф»

Кумитаи назорат бар интихоботи Покистон, натоиҷи расмии ҳавзаҳои интихоботии 4 иёлати ин кишварро мунташир кард. Бар асоси ин натоиҷ, ҳизби «Таҳрики инсоф» ба раҳбарии Имрон Хон бо ба даст овардани 115 курсӣ дар Маҷлиси миллии Покистон, аз соири аҳзоб пешӣ гирифт ва барандаи интихоботи 2018 Покистон шуд.

Ҳизби «Муслим Лиг», шохаи Навоз Шариф ҳам бо касби 63 курсии Маҷлиси миллии Покистон баъд аз «Таҳрики инсоф» дуввумин рутбаро дар интихоботи Покистон ба худ ихтисос дод. Пас аз «Муслим Лиг», ҳизби «Мардум» ба раҳбарии Биловал Буту Зардорӣ бо касби 42 курсӣ, севвумин рутбаро дар интихоботи Покистон ба даст овард. Дар сояи ин натоиҷ, давлати ояндаи Покистонро Имрон Хон ва ҳизби «Таҳрики инсоф» ташкил хоҳад дод.

Имрон Хон ба лиҳози қавмӣ як паштун аст; сиёсатмадоре, ки қаҳрамони крикет будааст, ӯ таҳсилёфтаи Оксфорд аст ва дар интихоботи гузашта тавонист ҳокимияти иёлати Хайбар Пахтунхоҳро аз они худ кунад. Бинобар ин, вай хориҷ аз доираи суннатии қудрати хонаводагӣ, ба олитарин мадориҷи қудрат суъуд кард, аммо ӯ бар хилофи тасаввур, як носиюнолисти паштун нест. Вай чорчӯбҳои барномаи сиёсии худро фаротар аз марзҳои қавмӣ ва барои ҳамаи мардуми Покистон таъриф кардааст. Ба ҳамин далел аст, ки ҳатто балучҳо ва ҳазораҳо, ки ақаллиятҳои осебпазир дар Покистон маҳсуб мешаванд низ ба тағйироти ваъдадодашуда аз сӯи Имрон Хон, чашми умед дӯхтаанд.

Имрон Хон худро меъмори «Покистони навин» муаррифӣ мекунад; Покистоне, ки аз диди вай, орӣ аз фасод ва султаи хонадонҳои қудрат хоҳад буд ва дар он, ҳамаи мардуми Покистон саҳм ва ҳузур хоҳанд дошт. Барномаҳои оммаписанди Имрон Хон, аз вай як сиёсатмадори популист ва ба шиддат покистонгаро сохтааст. Сиёсатҳои ислоҳии вай дар заминаи мубориза бо фасод, фақрзудоӣ, беҳбуд ва тавсиъаи хадамоти омӯзишӣ, ҳокимияти қонун ва тавсиъаи қудрати давлати марказӣ бар иёлатҳои худмухтор ва манотиқи озод, милюнҳо нафарро бо Имрон Хон ҳамроҳ кардааст. То ин ҷои кор ба назар мерасад, ки ӯ дардҳои воқеии мардуми Покистонро ба хубӣ ташхис дода ва рӯи онҳо даст гузоштааст. Аммо ин ки оё хоҳад тавонист барои ин дардҳои амиқ, дармоне низ пайдо кунад ё хайр, суоле аст, ки ба оянда марбут мешавад.

Соли гузашта, Покистон рӯзҳои мултаҳиберо сипарӣ кард; рӯзҳое, ки дар он, Имрон Хон раҳбарии як тазоҳуроти милюнии тӯлонӣ ва густардаи зидди давлатиро бар ӯҳда гирифт, то давлати Исломободро маҷбур ба канорагирӣ кунад. Ба дунболи он, милюнҳо нафар аз сокинони паштунтабори Покистон, мавҷи тозае аз эътирозоти густардаи миллиро роҳандозӣ карданд, то алайҳи он чи табъиз ва беадолатӣ ва саркӯб ва ихтиноқ ва маҳрумияти ин қавм мехонданд, эътироз кунанд.

Имрон Хон ба унвони як популисти покистонгаро бо ҳушмандӣ бар ин мавҷҳо савор шуд, то ба сайтараи суннатии хонадонҳои қудрат поён диҳад ва тарҳи «Покистони навин»-ро бирезад. Гуфта мешавад, вай аз ҳимояти нерӯманди артиши Покистон низ бархӯрдор аст. Ин гумоназанӣ ба андозае қавӣ аст, ки иддао шуд дар ҷараёни интихоботи ахир, артиш ба нафъи Имрон Хон даст ба тақаллуб задааст; иддаое, ки аз сӯи Кумисиюни интихоботи Покистон, фоқиди асноди лозим ва мардуд эълом шуд.

Бо ин ҳол, дар Покистон алорағми баргузории интихобот, артиш ҳамчунон таъйинкунандаи аслии сиёсатҳои давлат аст. Ба ҳамин далел аст, ки бар хилофи тағйироте, ки интизор меравад бо пирӯзии Имрон Хон дар дохили ин кишвар рух диҳад, аммо дар арсаи сиёсати хориҷӣ пешбинӣ намешавад, ки тағйири малмусеро шоҳид бошем.

Аммо бо ин ҳама, гуфта мешавад, ки сиёсати хориҷии эъломкардаи Имрон Хон, бо ҳизби «Мардум» ва ҳизби «Муслим Лиг» шохаи Навоз, тафовути бисёре дорад. Ин тафовути рафтор дар диплумосӣ на фақат дар хусуси Эрон, ки дар кулли сиёсати хориҷии Покистон шакл хоҳад гирифт. Албатта ин масъала ба маънои тағйироти бунёдин ва асосӣ дар сиёсати хориҷии Покистон нест, аммо Исломобод дар оянда нигоҳи мутафовиттаре ба масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ хоҳад дошт. Ба гуфтаи нозирон, акнун дар сояи рақобати Теҳрон ва Риёз, Имрон Хон саъй дорад навъе тавозунро миёни ду кишвар эҷод кунад. Аз ин рӯ, давлати ояндаи Покистон ба самти нигоҳи мусбаттар ва созандатаре аз «Муслим Лиг»-и Навоз Шариф, бо Эрон гом бархоҳад дошт.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки акнун ин масъала матраҳ аст, ки пирӯзии ҳизби «Таҳрики инсоф» ва Имрон Хон ба далели ҳимоят ва муҳандисии интихоботии артиши Покистон буда, шароит ҳам барои Деҳлӣ ва ҳам барои Кобул нигаронкунанда аст. Артиши Покистон ба ин натиҷа расида буд, ки тавони ҳамкорӣ бо аҳзоби бузурге назири «Муслим Лиг»-и Навоз Шариф ва низ ҳизби «Мардум» мутаъаллиқ ба хонаводаи Бутуро надорад.

Аз ин рӯ ҳимояти артиш аз ҳизби «Таҳрики инсоф» ва низ наздикии мавозеъи Имрон Хон ба онҳо, баёнкунандаи ин нукта аст, ки сиёсати хориҷии Покистон мубтанӣ бар ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилот бо Ҳинд аз ҷониби Навоз Шариф дар оянда тағйир пайдо хоҳад кард.

Дар сояи ин нукта метавон ин гуна гуфт, ки дар оянда хатти фикрии артиш дар сиёсати хориҷии Имрон Хон ба хусус дар масъалаи Кашмир, алайҳи Ҳинд табалвур хоҳад ёфт. Дар ин робита аҳзоби истиқлолталаби Кашмир назири «Лашкари Тайиба» ва «Ҷайши Муҳаммад» ҳам дар қолаби ташкили як ҳизби сиёсии ҷадид, аз «Таҳрики инсоф» ва Имрон Хон ҳимоятҳои ҷиддӣ доштанд. Аз ин рӯ равобити Исломобод ва Деҳлӣ дар оянда ба самти ҷиноҳи низомии Покистон тағйир хоҳад ёфт.

Дар хусуси равобити Исломобод ва Кобул низ мушобеҳи ҳамин вазъият қобили пешбинӣ аст. Ба ин маъно, ки ҳузури ҳизби «Таҳрики инсоф» ва Имрон Хон ба маънои қудратгирии артиш дар расидан ба аҳдофи роҳбурдии Исломобод дар Афғонистон аст. Аз ин рӯ ҳузури пурранги артиши Покистон метавонад дар равобити ду кишвари Афғонистон ва Покистон дар оянда таъсироти манфӣ дошта бошад.

Дар мавриди равобити Исломобод- Вошингтун низ бояд гуфт, ки акнун сиёсати Омрико дар бораи музокираи мустақим бо Толибони Афғонистон сабаб шуда то артиши Покистон ба як арзёбии куллӣ ва ниҳоӣ дар хусуси идомаи ҳамкорӣ бо Вошингтун даст бизанад.

Агар сиёсати музокираи Тромп бо Толибон ба натиҷа бирасад, яқинан артиши Покистон тағйироти ҷиддиро дар дастури кор қарор хоҳад дод. Аз ҳамакнун ҳам ин тағйирот машҳуд аст. Дар ин росто артиши Покистон равобитеро бо Чин ва Русия оғоз кардааст.

Аз ин рӯ, давлати мавриди ҳимояти артиш яъне Имрон Хон ва ҳизби «Таҳрики инсоф» нигоҳи ҷиддӣ ба наздикӣ бо Эрон, Чин ва Русия хоҳад дошт. Аз ин рӯ агар Тромп ба дунболи музокира бошад ва ба мувозоташ фишорҳои худро бар артиши Покистон дошта бошад ва дар идома ҳам миёни Ҳинд ва Покистон интихоби Кохи сафед Деҳлӣ бошад, мутмаиннан равобити Вошингтун ва Исломобод ба нуқтаи ҳассос ва шиканандае наздик хоҳад шуд. Дар натиҷа ба назар мерасад, Исломобод дар оянда Теҳрон, Пекин ва Маскавро ҷойгузини Вошингтун хоҳад кард.

Mehrnews

Реклама


Рубрики:Машоҳир, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: