Шарҳи Маснавӣ (304)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (47)

* * *

Дил ниҳодани араб бар илтимоси дилбари хеш ва савганд хӯрдан, ки дар ин таслим маро ҳилате ва имтиҳоне нест (4)

* * *

Сад падар, сад модар андар ҳилми мо

Ҳар нафас зояд, дарафтад дар фано.

Дар ҳилми мо ҳар лаҳза сад падару модар зода шаванд ва ба фано раванд. Яъне ҳилму меҳрубонии падарону модарони олам ҳама ношӣ аз ҳилми Худованд аст; қатрае аст аз дарё, ки дубора ба дарё мепайванданд.

Ҳилми эшон каффи баҳри ҳилми мост,

Каф равад, ояд, вале дарё баҷост.

Ҳилму марҳамати падарону модарон, дар муқобили дарёи ҳилми мо, кафе беш нест. Каф аз миён меравад ва дубора падид меояд, вале дарё побарҷост.

Нукта: Каф аз падидаҳои нопойдор аст, гоҳе намоён мешавад ва дар даме ба фано меравад ва асолате надорад. Ҳамин тавр афъолу аҳволи мумкинот ҳама аз кони бепоёни илоҳӣ сарчашма мегирад ва худ вуҷуде мустақил надорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.791-792)

Худ чӣ гӯям? Пеши он дурр ин садаф

Нест илло каффи каффи каффи каф.

Ҳилму раҳмати падарону модарон нисбат ба фарзандони хеш, дар муқобили ҳилму раҳмати Худо, монанди нисбати садаф аст ба марворид, ки садаф дар баробари марворид чӣ арзише дорад?! Балки кафе аст, ки аз кафи кафҳои дигар падид омадааст.

Абёти зайл ба идомаи гуфтори марди аъробӣ мепардозад:

Ҳаққи он каф, ҳаққи он дарёи соф,

К-имтиҳоне нест ин гуфту на лоф.

Марди аъробӣ гуфт: ба ҳаққи он каф ва ба ҳаққи он дарёи соф савганд, яъне ба ҳаққи он меҳру муҳаббати махлуқ, ки ҳамонанди кафи дарёст, ва ба ҳаққи дарёи меҳру раҳмати холиқ, ки софу зулолу бешоиба аст, ки ин гуфтаҳои ман аз рӯи имтиҳону озмоиши ту нест ва низ беҳуда ва газоф ҳам нест.

Аз сари меҳру сафо асту хузӯъ,

Ҳаққи он кас, ки бад-ӯ дорам руҷӯъ.

Ба ҳаққи касе, ки бозгаштам ба сӯи ӯст, ин суханон ҳама аз рӯи меҳру сафо ва хузӯъ аст.

Нукта: Мисроъи дуввум нозир аст ба ояти шарифаи 156 сураи Бақара:

إِنَّا لِلّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعونَ

«Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи Худо равем

Гар ба пешат имтиҳон аст ин ҳавас,

Имтиҳонро имтиҳон кун як нафас.

Мард ба зани аъробӣ гуфт: агар гумон мекунӣ, ки ин хоставу ҳаваси ман, аз бобати имтиҳони туст, як дам имтиҳони маро мавриди озмоиш қарор деҳ.

Сир мапӯшон, то падид ояд сирам,

Амр кун ту, ҳар чӣ бар вай қодирам.

Ту сирри худро пинҳон макун ва онро ошкор кун, то ман ҳам рози худро ошкор намоям. Ҳар чи, ки бад-он тавоно ва қодирам, ба ман амр кун, анҷомаш диҳам.

Дил мапӯшон, то падид ояд дилам,

То қабул орам ҳар он чӣ қобилам.

Қалбатро пеши ман ошкор кун ва онро мапӯшон, то қалби ман низ зоҳир шавад. Он вақт ба ҳар чи лоиқам онро бипазирам. (Ниятҳои худро ошкор кун ва маро биозмой, то ҳақиқати дарунам бармало шавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.793))

Чун кунам? Дар дасти ман чӣ чора аст?

Дарнигар, то ҷони ман чикора аст?

Чӣ кор кунам? Ман чӣ чорае дорам? Бибин, аз ман чӣ коре сохтааст?

* * *

Таъйин кардани зан тариқи талаби рӯзӣ, кадхудои худро ва қабул кардани ӯ (1)

* * *

Гуфт зан: як офтобе тофтаст,

Оламе з-ӯ рӯшноӣ ёфтаст.

Зан ба аъробӣ гуфт: дар дунё фақат як хуршед тобида ва тамоми ҷаҳон рӯшноиро аз он гирифтааст.

Ноиби Раҳмон, халифай Кирдгор,

Шаҳри Бағдод аст аз вай чун баҳор.

Шоҳон ноиб ва халифаи Парвардигоранд, чунон ки шаҳри Бағдод аз вуҷуди халифа ва аз караму эҳсонаш ҳамчун баҳор бонишоту зебо шудааст.

Гар бипайвандӣ бад-он шаҳ, шаҳ шавӣ,

Сӯйи ҳар идбир то кай меравӣ?

Агар ба он шоҳ наздик шавӣ ва тақарруб биҷӯӣ, шоҳ мешавӣ. То кай бо мардуми бадбахту бадкор ҳамнишинӣ хоҳӣ кард?

Идбир: ҳамон идбор, ва идбор ба маънии бадбахтӣ ва бедавлатӣ аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: