Перейти к содержимому

Атвон: «Дӯшидани дулорҳои арабҳо тавассути Тромп ба баҳонаи муқобила бо нуфузи Эрон аз сар гирифта мешавад»

Таҳдидҳои каломӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Эрон бо интишори ин гузориш ва иттилоот дар расонаҳо ҳамзамон шудааст, ки таъкид мекунад Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, тамосҳои густардаеро ин рӯзҳо барои ташкили эътилофи низомии ҷадид бо кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ва низ Миср ва Ӯрдун ба манзури муқобила бо нуфузи Эрон дар минтақа, анҷом медиҳад.

Нишасти сарон, ки қарор аст дар рӯзҳои 12 ва 13 моҳи октябри оянда дар Вошингтун, пойтахти Омрико ба дархости Тромп ва бо ҳузури ҳашт раҳбари араб баргузор шавад, ба дунболи эҷоди «Паймони НАТО»-и арабӣ аст ва маҳдуд ба кишварҳои ҳампаймони Вошингтун дар минтақа аст.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки ин таҳаррук бо як гузориши устролиёӣ ҳамзамон шудааст, ки хабар аз иқдоми низомӣ алайҳи Эрон дар ояндаи наздик дод ва аз масъулони устролиёӣ нақл кард, ки Вошингтун омодаи ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон чӣ басо дар моҳи оянда аст.

Ҳаёҳуи расонаӣ — ки ношӣ аз иттиҳом задани Арабистон ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар заминаи ҳамла ба ду нафткаш дар дарёи Сурх дар рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ва исобати яке аз онҳо ва мутаваққиф шудани ҳамлу нақли нафти Арабистон аз тариқи тангаи Бобулмандаб то замони барқарории амният дар он — ба роҳ афтод, чӣ басо ба нафъи бистарсозӣ барои таъсиси ин эътилофи ҷадид бо назорати омрикоӣ бошад. Зеро Арабистон ва Аморот мехоҳанд барои таъмини амнияти ин тангаи истротежик — ки 5 дарсад аз тиҷорати ҷаҳонӣ аз он убур ва беш аз 5 милюн бушка нафт низ дар рӯз аз он убур мекунад ва низ барои хунсо кардани таҳдидҳои Эрон мабнӣ бар бастани тангаи муҳимтар яъне тангаи Ҳурмуз — дахолати байналмилалӣ сурат гирад.

* * *

Чанд масъала вуҷуд дорад, ки дар ин миён бояд дар бораи онҳо таъаммул ва диранг кард:

1) Аввал: мавзеъи Миср ва Ӯрдун ба таври мушаххас дар бораи ин эътилоф чист ва оё дар сурати эъломи эҷоди он, ба чунин эътилофе мулҳақ мешаванд? Оё ин ду кишвар дар нишасти сарон дар авоили моҳи октябри оянда дар Вошингтун ширкат мекунанд?

2) Дуввум: робитаи «Исроил» бо ин эътилофи ҷадид чист ва оё яке аз аъзои он хоҳад буд? Ин узвият чӣ гуна хоҳад буд: махфӣ ё аланӣ?

3) Севвум: чӣ гуна монеъи бӯҳрони халиҷи Форс, ки монеъе асосӣ дар баробари ин эътилоф аст аз миён бардошта мешавад ва оё давлати Қатар аз равобити вежаи худ бо Эрон чашмпӯшӣ мекунад ва барои бароварда кардани шартҳои омрикоӣ-саудӣ-аморотӣ дар ин замина, ҳар гуна дӯстӣ ва робита бо Эронро аз бех қатъ мекунад?

4) Чаҳорум: оё эъломи расмии ихтисоси як милёрду ним барои тавсиъаи пойгоҳи низомии Алъадиди Омрико дар Қатар ба манзури қарор додани он ба унвони яке аз такягоҳҳои аслии эътилофи арабӣ-омрикоии ҷадид аст? Ва низ барои тарсими нақши аслии он дар ҳар гуна иқдоми зидди эронӣ дар оянда аст?

Чӣ басо ҳанӯз барои мо зуд аст, ки ҳар гуна посухе ба бештари ин пурсишҳо бидиҳем, он ҳам дар сояи ҳолати пинҳонкорӣ дар бораи ҷузъиёти марбут ба тарҳи Омрико дар ин замина, вале баъид намедонем, ки ҳадаф аз бузургнамоии «таҳдиди Эрон» барои арабҳо аз сӯи Омрико, эҷоди руъбу ваҳшат дар миёни миллатҳои араб ва ба таври хосс кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс аст, ки вуруд ба ин эътилофи ҷадид ва пардохти ҳазинаҳои узвият дар он ба таври комилро тавҷеҳ кунад.

Масъалаи дигар, ки бояд дар борааш диранг кард ин аст, ки яке аз лозимаҳои вуруд ба ин эътилоф, иҷрои барномаҳои низомӣ ва сиёсии он аст. Низомӣ аз ҳайси барномаҳои омӯзишӣ ва сипари мушакӣ аст, ки эҷод мешавад, ва сиёсӣ марбут ба мушорикат дар муҳосираи бесобиқаи Эрон аст, ки қарор аст аз моҳи ноябри оянда эъмол шавад ва боризтарин сутунҳои он, ҷилавгирӣ аз содироти нафти Эрон ва таваққуфи ҳамаи ашколи табодули тиҷорӣ бо Теҳрон аст.

Ин «НАТО»-и арабии пешниҳодӣ, ки «Исроил» узви аслӣ дар он ба шакли сиррӣ ё аланӣ хоҳад буд, ҳолати чанддастагӣ ва шикоф ва мазҳабгароӣ дар минтақаро тақвият мекунад ва «аҳли суннат»-ро барои вуруд ба ҷанг бо Эрони «шиъа» ва ҳампаймононаш дар минтақа ва ба таври хосс ҷунбишҳои муқовимат дар Лубнон ва Фаластин, он ҳам барои маслиҳат ва манфиати сирфи «Исроил» ва аз байн бурдани тарси шаҳракнишинонаш, басиҷ мекунад.

* * *

Мо баъид намедонем, ки ин эътилофи тоифаии ҷадид абзоре барои дӯшидани садҳо милёрд дулор аз кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ба баҳонаи тақвияти тавони дифоъиашон барои омодагии ҷанг алайҳи Эрон шавад. Ин кишварҳо наметавонанд ба хостаҳои Тромп «на» бигӯянд ва чӣ басо аз нишасти сарон дар Вошингтун бо хазонаҳои холӣ ё пур аз қарз — ба далели бузургии қабзи низомии Омрико, ки аз онҳо мехоҳад, ки бидуни ҳар гуна ҳарфу ҳадисе пардохт кунанд — берун биёянд.

Бародарон дар халиҷи Форс ба самти ҷанги минтақаии бузург кашида мешаванд, ки худашон ҳезуми он хоҳанд буд, ва ин ҷанг ҷанге аст, ки ҳаргиз натоиҷаш тазминшуда нест ва ҳатто агар дар он Омрико пирӯз шавад, пирӯзиаш ба қимати вайронии минтақа ва иқтисодаш ва кушта шудани садҳо ҳазор нафар аз мардумаш хоҳад буд; зеро Эрон қатъан посух медиҳад ва мушакҳояш бекор намемонанд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: