Перейти к содержимому

Ду се нукта дар бораи Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Ба баҳонаи зодрӯзи устод Равшан Темуриён

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз, зодрӯзи устод Равшан Темуриён аст. Марде, ки ҳудуди чаҳор сол аст, ки дар Анҷумани Озодандешони Тоҷик бо ӯ ҳамкорам ва рӯзе нест, ки мо, анҷуманиҳо, бо ҳам дар мавзӯъҳои мухталиф, сӯҳбату баҳсу табодули назар накунем. Хеле вақт буд, ки мехостам, яке ду ҷумла дар бораи Анҷуман бинависам, аммо ё фурсат намешуд ва ё мавзӯъҳои муҳимтари дигаре дар миён буданд, ки намегузоштанд дар бораи ин мавзӯъ бинависам.

Аммо ҳоло, ки зодрӯзи устод Темуриён аст, ба назарам, беҳтарин фурсат аст, то дар ин бора барои хонанда бинависам, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки устод Равшан Темуриён яке аз устувонаҳои Анҷуман ва аз поягузорони он аст.

Хуб, барои чӣ мехоҳам дар бораи Анҷуман бинависам?!

Далелаш ин аст, ки аз замони эълони мавҷудияти Анҷуман ва шурӯъ ба фаъолияташ, ин созмони тозатаъсис, аз сӯйи ду гурӯҳ мавриди таҳоҷум қарор гирифт: яке, аз сӯйи ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон – ки албатта, интизори он мерафт, зеро ҳукумати азизамон, ҳар гурӯҳ ва ё созмонеро, ки бо ӯ ҳамоҳанг ва ҳамовоз набошад, «душман» эълом мекунад – ва дигар, аз сӯйи бархе афрод, ки бо вуҷуди ин ки худро аз опозисиюн медонанд, вале корашон хулоса шудааст дар ин ки гурӯҳҳои мухолифро зери суол бибаранд, на чизе дигар. Нуқтаи муштараки ин ду гурӯҳ дар ин муддат, он будааст, ки ҳар ду, Анҷуманро «сохта ва пардохтаи ҲНИТ ва шахси Кабирӣ» бихонанд.

Ва ин, як дурӯғ ва тӯҳмати ошкор аст. Зеро, замоне, ки тасмим бар таъсиси Анҷуман гирифта шуд, ҲНИТ ҳанӯз ба унвони як ҳизби расмӣ дар дохили кишвар фаъолият мекард ва ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, аслан хабар надошт, ки қарор аст Анҷумане роҳандозӣ шавад. Бинобар ин, инки гуфта шавад ин Анҷуман тавассути Кабирӣ таъсис шудааст, як нисбати бисёр ноҷавонмардона аст.

* * *

Албатта, роқими ин сатрҳо медонад, чаро ин тӯҳматро мезананд? Яъне, худашон ҳам медонанд, ки дурӯғ аст, вале бо ин ҳама, ин тӯҳматро мезананд. Далелаш ин аст, ки Анҷуман имрӯз бо ҲНИТ ҳамкорӣ мекунад. Дигар, далеле надорад. Ва ин афрод, мутаассифона, ҳар фард ва гурӯҳеро, ки тасмим бигирад бо ҲНИТ ҳамкорӣ кунад, ба ӯ ин барчасбро мезананд, ки «тобеъи ҲНИТ» аст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки Анҷумани Озодандешони Тоҷик аз ҳамон оғози эъломи мавҷудият (ва ҳатто қабл аз он), ба ҳамаи гурӯҳҳо, аҳзоб, шахсиятҳо ва ҳатто ҷониби ҳукумат, ин паёмро дод, ки мо омода ҳастем бо ҳама, бидуни истисно ва сарфи назар аз гароишҳои ҳизбӣ ва динӣ ва фикриаш, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон, ҳамкорӣ кунем! Ва ин нукта дар Ойинномаи Анҷуман омадааст ва азизони хонанда метавонанд Ойинномаро бихонанд.

Бале, мо омода ҳастем, барои Тоҷикистони азизамон, ҳатто бо ҷониби ҳукумат ҳамкорӣ кунем ва аз гуфтани ин масъала, ҳаргиз хиҷолат ҳам накашида ва намекашем.

Ҳамин афроде, ки имрӯз пушти сари ҳам мегӯянд, «Анҷумани Озодандешони Тоҷик тобеъи ҲНИТ аст» ва ин дурӯғро дар забон ҷорӣ мекунанд, хуб ёдашон ҳаст (ва дар ҳузури шоҳидҳо), ки мо қабл аз эъломи мавҷудият, ба онҳо Ойинномаи худро фиристодем ва гуфтем, ки дӯст дорем шумо низ бо мо бошед ва даст рӯ дасти ҳам диҳем ва барои Тоҷикистон талош кунем, вале бо камоли таъассуф, ҷавобашон манфӣ буд. Яъне, гуфтанд, мо бо шумо нестем!

* * *

Яке аз бузургтарин иштибоҳи ин афрод он аст, ки бо вуҷуди он ки дар забон аз «плюрализми сиёсӣ ва иҷтимоӣ» мегӯянд, вале дар амал, заррае ҳам ба «плюрализми сиёсӣ ва иҷтимоӣ» мӯътақид нестанд. «Плюрализми сиёсӣ ва иҷтимоӣ» он аст, ки ту вақте бо як ҳизб ва ё гурӯҳе, барои як ҳадафи волотар, ҳамкорӣ ва ҳамроҳӣ мекунӣ, он ҳизб ва гурӯҳро ҳамон тавр, ки ҳаст қабул мекунӣ, на ин ки ба ӯ дикта кунӣ, ки бояд чунину чунон бошӣ! Масалан, даст аз ғояҳои фикрии худ бардорӣ ва он гоҳ ман ҳозирам бо ту ҳамкорӣ кунам. Масалан, ҲНИТ эълом кунад, ки ман ба унвони як ҳизби динӣ, фақат бо тарафҳое ҳозирам ҳамкорӣ кунам, ки даст аз афкор ва ақоиди махсус ба худ бардорад ва чунон бошад, ки ман меписандам! Ва ё як фард ё ҳизб ва гурӯҳи дигаре, ба ҲНИТ бигӯяд, ки ман танҳо замоне ҳозирам бо ту ҳамкорӣ кунам, ки даст аз «исломи сиёсӣ» бардорӣ! Ин айни диктотурӣ ва худкомагӣ аст. Дар ҳоле, ки ҲНИТ, ҳамин аст, ки мебинем; ҳизбе аст, ки дар ҷомеа аз пойгоҳи иҷтимоии амиқе бархӯрдор аст; ва агар аз пойгоҳи иҷтимоӣ бархӯрдор аст, пеш аз ҳама, ба хотири барномаҳои исломиаш аст. Зеро ҷомеаи мо як ҷомеаи мусалмон аст.

Ва хушбахтона, ҲНИТ дар амал, ва на танҳо дар шиор, собит кардааст, ки ба «плюрализми сиёсӣ ва иҷтимоӣ» дар ҷомеаи Тоҷикистон эътиқоди амиқ дорад. Ӯ инро амалан собит кардааст.

Ба ҳамин хотир аст, ки вақте Анҷумани Озодандешони Тоҷик эълом кард, ки бо ҳамаи аҳзоб ва гурӯҳҳо омодаи ҳамкорӣ аст, ҲНИТ аз ин барномаи мо истиқбол кард ва ҳозир шуд бо мо ҳамкорӣ кунад.

Мо, ҳамин алъон ҳам эълом медорем, ки ҳар ҳизб ва гурӯҳ ва ё шахсиятҳои тоҷик — чӣ ҳизби кумунист бошад, чӣ «Гурӯҳи 24», чӣ сотсиал-демократҳо, чӣ сотсиалистҳо, чӣ ҳизби халқӣ-демократӣ (ҲХДТ) ва ғайра, ки бо аҳдофи волои мо — ки дар Ойиннома оварда шудааст – мувофиқ бошанд, омодагӣ дорем бо ӯ ҳамкорӣ намоем. Барномаҳои Анҷмуман фақат сиёсӣ нест, онро бихонед, фарогир аст, ба хусус рӯи фарҳанг, омӯзишу парвариш ва беҳдошт ва тандурустӣ ва ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандӣ таъкиди фаровон мекунад.

* * *

Анҷумани Озодандешони Тоҷик, беҳтарин улгуи ҳамкорӣ ва намунаи як гурӯҳе аст, ки амалан «плюрализми сиёсӣ ва иҷтимоӣ»-ро ба ҷомеаи Тоҷикистон нишон додааст. Асосан, Тоҷикистони мо маҳкум ба ҳамин равиш ва шева аз ҳамкорӣ аст, роҳи севвуме вуҷуд надорад. Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик, аз афрод ва шахсиятҳои мутанаввеъ дар фикру ақида – аз секулору атеист бигир то исломиву ғайра — ташкил ёфтааст, ва ҳеч фарде аз онҳо то ба ҳол фикру ақидаи худро бар дигарӣ таҳмил накардааст. Яъне, дар муддати ҳудуди чаҳор сол, ки ҳамкорӣ дорем, банда — ки ҷузъе аз ин созмон ҳастам — ба вузуҳ дидам, ки ҳамкорӣ яъне чӣ?! Албатта, на ин ки дар ҷаласоти Шӯро баҳсу табодули назар нашавад, на, иттифоқан гоҳе баҳсҳои мо бисёр тунд мешавад ва аҳёнан кор ба ҷойе мерасад, ки ба сари якдигар садо ҳам баланд мекунем, вале дар ниҳоят ба як натиҷаи мантиқӣ мерасем.

Ба сухани дигар, аъзои Шӯрои раҳбарии Анҷуман, ки иборатанд аз: Равшан Темуриён, Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Ҳаким Раббимпур, Аюб Эгамов, Ҷамшед Ёров ва банда, дар ақоиду афкор ва ҳатто гароишҳои сиёсӣ, мухталиф ҳастем, вале бо ин ҳама, собит кардем, ки метавон бо вуҷуди ихтилофи ақида, барои як ҳадафи волотар ва барои Тоҷикистон, дар канори якдигар қарор гирифт ва талош намуд. Таркиби ин Шӯро як мозаики бисёр ҷолибе аст, ки зебоиаш ҳам дар ҳамин мозаики он аст. Бинобар ин, бо қотеият метавонам ин тавсияро ба дигарон бикунам, ки: ҳамкориро аз мо ёд бигиред!

* * *

Зодрӯзи устод Равшан Темуриён баҳона шуд, то матолиберо, ки аз хеле вақт пеш мехостам бинависам, навиштам. Бори дигар акои Равшан Темуриёнро ба муносибати зодрӯзашон табрику таҳниат мегӯям. Устод Темуриён дар як ҷумла: инсоне аст, ки воқеан ба «плюрализми сиёсӣ ва иҷтимоӣ» эътиқод дорад, ӯ ҷомеаи Тоҷикистонро мешиносад.

Ако! Зодрӯзатон хуҷаста, Худованди Мутаъол умре дароз бароятон ато бикунад, то дар сояи раҳнамудҳоятон, бар кору талоши худ идома диҳем!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: