Шарҳи Маснавӣ (305)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (48)

* * *

Таъйин кардани зан тариқи талаби рӯзӣ, кадхудои худро ва қабул кардани ӯ (2)

* * *

Ҳамнишиний муқбилон чун кимиёст,

Чун назаршон кимиёе худ куҷост?

Мусоҳибат бо саодатмандону некбахтони ҳақиқӣ, ҳукми кимиё дорад. Ва оё кимиёе ҳамчун нигоҳи онон ёфт мешавад?

Нукта: Дар ин чанд байт, таъсири ҳамнишинӣ ва сӯҳбат баён шудааст. Бидуни шак, ҳамнишинӣ бо дигарон, бар руҳу равони одамӣ таъсир мегузорад ва шахсияти инсон дар ҳамнишиниҳо шакл мегирад. Агар тарафи сӯҳбат (ҳамнишинӣ), хубу солеҳ бошад, шахсияти инсонро ба наҳви матлуб шакл медиҳад. Ва гоҳ мумкин аст тарафи сӯҳбат, афроде номатлуб бошанд, ва мусалламан ин низ бар равони одамӣ таъсир мегузорад. Барои ҳамин аст, ки дар паёми ваҳй суфориш шудааст, ки бояд бо муваҳҳидон ва орифон нишасту бархост кард. Дар сураи Каҳф, ояти 28 мефармояд:

وَاصْبِرْ نَفْسَكَ مَعَ الَّذِينَ يَدْعُونَ رَبَّهُم بِالْغَدَاةِ وَالْعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجْهَهُ

«Эй паёмбар! Бо касоне нишин, ки бомдодон ва шабонгоҳон моро хоҳанд ва зикри мо гӯянд…»

Аз ин рӯст, ки дар китобҳои ирфонӣ ва мутуни ахлоқӣ бар ин кор арҷ ниҳодаанд. Албатта сӯҳбат (ҳамнишинӣ) одобе дорад, ки тафсилан дар китобҳои марбута ба ин мавзӯъ омадааст: «Ва аз одоби эшон яке он аст, ки сӯҳбат бо ҳар кас ба қадри ҳоли ӯ кунад.» (Одобул-муридин, с.102) Ва дар аҳаммияти сӯҳбат (ҳамнишинӣ) бо некон гуфтаанд: «Бидон, ки соликро ҳеч шарбате баъд аз тавба созгортар аз сӯҳбати покон нест.» (Луббу лубоби Маснавӣ, с.137) Ва билохира, Мавлоно дар бораи аҳаммияти сӯҳбат бо солеҳон ва парҳез аз ҳамнишинӣ бо бадон гӯяд:

Ҳар ки хоҳад ҳамнишинӣ бо Худо,

Гӯ нишин андар ҳузури авлиё.

Аз ҳузури авлиё гар бигсалӣ,

Ту ҳалокӣ з-он, ки ҷузвӣ на кулӣ.

Чун шавӣ дур аз ҳузури авлиё,

Дар ҳақиқат гаштаӣ дур аз Худо.

Чашми Аҳмад бар Абӯбакре зада,

Ӯ зи як тасдиқ, сиддиқе шуда.

Масалан ҳазрати Хатмимартибат (с) бо чашми мубораки худ ба Абӯбакр (р) ишорате фармуд, ва ӯ он ҷанобро тасдиқ намуд ва ба воситаи ҳамин як тасдиқ, ба лақаби «Сиддиқ» мулаққаб шуд.

Нукта: «Сиддиқ» ба маънои бисёр ростгӯ, лақаби Абӯбакр (р) аст. Вай, ки нахустин халифа аз хулафои рошидин аст, аз он рӯ ба Сиддиқ лақаб ёфта, ки меъроҷи Набӣ (с)-ро тасдиқ кардааст, дар ҳоле, ки мушрикон онро мункир буданд. Бархе низ гуфтаанд, ки ба даврони ҷоҳилият низ ҳамин лақабро доштааст. (Аъломи Заркалӣ, ҷ.4, с.238)

Гуфт: ман шаҳро пазиро чун шавам?

Бе баҳона сӯйи ӯ ман чун равам?

Аъробӣ ба ҳамсари худ гуфт: ман чӣ гуна шоҳро пазиро шавам? Ба чӣ унвон, шоистагии расидан ба маҳзарашро пайдо кунам? Бе сабабу дастовез чӣ гуна назди шоҳ равам?

Нисбате бояд маро ё ҳилате,

Ҳеч пеша рост шуд бе олате?

Бояд дастовезе дошта бошам, ки ба маҳзари шоҳ наздик шавам. Оё ҳеч пеша ва санъате бидуни абзори марбута, шуданӣ аст?

Ҳамчу он Маҷнун, ки бишнид аз яке,

Ки мараз омад ба Лайлӣ андаке.

Гуфт: о ваҳ, бе баҳона чун равам?

В-ар бимонам аз иёдат чун шавам?

Лайтанӣ кунту табибан ҳозиқан,

Кунту амшӣ наҳва Лайлӣ собиқан.

Монанди он Маҷнун, ки аз яке шунид, ки Лайлӣ касолате пайдо кардааст ва гуфт: эй вой! Бе баҳона ва дастовез чӣ гуна метавонам пеши Лайлӣ биравам? Ва агар ҳам ба иёдаташ наравам, чӣ кор кунам? Агар аҳволпурсиашро накунам, пас чӣ кунам? Эй кош пизишке чираву моҳир мебудам ва бо шитобу суръати тамом ба сӯи Лайлӣ мерафтам!

Нукта: Байти ахир баргирифта аз ашъори мансуб ба Маҷнун ибни Банӣ Омир аст, ки яке аз абёти он ин аст:

يقولون ليلى بالعراق مريضة

فيا ليتني كنت الطبيب المداويا

«Гӯянд, ки Лайлӣ дар Ироқ бемор аст. Эй кош табибе ҳозиқ будам!» (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1126)

Қул таъолав гуфт Ҳақ моро бад-он,

То бувад шармишкане моро нишон.

Худованд аз он рӯ ба мо фармуд: «биёед!», ки шарми моро фурӯ резад ва битавонем ба висоли ӯ расем.

Нукта: Мисроъи аввал ишора ба ояти 151 сураи Анъом дорад:

قُلْ تَعَالَوْاْ أَتْلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمْ عَلَيْكُمْ

«Эй паёмбар! Бигӯ: ба сӯи ман ойед, ки бар шумо хонам он чиро, ки парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст

Манзури байт: башар вақте ба ночизии худ ва азамати бекарони илоҳӣ пай мебарад, шармсор меояд, ки ӯро бихонад, аммо Худованд ба иқтизои ваҷҳи раҳмонии худ, пешқадам мешавад ва инсонро ба сӯи худ мехонад, то шарми ӯро бирезад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.794)

Шабпаронро гар назар в-олат будӣ,

Рӯзашон ҷавлону хушҳолат будӣ.

Ба унвони мисол: шабпараҳо агар истеъдоду абзори нигоҳ кардан доштанд, монанди соири парандагон парвоз дар рӯз барои онҳо хушоянд буд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: