Перейти к содержимому

Роҳи пурпечу хами наҷоти Ҳамза; назари фаъолон ва коршиносон

Ба гузориши сойти Ислоҳ, Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ, ки гирифтори бемории дараҷаи 4-уми саратон асту тӯли се сол ҳукумати Тоҷикистон иҷозаи табобат дар хориҷ аз кишварро намедод, субҳи 2-август барои табобат аз Тоҷикистон ба Туркия оварда шуд.

Наздик ба як моҳ қазияи дар асорати ҳукумати Тоҷикистон мондани Ҳамза, кӯдаки 4-солаи гирифтор ба бемории саратони дараҷаи чаҳорум, дар саросари ҷаҳон сару садоҳое ба миён овард.

Маҳз ба хотири дархост аз роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон дар сомонаи Cange.org петитсия ташкил шуд, ки зери он наздик ба 150 ҳазор нафар имзо гузошта, аз раисҷумҳури Тоҷикистон дархост намуданд, ки барои сафари Ҳамза ба хориҷ баҳри табобати беморияш иҷоза бидиҳад.

Баъдан, дар зиёда аз 30 кишвар бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногуни олам флешмоб, пикет ва тазоҳуротҳои густарда барпо шуд. Бо як ибора, тамоми ҷаҳон баҳри наҷоти Ҳамза ба по хест. Ниҳоят ақли солим ғалаба карду ҳукумати Тоҷикистон иҷоза дод, то Ҳамза (Иброҳим) Тиллозода барои табобат ба шаҳри Стамбули Туркия ҳамроҳи модараш парвоз кунад. Аллакай табобати ӯ оғоз шудааст. Аммо раванди наҷоти Ҳамза аз қабзаи бозиҳои муғризонаи сиёсӣ кори саҳле набуд. Ҷомеъаи ҷаҳониро мутаассир кард.

Сомонаи таҳлилии Ислоҳ ҳам таассуроти чанде аз таҳлилгарон ва фаолони ҷомеъаи шаҳрвандиро аз раванди наҷоти Ҳамза пурсид, ки гуфтаҳои онҳоро лозим медонем, пешкаши мухлисон ва хонандагони сомона гардонем.

Алим Шерзамонов, узви ситоди “Наҷоти Ҳамза”:

Банда, барои рӯи қоғаз овардани тамоми он эҳсосоте, ки тули ин рӯзҳо маро фаро гирифта буданд, оҷизам. Тамоми луғати дунё ин эҳсосро инъикос карда наметавонад. Банда, хеле шодам, ки шомили ин ҷамъ будам. Чи эҳсосест пирӯзӣ!

Бигузор кучактарин пирӯзӣ бошад, вале бошад. Ин Ҳамза буд, ки тӯли ин рӯзҳо, ба хотираш мубориза мебурдем ва чи иттиҳоде буд, бигузор теъдодамон камтарин ҳам бошад, вале новобаста аз маҳал ва минтақа моро ба ҳам овард.

Ҳамза тавонист, ки дар ҷамъе эҳсоси ифтихори миллӣ, ваҳдати воқеӣ ва ягонагиро бедор созад. Э кош мо бо баҳонаи дигаре ба ҳам меомадем. Банда, дуогӯи онам, ки Ҳамзаи мо ҳамчун рамзи иттиҳод ва пирӯзӣ барои ин миллат гардад. Аз даргоҳи Аллоҳ барояш шифои комил хоҳонам.

Бобоҷон Қаюмзод, фаъоли сиёсӣ:

Қазияи наҷоти Ҳамза дар асл як муваффақияти бузурги ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Ин раванд дар воқеъ чанд марҳала дошт, ки набояд онҳоро нодида гирифт. Марҳалаи аввал ин ташкили як ситоди мардумӣ бо ҳузури афроди мухталиф бо дидгоҳ ва гароишҳои мухталиф буд, ки тавонист таваҷҷӯҳи мардуми на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳонро ҷалб намояд. Ин ситод аз ибтидо ҳамаро ба ҳамкорӣ даъват кард ва муваффақ ҳам буд.

Дуввум инки шеваи кори ин ситод хеле муассир ва нав буд. Вақте ситод петитсияро бо чанд забон нашр кард ва дар муддати кӯтоҳ онро беш аз 150 ҳазор нафар имзо гузоштанд, умедҳо барои муваффақияти он бештар шуд.

Севвуман флешмобе, ки ситоди наҷоти Ҳамза роҳандозӣ кард воқеан ҳам як ҳамлаи хуб ва муассир буд. Вақте мардуми мухталиф аксҳои ӯро бо худ гирифтанд ва аксашонро дар шабакаҳо нашр карданд, таваҷҷӯҳи бештаре ба он ҷалб шуд, ки нуқтаи қуввати ин раванд буд.

Чаҳорум инки ситод тавонист созмонҳои байналмилалиро ҳам ба вокуниш водор кунад. Созмонҳои ҳуқуқи башар вақте ба ин қазия вокуниш нишон доданд, дар воқеъ ҳукумат дар ҳолати ногуворе қарор гирифт.

Марҳалаи панҷуми он ҳам баргузории пикетҳо буд, ки шурӯъ шуд ва дар Литваву Утришу Лаҳистон ба шакли хуб баргузор шуд, ки натиҷааш иҷозати сафари Ҳамза буд.

Марҳалаи шашуми он ҳам, ки хайма задан дар назди сафорати Тоҷикистон буд, ба хотири озод шудани Ҳамза иҷро нашуд. Дар ҳоле, ки ҳама чиз барои анҷоми он ҳам омода буд.

Натиҷаи ин раванд аз нигоҳи ман фаротар аз озодии Ҳамза буд. Ин муваффақият ба миллат умеди дубора бахшид. Миллат ба ин бовар расид, ки аз роҳи мусолиматомез ҳам метавон ба ҳадафҳои худ даст ёфт. Миллат ангезаи аз даст рафтаашро дубора пайдо кард.

Ҳамчунин дарси бузурге, ки ин раванд ба мардуми мо дод ин буд, ки бо ваҳдат ва дар канори ҳам будан метавонанд ба хостаҳояшон бирасанд. Нуқтаҳои муштарак метавонанд ҳар як тоҷикро новобаста аз гароиши фикриву эътиқодиаш даври ҳам ҷамъ оваранд. Пас бидуни шак ҳама ба фикри талоши дастаҷамъона дар оянда хоҳанд шуд ва агар ҳар гурӯҳ ё шахсе битавонад барномаеро бо меҳварияти муштаракоти миллӣ матраҳ кунад ҳамагон даври он ҷамъ хоҳанд омад.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос:

Ман ҳатман бояд бигӯям, ки имрӯз дар акс бори аввал дар чеҳраи ин зани ғаму ғуссадида, табассумро мушоҳида кардам. Ӯ модар мебошад ва барои ҳаёти тифли худ хеле ранҷ кашид. Аз як сӯ маҳдудиятҳо барояш эъҷод карданд. Воқеан ӯ озод набуд, ҳатто барои интихоби табобатгоҳ.

Аз сӯи дигар ҳамсар ва келини сиёсатмадор, мухолифини аршадии ҳукуматӣ будан барояш басо вазнин буд. Ӯро бояд зани оҳанин номид. Таҳаммул кардани ин ҳама, таъқиби мақомоти зидахл, надоштани ҳеҷ як робита бо шавҳар ва пайвандон, бе ҳуҷҷати шахсият ва ҳамеша зери таънаю маломати тудаи бефарҳангон басо душвор аст, вале ин зани муштипар ҳамаро таҳаммул кард ва бар ивази сабраш имрӯз яқинан меваи онро чашид.

Муттаҳидии ҳамватанон, дӯстон, афроди гуногун барои баромадан аз ватан мусоидат намуд. Дар қиболи ин ҳама, саҳми макомотҳои давлатиро низ набояд нодида гирифт. Маҳз аз тақдири тифли бемор ҳукуматдорон низ бетараф буда натавонистанд ва иҷоза доданд, ки берун равад, барояш шиноснома доданд.

Фикр мекунам, ки оғози кор хуб аст. Зеро баъди интиқоди чандинсола дар хусуси поймол шудани ҳуқуқи инсон, набудани озодии комил ва махдудкуниҳои беш аз беш, ахиран мақомдоронро водор сохт, ки ба мардум ва ҳуқуқи онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Ман шахсан нав бӯи демократияро ҳис карда истодаам ва бисёр мехоҳам, ки бо як тасмими анҷомдода боз озодӣ буғӣ карда нашавад. Дар ин амали нек ҳама саҳмгузор буданд, чи мардуми оддӣ, мухолифин, муҳочирон ва ҳукуматдорон. Ҳамзаи хурдсол ҷомеаро таккон дод.

Ҳамза бояд зист! У ҳаққи зинда будан ва зистанро дорад. Худои меҳрубон шифои комил барояш дихад!

Мирзо Салимпур, мудири сомонаи «Ахбор»:

Дар пӯшиши ин хабар сомонаи «Ахбор» талош мекард, ки мавзеи ҳадалимкони холис ва бетарафро дунбол кунад, ҳарчанд дар мавзӯъҳое бо чунин ҳассосият гоҳо эҳсосот бологир мешаванд.

Ба фарқ аз бархе расонаҳо, аз ҷумла мудири бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», сомонаи «Ахбор» дар атрофи сарнавишти ин кӯдак бозиҳои муғризонаи худро насохт. Мо хостем холисона ва беғараз фоҷиаи як кӯдаки аз гапу кори дунё ва аз сиёсатҳои ин дунё бехабарро, ки худ нохоста дар маркази бозиҳои сиёсӣ қарор гирифтааст, бозгӯ кунем. Ва худи инки билохира ба Ҳамза имкони сафар ва табобат дар хориҷ фароҳам оварда шуд, худ баёнгари то куҷо муваффақ будани сомонаи «Ахбор» ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кор аст.

Инро ҳам набояд нодида гирифт, ки тавре таҳаввули ҳодисот нишон дод, дар таркиби ҳукумати Тоҷикистон низ нирӯҳои солимфикр ҳастанд, ки наҷоти ҷони Ҳамзаро аз аҳдофи сиёсӣ ҳадди ақал як муддат боло гузоштанд ва ҳусни ният нишон доданд. Фикр мекунам, сафари Ҳамзаву модараш қарсак аз ҳарду даст, яъне аз ҳарду тараф буд, ки ба сари худ аломати нек аст.

Виктория Надеждина, роҳбари Бунёди байналмилалии дифоъи ҳуқуқи башар:

Дар бораи Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, ман ҳамчун вакили дифоъи ҳуқуқи инсон мехостам, ки ду нуқтаи муҳимро баён кунам.

Аввалан ба фикри ман, сабаби асосии то ба ин ҳолат дучор шудани кӯдак дар он аст, ки қонуншиканона, мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои ин кӯдак, хоҳаронаш ва модарашро мусодира кард. Мусодираи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ, ки қонун муайян кардааст, худ ҷиноят мебошад. Монеъа шудан ба сафари шахсе, ки ҷиноят содир накардааст, ин ҳам қонуншиканӣ аст. Ҳаққи сафар доштан яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон мебошад. Ҳеҷ кас ҷавобгӯи ҷинояти шахси дигар нест ва ҳатто наздиктарин шахс ҳам бошад. Таасуфовараш ҳам ҳамин аст, ки бо дасти худи мақомот қонун нақз шудааст. Ба қонуншиканӣ касоне роҳ додаанд, ки вазифадор буданд, ки ба поймол шудани ҳуқуқи шаҳрванди худ роҳ надиҳанд.

Ҳар як инсон ҳақ ба ҳаёт, табобат, дахлнопазирии манзил, муҳофизат аз дахолати худсаронаи дигарон ба ҳаёти оилавӣ ва хусусӣ дорад. Мутаассифона, мусодираи ҳуҷҷатҳо дар ин се соли охир, зери назорат ва таъқибу фишори доимии хадамоти амният будан бо се фарзанд, ҷудо аз ҷамъият дар ҳолати ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта шудан, пурра маҳдуд будани ҳаққи муошират бо шавҳар ва хешу табор ва зери фишори пай дар пайи равонӣ қарор доштан кори саҳлу сода нест. Аммо мушоҳидаи ҳама ин ҳолат барои як кӯдаки чаҳорсола даҳшат аст. Ҳатман ин ҳолат таъсири манфии худро ба саломатии на танҳо кӯдак, балки гумон мекунам ба дигар хоҳарони Ҳамза ва ҳатто ба модараш ҳам расонидааст. Бояд ҳам модари Ҳамза ва ҳам хоҳаронаш низ кӯмак ва табобати равониву ҷисмӣ гиранд. Вазъияти равонии онҳо ҳатман то як муддат бояд зери назорати равонпизишк бошад. Гумон мекунам, ҳолати равонии онҳо камтар аз касоне нест, ки аз гирдоби ҷанг берун шудаанд. Дар ин замина бояд созмонҳои ҳуқуқӣ кор баранд, ки ин баҳси дигар аст.

Бар замми ин ҳама, шунидани суханони Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гуфт ин кӯдак бемории дараҷаи чаҳоруми рак дорад, кор аз кор гузаштаасту табобат дар хориҷ ҳеҷ натиҷае нахоҳад дод, шахсан барои ман даҳшат буд. Умарзода, на ҳамчун як мақомдор ё пизишк, балки ҳамчун модар ҳаққи гуфтани ин суханҳоро надошт. То охирин лаҳзаи ҳаёт, то охирин нафас ҳеҷ кас ҳаққи монеъа шудан ба табобатро надорад. Ин суханони Саида Умарзода, аз назари ҳуқуқӣ нақзи ҳақ ба ҳаёт буд, ки айни ҳол ҳатто аксари кишварҳои ҷаҳон нисбати сангинтарин ҷиноят ҳам маратория эълон кардаанду ҳукми қатлро раво намебинанд.

Баъдан чизи дигаре, ки мехостам қайд кунам, барои ман хеле мусбат ва хурсандибахш ин вокуниши густардаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ, ба ин вазъият бетараф набудани журналистон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва шахсони алоҳида буд. Махсусан ташкили флешмобу пикетҳо дар чанд кишварҳои Аврупоӣ бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногуни ҷаҳон, бо талаби барқарор намудани ҳуқуқҳои нақзшудаи Ҳамза ва модари ӯ, дархост аз раисҷумҳур ҷиҳати мусоидат ба сафари модару кӯдак барои табобати Ҳамза бо имзои қариб 150 ҳазор нафар аз тамоми ҷаҳонро ба ҳеҷ ваҷҳ намешуд нодида гирифт.

Дар натиҷа, Ҳамза ба Стамбули Туркия барои табобат интиқол ёфт. Ин пирӯзии ҷомеъаи шаҳрвандӣ аст. Ин пирӯзӣ бо муборизаи бидуни хушунат ба тамоми онҳое, ки аз муборизаи осоишта дилсард шуда буданд, умеди дубора бахшид.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз рӯи мушоҳидаи ман, фаъолони сиёсии тоҷик муътадилтар аз ҳукумати худ ҳастанд. Инро ҳам мухолифони сиёсии тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит карданд.

Isloh

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: