Перейти к содержимому

Чаро сиёсати Тромп дар қиболи Эрон маҳкум ба фаност?

Таҳлиле дар нашрияи National Interest

Дар яке аз рӯзҳои моҳи майи соли 1946, консули Ангилис дар Хуррамшаҳр, гузориши як иттифоқи дардисарсозро дод. Як зани эронӣ мардумро даври худ ҷамъ карда ва иддао карда буд, ки ширкати нафти Эрон – Ангилис дар ҳоли ғорати «сарвати Эрон» аст ва ҳуқуқи бисёр ночизе ба коргарони эронӣ медиҳад. Ӯ хостори ҳуқуқи баробар бо кор ва миллӣ шудани санъати нафт буд.

Ширкати нафти Эрон — Ангилис пас аз қарордоди D’Arcy дар соли 1901, контроли комили нафти Эронро ба даст гирифт, ки дар соли 1933 подшоҳи вақт, Ризо Паҳлавӣ, шаш соли дигар ин қарордодро тамдид кард. Дар авоили даҳаи 1950, ин ширкати нафтӣ дар Эрон, бузургтарин полоишгоҳи нафтии дунёро дошт ва дуввумин содиркунандаи бузурги нафт буд, ки 85 дарсади сӯхти нерӯи дарёии Бритониёро таъмин мекард.

Сиёсати хасмонаи давлати Тромп алайҳи Эрон, ёдовари дахолатҳои мухарриби гузашта дар ин кишвар аст. Нақзи тавофуқи ҳастаӣ, алорағми пойбандии комили Эрон ба он, манъи эрониён аз вуруд ба Омрико ва эъмоли ҳаддиаксар фишорҳо дар қолаби таҳримҳои иқтисодии фалаҷкунанда ва костан аз нуфузи Эрон дар минтақа, аз намунаҳои ошкори ин рафтори Тромп аст. Стивен Мнучин (Steven Mnuchin), вазири хазонадории Омрико, ҳатто эълом кардааст, ки Омрико мехоҳад содироти нафти Эрон – ки шараёни ҳаётии иқтисоди Эрон аст — ро ба сифр бирасонад.

Тромп бо паёми таҳдидомез ва девонавораш дар Твиттер низ ба хубӣ хашми худро аз Эрон нишон дод:

«Ҳеч вақт, ҳеҷ вақт Иёлоти Муттаҳидаро дубора таҳдид накун, вагарна паёмадҳоеро мутаҳаммил хоҳед шуд, ки бар сари камтар касоне дар тӯли таърих, овардаем. Мо дигар он кишваре нестем, ки ҳарфҳои ҷунуномези шуморо дар мавриди хушунат ва марг таҳаммул кунем. Ҳавоссат бошад!«

Илова бар ин лаффозиҳо ва иқдомот, Мойк Помпео, вазири умури хориҷа, листе аз дархостҳои сифту сахт аз Эрон ироа карда, ки ин дархостҳо дар воқеъ роҳро бар иқдомоти диплумотик баста, ва нишон медиҳад, ки давлати Омрико ба дунболи фурӯпошии ҳукумати Эрон аст.

Алорағми сиёсати хасмонаи ошкори Тромп алайҳи Эрон, боз ҳам ӯ вонамуд мекунад, ки нигарони мардуми Эрон аст! Мардуме, ки ба хотири сиёсатҳояш, бо мушкилоти иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунанд. Дар замони тарки тавофуқи ҳастаӣ Тромп гуфт: «Мардуми Эрон муддатҳои мадиде аст, ки мутаҳаммили ранҷ ҳастанд!», ва эълом кард, ки «Ояндаи Эрон мутаъаллиқ ба мардумаш аст!«

Ин фикри Тромп иштибоҳ аст, ки сиёсатҳояш боиси нармиши мақомот дар Теҳрон ва ё тағйири равияи онҳо хоҳад шуд. Як далели содда ҳам дорад: аксари эрониҳо, бо ҳар дидгоҳе, ки нисбат ба давлаташон доранд, мухолифи дахолати Омрико дар умурашон ҳастанд. Ин адами тамоюли эрониҳо нашъатгирифта аз дахолати қудратҳои ғарбӣ тайи сад соли гузашта дар Эрон аст. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки ин беэътимодӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, ҳатто бо вуҷуди ин ки бисёре аз эрониҳо алоқаманд ба фарҳанги Омрико ва хостори равобити беҳтаре бо ғарб ҳастанд.

Дувоздаҳ дархости Помпео, ёдовари даврони гузашта аст. Дар воқеъ Помпео хостори сарсупурдагии комили Эрон дар заминаи барномаи ҳастаии ғайринизомиаш, костан аз нуфузи минтақиаш ва низ додани ихтиёри томм ба бозрасон барои сар задан ба ҳар макон дар ин кишвар аст. Давлати Тромп ба ҷои ин ки ба дунболи созиши диплумотик бошад, ҷанги иқтисодӣ бо ҳадафи сарнагунии ҳукуматро интихоб кардааст – истротежие, ки тадбири муттаҳидони наздики Тромп, подшоҳи Арабистон ва валиҳад Муҳаммад бен Салмон, ҳокими Аморот, Муҳаммад бен Зоид ва нахуствазири Исроил, Бенёмин Натонёҳу будааст.

Бино бар чандин гузориш, давлати Тромп бо Исроил «коргурӯҳи муштараке» ба манзури тамаркуз бар «иқдомоти дохилӣ барои ҳимоят аз эътирозот дар Эрон» ташкил додаанд. Чунин иқдомоте боиси афзоиши танишҳо бо Ҷумҳурии Исломӣ хоҳад шуд.

Эрониҳо муддатҳост, ки бо қудратҳои хориҷӣ бо иқтидор бархӯрд мекунанд. Дидори Помпео бо шахсиятҳои мухолифи эронӣ, ки афроде рондашуда ҳастанд, ин воқеиятро тағйир намедиҳад, ки рӯйкарди давлат боиси осеб ба мардуми оддии Эрон, сахт шудани шароит барои гурӯҳҳои мухолиф дар дохили Эрон ва қудрат гирифтани сарсахттарин афроди тарафдори тамомиятхоҳӣ дар Теҳрон мешавад.

Агар нияти Вошингтун дар ҳимоят аз мардуми Эрон барои беҳбуди озодиҳои маданӣ, ҳуқуқи башар ва рифоҳи мардум содиқона бошад, бояд бидонад, ки чунин дастоварде танҳо аз тариқи рухдоди тағйироти сиёсии асосӣ муҳаққақ мешавад ва иқдомоти Тромп ва муттаҳидони мустабидди минтақаиаш роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.

Ин иқдомоти хасмонаи давлати Омрико боиси ёдоварии дахолатҳои мухарриби гузаштаи ғарбиҳо дар Эрон мешавад.

National Interest

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: