Перейти к содержимому

Инсони комил (31)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби қудрат (5)

Қудрати воқеӣ дар аҳодис

Қудрат он аст, ки инсон ба кӯмаки дигарон биштобад. Як руҳи муқтадир он аст, ки ба фаразандони худ мегӯяд:

كونا للظالم خصما وللمظلوم عونا

Алӣ (а) хитоб ба ду фаразанди азизаш Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн (а) мефармояд: фаразандони ман! Ҳамеша қудрат ва нерӯи шумо ба кӯмаки мазлум ва ба ситезаи бо золим биштобад. (Наҳҷул-балоға, номаи 47) Ин кор ношӣ аз қудрат аст. Иттифоқан кинатӯзиҳо, ҳасодатҳо, бадхоҳиҳо ва ҳамин чизҳое, ки оқои Ниче пешниҳод мекунад, ҳамагӣ ношӣ аз заъф аст. Одаме, ки дилаш мехоҳад доиман аз ҳамаи мардум интиқом бигирад ва бадии ҳамаи мардумро мехоҳад ва он касе, ки содизм дорад ва ҳамеша мехоҳад озораш ба дигарон бирасад, корҳояш аз қудрат нест — он тавр, ки оқои Ниче гуфта — балки ношӣ аз заъф аст. Инсон ҳарчи муқтадиртар бошад, ҳасаду кинааш камтар аст.

Ҷумлае аз Имом Ҳусайн (а) барои шумо нақл мекунам:

القدرة تذهب الحفيظة

Ҷумлаи хеле аҷибе аст ва бар мулоҳизоти равонии бисёр дақиқе бино шудааст. Мефармояд: қудрат кинаро аз байн мебарад. Яъне вақте инсон дар худаш эҳсоси қудрат кунад, нисбат ба дигарон кина надорад. Дар нуқтаи муқобил, одами заъиф аст, ки ҳамеша кинаи дигаронро дар дил дорад. Одами заъиф аст, ки ҳамеша нисбат ба дигарон ҳасодат меварзад.

Ҷумлаи дигаре аз Амирулмӯъминин (а) дар боби ғайбат нақл мекунам. Аз Алӣ (а) мепурсанд: чӣ касоне ғайбат мекунанд ва ҳамеша дилашон мехоҳад пушти сари мардум ҳарф бизананд ва бадгӯӣ кунанд ва аз бадгӯии дигарон лаззат мебаранд? Алӣ (а) мефармояд: заъифҳо, оҷизҳо, нотавонҳо:

الغيبة جُهد العاجز

«Ғайбат мунтаҳои кӯшиши як одами нотавон аст.» (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 461) Як инсони қавӣ ва муқтадир ва он касе, ки дар руҳи худ эҳсоси қудрат мекунад, ору нангаш меояд, ки ғайбат кунад ва ғайбатро кори даниҳо ва заъифон ва кори пасте медонад. Як инсони қавӣ ҳозир нест пушти сари мардум ғайбат кунад ва ё ғайбати дигаронро бишнавад. Алӣ (а) ғайбатро мустанад ба заъф мекунад ва мегӯяд: инсони қавӣ ва муқтадир ва як руҳи муқтадир ҳаргиз ғайбат намекунад.

Ҳатто Алӣ (а) зиноро ҳам ба заъф таълил мекунад, мефармояд:

ما زنى غيور قطّ

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 305) Дар ҳамаи дунё як одаме, ки як ҷав ғайрат дошта бошад, бо зане зино накарда ва ба номуси мардум хиёнат накардааст; фақат одамҳои беғайрат зино мекунанд. Одами беғайрат одаме аст, ки дар худаш ҳам эҳсоси заъф мекунад, яъне одаме, ки воқеан агар дигарон ҳам нисбат ба номуси ӯ коре кунанд, он қадрҳо какаш намегазад (яъне барояш муҳим нест). Фақат беғайратҳо ҳастанд, ки зино мекунанд, ғаюрҳо ҳаргиз зино намекунанд:

ما زنى غيور قطّ

Вале оқои Ниче ин қудратҳоро дигар намешиносад. Аз назари ӯ, қудрат яъне фақат зӯри бозу, яъне аслиҳа, яъне оҳан доштан ва бо оҳан ба сари дигаре задан ва кӯбидан. Марди бартар аз назари ӯ яъне як ҳайвони гунда, як марде, ки зӯри бозуяш хеле зиёд аст, вале ин одам аз қуввату қудрати руҳӣ асосан хабар надорад ва чизе намедонад.

Пас, дар мактаби ислом, бидуни шак, қудрат як арзиш ва як камоли инсонӣ ва яке аз хутути чеҳраи инсони комил аст. Ислом, инсони заъифро намеписандад:

انّ الله يبغض المؤمن الضعيف

«Худо аз одамҳои сусту нотавон бадаш меояд.» (Кофӣ, 5/59)

Пас, ислом аввалан, танҳо арзиши инсонро қудрат намедонад ва дар канори он ба арзишҳои дигаре ҳам қоил аст. Ва сониян, таъбири қудрат дар ислом, бо таъбире, ки оқои Ниче ва суфастоиён ва Мокёвеллӣ ва амсоли инҳо аз қудрат мекунанд, мутафовит аст. Ислом қудратҳоеро дар инсон суроғ дорад ва он қудратҳоро тақвият ва таҳрик мекунад, ки натиҷааш ғайр аз чизе аст, ки Ниче гуфтааст, балки хайри ҷомеа дар он аст.

Ниче мегӯяд: аслан, ин ки инсон дилаш месӯзад, аз заъф аст. Бояд ба ӯ гуфт: сӯҳбати ин нест, сӯҳбати файёзият аст, сӯҳбати ҷуду карам аст, сӯҳбати хайр расондан аст. Чаро матлабро аз ин тараф намебинӣ? Оқои Ниче! Ин ҳарфро ба ин шакл матраҳ кун: оё як одами қудратманд файзаш ба дигарон мерасад ё як одами заъиф? Файз расондан, аз қудрат аст ё заъф? Файз расондан аз қудрат аст, на аз заъф.

* * *

Мактаби муҳаббат (1)

Мактаби дигар — ки бештар дар Ҳинд ва то андозае дар байни масеҳиён таблиғ шудааст — мактаби муҳаббат аст. Албатта, масеҳиён мактаби худро мактаби муҳаббат меноманд, вале — чунонки арз кардем — дар мактаби муҳаббат ба ҷое рафтаанд, ки мактаби онҳоро бояд мактаби заъф номид. Яъне мактаби заъфситоӣ аст, на мактаби муҳаббат. Вале мактаби ҳиндиҳоро мешавад мактаби муҳаббат номид. Мактаби муҳаббат чист?

Мактаби муҳаббат камоли инсонро мусовӣ бо хидмат ба халқ ва муҳаббат кардан ба мардум медонад, яъне дуруст нуқтаи муқобили мактаби Ниче. Ҳар чиро, ки Ниче нафй мекард, инҳо исбот ва тавсия мекунанд. Мегӯянд: асосан инсони комил яъне инсоне, ки хайраш ба халқи Худо бирасад. Инсоният яъне хайр расондан ба халқ. Алъон ҳам дар мактабҳои фарангӣ — гӯ ин ки чунонки арз кардам худи фарангиҳо амалан ба ин ҳарф пойбанд нестанд — вақте мегӯянд инсоният ва инсонгароӣ, мақсудашон ҳамин хидмат ба мардум ва муҳаббат ба мардум аст. Маҷаллот ва ҷароиди мо ҳам вақте мегӯянд фалон чиз инсонӣ аст ё инсонӣ нест, ҷуз ин қасд намекунанд. (1) Вақте мегӯянд фалон чиз инсонӣ аст, яъне аз назари халқи Худо хайрхоҳона аст, ва “инсонӣ нест” яъне ба нафъи мардум нест. Бинобар ин, аз назари инҳо инсоният ҷуз хидмат ба мардум ва халқи Худо чизи дигаре нест.

Гоҳе дар байни шуарои мо ҳам таъбироти муболиғаомезе шудааст. Масалан, Саъдӣ мегӯяд:

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,

Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.

Албатта Саъдӣ дар ин ҷо манзури дигаре дорад ва манзури ӯ он идда аз мутасаввифа аст, ки корашон фақат тасбеҳу саҷҷода паҳн кардан ва далқи дарвешӣ пӯшидан аст ва асосан аз корҳои хайрхоҳона чизе сарашон намешавад. Саъдӣ, бо ин ки худаш як дарвеш аст, хитобаш ба он дарвешҳое аст, ки аз хидмат ба халқ чизе намефаҳманд. Мунтаҳо, аввал бо як лисони муболиғаомезе мегӯяд: ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест.

Гоҳе ҳамин матлабро бо таъбироти дигаре мегӯянд, ки таъбироти нодурусте аст: Май бихӯр, минбар бисӯзон, мардумозорӣ накун!

Аз назари инҳо, фақат дар дунё як бадӣ вуҷуд дорад, ва он мардумозорӣ аст, ва як хубӣ вуҷуд дорад, ва он эҳсон ба мардум аст. Мактаби муҳаббат ҳарфаш ин аст, ки фақат як камол ва як арзиш ва як некӣ вуҷуд дорад, ва он, хайр расондан ба мардум аст, ва фақат як нақс ва як бадӣ вуҷуд дорад, ва он, озор расондан ба мардум аст.

* * *

Даъвати Қуръон ба эҳсону исор

Ин мактабро ҳам бояд бисанҷем. Дар ин ки аз назари ислом хидмат кардан ба халқ ва эҳсон ба мардум, худаш як арзише аз арзишҳои инсонӣ ва илоҳӣ аст, ҳеч шакке нест. Муҳаббат ва хидмат ба мардум ва дарди мардумро доштан, аз назари ислом худ як камол ва як арзиш ва як некӣ аст ва мақомаш ҳам бисёр олӣ аст, вале ислом бо инҳисораш мухолиф аст.

Оятеро дар ибтидои сухан тиловат кардам:

إِنَّ اللّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالإِحْسَانِ وَإِيتَاء ذِي الْقُرْبَى وَيَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ وَالْبَغْيِ

(Сураи Наҳл, ояти 90)

Худо шумо мусалмонҳоро яке ба адл (2) амр мекунад ва фармон медиҳад ва дигаре ба эҳсон, ки аз назари ахлоқӣ — на иҷтимоӣ — болотар аз адл аст. Худо фармон медиҳад, ки на танҳо по рӯи ҳуқуқи мардум нагузоред ва таҷовуз ба ҳуқуқи мардум накунед, балки аз ҳуқуқи машрӯи худ ба мардум некӣ кунед.

Исор як асли қуръонӣ аст. Исор яъне гузашт. Яъне муқаддам доштани дигарон бар худ дар он чи моли худи инсон аст ва ба он камоли эҳтиёҷро дорад ва дар айни камоли эҳтиёҷ, дигариро бар худ муқаддам медорад. Исор яке аз бошукӯҳтарин мазоҳири инсоният аст ва Қуръон аҷиб исорро сутудааст. Дар бораи асҳоби Пайғамбар яъне Ансор, ки Муҳоҷиринро бар худашон муқаддам медоштанд, мефармояд:

وَيُؤْثِرُونَ عَلَى أَنفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ

«Ва ҳарчанд дар хуашон эҳтиёҷе бошад, онҳоро бар худашон муқаддам медоранд…» (Сураи Ҳашр, ояти 9) Ё дар оёте, ки дар сураи “Ҳал ато» дар шаъни Алӣ (а) ва Заҳрои Марзия (а) ва Ҳасанайн (а) ва аҳли байт нозил шудааст, мефармояд:

وَيُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَى حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا. إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ اللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمْ جَزَاء وَلَا شُكُورًا

«Ва ба поси дӯстии Худо, бенаво ва ятим ва асирро таъом медоданд. (Ва мегуфтанд:) мо барои хушнудии Худост, ки ба шумо таъом медиҳем ва подошу сипосе аз шумо намехоҳем.» (Сураи Инсон, оятҳои 8 ва 9), ки достонашро ҳама шунидаем. Баъд аз як беморӣ, ки Ҳасанайн доштанд, Алӣ (а) ва Заҳро (а) назр мекунанд ва рӯза мегиранд, ва авқоте аст, ки Алӣ (а) дар берун кор мекунад ва масалан ҷаве таҳия мекунад ва Заҳро аз он ноне мепазад ва омода мекунад. Вақти ифтор мискине мерасад ва инҳо он чи худ доштанд, ба ин мӯҳтоҷ медиҳанд ва дар ду шаби баъд дубора ин исорро мекунанд, ки ин оят нозил шуд.

Ба ҳар ҳол, масъалаи исор матраҳ аст, ва исор мақоми инсонии фавқулъода бошукӯҳе аст ва ислом онро сутуда ва ситоиш кардааст, ки достонҳои зиёде дар таърихи ислом дар бораи исор омадааст.

* * *

Намунае аз меҳрубонӣ

Ба таври куллӣ раҳм, меҳрубонӣ ва тараҳҳум, амре аст, ки ҳамеша дар ислом матраҳ аст. Ин достонро шунидаед, ки марде аз ашрофи ҷоҳилият хидмати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омад ва дид, ки эшон яке аз фаразандонашонро рӯи зонуи худашон нишондаанд ва ӯро мебӯсанд ва мебӯянд ва ба ӯ муҳаббат мекунанд. Рӯ кард ба Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва гуфт: ман даҳто бачча дорам ва ҳанӯз дар умрам ҳеч кадомашонро як бор ҳам набӯсидаам. (3) Дар яке аз ривоёте, ки дар ин замина омада, навиштаанд:

فالتمع وجه رسول الله

Пайғамбари Акрам аз ин ҳарф чунон нороҳат ва асабонӣ шуд, ки сурати муборакаш қирмиз шуд ва ламаъон (4) пайдо кард ва фармуд:

من لا يرحم لا يُرحم

«Он, ки нисбат ба дигаре раҳм надошта бошад, Худо ҳам ба ӯ раҳм нахоҳад кард.» Бино ба нақли дигаре, фармуд: агар Худо раҳмро аз дили ту кандааст, ман чӣ кунам?!

Дар ин замина ахбор ва ривоёт ва аҳодиси зиёде дорем. Зиндагии Амирулмӯъминин (а) худ беҳтарин намуна аст ва Алӣ (а) асосан муҷассамаи раҳмат ва меҳрубонӣ аст; дар муқобили заъиф, ки қарор мегирад, дарёи раҳмат ва муҳаббати Алӣ (а) ба ҷӯш меояд.

* * *

Авотифи инсонӣ дар Ғарб

Ман дар ҷаласаи гузашта роҷеъ ба руҳияи шарқӣ ва ғарбӣ баҳс кардам ва гуфтам, ки асосан умқи руҳияи ғарбиҳо қасоват аст ва мардумони қасиюлқалбе ҳастанд. Албатта худи ғарбиҳо ҳам ин матлабро қабул доранд ва ин навъ авотиф, муҳаббатҳо, эҳсонҳо ва гузаштҳоро хислатҳои шарқӣ меноманд. Ҳатто муҳаббати падар нисбат ба фаразандони худ ва фаразандон нисбат ба падар ё модар ва ҳамчунин бародар нисбат ба бародар ё хоҳар, ва хоҳар нисбат ба хоҳар дар байни онҳо, хеле кам вуҷуд дорад… Мегӯянд, авотифи инсонӣ фақат дар Машриқзамин вуҷуд дорад ва зиндагӣ дар Мағрибзамин бисёр хушк аст ва дар он ҷо адолат — албатта дар миёни худашон, на нисбат ба дигарон — ва адли иҷтимоӣ вуҷуд дорад, вале эҳсону отифа ва амсоли он вуҷуд надорад.

Яке аз дӯстони мо нақл мекард, ки ба Утриш рафта буд барои ин ки меъдаашро амал кунад ва писараш ҳам он ҷо таҳсил мекард. Мегуфт: ман баъд аз ин ки амал карда будам ва давраи нақоҳатро ба сар мебурдам, рӯзе дар растуроне нишаста будам ва дар он ҷо писарам ба ман хидмат мекард ва суфориши чой ва қаҳва ва ғизо медод ва даври ман мечархид. Дар тарафи дигари растурон, зану марде, ки нишон медод зану шавҳар ҳастанд, паҳлӯи якдигар нишаста буданд ва доиман моро мепоиданд. Як дафъа, ки писарам аз ҷо баланд шуд ва мехост аз канори онҳо рад шавад, дидам, ки аз писарам чизҳое мепурсанд ва ӯ ҳам дорад ба онҳо ҷавоб медиҳад. Баъд, ки омад, ба ӯ гуфтам: онҳо ба ту чӣ мегуфтанд? Гуфт: ба ман гуфтанд, ин кист, ки ту дорӣ ин қадр ба ӯ хидмат мекунӣ? Гуфтам: ӯ падарам аст. Гуфтанд: хуб, падарат бошад! Магар бояд ин ҳама ба ӯ хидмат кунӣ?! Писарам гуфт: ман бо мантиқи худашон бо онҳо ҳарф задам, гуфтам: охир, ӯ барои ман пул мефиристад ва ман дар ин ҷо дарс мехонам. Агар ӯ ин пулро нафиристад, ман наметавонам дарс бихонам. Бо таъаҷҷуб гуфтанд: аз пулҳое, ки худаш дармеоварад ба ту медиҳад, то харҷ кунӣ?! Гуфтам: Оре, аз пулҳое, ки худаш дармеоварад. Онҳо хеле таъаҷҷуб карданд ва он вақт моро мисли як ғулҳои шохдоре, ки асосан мавҷудоти аҷибе ҳастем, нигоҳ мекарданд. Баъд ҳар ду омаданд ва шурӯъ ба сӯҳбат карда, гуфтанд: бале, мо ҳам як писаре дорем, ки солҳост дар хориҷ аст ва чунину чунон аст. Баъд писарам ба таври хусусӣ дар бораи онҳо таҳқиқ кард ва маълум шуд, ки дурӯғ мегӯянд ва аслан писаре надоранд. Баъдан гуфтанд: мо 30 сол пеш бо ҳам номзад шудем ва гуфтем, муддате бо ҳам бошем, то бо ахлоқи якдигар ошно шавем; агар ахлоқи якдигарро писандидем, меравем расман издивоҷ мекунем, вале ҳанӯз фурсати издивоҷ кардан пайдо накардаем.

Оқои Муҳаққиқӣ — Худо ӯро биёмурзад! — ки марҳум Оятуллоҳ Буруҷердӣ эшонро ба Олмон фиристода буданд, достоне нақл карда буд, ки воқеан достони аҷибе аст. Эшон гуфта буд: ҷузъи ашхосе, ки дар замони мо мусалмон шуданд, профессоре буд, ки марди олиму донишманде буд ва ин профессор пеши мо зиёд меомад ва мо ҳам пеши ӯ мерафтем. Ин профессор, ки дар авохири умр пирамарде шуда буд, саратон пайдо кард ва дар бемористон бистарӣ шуд. Эшон мегуфт: мо ва мусалмонҳои он ҷо ба бемористон мерафтем ва аз ӯ иёдат мекардем. Рӯзе ин пирамард забон ба шикоят гушуд ва гуфт: аввалин боре, ки ман мариз шудам, озмоиш карданд ва табибҳо гуфтанд саратон аст. Ҳам писарам ва ҳам занам омаданд ва гуфтанд: ҳол, ки ту саратон дорӣ, маълум аст, ки мемирӣ, бинобар ин Худо ҳофиз! Мо дигар рафтем. Ҳар ду ҳамон ҷо Худоҳофизӣ карданд ва фикр накарданд, ки ин бадбахт дар ин шароит эҳтиёҷ ба муҳаббату меҳрубонӣ дорад. Оқои Муҳаққиқӣ мегуфт: мо чун дидем касеро надорад, мукаррар ба иёдаташ мерафтем. Рӯзе аз бемористон хабар доданд, ки ӯ мурдааст. Барои такфину таҷҳизаш ва ҷамъ кардани ҷанозааш рафтем. Дидем дар он рӯз писараш омад. Пеши худ гуфтем, хуб аст, ки лоақал барои ташйеъи ҷанозааш омадааст. Вале вақте таҳқиқ кардем, мутаваҷҷеҳ шудем ӯ аз пеш ҷанозаро ба бемористон фурӯхта ва ҳол омада ҷанозаро таҳвил диҳад ва пулашро бигирад ва биравад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Ҳол бар ҳасби қасди онҳо мегӯям, аммо ба ин ки инҳо ҳам дар амал ҷури дигаре ҳастанд, коре надорам.

(2) Адл яъне ин ки ҳуқуқи мардумро риоят кунед ва по аз марзи ҳуқуқи мардум он тарафтар нагузоред.

(3) Ин ҳамон мактаби Ниче аст. Чун бӯсидани ман яъне ин ки онҳоро дӯст дорам ва нисбат ба онҳо тараҳҳум дорам, ва тараҳҳум заъф аст ва як одами қавӣ ҳаргиз аз ин корҳо намекунад ва ин корҳо барои як одами қавӣ сабук аст.

(4) Ба маънои тағайюр.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: