Перейти к содержимому

Вақте сару каллаи ДОЪИШ дар Тоҷикистон пайдо мешавад

Акс аз Радиои Озодӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бомдоди сешанбе, ДОЪИШ дар баёнияе, расман масъулияти ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифт. Ин гурӯҳи теруристӣ дар ин баёния, ки одатан маркази иттилоърасониаш мавсум ба «Аъмоқ» мунташир мекунад, гуфтааст, сарбозонаш дар Тоҷикистон тавонистанд бо ҳамла ба шуморе аз «шаҳрвандони эътилофи салибӣ», чаҳор нафари онҳоро ба қатл расонда ва чаҳор нафари дигарро захмӣ кунанд.

Барои касе пӯшида нест, ки аз замони зуҳури ин гурӯҳи теруристӣ дар Сурия ва Ироқ ва дар пайи таблиғоти густардае, ки дар фазои маҷозӣ анҷом медод (ва медиҳад), садҳо ҷавони тоҷик ба ин гурӯҳ мулҳақ ва худро ба суфуфи он дар Сурия ва Ироқ расонданд, ки боризтарини онҳо сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи гурӯҳи вежаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон (ОМОН) мебошад.

Дар ҳамон ибтидои зуҳури ин гурӯҳ, уламо ва донишмандони огоҳи динии тоҷик аз ҷумла бародарон Тӯраҷонзодаҳо, Ҳоҷӣ Мирзо, тамоми раҳбарони ҲНИТ ба хусус шахси Муҳиддин Кабирӣ, борҳо ва ба такрор ба ҳукумат ин ҳушдорро медоданд, ки танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз шуюъи ин саратон, майдон додан ба муллоҳои огоҳ ва равшан аст, то онҳо аз тариқи минбари масҷидҳо, ҷавононро бо маорифи исломӣ ошно кунанд, то фиреби «мубаллиғони» бесаводи доъиширо нахӯранд ва ба домашон наафтанд.

Вале бо камоли таъассуф, ҳукумати Тоҷикистон, на танҳо ба ин ҳушдорҳо ва тавсияҳо таваҷҷӯҳе накард, балки баръакс, коре кард, ки дар Тоҷикистон бар шумори афроде, ки ба ин гурӯҳ бипайвандад, афзуда шавад. Яъне, ҳукумати «хирадманд» ва «дурбин»-и Тоҷикистон, бо тавсияи чанд атеисти ба истилоҳ, «равшанфикр» — ки ҳамвора талошашон ин будааст, ки ДОЪИШ-ро ҳамон ислом, ва исломро ҳамон ДОЪИШ муаррифӣ кунанд ва роҳи ҷилавгирӣ аз ДОЪИШ-ро «мубориза» бо асли ислом ва маорифи он бидонанд – шурӯъ кард ба бастани дари масоҷид ва мадориси кишвар ва аҳёнан табдили онҳо ба марокизи тафреҳӣ, манъи муллоҳо ва руҳониҳои огоҳ аз масоҷид ва суханронӣ (мисли коре, ки бо Эшони Нуруддинҷон, Домулло Абдурраҳим, Ҳоҷӣ Мирзо ва ғайра кард) ва ҳамчунин манъи онҳо аз тадриси маорифи исломӣ ва Қуръон барои навҷавонон дар хонаҳояшон ва «ҷурм» қаламдод намудани ин амал, ва низ пушти сари ҳам тасвиб ва қабул кардани қонунҳое мисли манъи навҷавонон аз рафтан ба масоҷид, манъи сатри хоҳарон ва ғайра… Ва аз ҳама бадтар, манъи як ҳизби мӯътадили исломӣ (ҲНИТ) аз фаъолияти расмӣ, ва «теруристӣ» эълон кардани он ва ба зиндон афкандани раҳбарон ва фаъолонаш бо иттиҳомҳои воҳӣ ва пуч.

Ва аҷибаш ин ки: ҳамаи ин иқдомҳои аблаҳона, бо ҳадафи «мубориза бо теруризм ва ифротгароии динӣ» анҷом шуданд.

* * *

Роқими ин сатрҳо, борҳо ва дар мақолаҳое мутаъаддид, ин нуктаро ёдовар шудаам, ки инсон, фитратан як саре ниёзҳои маънавӣ ва руҳӣ дорад, ки агар аз роҳи дуруст ишбоъ нашаванд, аз роҳҳои носаҳеҳ ва ғалат ишбоъ хоҳанд шуд. Дуруст мисли ин, ки бадани инсон ниёз ба об дорад, вақте пешаш оби тоза ва зулол буд, ки онро хоҳад нӯшид, аммо агар ӯро аз оби софу зулолу тоза маҳрум кунӣ, оби олударо хоҳад нӯшид, зеро баданаш ба он ниёз дорад.

Коре, ки мақомоти «дурбин»-и тоҷик дар тайи 10-15 соли ахир муртакиб шуданд, шабеҳи ҳамин амал аст. Яъне, мардум ва ба хусус ҷавононро аз нӯшидани оби тоза ва софи ислом маҳрум карданд, он вақт бисёре аз ҷавонон дар баробари худ ҷуз оби олударо надиданд ва он гоҳ аз он нӯшиданд.

Ҳамин чанд моҳ пеш, дар мақолае аз як «назарияпардози» ин иқдомҳои нобихрадона хондам, ки гуфтааст, аз замоне, ки ҲНИТ баста шуд, аз теъдоди гаравандагон ба ДОЪИШ дар Тоҷикистон низ коста шуд, яъне мехост бигӯяд, сабаби пайвастани ҷавонон ба суфуфи ДОЪИШ, ҲНИТ будааст; дар ҳоле, ки ӯ худаш, қабл аз дигарон, медонад, ки иллати он, шикасти ДОЪИШ дар Сурия ва Ироқ будааст, на чизе дигар.

Ва нуктае, ки барои ин «назарияпардоз» ва амсоли вай пӯшида мондааст ин аст, ки шояд битавон ДОЪИШ-ро дар майдони набард шикаст дод, вале фикру ақида ва идеулужии хатарноки ӯро ҳаргиз наметавон бо ҷанг аз байн бурд, зеро ҷойи он, майдони набард нест, балки мағзи инсон аст. Афкори олуда ва палиди ин гурӯҳи теруристӣ ва бардошти ғалат ва ворунаи ӯ аз исломро фақат як мулло ва фарди огоҳ бо ислом метавонад тасҳеҳ кунад, на касе дигар. Бинобар ин, шояд имрӯз чанд кишвар тавонистанд дар майдони набард ДОЪИШ-ро шикаст диҳанд, вале фикри доъишӣ ҳанӯз пойбарҷост ва зеҳни ҳазорон ҷавони мусалмон дар дунё ба он олуда аст. Ман ҳаргиз ин тафсирро қабул надорам, ки баъзе коршиносон иброз медоранд мабнӣ бар ин ки иллати гароиши ҷавонон ба ДОЪИШ, фақру бекорӣ ва аз ин қабил умур мебошад; ин тафсирҳо дуруст нестанд.

Ба ҳар сурат, он чи дар роҳи Данғара иттифоқ афтод — агар ин фарзия, ки кори ДОЪИШ будааст дуруст буда бошад — ин натиҷаи олудагии зеҳнии ин чанд ҷавон ба афкор ва ақоиди хатарноки ДОЪИШ аст, на ин ки бо як барномарезии дақиқ муртакиби ин амали ғайриинсонӣ шуда бошанд. Яъне, чанд ҷавон фикрашон олуда шуда ва он гоҳ бо ишораи як «мубаллиғ»-и доъишӣ аз тариқи интернет, даст ба ин ҷиноят задаанд.

* * *

Як бори дигар такрор мекунам, агар ҳукумати Тоҷикистон воқеан хоҳони саломати ҷомеа ва ба хусус ҷавононаш аст ва ин ки воқеан мехоҳад ҷавононаш гирифтори ин гурӯҳи теруристӣ нашаванд, бояд шароитеро дар ҷомеа ва ба хусус ҷавонон фароҳам созад, ки онҳо битавонанд исломро дуруст биомӯзанд; бояд масоҷиду мадорис дар ихтиёри муллоҳои огоҳ ва босавод, на бесавод ва дарборӣ ва лаббайкгӯй гузошта шавад; бояд порлумон даст аз тасвибу қабули қонунҳои бемаънӣ бардорад; бояд барои муллоҳои огоҳ аз қабили бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Ҳоҷӣ Мирзо ва амсоли онҳо шароити ҳузур ва фаъолият дар масоҷиду мадорис фароҳам гардад, монеъи онҳо нашаванд. Бовар кунед, роҳи дигаре нест.

Агар ин тавсияро қабул кардед ва тибқи он амал кардед, ки чӣ хуб, вагарна бидонед, то модоме, ки ҷомеаро аз оби софу зулол маҳрум нигаҳ доред, чорае ҷуз нӯшидани оби олуда надорад, ва он гоҳ такрори ҳаводисе мисли ҳодисаи Данғара, баъид нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: