Перейти к содержимому

ДОЪИШ туристҳоро мекушад, аммо режим нодида мегирад

Таҳлиле дар рӯзномаи Spiegel ба қалами Christoph Sydow

(Тарҷума аз олмонӣ тавассути сойти Паём)

Бо дучарха ба тамоми дунё сафар кардан — ин буд орзуи Lauren Geoghegan ва Jay Austin гардишгарони омрикоӣ аз шаҳри Вошигтун. Муддати як сол буд, ки онҳо бо дучарха дар сафар буданд. Аз Офриқо то Урупо савори дучарха гардишгарӣ мекарданд.

Аммо рӯзи якшанбе 29.07.2018 орзуяшон дар Тоҷикистон барои ҳамеша нотамом боқӣ монд. Ин ду гардишгари омрикоӣ, ки аз шаҳри Кӯлоб ба самти пойтахти ин кишвар ҳаракат доштанд, ҳамроҳи 5 нафар гардишгарони хориҷии дигар, ҳадафи ҳамлаи теруристӣ қарор гирифтанд. Худраве бо суръати баланд онҳоро зер кард ва он гоҳ ҷинояткорон аз худрав фаромада, бо корд ба онҳо ҳамла намуданд, ки дар натиҷа, Lauren Geoghegan ва Jay Austin ҳамроҳ бо ду гардишгари дигар аз Ҳуланд ва Суис (Шветсария) ҷони худро аз даст доданд.. Як шаҳрванди Ҳуланд ва як шаҳрванди Суис маҷруҳ шуданд, ва танҳо нафаре, ки осеб надид дар ин ҳамла, гардишгари фаронсавӣ мебошад.

Омилҳои асосии ин ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ, то ҳол дақиқ нест. Қурбониҳои ҳодисаи мазкур чандсад метр дуртар аз макони воқеа рӯи роҳ хобида буданд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамлагарон нақшаи ин ҳодисаи мудҳишро қаблан тарҳрезӣ карда буданд.

Кормандони пулис дар ҷойи ҳодиса 4 нафари ҷинояткоронро ба қатл расонданд. Чанд соат пас аз ҳодиса панҷ нафар гумонбари дигарро дастгир карданд.

Ҷинояткорон бо ДОЪИШ иртибот доштанд

Чунин як ҳодисаи теруристӣ дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки рух медиҳад ва ДОЪИШ ҳам бори аввал аст, ки масъулияти ин гуна ҳодисаро ба дӯш мегирад. Шабакаи «Аъмоқ» — як шабакаи хабарии ДОЪИШ навореро пахш кард, ки дар он панҷ ҷавон дар зери дарахте нишаста ва дар пушташон парчами ДОЪИШ овезон аст. Ин ҷавонон бо номи раҳбари ДОЪИШ Абӯбакр Бағдодӣ қасам ёд карда, ба ҳукумати Тоҷикистон таҳдидҳое мекунанд.

Худи ҳамин навор далели он аст, ки ҷинояткорон пеш аз анҷом додани ин ходисаи теруристӣ, бо ДОЪИШ робитаи мустақим доштанд. Дар акси ҳол, ДОЪИШ баъди рух додани ҳодиса ин наворро аз тариқи шабакаи «Аъмоқ» нашр намекард.

Ин ҳодиса бо ҳодисае, ки дар Берлин дар майдони Брайтшайдплатст (Breitscheidplatz), (он ҷо ҳар сол «Бозори солинавӣ» мегузарад) Анис Амрӣ анҷом дода буд, бисёр шабоҳат дорад.

Анис Амрӣ ҳам пеш аз анҷом додани ҳодисаи теруристӣ, ба ДОЪИШ наворе равон карда буд. Чунин ба назар мерасад, ки режими Тоҷикистон ин ҳодисаро ба ДОЪИШ рабт намедиҳад ва аслан дар ин мавзӯъ чизе донистан ҳам намехоҳад.

Ин ҳукумат, ки аз соли 1994 то кунун бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳукмронии бад ва номуваффақе дорад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ин ҳодиса гунаҳкор медонад.

Ин ҳизб аз соли 1997, баъди анҷом ёфтани ҷанги шахрвандии Тоҷикистон, иҷозаи фаолият карданро ба даст овард. Ин ягона ҳаракати исломие буд, ки дар замони Шӯравӣ фаолият мекард. Дар интихоботи порлумонии солҳои 2005 ва 2010, ки ҳукумат натиҷаи интихоботро ба фоидаи худ анҷомонид, ҳамагӣ ҳашт фоиз овозро ба даст овард, ки аз 63 курсӣ соҳиби 2 курсӣ дар порлумон шуд. Ин ҳизб қавитарин ҳизби мухолиф дар порлумон ба ҳисоб мерафт.

Эътирофҳо дар телевизиюни давлатӣ

Ҳамин тариқ дар интихоботи порлумонии соли 2015 ин ҳизб соҳиби 1.6 дарсад раъй гардид ва ин сабаб шуд, ки порлумонро тарк кунад. Худи ҳамон сол роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ин ҳизбро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард.

Режим ин ҳизби опозисиюнро ба он муттаҳам мекард, ки гӯё бо анҷом додани ҳодисаи теруристие дар Душанбе, мехостанд ҳукуматро бигиранд. Кумитаи амният беш аз 12 нафар узви боломақоми ин ҳизбро равонаи маҳбас кард. Инчунин зиёда аз 150 нафар аъзои қатории ин ҳизбро ба зиндон фиристод.

Дар он замон бештари дастгиршудагон дар ТВ—и давлатӣ намоиш дода мешуд, ки бо ҷиноятҳои сохта алайҳашон иттиҳом мезаданд.

Чун ҳамеша, шоми рӯзи сешанбе дар ТВ—и давлатӣ филме пахш карда шуд, ки 5 нафари дастгиршуда нишон медоданд, ки чӣ гуна нақшаҳои бад кашида буданд. Аз ҳама бадаш ин буд, ки ҷавоне рӯ ба рӯи дурбин (камера) ҳарф мезад, дар ҳоле, ки дар чеҳрааш асари латукӯб дида мешуд. Он ҷавон Ҳусейн Абдусамадов муаррифӣ мешуд ва бо чашми кабуди латхӯрдааш дар рӯ ба рӯи камера сухан мегуфт.

Ин ҷавон мегӯяд, ки дар Ирон, дар як макони омӯзишгоҳи теруристӣ таълим гирифтааст. Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати хориҷаи Эрон ин иддаоро рад кард.

Ҳамчунин Раёсати олии ҲНИТ, ки дар хориҷ аз давлат паноҳ бурдаанд, тамоми иддаоҳои ҳукуматро нисбаташон рад мекунанд.

Режими Раҳмон мехоҳад аз ин ҳодисаи теруристӣ суистифода карда, ин ҳизбро гунаҳкор эълон кунад, то бештар ин ҳизбро таъқиб карда тавонад.

Муборизаи шадид алайҳи мусалмонон

Мусаллам аст, ки исломгароёни ситезаҷӯ дар Тоҷикистон тақозои зиёде доранд. Ин идеология зиёда аз 30 сол қабл, замони ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати ҳамсоя — Афғонистон алакай шурӯъ шуда буд ва ҳамин тариқ идеологияи салафӣ ҳам ба Тоҷикистон омада расид.

Режим бар зидди дин хеле муборизаи шадид мебарад: дар соли 2015 ҳукумат гузоштани ришро дар ноҳияҳои зиёди кишвар манъ кард. Зиёда аз 160 дӯкони ҳиҷобфурӯширо баст. Як сол баъд гузоштани номҳои арабиро барои кӯдакон мамнӯъ эълон кард. Худи ҳамон сол охирин мадрасаи қуръономӯзиро ҳам баст.

Ҳамчунин режим зиёда аз 3000 ҷавононеро, ки дар давлатҳои хориҷӣ, назири Покистон, Миср таълимоти динӣ мегирифтанд, маҷбуран ба ватан баргардонд. Ҳудуди 3700 масҷид дар Тоҷикистон ба шакли хеле ҷиддӣ зери назорати кормандони амният мебошанд. Муаззинҳо иҷозаи азон гуфтан бо баландгӯякро надоранд.

Режим матни хутбаи намози ҷумъаро худ омода карда, ба хатибони масоҷид медиҳад. Занҳо ва ҷавонони зери синни 18-сола ҳуқуқи ба масҷид рафтанро ҳаргиз надоранд. Шаҳрвандони зери синни 40 иҷозаи адои ҳаҷро надоранд.

Шонсҳои ДОЪИШ зиёд мешавад

Бо чунин муборизаи шадид алайҳи диндорон, наметавон садди роҳи ифротгароиро гирифт, балки ин раванд саффи ҷавони тундравро бештар мекунад. Зиёда аз 2000 ҷавони тоҷик дар чанд соли гузашта ба саффи ДОЪИШ дар Ироқу Сурия пайвастааст. Танҳо дар соли 2016 дар он ҷо 27 ҷавони тоҷик аз номи ДОЪИШ худро интиҳор карданд. Дар ҳамон вақт аз ягон давлати дигар интиҳориҳо чунин зиёд набуданд.

Паём

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: