Перейти к содержимому

Инсони комил (32)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Мактаби муҳаббат (2)

Тақаддуми адолат бар исор

Бисёре аз корҳои мо, ки исмашро отифа мегузорем, отифа нест, навъе худхоҳӣ аст, ки исми отифа ва инсоният рӯи он мегузорем.

Маънои отифа чист? Маънои отифа ин аст, ки инсон аз ҳаққи машрӯи худ ба нафъи дигаре истифода кунад. Чунин одаме бояд килоси қабл аз инро тай карда бошад. Килоси қабл аз ин кадом аст? Ин аст, ки ба ҳуқуқи мардум таҷовуз накунад ва ҳуқуқи онҳоро мӯҳтарам шуморад ва баъд, аз ҳаққи машрӯи худ ба нафъи мардум истифода кунад. Ҳар касе ин корро кард, ба ин хислати ӯ, отифаи иҷтимоӣ мегӯянд.

Аммо шумо афродеро мебинед, ки ба ҳаққи худ қонеъ нестанд ва доиман дар зиндагӣ аз ҳар роҳе, ки шуда мехоҳанд пуле ба даст оваранд, на ҳалол мефаҳманд, на ҳаром ва ҳуқуқи мардумро мӯҳтарам намешуморанд ва ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз мекунанд. Ҳамин одам як рӯзе ҳам ба хотири фалон дӯсташ чандин ҳазор тумон харҷ мекунад ва баъд мо мехоҳем инро ба ҳисоби саховат ва инсондӯстӣ ва отифаи иҷтимоӣ бигузорем. На, ин отифаи иҷтимоӣ нест; худхоҳӣ аст, номҷӯӣ аст. Ин ки инсон барои ин ки мехоҳад худпарастӣ карда ва номи худро баланд карда бошад ва чунин коре мекунад, инсондӯстӣ нест. Касе, ки ҳуқуқи чандин инсонро поймол карда ва баъд барои як инсони дигар харҷ мекунад, инсондӯст нест. Аксари корҳое, ки мо мекунем, инсондӯстӣ нест.

Ҳол, мисоли дигаре зикр кунам. Баъзе аз мо хислате дорем ва ё ба худамон мебандем ва исмашро “меҳмоннавозӣ” мегузорем ва мегӯем: мо мард ҳастем ва дари хонаи мард боз аст! Ҳамеша як меҳмон меояд ва дигаре меравад. Барои ноҳору шом меҳмон дорад ва меҳмони шабхоб ҳам ба хонааш даъват мекунад. Ин, ба худии худ, хуб аст, вале аз тарафи дигар як мулоҳизаеро намекунем. Басо ҳаст, ки ба он зане, ки дар хонаи мо ҳаст — ки мо шаръан ҳақ надорем ба ӯ фармон бидиҳем ва ӯ озоду мухтор аст, ки агар майлаш бошад, дар хонаи мо кор кунад (яъне ҳамсари мо) — фишорҳо ва заҳматҳоеро таҳмил мекунем ва исмашро “меҳмоннавозӣ” мегузорем ва мегӯем: дари хонаи мо боз аст ва мо меҳмоннавоз ҳастем! Меҳмоннавозие, ки мусталзими зулм ба як инсон бошад, меҳмоннавозӣ нест.

Алӣ ибни Абӯтолиб (а) дар хона бо ҳамсараш Заҳро (а) ҳамкорӣ мекунад. Кори хонаро Заҳро ба ихтиёри худаш интихоб карда ва Алӣ ба ӯ таҳмил намекунад. Дар айни ҳол, Алӣ (а) мехоҳад фишоре бар ҳамсари азизаш ворид наёяд.

Ҳол, оё ин меҳмоннавозӣ ва инсондӯстӣ аст, ки одам доиман меҳмон биёварад ва он зани бадбахт агар як рӯз эҳсоси хастагӣ кунад, инсон падарашро дароварад ва бигӯяд, агар намехоҳӣ, аз хонаи ман берун бирав?!

Пас, инҳо ҳам отифаи иҷтимоӣ нест. Бале, агар воқеан коре ба марҳилаи исор (аз худ гузаштагӣ) бирасад, он чизи дигаре аст. Инсоне, ки мехоҳад амалаш бар асоси отифаи иҷтимоӣ бошад, аввал бояд аз марҳилаи адолат болотар биёяд, яъне одил бошад ва ба ҳуқуқи мардум таҷовуз накунад, он гоҳ агар мехоҳад аз ҳуқуқи машрӯи худ исор кунад, монеъе надорад. Ва аз ин рӯ бузургоне аз уламоро суроғ дорем, ки муқайяд буданд ҳеч вақт кучактарин таҷовузе ба ҳаққи касе накунанд. Инҳо дар дохили хона ҳозир набуданд ҳатто як бор ба сурати як амр, аз ҳамсар ё фаразандашон чизе бихоҳанд. (1) Дар бораи марҳум Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ (р), ки аз мароҷеъи тақлиди бисёр-бисёр бузург ва устоди марҳум Оятуллоҳ Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирӣ буданд, нақл кардаанд, ки ҳеч вақт ба аҳли хона фармон намедод. Ҳатто як вақт, ки эшон мариз буданд ва хонаводаи эшон барояшон шӯрбо таҳия карда буданд, баччаҳо омада буданд ва ғизоро дами дар гузошта ва рафта буданд. Эшон ҳам мариз ва дар гӯшаи утоқ бистарӣ буд ва наметавонист аз ҷо баланд шавад. Чанд соат гузашт. Вақте омаданд, диданд ғизоро нахӯрдааст. Чаро? Барои ин ки мусталзими ин буд, ки яке аз баччаҳоро садо кунад ва бигӯяд, ин корро барои эшон анҷом бидиҳад. Шубҳа мекард, ки оё шаръан барои ман ҷоиз аст занамро аз ошпазхона садо кунам ва бигӯям, ин корро анҷом диҳад? Ҳол дар ошпазхона коре ба майл ва ризои худаш мекунад ва ман ҳам ба ӯ дастур надодаам ва худаш мегӯяд, ки моилам кор кунам, аммо коре, ки мусталзими ин бошад, ки ман ба ӯ фармон диҳам, намекунам.

Пас, отифа он вақт отифа аст ва исор он вақт исор аст, ки барои худнамоӣ ва аз рӯи худхоҳӣ набошад.

* * *

Намунае аз исори воқеӣ

Достоне аз асҳоби ҳазрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нақл кардаанд, ки марбут ба ҷанги Муъта аст ва воқеан ҳайратафзост. Инро намунае аз исор мегӯянд. Дар ҷанги Муъта, иддае маҷрӯҳ афтода буданд. Вақте хун аз бадани маҷрӯҳ меравад ва бадан эҳтиёҷ ба хуни ҷадид пайдо мекунад, табиат ташнагиро ғолиб мекунад, чун бадан барои ин ки хуни ҷадид бисозад, эҳтиёҷ ба об дорад ва аз ин рӯ худи маҷрӯҳ будан ва рафтани хуни зиёд аз бадан, ташнагиовар аст. Марде зарфи оберо бардошт ва дар миёни маҷрӯҳони мусалмон ҳаракат кард, то агар маҷрӯҳеро пайдо кунад, ки эҳтиёҷ ба об дорад, ба ӯ об бидиҳад. Ба яке аз маҷрӯҳон расид ва дид ташна аст. Омад ба ӯ об бидиҳад, аммо ӯ ба як нафари дигар ишора кард, яъне обро ба ӯ бидеҳ, ки ӯ аз ман мустаҳиқтар аст. Суроғи нафари дуввум рафт, вале ӯ ҳам як нафари дигарро суроғ дод ва гуфт: суроғи ӯ бирав, ки аз ман мустаҳиқтар аст. Рафт суроғи ӯ, дид, ки мурдааст. Баргашт суроғи дуввумӣ, дид, ӯ ҳам мурдааст. Рафт суроғи аввалӣ, дид, ӯ ҳам мурдааст.

Инро исор ва аз худ гузаштагӣ мегӯянд. Яъне, дар ниҳояти эҳтиёҷи худ, дигаронро бар худ муқаддам доштан.

* * *

Ишколоти мактаби муҳаббат

Мактаби муҳаббат ва мактаби хидмат — ки албатта хидмати ношӣ аз муҳаббат мавриди назари мост — ду эрод дорад. Бидуни шак, хидмат ва муҳаббат арзише инсонӣ аст, вале яке аз арзишҳои инсонӣ аст (на ҳамаи арзишҳои инсонӣ). Айни ду эроде, ки бар мактаби қудрат ворид буд, бар ин мактаб ҳам ворид аст.

Як эрод ин аст, ки ин мактаб ҳам такарзишӣ аст. Яъне, арзишҳои дигарро фаромӯш карда ва фақат ба як арзиш часбида, ки иборат аз хидмат ва муҳаббат аст. Муҳаббат барои инсон камол аст, файёзият барои инсон камол аст ва ҳамон тавр, ки фалосифа собит кардаанд, файёзият, ҷуд ва бахшиш яке аз сифоти камолия аст, ки ҳатто сифати зоти воҷиб таъоло ҳам ҳаст ва аз ин рӯ зоти воҷиб таъоло худаш файёзи ъалалитлоқ аст. Бинобар ин, дар ин ҷиҳат шакке нест. Иштибоҳи инҳо дар ин аст, ки арзишҳои дигарро фаромӯш карда ва гуфтаанд, ғайр аз хидмат ба халқ, чизи дигаре вуҷуд надорад ва инсоният мунҳасир ба ин арзиш аст.

Ҳамон тавр, ки мактаби қудрат иштибоҳи муҳимтараш ин буд, ки қудратро дуруст ташхис надода буд ва хаёл мекард, ки қудрат яъне фақат зӯр, ва қудратҳои равонӣ ва руҳиро фаромӯш карда буд, дар мактаби хидмат ба халқ ҳам, як иштибоҳи бисёр бузург вуҷуд дорад, ки ман дар ин ҷо тавзеҳ медиҳам.

Хидмат ба халқ яъне чӣ? Хидмат ба чӣ чизи халқ? Як касе суол мекунад: шумо мегӯед инсоният ба ин аст, ки инсон ба халқи Худо хидмат кунад. Бисёр хуб, вале як тавзеҳе ба ман бидиҳед! Ба чӣ чизи халқи Худо хидмат кунем? Мумкин аст бигӯед: ба шиками халқи Худо, яъне халқи Худо гурусна ҳастанд ва ба шикамҳои онон бояд хидмат кард. Бале, шак надорад, ки инсонҳои гурусна бояд сер шаванд. Ба тани халқи Худо ҳам бояд хидмат кард; агар урёнанд, бояд пӯшонда шаванд ва аз сармову гармо маҳфуз бимонанд ва маскан дошта бошанд. Агар озодӣ надоранд, озодӣ дошта бошанд. Ҳамаи инҳо дуруст аст ва хидмат ба халқи Худост.

Вале як суол дар ин ҷо матраҳ аст: натиҷаи ниҳоӣ чист? Оё ҳамин қадр, ки мо эҳтиёҷе аз эҳтиёҷоти халқи Худоро баровардем, ин амали мо эҳсону хайр аст? Агар худи халқи Худо дар шароите қарор доранд, ки худашон ба худашон хидмат намекунанд ва худашон душмани худашон ҳастанд, яъне аз рӯи нодонӣ ва ҷаҳолат ба гунае амал мекунанд, ки худашон душмани дараҷаи аввали худашон ҳастанд ва дар масире қарор гирифтаанд, ки на танҳо масири саодаташон нест, балки масири шақовати онҳо ва шақовати башарият аст, дар ин ҷо боз ҳамин тавр чашмҳоямонро бибандем ва бигӯем: ба халқи Худо бояд хидмат кард, мо чӣ кор дорем, мо бояд шикамҳоро сер кунем? Оё саҳеҳ аст, ки бигӯем, ҳол чӣ кор дорем он, ки шикамаш сер мешавад, дар чӣ масиру ҳадафе қарор мегирад ва ё алъон дар чӣ масире қарор дорад? Ман ба масиру ҳадафаш чӣ кор дорам? Шикам бояд сер бошад ва тан бояд пӯшида бошад?

Ё на, хидмат ба инсонҳо ба шарти ин ки хидмат ба инсоният бошад, яъне хидмат ба арзишҳои инсонӣ бошад?

Матлаб ин аст: хидмат ба халқи Худо он ҷо арзиши инсонӣ дорад, ки дар масири арзишҳои дигари инсонӣ қарор гирад. Агар хидмат ба халқ дар масири соири арзишҳои инсонӣ қарор нагирад, ба андозаи як пул ҳам арзиш надорад.

* * *

Хидмат ба халқ, муқаддимаи имон

Ин ҷо ин матлабро бояд тарҳ кунем, ки иддае мегӯянд: магар ҳамаи дастурҳои Худо ва асли имону ибодат, ҷуз барои ин аст, ки мардум дар ниҳояти амр хайрхоҳи халқи Худо бошанд ва ба халқи Худо хидмат кунанд? Мо бояд имон дошта бошем барои ин ки дар партави имон, ба халқи Худо хидмат кунем; бояд Худоро ибодат кунем, чун дар партави ибодат аст, ки беҳтар ба халқи Худо хидмат мекунем. Аз назари инҳо, ҳамаи дастурҳои ислом ва соири адён ва ҳамаи дастуроти бузургони башарият, муқаддимаи ин аст, ки ба халқи Худо хидмат шавад. Намегӯянд, худи халқи Худо билохира чӣ мехоҳад бишавад. Агар бояд ба халқи Худо хидмат шавад, худи халқи Худо чӣ барномае доранд? Оё ҳеч барномае надоранд?!

На, ин тавр нест. Имон, муқаддимаи хидмат ба халқ нест, ибодат муқаддимаи хидмат ба халқ нест, баръакс аст: хидмат ба халқ, муқаддимаи имон аст, хидмат ба халқ, муқаддимаи ибодат аст, хидмат ба халқ, муқаддимаи оқил шудан аст, хидмат ба халқ, муқаддимаи соири арзишҳои инсонӣ аст. Яъне мо бояд ба халқ хидмат кунем, то онҳоро дар масири имон биандозем, то онҳоро дар масири Худопарастӣ биандозем, то онҳоро дар масири соири арзишҳо биандозем.

Хидмат ба халқ, муқаддима ва замина барои имон аст, на ин ки имон муқаддима барои хидмат ба халқ аст, ва на ин ки ҳеч кадом муқаддимаи дигаре набошад. Ислом чунин мактабе аст ва чунин ҳарфе мезанад ва воқеан ҳам вақте мо ҳисоб кунем, мебинем ғайр аз ин маънӣ надорад, вагарна мо бояд ҳамаи инсонҳоро минҳои инсонияти онҳо дар назар бигирем. Баъд бояд масалан ба Лумумбо (як озодихоҳ) ба ҳамон чашм нигоҳ кунем, ки ба Чумба (як диктотур) нигоҳ мекунем ва ба Мӯсо Чумба ҳам ба ҳамон чашм нигоҳ кунем, ки ба Лумумбо нигоҳ мекунем, чун ҳар ду инсонанд, ҳар ду шикам доранд, ҳар ду мумкин аст гурусна шаванд ва ҳар ду мумкин аст бараҳна бошанд ва аз ҷанбаи зистшиносӣ ин ду инсон бо якдигар фарқ намекунанд.

Ман баъзе аз маҷаллоти нисбатан сангину обрӯмандро, ки мехонам, мебинам иддае вақте мехоҳанд мақоми ирфони исломиро хеле боло бибаранд ва аз он таъриф кунанд, мегӯянд: ин урафои мо кучак нестанд, ҳарфҳои хеле бузург задаанд! Мепурсем: чӣ гуфтаанд? Мегӯянд: ирфон дар ниҳояти амр, сар аз хидмат ба халқ дармеоварад!

На, ин тавр нест. Ирфон ҳеч вақт дар ниҳояти амр сар аз хидмат ба халқ дарнамеоварад; дар васати роҳ ва балки дар муқаддимаи роҳ сар аз хидмат ба халқ дармеоварад. Хидмат ба халқ дар ирфон ҳаст ва бояд ҳам бошад, вале хидмат ба халқ ниҳояти ирфон нест; хидмат ба халқ муқаддимае аз муқаддамоти ирфон аст, ва агар ба таъбироти шаръии худамон бихоҳем таъбир кунем, мегӯем: ба Худо наздик шудан, муқаддимаи хидмат ба халқи Худо нест, балки ба халқи Худо хидмат кардан, муқаддимаи қурби илоҳӣ ва расидан ба мақоми қурби Худост.

Пас, бар мактаби муҳаббат ҳам ду эрод ворид аст: яке ин ки муҳаббатро танҳо арзиш медонад, ва дигар ин ки муҳаббатро ниҳояти инсоният дар назар мегирад, ва ба иборати дигар, ин мактаб охирин сайри инсониятро хидмат ва муҳаббат медонад. Вале ислом инро қабул намекунад. Ислом муҳаббат ва хидмат ба халқро мепазирад ва ситоиш мекунад ва онро як арзиш медонад, вале арзише, ки дар аввали роҳ аст, на дар поёни роҳ. Масир ба хидмат ба халқ мунтаҳӣ намешавад. Аввал аз он ҷо бояд шурӯъ кард, вале ҳадафи аслӣ чизи дигар аст.

ولا حول ولا قوّة الاّ بالله العليّ العظيم

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Албатта дар кори шахсӣ, ки марбут ба худашон аст. Коре, ки марбут ба тарбияти фаразанд аст, ҳисоби дигаре дорад. “Ин косаи обро ба ман бидеҳ, то бихӯрам”, дигар марбут ба тарбияти бачча нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: