Перейти к содержимому

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ба Вазорати хориҷаи ин кишвар эҳзор шуд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, сафири Тоҷикистон имрӯз (01.08.2018) эҳзор шуда ва маротиби эътирози шадиди Эрон дар бораи рафтори мақомоти тоҷик дар ҳодисаи терури дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ворид овардани иттиҳомоти дурӯғ ба Эрон, ба вай иблоғ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз эҳзори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ба Вазорати хориҷаи ин кишвар хабар дод ва изҳор дошт: «Имрӯз сафири Тоҷикистон дар Теҳрон тавассути мудири кулли уруосиёии Вазорати умури хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози шадиди кишварамон нисбат ба рафтори мақомоти он кишвар дар ҳодисаи терури дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ворид овардани иттиҳомоти кизбу беасос ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вай иблоғ шуд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд: «Дар ин дидор ба сафири Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ки додани одреси ғалат, мӯҷиби таҳйиҷ ва ташвиқи теруристҳои такфирӣ барои ташдиди иқдомоти хушунатбори худ шуда ва ба мувозоти он, талош барои эҷоди тафриқаи мазҳабӣ ва таблиғи он аз тарафи баъзе аз маҳофил ва ашхоси динӣ ва расонаӣ натиҷае ҷуз эҷоди таниш, ноамнӣ ва афзоиши иқдомоти теруристӣ барои ин кишвар нахоҳад дошт; сиёсате, ки натиҷаи он дар иқдоми ғайриинсонии ахир дар куштори дучархасаворони бегуноҳ ба вузуҳ қобили мушоҳида аст. Бе тардид, бетафовутӣ ва тасоҳул нисбат ба тафаккури такфирии салафӣ ва ташвиқи ифротгароӣ тавтиаи душманони сулҳу сабот ва амнияти минтақа аст

Қосимӣ гуфт: «Дар ин дидор мудири кулли уруосиёи Вазорати умури хориҷа изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дорад тамоми таҷриба ва имконоти худро барои муқобила бо ҷараёни такфирии ифротгаро бо ҳадафи таҳкими сулҳу саботи минтақа ва фароҳам овардани муҳити амн барои иртиқои рифоҳ ва саодати мардуми минтақа дар ихтиёри дӯстони худ қарор диҳад

Дар ин дидор, сафири Тоҷикистон зимни ибрози таассуф аз воқеаҳои пешомада изҳор дошт, ки маротиби эътирози давлати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба иттилоъи мақомоти Тоҷикистон хоҳад расонд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: