Перейти к содержимому

Эрон Куреи шимолӣ нест

Таҳлиле аз Фред Коплон (FRED KAPLAN) дар нашрияи Slate

Паёми твиттерии Дунолд Тромп хеле ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ҳамаи ин соатҳое, ки Тромп дар фазои Твиттер сипарӣ карда, ҳанӯз намедонад дар Твиттер паёме, ки ҳамаи ҳуруфи он бузург бошад, нишонае аз адами ҷиддияти нависандаи он дорад.

Бо ин ҳол, бигузоред ин як паёмро ҷиддӣ бигирем ва он чиро қарор аст бо ҷиддият ба дунболи он биёяд берун бикашем. Яке аз нишонаҳои бориз ин аст, ки лаҳни ин паём ёдовари таҳдидоти «оташу хашм» аст, ки тақрибан як сол қабл хитоб ба «марди кутулаи мушакӣ» яъне Ким Ҷунг Ун навишта мешуд. Он паёмҳо ба ақидаи Тромп кори худро кард ва Кимро ба нишастан бар сари мизи музокира ва таъдили рафтори худ мутақоъид кард, дар натиҷа мумкин аст ин яке низ ҳамон таъсирро бар Руҳонӣ дошта бошад.

Аммо чаҳор далел барои таъаҷҷуб аз ин натиҷагирӣ вуҷуд дорад:

1) Аввал аз ҳама ин ки: аслан ҳеч нишонаи шаффофе вуҷуд надорад, ки он таҳдид мунҷар ба бозгашти Ким ба мизи музокира шуд. Дар воқеъ шояд таъсири таҳдид баръакс буда бошад. Тромп паёми «оташу хашм»-и худро дар 8 августи соли қабл мунташир ва ҳудуди се ҳафта баъд дар 29 август, Ким иқдом ба озмоиши як мушаки болистики миёнбурд бар фарози осмони Жопун кард.

Дар 3 сентябр, ӯ пурсару садотарин бомби ҳастаии худ дар тӯли таърихи Куреи шимолиро мунфаҷир кард, ки ба қадре қавӣ буд, ки эҳтимоли он рафт, як бомби ҳидруженӣ буда бошад.

Дар 29 ноябр як мушаки дигар шиллик кард, ки ин яке ба қадре бурд дошт, ки метавонист ба марзҳои Омрико бирасад.

Пас аз таҳдидоти ҷангии Тромп, Ким Ҷунг Ун ба ҷои он ки аз тарс ба худ биларзад, шурӯъ ба тасреъ дар раванди қаблии худ барои афзоиши ҳаҷми зарродхонаи ҳастаӣ ва дастёбӣ ба таслиҳоти атомии хеле сареътар аз қабл кард. Ким танҳо баъд аз он ки эълом кард, дорои тавони боздорандагии ҳастаӣ аст, рӯйкарди худро дар рӯзи соли нав тағйир дод.

2) Дуввум он ки: ҳилаи ҷангии Тромп агар ин будааст, ҷавоби худро паснадода. Бигузоред тасаввур кунем, ки таҳдидоти ӯ таъсир ва нақши муҳим дар бозгардондани Ким ба мизи музокира доштааст. Бо ин ҳол, ҳанӯз ин таҳдидот асаре надоштааст. Музокироти баъд аз дидори ду раҳбар байни диплумотҳои Омрико ва Куреи шимолӣ ҳанӯз ба ҳеч ҷое нарасида. Сафари севвуми Помпео ба Пюнг-йонг ба шакли фоҷеаборе ба поён расид. Тромп исрор дорад, ки дидори ду раҳбар фавқулъода буда, аммо ҳанӯз ҳеч замонбандӣ ва таърихи мушаххасе барои халъи силоҳи комили Куреи шимолӣ вуҷуд надорад.

3) Севвум ин ки: силсилаи таҳдидоти «оташу хашм»-и тобистони сол гузашта, таъсири вайронкунандае бар Куреи ҷанубӣ дошт, ки раисиҷумҳури ин кишварро маҷбур ба он кард, ки аз тарси уфуқи ҷанги хонумонсӯз дар шибҳиҷазираи Куре, хостаҳо ва пешниҳодҳои Кимро бо оғӯши боз бипазирад. Аз он замон ба баъд ба унвони муттаҳиди Омрико ва тарафдори таъомул бо Куреи шимолӣ, талоши зиёде кард, ки Тромп ва Кимро дар як нишаст ҷой диҳад.

Нуктаи муҳим ин ки акнун касе вуҷуд надорад, ки нақши як миёнҷиро миёни Руҳонӣ ва Тромп бозӣ кунад. Шояд иттиҳодияи Урупо матраҳ бошад бо таваҷҷӯҳ ба ин ки аз имзокунандагони тавофуқи ҳастаӣ аст, аммо ахиран Тромп Иттиҳодия Урупоро «душман» хитоб карда. Дар як чархиши аҷиб, шояд касе бигӯяд, ки Владимир Путин ба унвони шахси пушти саҳна метавонад нақши ин миёнҷиро бозӣ кунад; аммо алорағми тавофуқи ду кишвар дар Сурия, Путин нуфузи андаке бар сиёсатҳои Эрон дорад.

4) Чаҳорум, мавзӯи муҳимтар ва бузургтар, сиёсати дохилии Эрон аст. Ким дар Куреи шимолӣ ба андозаи кофӣ қудрат дошт, ки рӯйкарди худро дар қиболи Омрико тағйир диҳад ва ҳар ки мухолиф бошад, эъдом кунад. Дар муқобил, Руҳонӣ бо фишори мудовим аз сӯи тундравҳо мувоҷеҳ аст, ки аз замони хуруҷи Тромп аз тавофуқи ҳастаӣ ва эъломи бозгашти таҳрим тундравтар ҳам шудаанд. Дар ин шароит, Руҳонӣ тавони ҳеч гуна чархише дар муқобили Тромпро надорад.

Руҳонӣ пеш аз ин низ бо имзои тавофуқи ҳастаӣ бо давлати Убомо ва раҳбарони панҷ кишвари дигар, қимори дохилии бузурге карда ва бори бузурге бардошта. Баъд аз он Тромп алорағми шаҳодати ҳамаи кобинааш ва бозрасони Ожонси байналмилалии ҳастаӣ, ки Эрон комилан ба таъаҳҳудоти худ амал кардааст, аз тавофуқ берун кашид. Аслан, маълум нест рӯи чӣ ҳисобе Тромп фикр мекунад Руҳонӣ бояд як бори дигар даври мизи музокира биншинад ва ҳатто ба як тавофуқи маҳдудкунандатар ҳам тан бидиҳад?

Дар мавриди ин фарз, ки чӣ тавр Тромп ба дунболи як ҷанг бо Эрон аст, бояд гуфт, баъид аст, ки Тромп дунболи ҷанг бошад. Ба назари Тромп, як манёври низомӣ ва сарусадое баланд дар Твиттер, барои тарсондани душман кофӣ аст; аммо таҳдидоти лафзии ӯ танишҳоро бештар мекунад.

Мушовири амнияти миллии Тромп, Ҷон Болтон яке аз тарафдорони бособиқаи тағйири низоми Эрон, ки Тромп бо хостаҳои ӯ дар хусуси ҷанг бо Куреи шимолӣ ва сахтгирӣ дар баробари Русия мухолифат карда буд, акнун танҳо як шонс барои ӯ боқӣ гузошта, ки дар мавриди Эрон хостаи худро амалӣ кунад. Дар ин ҷанги эҳтимолӣ Болтон танҳо нест. Танҳо соатҳое қабл аз паёми ҷанҷолии Тромп, Мойк Помпео дар суханронии худ дар ҷамъи эрониёни Омрико дар китобхонаи Рунолд Рейгон, ишораҳое карда ба ихроҷи иҷбории руҳониҳо аз Эрон. Тромп ба воситаи бархе мақомоти мавриди алоқаи худ низ дар лабаи партгоҳи ҷанг бо Эрон қарор дорад, аз ҷумла Натонёҳу, нахуствазири Исроил ва ҳамчунин хонадони салтанатии Саудӣ.

Ин фишорҳо ҳаст. Ба дастури Тромп дар моҳи август таҳримҳо алайҳи Эрон иҷро мешавад. Омрико бо Эрон тиҷорате надорад, аммо таҳримҳо рӯи ҳар кишваре, ки бо Эрон муомила кунад иҷро мешавад. Бархе кишварҳои урупоӣ гуфтаанд, таваҷҷӯҳе ба таҳрим нахоҳанд кард, аммо замоне, ки маҷбур ба интихоб барои тиҷорат бо Эрон ё Омрико шаванд, эҳтимолан ҳарфи худро тағйир диҳанд.

Тромп бар ин бовар аст, ки низоми Эрон шикананда аст ва ӯ борҳо ишора карда, ки тавофуқи ҳастаӣ бо бардоштани таҳримҳо, мунҷар ба наҷоти низоми Эрон шуд, аммо теъдоди андаке аз шоҳидон дар Эрон бо ин назари Тромп мувофиқ ҳастанд.

Ҳатто агар низоми Эрон суқут кунад, шакку тардиди зиёде вуҷуд дорад, ки ҷойгузини онҳо тарафдори Ғарб бошанд ва ҳеч созмони мушаххасе вуҷуд надорад, ки ин иттифоқро рақам бизанад. Ҷойгузини эҳтимолӣ шояд Сипоҳи Посдорони Инқилоб бошад, ки ҳеч вақт тавофуқи ҳастаиро дӯст надошта ва мумкин аст ҳамзамон бо дар даст гирифтани қудрат чархи сонтрифюжҳоро ба кор андозад.

Дар айни ҳол, агар равшан шавад, ки Омрико дар суқути низоми Эрон нақш бозӣ мекунад ҳатто демукротҳои ҷавони Эрон ҳам ба кӯмак ва ҳимоят аз нерӯи низомии кишвари худ мераванд. Руҳи Муҳаммади Мусаддиқ раҳбари мунтахаби Эрон, ки тавассути кудетое бо ҳимояти CIA дар 1953 сарнагун шуд, ҳанӯз ҳам дар кӯчаву хиёбонҳои Эрон қадам мезанад.

Дар соли 2006 Кондулизо Ройс, вазири хориҷаи Буш, аз Сено 75 милюн дулор кӯмаки фаврӣ барои ҳимоят аз мухолифони низоми Эрон дархост кард. Ройс бо ҷумалоте шабеҳи суханони Помпео дар рӯз якшанбе, дар Сено шаҳодат дод: Иёлоти Муттаҳида ба шакли фаъол бо сиёсатҳои ин низом дар Эрон муқобила мекунад ва ҳамзамон мо талош мекунем, аз орзуи мардуми Эрон барои дастёбӣ ба озодӣ дар кишвари худ ҳимоят кунем!

Бисёре аз ин муборизони озодӣ дар Эрон он замон аз Ройс дархост карданд, ки хостаи худро пасбигирад ва ба далоили мантиқӣ садояшро бибурад. Низоми Эрон баъд аз ин суханон саркӯби мунтақидонро шиддат дод ва суханони Ройсро нишонае аз вобастагии мунтақидон ба хориҷ талаққӣ кард. Ба вежа акнун баъд аз эътирозоти хиёбонӣ ба вазъияти иқтисодӣ дар Эрон, суханони Помпео дар канори таҳдидоти шадиди Тромп, метавонад ҳамон асари мухаррибро дошта бошад.

То кунун Ҷим Мотис, вазири дифои Тромп, зиёд дар ин ошӯб худнамоӣ накардааст; шояд ба ин далел, ки пружаҳои мутаъаддиди НАТО-ро аз дахолатҳои сиёсӣ масун дорад ва шояд ба хотири худдорӣ аз суолҳое, ки посухи онҳо вайро дар муқобили Тромп қарор хоҳад дод. Мотис женероли чаҳорситораи бознишастаи нерӯи дарёӣ, зидди Эрон аст, мисли ҳамаи фармондеҳони дигаре, ки нерӯҳояшон тавассути нерӯҳои вобаста ба Эрон дар Ироқ кушта шудаанд; аммо ӯ ҷанг ва он чи дар ҷанг рух медиҳад-ро мешиносад ва эҳтимолан тамоюле ба эъзоми 100 ҳазор нерӯ барои тасхир ва ишғоли Эрон – кишваре, ки се баробари Ироқ аст – надорад.

Ҳатто дар сурате, ки Тромп ҳеч як аз чизҳоеро, ки твитт карда, мадди назар надошта бошад ва ҳатто ҳамаи он твитти бо ҳуруфи бузургро танҳо барои парт кардани ҳавоссҳо аз Ҳелсинкӣ ва таҳқиқоти Мулер ва фойли савтӣ ва соири бӯҳронҳои сиёсии худаш навишта бошад, боз ҳам танишҳо метавонад густурда шавад. Ҳатто ин твитти соли 2011 Тромп, ки: «Убомо барои баранда шудан дар интихобот, ҷанг бо Эронро шурӯъ хоҳад кард

Аммо мушаххас шуд, Убомо ба роҳатӣ бидуни роҳ андохтани ҷанг дар интихобот пирӯз шуд ва каме баъд аз пирӯзӣ, иқдоми муассире барои сулҳ кард. Аммо зоҳиран Тромп фикр мекард, беҳтарин роҳ барои интихоби муҷаддади як раисиҷумҳур, роҳ андохтани ҷанг аст. Дар ҳоли ҳозир, суол ин аст: оё ҳанӯз ҳам ҳамон тавр монанди соли 2011 фикр мекунад?

Slate

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: