Бозтоби хабари манъи мақомоти тоҷик аз дармони Ҳамзаи 4-сола дар расонаҳои хориҷӣ

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хориҷӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ тайи чанд рӯзи гузашта эътирозоти зиёде нисбат ба мумониати мақомоти тоҷик аз хуруҷи Ҳамзаи 4-сола ба хориҷ аз кишвар барои дармон иброз кардаанд.

Ба гузориши Хабаргузории Тасним, Ҳамза Тиллозода (Кабирӣ), наваи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ин рӯзҳо ба мавзӯи аслии афкори умумӣ ва расонаҳои тоҷик табдил шудааст. Ҳамзаи 4-сола мубтало ба бемории саратон аст ва равишҳои дармонии пизишкони тоҷик барои дармони вай муваффақ набуда. Дар ниҳоят бино бар тавсияи пизишкон дар Тоҷикистон ва бо машварати гурӯҳҳои пизишкӣ дар Русия, Туркия ва Олмон, интиқоли сареъи вай ба бемористонҳои муҷаҳҳаз ва кодрҳои пизишкии муҷарраб дар кишварҳои мазкур, зарурӣ арзёбӣ шудааст.

Бо ин ҳол аммо бино ба масоили сиёсӣ, давлати Тоҷикистон ба сурати ғайриқонунӣ ба Ҳамза ва модараш муҷаввизи хуруҷ аз кишварро намедиҳад. Албатта фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани ин мавзӯъ, изҳор дошт, ки ҳеч монеъе барои хуруҷи Ҳамза аз кишвар вуҷуд надорад ва зарфи 2 рӯз шароити он муҳайё хоҳад шуд.

Бо ин ҳол аммо бо гузашти 6 рӯз ҳамчунон иқдоме сурат нагирифтааст. Хонаводаи Ҳамза мегӯянд, як даври ботили брюкротик дар ин миён шакл гирифта, ки ҷуз итлофи вақт натиҷаи дигаре нахоҳад дошт. Пас аз он низ муовини вазири беҳдошти (тандурустии) Тоҷикистон низ эълом карда буд, ки саратони Ҳамза ба дараҷа 4 расида ва имкони муолиҷаи вай вуҷуд надорад. Ин амр мӯҷиби вокуниши афкори умумии Тоҷикистон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ шудааст.

Петитсияи байналмилалӣ бо 120 ҳазор имзо

Бо шиддат гирифтани ҷараёни расонаӣ перомуни бемории ин кӯдаки 4-сола ва амалкарди давлати Тоҷикистон, корбарон ва фаъолони расонаӣ як петитсияи байналмилалӣ ба манзури ҳимоят аз Ҳамза ва дархост аз давлати Тоҷикистон барои судури ҳарчӣ сареътари мадорик ва муҷаввизҳои лозим ҷиҳати хуруҷи вай аз кишвар ва дармон дар бемористонҳои пешрафтатар, ташкил шуд.

Дар матни ин петитсия омадааст: «Ҳар рӯз ва ҳар лаҳзае, ки бо дарду ранҷ бар ин кӯдаки хурдсол ва бегуноҳ, ки аз дармони вай мумониат ба амал омада мегузарад, ба навъе шиканҷаи руҳӣ ва ҷисмӣ буда ва ҷурме аст, ки ҳеч узре барои он пазируфта нест. Надодани гузарнома ва мамнӯияти хуруҷ аз кишвар ноқизи бандҳое аз қонуни асосии Тоҷикистон аст. Мо хостори судури муҷаввизи хуруҷи вай ва модараш аз кишвар барои дармон ҳастем. Ӯ ҳанӯз метавонад наҷот ёбад

Ин петитсияи байналмилалӣ, ки бо истиқболи хубе ҳамроҳ буд, то кунун 120 ҳазор имзо ҷамъ кардааст.

Вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ

Ин масъала ба вежа дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бозхӯрдҳои зиёде дошт. Корбарони тоҷик дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо интишори мутун, тасовир ва филмҳое аз Ҳамза ва бемории ӯ бо ҳаштгҳои #Save_Ibrohim_Tillozoda ва #Ҳамза_Тиллозода_Кабирӣ ва ғайра, эътирози худро нисбат ба ин раванд эълом карда ва хостори тағйири мавзеъи давлати Тоҷикистон шуданд.

Вокуниши созмонҳо ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ

Ин иқдоми давлати Тоҷикистон созмонҳо, фаъолон ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башариро низ дар ақсо нуқоти ҷаҳон ба вокуниш водошт. Дар ин росто, Дидабони ҳуқуқ башар бо интишори матлабе перомуни ин мавзӯъ, зимни таъкид бар ин ки дар Туркия пизишкон бемории ин кӯдакро баррасӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки вай ҳарчи сареътар бояд фароянди дармониро оғоз кунад.

Свердлов, яке аз пажӯҳишгарон ва фаъолони ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ менависад: «Ин ба лиҳози ахлоқӣ аслан қобили қабул нест, ки мақомоти тоҷик як кӯдаки бемор ва дар шароити бӯҳрониро ба унвони гаравгон барои эъмоли фишор бар падару падарбузургаш нигаҳ доранд. Ин парванда ҳаргиз набояд дар чорчӯби сиёсӣ баррасӣ шавад, балки ба чашми зиндагии як кӯдак бояд ба он нигариста шавад

Пеш аз ин низ чаҳор созмони ҳуқуқи башарӣ аз ҷумла Дидабони ҳуқуқи башар, Freedom House, мудофеъони ҳуқуқи маданӣ ва Кумита нурвежии Ҳелсинкӣ, тайи номае ба Федерико Мугиринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, маворидеро дар хусуси нақзи масоили ҳуқуқи башарӣ дар Тоҷикистон тазаккур дода ва хостори қатъи кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Урупо ба ин кишвар ва муқобила бо ин иқдомот будаанд.

Пӯшиш дар расонаҳои хориҷӣ

Ин масъала аммо сирфан дар расонаҳо ва шабакаҳои тоҷик боқӣ намонд ва дар расонаҳои форсӣ, арабӣ, англисӣ ва русзабон низ пӯшиш дода шуд. Дар миёни расонаҳои эронӣ, Порстудей ва хабаргузории Тасним бо интишор гузоришҳо ва мусоҳибаҳое бо аъзои хонаводаи ин кӯдак, ба пӯшиши ин масъала пардохтанд. Дар миёни расонаҳои арабӣ низ, вебсайти шабакаи Алҷазира дар сафҳаи аслиаш тайи мусоҳибае бо яке аз наздикони Ҳамза дар Олмон, охирин вазъияти вайро пӯшиш додааст. Илова бар ин, пойгоҳи Арабӣ-21 ва чандин вебсайт ва хабаргузории дигари арабӣ низ ба пӯшиши ин хабар пардохтанд. Дар миёни расонаҳои англисизабон низ пойгоҳҳое ҳамчун Уроосиёнет ва Радио Озодӣ ба пӯшиши ин хабар пардохтанд. Дар миёни расонаҳои рус низ пойгоҳҳое ҳамчун Исломнюз ба пӯшиши ин хабар пардохта ва нисбат ба амалкарди давлати Тоҷикистон интиқод карданд.

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: