Перейти к содержимому

Коршиноси омрикоӣ: «Мо то кунун аз аъзои ҲНИТ ҳеч амали хушунатомезе надидаем»

Ба гузориши Хабаргузории Тасним, ҳамлаи рӯзи душанбеи чанд ҷавон ба 7 туристи хориҷӣ дар Тоҷикистон, муҷаддадан мабоҳисро перомуни табдил шудани Осиёи Марказӣ ба ҳаёти халвате барои барномаҳои ҷадиди ДОЪИШ дар Афғонистон барангехт. Албатта давлати Тоҷикистон, ки дар ибтидо ин ҳодисаро сирфан як тасодуфи ронандагӣ номид ва пас аз он ишора кард, ки муҳоҷимон силоҳи сард низ ба ҳамроҳ доштаанд, ҳатто пас аз пазириши масъулияти ин ҳамла тавассути ДОЪИШ ҳам боз ҲНИТ-ро дар ин ҳуҷум муттаҳам кард ва ҳатто фаротар аз он гуфтааст, ки саркардаи ин афрод дар Қум ва Мозандарони Эрон омӯзиш дидааст. Бо ин ҳол, бо интишори тасовири байъати ин афрод бо ДОЪИШ, ба сурати табиӣ ин баҳрабардории сиёсии давлати Тоҷикистон бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор нахоҳад гирифт.

Дар ҳамин росто, Хабаргузории Тасним мусоҳибаеро бо Эдвард Лемон сурат додааст. Оқои Лемон пажӯҳишгари ҳавзаи Тоҷикистон ва мутолеоти амниятӣ ва теруризм дар Донишгоҳи Кулумбиёи Омрикост ва дар ин донишгоҳ тадрис ҳам мекунад. Вай нависандаи китоби “Тоҷикистон дар ҳоли тағйир: давлатсозӣ ва гузори иҷтимоӣ” буда ва мақолоти мутаъаддиде дар пойгоҳҳои илмӣ мунташир кардааст.

Тасним: Барои ҳамлаи теруристӣ ба гардишгарони хориҷӣ сенориюҳои мухталифе баён шуда. Назари шумо дар ин бора чист? Оё ДОЪИШ чунин ҳамлаеро сурат дода ва чаро ДОЪИШ Тоҷикистонро интихоб кардааст?

Лемон: Бо интишори хабари пойгоҳи Аъмоқ (аз хабаргузориҳои вобаста ба ДОЪИШ) ва интишори видеое аз эъломи байъати ҳамлагарони ҳодисаи Тоҷикистон бо Ал-Бағдодӣ, бале ба назар мерасад, ки ин ҳамла аз сӯи ДОЪИШ бошад. Аммо дар ҳоли ҳозир, ҳанӯз дар бораи ин ки ДОЪИШ мустақиман (ва бо барнома) бар рӯи ҳамлагарон таъсир гузошта ва ё ин ки ҳамлагарон сирфан таҳти таъсири фарохонҳои ДОЪИШ қарор гирифта ва аҳдоферо дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ он ҳам бидуни иртиботи мустақим бо аъзои ДОЪИШ мавриди ҳамла қарор додаанд, ҳанӯз маҳалли ибҳом қарор дорад.

Тасним: ДОЪИШ чӣ гуна ин корро анҷом дода? Давлати Тоҷикистон дар ин замина хеле сахтгир аст.

Лемон: Аз он ҷое, ки ин ҳамла аз печидагии хоссе бархӯрдор набуда ва бо истифода аз худрав, чоқу ва табар сурат гирифта, аз ин рӯ пешгирӣ аз он, кори сахте аст. Аммо ба ҳар ҳол мушорикати 10 нафар дар ин ҳамалот ва моҳияти барномарезишуда будани он, нишон медиҳад, ки дастгоҳҳои амниятии Тоҷикистон дар шиносоӣ ва пешгирӣ аз он муваффақ набудаанд.

Тасним: Бархе, ангушти иттиҳомро ба самти худи давлат бурда ва мегӯянд, пас аз ҳуҷуми расонаии густарда алайҳи давлат дар қазияи Ҳамза Тиллозода, давлат чунин иқдомеро барои бозёбии ҷойгоҳаш ва гирифтани имтиёз аз кишварҳои ғарбӣ, ки дар ҳоли қатъи кӯмакҳои хориҷӣ ба далели масоили ҳуқуқи башарӣ буданд, сурат дода. Ин таҳлилро чӣ қадр дуруст арзёбӣ мекунед?

Лемон: Ин ҳодиса дақиқан як инҳироф аз афкори умумӣ ба вуҷуд овард ва дар дастони давлат нақшофаринӣ хоҳад кард. Давлати Тоҷикистон метавонад кишварро дар хатари ҳамла нишон дода ва ба дарёфти кӯмакҳои амниятӣ ба рағми нақзҳои мукаррари ҳуқуқи башарӣ идома диҳад. Аммо ин масъала низ возеҳ аст, ки ин ҳамла ба эътибори амнияти ин кишвар осеб зада ва мӯҷиби коҳиши сафари туристҳо ба он мешавад. Бинобар ин, ин ҳодиса барои Раҳмон сирфан судманд нест ва ҳазинаҳои ҳангуфте дорад.

Тасним: Бархе аз тоҷикҳо нӯки иттиҳомро ба сӯи Саудӣ бурдаанд. Оё байни афзоиши равобити Тоҷикистон ва Саудӣ тайи моҳҳои ахир ва ин ҳамлаи теруристӣ иртиботе мебинед? Онҳо мегӯянд, маъмулан Саудӣ равобити хубе бо Алқоъида доштааст ва дар ростои манофеи сиёсиаш ҳимоятҳои зиёде аз онҳо карда. Аз сӯи дигар ҳам давлати Эронро муттаҳам карда ва гуфта, ки теруристи мавриди иддаои ДОЪИШ, дар шаҳри Қум омӯзиш дидааст.

Лемон: Арабистони Саудӣ манофеи зиёде аз ин мавзӯъ бурда ва Тоҷикистонро ташвиқ ба қатъи равобит бо Эрон кардааст. Танишҳо аз соли 2015 ва пас аз сафари Кабирӣ ба Теҳрон танҳо андаке пас аз теруристӣ эълом шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Саудӣ ҳам дар ин оташи ихтилофот ҳезум рехта ва раҷазхонӣ мекунад, ки ин подшоҳӣ Эронро аз Тоҷикистон хориҷ кардааст. Чӣ саудиҳо дар паси ин ҳамла бошанд ва чӣ набошанд, онҳо аз ин ки давлати Тоҷикистон Эронро ба унвони бахше аз ҳамла мавриди сарзаниш қарор додааст, бисёр хушнуд ва розӣ хоҳанд буд.

Тасним: Бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури тасаввуф дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, аммо боз ҳам мебинем, ки ДОЪИШ метавонад дар миёни онҳо нуфуз кунад. Иллати ин мавзӯъро дар чӣ мебинед? Решааш дар тағйири гароишҳои мазҳабии мардуми ин минтақа аст ва ё дар бӯҳронҳои иҷтимоӣ?

Лемон: Иттилооте, ки дар хусуси узвияти афроди ҳамлагар дар созмонҳои теруристӣ мунташир шудааст, нишон медиҳад, ки мазҳаб нақши маҳдуде дар зиндагии бисёре аз онҳо доштааст. Бисёре аз онҳо то пеш аз иртибот бо ривоятҳои ифротгароёнаи ин гурӯҳҳо, робитае бо ислом надоштаанд. Бо дониши маҳдуди онҳо аз ислом, ба сурати табиӣ тафсирҳои соддабинонаи пешниҳодшуда тавассути гурӯҳҳои такфирӣ ҳамчун ДОЪИШ, барояшон қобили қабул ва қобили фаҳм аст. Ин гурӯҳҳо аз саркӯб, табъиз ва сархӯрдагӣ миёни ҷавонон истифода карда ва онҳоро ба сӯи энержиҳои манфӣ барои ҷиҳод, раҳнамун мекунанд.

Тасним: Оё мамнӯияти ҲНИТ ва фаъолияти ҳар гурӯҳи исломгарои дигар ва эъмоли маҳдудиятҳо дар корҳои мазҳабиро метавон омиле барои ташдиди таҳдиди теруризм дар Тоҷикистон дар назар гирфт?

Лемон: Мо то кунун ҳеч иртиботе аз аъзои ҲНИТ бо умури хушунатомез надидаем. Аммо ҳазфи ин ҳизб, тафсирҳои мутафовитеро ба имомхатибҳои давлатӣ ва олимон пешниҳод мекард, ки дақиқан гуфтугӯҳои мазҳабӣ дар кишварро мӯҷиб шудааст. Маҳдудиятҳои исломӣ низ дақиқан дар паёмҳои ДОЪИШ мавриди истифода қарор гирифта ва метавонад нақше муҳим дар бисёре аз маворид бозӣ кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: