Инсони комил (30)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби қудрат (4)

إِنَّ اللّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالإِحْسَانِ وَإِيتَاء ذِي الْقُرْبَى وَيَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ وَالْبَغْيِ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ

(Сураи Наҳл, ояти 90)

Баҳси ҷаласаи гузаштаи мо дар мавзӯи инсони комил, дар атрофи назарияи мактаби қудрат буд. Арз кардем, ки дар ин мактаб, камол мунҳасиран мусовӣ бо тавоноӣ, ва нақс мунҳасиран мусовӣ бо аҷзу нотавонӣ аст ва ҳатто неку бад ҳам бо ҳамин миқёсу меъёр санҷида мешавад: нек яъне тавоно, ва некӣ ва некӯӣ яъне тавоноӣ; ва бад яъне нотавон, ва бадӣ яъне нотавонӣ.

Фалосифа маъмулан баҳсҳоро бар асоси камолу нақс, ва мутакаллимин бар асоси ҳусну қубҳ тавҷеҳ мекунанд. Дар ин мактаб, ҳар дуи инҳо (яъне камолу нақс ва ҳусну қубҳ)-ро бо меъёри тавоноӣ ва нотавонӣ санҷидаанд. Фалосифа мегӯянд, камолу нақс; инҳо мегӯянд камол яъне тавоноӣ, нақс яъне нотавонӣ. Мутакаллимин мегӯянд, ҳусну қубҳ, некӣ ва бадӣ; инҳо мегӯянд некӣ яъне тавоноӣ, бадӣ яъне нотавонӣ. Дар ин мактаб “ҳаққу ботил” ва “адлу зулм” ҳам қаҳран бо ҳамин миқёс санҷида мешавад. Яъне ҳақ чизе нест, ки аз тавоноӣ ҷудо бошад, ва ботил чизе нест, ки аз нотавонӣ ҷудо бошад. Адлу зулм ҳам ҳамин тавр аст: адл тавоноӣ, ва зулм нотавонӣ аст. Бинобар ин, агар ду нафар бо якдигар даргир шаванд ва яке аз дигаре тавонотар бошад, он фарди тавонотар аз назари ин мактаб, ҳам комилтар аст, ҳам нектар аст, ҳам ҳақ аст ва ҳам адл, ва он ки мағлуб аст ва шикаст хӯрдааст ба ҳамин далел, ки мағлуб аст ноқис ва бад ва ботил ва зулм аст; мағлуб будан ва нотавон будан яъне нақс, бадӣ, ботил будан ва зулм.

* * *

Ишколи аввали мактаби қудрат

Дар ин мактаб, ду иштибоҳ вуҷуд дорад. Яке ин ки: тамоми арзишҳои инсонӣ ҷуз як арзиш — ки ҳамон қудрат аст — нодида гирифта шудааст. Дар ин ки қудрат, худ як арзиши инсонӣ ва дар истилоҳи имрӯзиҳо як Valeur (арзиш) аст ва ба истилоҳи фалосифаи худамон, як камол аст, тардиде нест. Қудрат бидуни шак мусовӣ бо камол аст, аммо на ин ки камол мусовӣ бо қудрат аст, ва аз ин рӯ ҳукамо ва фалосифаи мо баъд аз он ки дар мавриди зоти воҷибулвуҷуд собит мекунанд, ки ӯ вуҷуди маҳз аст, ва вуҷуди маҳз мусовӣ бо камол аст, ҳар чизеро, ки мусовӣ бо камол бошад, барои зоти Худо бо бурҳон исбот мекунанд. Мегӯянд, яке аз он камолҳо қудрат аст. Қудрат, фи ҳадди зотиҳи (дар ҳадди зоти худ) камол аст, бимо ҳува ҳува камол аст, ҳамчунон, ки илму иродаву ихтиёр камол аст ва ҳамчунон, ки ҳаёт камол аст.

Бинобар ин, дар ин ки қудрат, худ як камол барои башар аст, набояд тардид кард. Мактабҳои заъфгаро, ки аз заъф таблиғ кардаанд, қатъан иштибоҳ мекунанд. Вале масъала ин аст, ки қудрат, танҳо камол нест, ҳамчунон, ки дар зоти Ҳақ Таъоло ҳам қудрат танҳо сифати камолия нест. Зоти Ҳақ сифоти камолия ва асмои ҳуснои зиёде дорад. Яке аз он сифоти камолия, қудрат, ва яке аз он асмои ҳусно “қодир” аст, на ин ки сифоти камолияи Ҳақ Таъоло мунҳасир дар қудрат бошад.

* * *

Ишколи дуввум

Иштибоҳи дуввуми ин мактаб — ки аз иштибоҳи аввал агар бузургтар набошад, кучактар нест — иштибоҳ дар худи “қудрат” аст. На танҳо камолҳо ва арзишҳои дигар дар ин мактаб нодида гирифта шудааст, балки ин мактаб алорағми иддаое, ки мекунад, ки тарафдори қудрат аст, худи қудратро ҳам хуб нашнохтааст. Ин мактаб, як дараҷа аз дараҷоти қудратро шинохтааст, ки ҳамон қудрати ҳайвонӣ бошад. Қудрати ҳайвонӣ иборат аст аз ҳамон зӯре, ки дар азулоти ҳайвон аст. Ҳамаи қудратҳои ҳайвон қудрати азулонӣ аст, қудратҳое, ки дар азулоти ҳайвон вуҷуд дорад ва ҳамаи хостаҳои ҳайвон хостаҳои нафсонӣ аст.

Аҳаммияти башар дар ин аст, ки дар инсон мабдаи қудрате ғайр аз қудрати азулонӣ вуҷуд дорад. Яъне фаразан агар мактаби мо мактаби қудрат бошад, натиҷа он нест, ки оқои Ниче гирифтааст, ки: инсон бояд тобеъи қудрат бошад, кӯшиш кунед қудрат ба даст биёваред, ҳол, ки қудрат ба даст овардед, бар сари ҳар касе, ки заъиф аст бизанед, нафсро бипарваред ва мухолифат бо нафс накунед ва ҳар чи метавонед аз таматтуъоти моддии дунё баҳраманд шавед. На. Натиҷаи худи қудрат ҳам инҳо нест.

* * *

Қудрати руҳӣ

Ин ҷо ман бо меъёрҳои исломӣ матлаберо бароятон арз мекунам ва аз як достон аз ҳазрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шурӯъ мекунам.

Дар китобҳои ҳадис омадааст, ки Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳангоме, ки дар Мадина аз маконе убур мекарданд, ҷамъе аз ҷавонони мусалмонро диданд, дар ҳоле, ки сангеро ба аломати вазнабардорӣ ва озмоиши зӯр бармедоштанд ва бо ин санги бузург зӯрозмоӣ мекарданд (мисли инҳое, ки имрӯз вазна бармедоранд). Яке, як миқдор аз замин баланд мекард ва дигаре андаке бештар ва ба ҳамин тартиб… Ҳар кас талош мекард, ки сангро болотар бибарад. Пайғамбари Акрам он ҷо истоданд ва фармуданд:

— Оё дилатон мехоҳад, ки ман довари ин мусобиқа бошам?

Ҳама хушҳол шуданд ва гуфтанд:

— Чӣ аз ин беҳтар, ё Расулаллоҳ! Шумо довари мусобиқа бошед ва ҳукм кунед, ки кадом як аз мо қавитар ва зӯрмандтарем.

Фармуд:

— Бисёр хуб, ман довар мешавам. Эҳтиёҷ надорад, ки сангро бардоред. Ҳанӯз сангро барнадоштаед. Ман меъёре ба дасти шумо медиҳам, ки кадом як аз шумо қавитар ҳастед.

Пурсиданд:

— Кадом як қавитар ҳастем?

Фармуд:

— Он касе, ки нафсаш ӯро ба сӯи маъсияте тарғиб кунад ва дар ӯ майли як маъсият бошад ва дар муқобили ин майл истодагӣ кунад; (яъне) ин ки инсон аз чизе хушаш биёяд ва гуноҳу маъсият бошад, вале дар муқобили нафси худ истодагӣ кунад.

Пайғамбар дар ин ҷо қудрати иродаро дар муқобили майли нафсонӣ матраҳ карданд. Зӯр фақат ин нест, ки инсон сангеро аз замин бардорад. Ва қудрат фақат ин нест, ки вазнаи бисёр сангинеро ба дӯш кашад. Ин як навъ қудрат аст, ки қудрати азулонӣ аст; қудрате аст, ки дар азулоти ҳайвонҳо ҳам вуҷуд дорад ва ваҷҳи муштараки инсону ҳайвон аст. На ин ки бихоҳам бигӯям, ки ин навъ қудрат камол нест, зӯр ҳам барои инсон як камол аст. Вале болотар аз қудрати азулонӣ, ки дар бозу ва азулоти инсон ҳаст, қудрати ирода аст. Қудрати ирода ин аст, ки инсон битавонад дар муқобили муштаҳёти нафсонии худ истодагӣ ва муқовимат кунад.

Рӯи ҳамин мантиқ аст, ки дар ахлоқи исломӣ ва аз ҷумла дар адабиёти ирфонии мо, ҳамеша ин масъала ба унвони як қудрат номида шудааст. Боз Пайғамбар фармуд:

أشجع الناس من غلب هواه

«Аз ҳамаи мардум шуҷоътар ва диловартар ва далертар он касе аст, ки бар ҳавои нафси худ пирӯз шавад

Ин ҷо низ масъалаи шуҷоат ва қудрат ва ғалаба матраҳ аст. Саъдӣ мегӯяд:

Гарат аз даст барояд, даҳане ширин кун,

Мардӣ он нест, ки муште бизанӣ бар даҳане.

Мардонагӣ (1) (яъне қуввату қудрат) ин нест, ки инсон мушти гиреҳкардаро ба даҳони дигаре бизанад; қудрат ин аст, ки инсон алорағми майли нафсонии худ, ба ҷои коми худаш коми дигареро ширин кунад. Мавлавӣ мегӯяд:

Вақти хашму вақти шаҳват, мард ку?

Толиби марде давонам кӯ ба кӯ.

Мавлавӣ мардонагиро дар ин ҷо месанҷад ва мегӯяд: вақти хашму шаҳват, мард ку? Мард он касе аст, ки вақте хашмаш барангехта мешавад ва табдил ба конуне аз оташ мегардад, дорои як иродаи қавӣ бошад ва дар муқобили ин оташ, ки исмаш хашм аст истодагӣ кунад. Ва ҳамчунин дар вақте, ки шаҳват ба ҳаяҷон меояд ва мехоҳад инсонро беихтиёр кунад, дар муқобили шаҳвати худ қиём кунад. Инҳоро “қувват” ва “қудрат” мегӯянд.

Тамоми он маҳосини ахлоқӣ, ки муаллимони ахлоқ гуфтаанд ва оқои Ниче ба унвони ин ки заъф аст нафю рад мекунад, агар дуруст бисанҷем, ҳамаи онҳо қудрат аст. Бале, ман қабул дорам, ки гоҳе дар баъзе аз маворид як чизҳое, ки дар воқеъ қудрат нест ва заъф аст, бо қудрат иштибоҳ мешавад ва аз ин рӯ ҳамеша уламои ахлоқ мегӯянд, ки отифа бояд тавъам бо ақлу имон бошад, яъне сирфи ин ки авотифи инсон дар як ҷо барангехта шуд, кофӣ нест; бояд бо миқёси ақл санҷид, ки оё ин отифа, баҷо ва мантиқӣ аст ё мантиқӣ нест?!

* * *

Отифаҳои баҷо ва нобаҷо

Шеъре аз Саъдӣ ва ҳамчунин ояте аз Қуръонро барои шумо мехонам. Шеъри Саъдӣ ин аст:

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамкорӣ бувад бар гӯсфандон.

Тараҳҳум ба паланги даранда ё як гург, ситам ба гӯсфанд аст. Яъне вақте мехоҳанд гургеро, ки садҳо гӯсфандро даридааст бигиранд ва бикушанд, агар касе ҳисси тараҳҳумаш барангехта шавад, бояд бидонад, ки ин тараҳҳум мусовии қасоват нисбат ба гӯсфандон аст. Ин албатта масал аст. Мақсудаш ин аст, ки тараҳҳум нисбат ба инсони золими ситамгар, қасоват нисбат ба инсонҳои зердасти маҳрум аст, ва одамҳои заъиф нисбат ба ситамгарон тараҳҳум меварзанд.

Ояти Қуръон дар бораи зонӣ ва зония аст, дар бораи марду зане, ки зино мекунанд. Агар марди зандоре зино кунад, муҷозоти ӯ дар ислом сангсор кардан аст, ва агар зани шавҳардоре зино кунад, муҷозоти ӯ низ сангсор кардан аст. Қуръон мегӯяд инҳоро муҷозот кунед

وَلْيَشْهَدْ عَذَابَهُمَا طَائِفَةٌ مِّنَ الْمُؤْمِنِينَ

«Ва ҳатман гурӯҳе аз мӯъминин ҳозир бошанд ва дар маросими эъдоми онон ширкат кунанд.» (Сураи Нур, ояти 2) Ин ҷо ҷое аст, ки нуфуси заъиф, ки масолеҳи олии иҷтимоъро дар назар намегиранд, чӣ басо вақте бибинанд ду инсон доранд эъдом мешаванд, авотифашон таҳрик шавад ва бигӯянд: чӣ хуб аст ба инҳо раҳм кунед ва ин корро накунед! Қуръон мегӯяд:

وَلَا تَأْخُذْكُم بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللَّهِ

«Дар кори дини Худо, нисбат ба он ду дилсӯзӣ накунед…» (Сураи Нур, ояти 2) Ин ҷо мавқеъи муҷозоти илоҳӣ аст ва қонуни илоҳӣ бар асоси масолеҳи олӣ ва куллии башарият танзим шудааст ва ҷои раъфату дилраҳмӣ нест. Ин раъфат, қасоват нисбат ба иҷтимоъ аст.

Айни ҳамин матлаб, имрӯз хеле матраҳ аст, ки бисёре аз афрод пайдо мешаванд ва мегӯянд: муҷозоти эъдом яъне чӣ? Муҷозоти эъдом, ғайриинсонӣ аст. Яъне ҷонӣ ҳар ҷиноятеро муртакиб шуд, набояд эъдом шавад. Инҳо сухани худро чӣ гуна тавҷеҳ мекунанд ва чӣ таҳлиле мекунанд? Мегӯянд: ҷониро бояд ислоҳ кард.

Аҷаб муғолатаи бузурге! Шак надорад, ки инсонҳоро бояд ислоҳ кард, вале қабл аз он ки муртакиби ҷиноят шаванд бояд ислоҳ кард ва нагузошт, ки аз онҳо ҷинояте сар бизанад. Аммо дар ҷомеа, ё тарбият ба қадри кофӣ вуҷуд надорад ва на танҳо авомили ислоҳ вуҷуд надорад, балки авомили фасоду ифсод вуҷуд дорад, ва ё фаразан авомили ислоҳ ба қадри кофӣ вуҷуд дорад, вале ҳамеша аносури мунҳарифе ҳастанд, ки алорағми авомили ислоҳӣ даст ба ҷиноят мезананд. Барои инҳо чӣ фикре бояд кард? Ҳамин қадр, ки муҷозоти эъдом илғо шавад, он ҷониҳои билқувваи ислоҳнашуда — ки чун авомили тарбиятӣ вуҷуд надорад ва ё фаразан вуҷуд дорад ва кофӣ нест, ислоҳ нашудаанд — ва як идда ҷонии битфитрае, ки ба ҳар шакле руҳи ҷиноят дар онҳо ҳаст, даст ба ҷиноят мезананд. Мо имрӯз ба баҳонаи ин ки ҷониро бояд ислоҳ кард, ба ин маъно, ки бигузор ҷонӣ ҷиноят кунад ва баъд, ки ҷиноят кард, биравем ӯро ислоҳ кунем, дорем ба ҳамаи ҷониҳои билқувва чароғи сабз медиҳем ва балки ин кори мо ташвиқи ҷонӣ ба ҷиноят аст. Ҷонӣ пеши худ мегӯяд: ҷомеа то ба ҳол ба фикри ислоҳи ман набуд ва ман бачча, ки будам, падарам маро тарбияту ислоҳ накард, баъд ҳам, ки бузург шудам, касе маро ислоҳ накард; биравем ҷиноят кунем, то моро зиндон бибаранд, балки дар зиндон моро тарбияту ислоҳ кунанд ва дар он ҷо одам бишавем; пас як ҷинояте бикунем, то муқаддимаи ислоҳ карданамон бошад!

Дигаре мегӯяд: яъне чӣ, ки дасти дуздро бояд бурид?! Ин амал, ғайриинсонӣ аст ва дили инсон ба раҳм меояд. Одамҳое, ки шуоъи дидашон кӯтоҳ аст, ин ҳарфро мезананд. Шумо ба сафаҳоти ҳаводиси рӯзномаҳо нигоҳ кунед ва ин сафаҳотро бихонед ва бибинед, дар асари дуздӣ на фақат амволи зиёде рубуда мешавад, балки чӣ қадр ҷиноятҳо ва одамкушиҳо воқеъ мешавад. Агар муҷозоти дузд дар ҷои худаш сурат гирад ва дузд мутмаин бошад ва яқин дошта бошад, ки агар дуздӣ кунад ва ба чанголи пулис ва қонун биафтад, ин чаҳор ангушташро қатъ мекунанд ва то охири умр доғи ин ҷиноят рӯи баданаш ҳаст, ҳаргиз дуздӣ намекунад. Ба Худо, агар чанд дузд ва балки як дузд ин гуна муҷозот шавад, аслан дари дуздӣ баста мешавад.

Ҳоҷиҳое, ки дар панҷоҳ-шаст сол пеш Макка рафтаанд, медонанд ва касоне, ки худашон дар он мавқеъ нарафтаанд шояд шунида бошанд, ки дар Арабистон вазъи дуздӣ ба чӣ сурат будааст. Дар он замон, ки автомобил ва ҳавопаймо набуд, қофилаҳои ҳуҷҷоҷ бо шутур ва амсоли он ҳаракат мекарданд ва бо ин ки мусаллаҳ мешуданд ва афроди низомӣ ҳамроҳи худ мебурданд, аз ду ҳазор нафар камтар ҷуръат намекарданд, ки ин роҳҳоро тай кунанд. Бо ҳамаи ин аҳвол соле набуд, ки шунида нашавад, ки роҳзанҳо ба қофилаҳои ҳуҷҷоҷ шабихун заданд ва чӣ қадр одам куштанд ва чӣ қадр амволи мардумро бурданд ва чӣ қадр аз худи онҳо кушта шуданд, вале ин ҷур кушта шуданҳо чун рӯи ҳисоби эҳтимолот аст, ҷилави дуздии касеро намегирад. Шояд соле садҳо дузд ва садҳо ҳоҷӣ кушта мешуданд, вале асаре надошт. Давлати Саудӣ лоақал ҳамин як кораш дар дунё хуб буд — ҳол ба ин ки ҳазор кори бад дорад, ман коре надорам — ва яке ду сол ин корро кард, яъне ангушти дуздро бурид. Дуздеро ба Арафот ё Мино ва ё ҷои дигаре, ки ҳамаи ҳуҷҷоҷ буданд —

وَلْيَشْهَدْ عَذَابَهُمَا طَائِفَةٌ مِّنَ الْمُؤْمِنِينَ

— оварданд ва дасти ӯро буриданд ва бори дигар ин корро такрор карданд. Якдафъа диданд он ҳаромиён ва иддаи дигаре, ки ба иллати гуруснагии зиёд даст ба дуздӣ мезаданд, ин амалро тарк карданд ва асосан дуздӣ аз байн рафт. Мардум диданд, ки дар ҳамон сарзамин, бору чамадони ҳоҷӣ меафтад ва чандин рӯз мегузарад ва аҳаде ҷуръат намекунад ба он даст бизанад ё бо пояш онро такон диҳад ва дар охири кор, соҳибаш пайдо мешавад. Ин барои он аст, ки муҷозоте дар ҷои худаш сурат мегирад. Қуръон мегӯяд:

وَلَا تَأْخُذْكُم بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللَّهِ

Пас, ин навъ раъфатҳо, дил сӯхтанҳо ва тараҳҳумҳо, тараҳҳумҳои ғайримантиқӣ аст. Яъне қасоватҳое аст ба сурати тараҳҳум, ва ба иборати дигар, ин навъ тараҳҳум, тараҳҳум дар як маврид ва қасоват дар мавориди дигар аст. Ин навъ тараҳҳумҳоро набояд монанди истодагӣ дар баробари шаҳавот ва амёли нафсонӣ, навъе қудрат ба ҳисоб овард.

Бинобар ин, мактаби қудрат — ки доиман дам аз қудрат мезанад ва мегӯяд марди бартар ва инсони комил бояд аз қудрати комил баҳраманд бошад ва нуқоти заъфи вуҷуди худро масдуд карда бошад — гузашта аз ин ки соири арзишҳои инсонро нашнохтааст, худи қудратро ҳам нашнохта ва маънии қудратро нафаҳмида ва ҳақиқати қудратро надонистааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Саъдӣ ҳам ба дунболи “абармард” мегардад.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: