ҲНИТ изҳороти ВКД Тоҷикистонро бепоя ва ғайримантиқӣ хонд

Раёсати Олии ҲНИТ бо «бепоя ва ғайримантиқӣ» хондани иттиҳомоти ВКД Тоҷикистон дар робита бо ҳодисаи ахир дар роҳи Данғара, хостори ташкили «як гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ зери сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, бо ҷалби мутахассисони кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зарар дидааст» шуд.

Матни ин баёния ба шарҳи зерин аст:

Раёсати Олии ҲНИТ иттиҳомоти бепоя ва ғайримантиқии ВКД-Тоҷикистон дар бораи даст доштани ҲНИТ дар ин ҳодисаро қотеъона инкор ва маҳкум мекунад. Ва онро як тӯҳмати бешармона ва ғайримантиқӣ медонад. Боиси таассуф аст, ки мақомоти Тоҷикистон мисли ҳамеша талош намуданд, то аз ин мусибати инсонӣ ва миллӣ боз ҳам фоидаи сиёсӣ ба даст биёранд ва онро алайҳи мухолифини мусолиҳатомези худ истифода намояд.

Чунин мавқеъгирии ғайривоқеӣ ва ғайриахлоқӣ баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон на танҳо дар фикри мубориза бо терроризм нестанд, балки талош мекунанд аз вуҷуд ва фаъолиятҳои бархе гурӯҳҳои террористӣ истифодаи сиёсӣ ҳам намоянд. Дар сурате, ки тарроҳон ва иҷрокунандагони ин амалиёти мудҳиш сароҳатан даст доштани худро дар ин ҷиноят ба ҷаҳон эълон намуданд, мақомоти Тоҷикистон бешармона онро нодида гирифтанд. Ҳатто, як ишора ҳам дар изҳороти ВКД-и Тоҷикистон ба тарафи эътирофкарда нест. Ин нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд, то диққати чомеаро аз тарроҳон ва омилони аслии ин ҳодиса ба самти дигар равона кунанд ва онро ҳамчун як баҳонаи дигар барои сафед кардани саркӯбгариҳои худ алайҳи мухолифин истифода намоянд.

Таъсири манфии ин рафтори ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунии мақомоти кишвар камтар аз ҷинояти содиршуда нест. Зеро, ин як навъи пинҳон кардани ҷиноят ва пуштибонӣ аз терроризм мебошад.

Аз тарафи дигар, ин рафтори мақомоти Тоҷикистон камтарин бовариро ба фарзияҳои пешниҳодкардаи расмӣ аз байн бурда, эътимодро ба ояндаи таҳқиқот ва натиҷаҳои он заиф мекунад.

Бинобар ин, Раёсати Олии ҲНИТ талаб менамояд, ки ҳарчи зудтар як гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ зери сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, бо ҷалби мутахассисони кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зарар дидааст, ташкил шавад ва натиҷаи таҳқиқоти худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Таъхир дар ташкили чунин гурӯҳи таҳқиқотии байналмилалӣ метавонад боиси аз байн бурдани далелҳо ва поксозии изи омилони аслии ин ҷиноят аз тарафи доираҳои манфиатдор гардад.

Раёсати Олии ҲНИТ

31.07.2018

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: