Перейти к содержимому

Кабирӣ: «Устод Нурӣ марди сулҳу мудоро буд ва то охир ба ин сифати худ содиқ монд»

Ба гузориши хабаргузории Тасним, 9 август солгарди фавти марҳум Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Дар тамоми дунё ӯро ба унвони чеҳраи калидии сулҳи Тоҷикистон мешиносанд ва барои эрониҳо ҳам чеҳрае бисёр ошност. Имсол дувоздаҳумин солгарди фавти вай аст ва ба ҳамин муносибат, ин хабаргузорӣ мусоҳибае бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари феълии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздиктарин фард ба марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар як даҳаи охири умраш тартиб дод, ки дар идома мехонед:

Тасним: Аз нахустин дидоратон бо марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бигӯед. Куҷо ва чӣ тавр бо эшон ошно шудед? Робитаатон чӣ тавр пеш рафт?

Кабирӣ: Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Аввалин мулоқоти банда бо Устод Нурӣ пас аз раҳо шудани эшон аз зиндон, дар манзилашон дар ноҳияи Вахш, ҷануби кишвар буд. Донишҷӯ будам ва бо чанде аз ҷавонони ҳамкилосӣ тасмим гирифтем, ки ба дидори ӯ биравем. Барои мо ҷолиб буд дидани касе, ки худро дар муқобили як низоми қудратманд, мисли Шӯравӣ гузошта ва барои фаъолияти зидди Шӯравӣ вориди зиндон шудааст.

Чун дар байни мо ҷавонон, солҳои охири даҳаи 80, тоза андешаҳои истиқлолхоҳӣ шакл гирифта буд. Ин андешаҳо омехтае аз афкори миллӣ ва мазҳабӣ буданд. Мо суроғи дигар шахсиятҳои миллӣ ва адабӣ ҳам мерафтем, то ташнагии фикрии худро каме сероб кунем. Шоирон, файласуфон, чеҳраҳои мазҳабӣ ва ҳамаи касоне, ки ҳарфи тозае барои мо он замон доштанд. Он мулоқоти аввалро хеле хуб ёдам ҳаст. Устод ҳатто то пойи дари кӯча берун омаданд ва моро бадрақа карданд.

Устод Нурӣ он солҳо хеле ҷавон буданд ва ҳудуди 40 сол доштанд. Ба назари ман, он мулоқот таъсири худро дар робитаҳои баъдии банда бо Устод гузошт. Дар он замон ӯро як инсони соҳиби фикру идея ёфтам, на як руҳонии маъмулӣ, ки он солҳо кишвари мо зиёд дошт. Агарчӣ, банда дарсхондаи ҳавзаи таълимии Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода — яке аз шахсиятҳои бузурги миллӣ ва мазҳабии Тоҷикистон — ҳастам, шахсияти Устод Нурӣ маро бештар ба хотири тарҳ доштанаш ва бовараш ба он тарҳ, ҷазб карда буд ва ҳамчунин ҳазорон ҷавони дигарро.

Мо як маҳфили нимапинҳони донишҷӯӣ доштем он солҳо, ки худро пойбанди ҳеч гурӯҳу ҳаракате намедонистем. Моҳе яке ду бор назди шахсиятҳо рафта ва ё онҳоро даъват мекардем, то мабоҳиси фикрӣ дошта бошем.

Устод Нурӣ яке аз шахсиятҳое буданд, ки бо мо ҷавонон такаллуфе надоштанд. Аз ноҳияи Вахш бо худрави худ барои мулоқот бо мо донишҷӯён ба шаҳри Душанбе меомаданд ва гоҳе баҳсҳо бо донишҷӯён то нимашаб идома меёфт. Баъдан як таваққуфе дар робитаи мо ба вуҷуд омад, чаро ки ман барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи Санъо дар Яман ва сипас ба Маскав рафтам.

Ин солҳое буд, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон оғоз шуда ва Устод Нурӣ бо дигар муборизон ба Афғонистон ҳиҷрат карда буданд. Соли 1994 ҳамроҳи Зайд Саидов, вазири собиқ ва раҳбари ҳизби «Тоҷикистон навин», ки акнун дар зиндон аст, тарҳеро барои оғози музокироти сулҳи тоҷикон ва ояндаи мухолифон омода кардем ва ӯ ба Афғонистон бурд. Бино ба далоиле, он тарҳ мавриди ризояти бархе аз раҳбарони мухолифон қарор нагирифт.

Соли 1995 он тарҳро бо каме тағйирот боз хидмати Устод Нурӣ ва Устод Ҳимматзода пешниҳод кардам ва сӯҳбатҳое дар Истамбул дар бораи чуну чарои он тарҳ доштем. Ин оғози иртиботи мо пас аз таваққуфи 5-сола буд ва соли 1997 Устод Нурӣ маро ба унвони ёвари худ дар Комиссияи оштии миллӣ даъват карданд, ки дигар то лаҳзаи реҳлати эшон, бо он ки симатҳо ва масъулиятҳо тағйир кард, пайваста худро ҳамеша ҳамчун ёвари ӯ ҳисоб мекардам.

Тасним: Бисёре марҳум Нуриро як чеҳраи коризмотик мешиносанд. Иллати коризмо ва ҷазабаи вайро дар чӣ мебинед? Оё сирфан ин коризмо буд, ки сохтор ва баданаи наҳзатро эҷод кард ё ақлоният ва ҳушмандии вай ва ҳамроҳонаш ҳам таъсиргузор буд?

Кабирӣ: Устод Нурӣ воқеан як шахсияти коризмотик ва ҷаззоб буданд. Аммо, муҳимтарин вежагии эшон, ки боиси эътимоди мардум ба ӯ шуда ва дӯсту душман ба он эътироф мекунад, доштани инсоф ва ҳикмат буд. Ҳатто, нисбати душманаш ҳам қазовати хориҷ аз инсоф намекарданд. Албатта, ин сифатҳо дар таъсиси як ҳаракате мисли Наҳзат ва мардумӣ кардани он таъсир доштанд, вале омилҳои дигаре ҳам боис шуданд, ки ин ҳаракат рушд кунад ва саросарӣ шавад. Мисли ташнагии маънавии мардум ва хастагӣ аз идеологияи коммунистӣ ва ғайра. Он замон ҳар фикри ҷадид барои мардум ҷолиб буд ва тарафдор пайдо мекард. Дигар аҳзоби ҷадид ҳам ба суръат рушд мекарданд, мисли Ҳизби демократ ва ҳаракати Растохез ва дигар ҷараёнҳо.

Тасним: Бо шиддат гирифтани даргириҳо дар Тоҷикистон, дидем, ки марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ силоҳ ба даст гирифта ва роҳи ҷиҳод ва муборизаро дар пеш гирифт. Аммо замоне, ки шароит эҷоб мекард вориди гуфтугӯ ва сулҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш шуд. То ин қисматро аксари таҳлилгарон иттифоқи назар доранд. Ихтилофи назарҳо дар бораи эшон аз мавозеъи муҳофизакоронаи вай пас аз сулҳ ва вуруди наҳзат ба арсаи сиёсии Тоҷикистон шурӯъ шуд. Бисёре бар ин эътиқоданд, ки як таноқуз дар мавозеъи ҷиҳодгарона ва муборизаҷӯёнаи вай пеш аз сулҳ ва мавзеъи беш аз ҳадди мусолиҳагаронааш пас аз сулҳ вуҷуд дорад. Таҳлили шумо аз ин масъала чист?

Кабирӣ: Устод Нурӣ марди сулҳу мудоро буд ва то охир ба ин сифати худ содиқ монд. Ба даст гирифтани аслиҳа, як амри иҷборӣ ба хотири дифоъ аз мардум, арзишҳо ва ватан буд. Агар ба кишвари шумо бо силоҳу тонку тӯп ҳуҷум биёваранд, ҳар чи қадр сулҳҷӯ ҳам бошед, мубориза бароятон воҷиб мешавад. Устод ва ёронаш айнан ҳамин корро карданд ва замоне, ки шароит барои гуфтугӯ омода шуд, худашон иқдоми сулҳро ба миён гузоштанд, сулҳ карданд ва то охир ба он содиқ монданд.

Аммо, чаро дар марҳилаи баъдӣ беш аз ҳадд мусолиҳакорона рафтор карданд? Зеро эшон воқеан худ ва Наҳзатро масъули асосии ин сулҳу оромиши мардум эҳсос мекарданд. Боре дар раванди сулҳ бӯҳрон ба вуҷуд омад ва Комиссияи оштии миллӣ коршиканӣ кард, чанд ҳафта. Билохира мулоқоти раисиҷумҳур ва мухолифон баргузор шуд ва зимни баҳс, тарафҳо омодаи ақибнишинӣ аз мавзеъи худ набуданд. Раҳмон ба нохост бо асабоният гуфт, ки агар шумо пофишорӣ кунед, пас аз нав ҷанг хоҳад шуд ва ман омода ҳастам то охир биҷангам. Устод дар он ҷаласа вазъро бо дирояти худ ором карданд. Баъдан яке аз дӯстон гуфт, ки набояд ақибнишинӣ мекардем, ҳатто 10 дарсад ҳам эҳтимол надорад, ки Раҳмон ҷангро аз нав оғоз кунад. Устод гуфтанд, ки агар як дарсад ҳам эҳтимол бошад, мо бояд ақибнишинӣ кунем, то ҷанг нашавад. Яъне, эшон худро дар масъалаи сулҳу оромиши кишвар бештар аз раисиҷумҳур масъул медонистанд.

Раҳмон ҳамчун масъули як тарафи ҷанг ҳамеша рафтор кард, аммо Устод Нурӣ масъули ҳамаи миллат ва кишвар. Фарқ ин ҷо буд ва ҳамин боис шуд, ки Устод ҳамеша ақибнишинӣ кунад.

Тасним: Марҳум Нуриро мо ба унвони як сиёсатмадори исломгаро мешиносем. Шумо ба унвони яке аз наздиктарин афрод ба вай, маслиҳатҳои сиёсиро дар мавозеъи эшон таъсиргузортар медидед ё усул ва муаллафаҳои исломиро?

Кабирӣ: Устод дорои як шахсияти чандбуъдӣ буданд ва осон нест яке аз абъоди эшонро аз дигар ҷудо кард ва болотар гузошт. Ӯро метавон як шахсияти исломандеши амалгаро номид. Фарқ кардани мавозеъи сиёсӣ ва динии ӯ, бештар ба шароити замон ва макон бармегардад ва ба амалгаро ва воқеиятшинос будани эшон, на ба он ки маслиҳат (манфиатҳо)-и сиёсӣ бар мавзеъи ӯ таъсиргузор будаанд.

Ёдамон наравад, ки эшон на танҳо як олими улуми динӣ буданд, балки ҷасорат ва тавонмандии истинбот ва ҳатто дар бархе ҳолатҳо иҷтиҳодро ҳам доштанд, то битавонанд вобаста ба макон ва замон, тасмими беҳтар ва муносибтар дар он шароитро бигиранд.

Ман бар он нестам, ки ҳамаи тасмимҳои эшонро комилан дуруст ба ҳисоб биёварам. Ҳамчуноне, ки шумо фармудед, 10 соли охири ҳаёти эшон, шояд наздиктарин фард ва ошнотарин фард ба андешаҳои Устод банда будаам ва тақрибан медидам ва эҳсос мекардам, ки ин тасмимҳо чӣ гуна гирифта мешаванд ва далелашон чист. Аз нигоҳи имрӯз, баҳо додан як чиз аст, шинохти вазъ ва далелҳо барои чунин тасмимоте дар он замон, чизи дигар аст. Ҳама чизро бояд дар партави омилҳои замонӣ ва маконии худаш баҳо дод. Аз ин рӯ, ман бидуни чашмпӯшӣ аз камбудҳо, рафторҳои сиёсии Устодро мантиқӣ, муносиб ба манофеъи мардум ва посухгӯи шароити он замон медонам.

Тасним: Марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нигоҳи бисёр мусбате ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дошт. Шаклгирии дидгоҳҳои вай дар мавриди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чӣ замоне бозмегардад? Пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлол, ё пас аз он? Иллати нигоҳҳои мусбати эшон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ буд?

Кабирӣ: Устод мисли ҳар тоҷике, наметавонист нигоҳе ғайр аз ин ба Эрон дошта бошад. Таъассуб ба касе, миллате ва мазҳабе надоштанд. Иртиботи эшон бо Эрон усулан як иртиботи маънавӣ, миллӣ ва исломӣ буд. Ҳикмати эшон аз осори Саъдӣ сарчашма мегирифт ва дар муносибат бо инсонҳо, зиёд аз Гулистони Саъдӣ иқтибос меовард ва аз он кӯмак мегирифт. Ҳамчуноне, ки дар сиёсат аз Қуръон кӯмак мегирифт ва борҳо инро таъкид карда буд. Баъдан, Эрон кишваре буд, ки дар душвортарин рӯзҳои миллати тоҷик, ба кӯмак шитофт, дар наҷоти муҳоҷирлн, сомон додани кори онҳо ва дар раванди муқовимат ва сулҳ ҳамеша ҳамчун як бародар рафтор кард. Инҳо ҳама дар шакл гирифтани чунин нигоҳи мусбате таъсир доштанд. Нигоҳҳо ва рафторҳои Устод ҳамеша усулӣ буданд. Ҳатто, замоне, ки рафторҳои масъулони Эрон дар баробари қазияи Тоҷикистон каме тағйир кард, нигоҳи мусбати Устод тағйире ҷиддӣ надошт.

Тасним: Ин рӯзҳо, ки дигар марҳум Нурӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон нест, хадамот ва иқдомоти арзишманди вай барои насли ҷадид ба сурати ворунае муаррифӣ мешавад. Ҳатто дар сатҳи байналмилал ҳам зарфиятҳои эшон он тавр, ки бояд ва шояд, шинохташуда нест. Наҳзат барои ҳифзи ин мероси арзишманди ҳувиятӣ чӣ карда ва чӣ барномае дорад?

Кабирӣ: Бузургтарин мероси Устод Нурӣ сулҳ ва мактаби фикрӣ аст, ки имрӯз дар қолаби Наҳзати исломии Тоҷикистон амал мекунад. Устод Нурӣ бар хилофи бархе шахсиятҳои илмӣ ва фикрӣ, навиштаҳо ва таълифҳои зиёди мактубӣ надоранд. Пештар гуфтем, ки эшон бештар як шахсияти амалгаро буданд то он ки назарияпардоз бошанд. Кам нестанд уламо ва шахсиятҳое, ки садҳо ҷилд китоб таълиф кардаанд, вале ҳатто як нукта аз гуфтаҳояшон на дар замони худ ва на оянда амалан татбиқ нашудаанд.

Устод кам гуфтанд, кам навиштанд, вале аксари назарҳояшонро худашон ё дигарон татбиқ кардаанд. Ин вежагиро на ҳама раҳбарон ва мутафаккирон доранд, ки битавонанд ҳаддиақал ниме аз андешаҳояшонро табдил ба амалия кунанд. Аммо, нисбати шахсияти Устод, дар умум, як зулми бузурге шакл гирифт. Аввалан, масъулияти сулҳофаринӣ, корҳои ташкилотӣ ва ҳамеша ҳолати дифоъӣ доштан, имкон надод, ки андешаҳо ва мактаби фикриашонро мудавван кунанд ва аз худ мерос бигузоранд. Мероси ӯ дар амалаш ва гуфтаҳои парокандаи ӯст, ки бояд ҷамъоварӣ ва тадвин шаванд.

Зулми дигар ин аст, ки давлатдорон ҳамеша ӯро як рақиб шинохта ва то имрӯз чунин муносибат мекунанд. Дар сурате, ки ӯ як чеҳраи миллӣ ва ҳатто байналмилалӣ буд. Агар ҳар миллати дигаре мебуд, аз зарфият ва ҷойгоҳи чунин шахсияте, ба нафъи худ истифода мекард.

Аммо, фарҳанги заъиф ва ҷаҳонбинии танги ҳукуматдорони имрӯза иҷоза намедиҳад, ки ғайр аз як нафар, миллат дар бораи шахсияти дигаре сӯҳбат кунад. Ҳуҷум ба шахсият ва мактаби Устод Нурӣ, ба хотири ҷилавгирӣ аз муаррифии чеҳраи аслии ин инсони бузург аст. Ман бар ин боварам, ки ҳанӯз миллати тоҷик ва таърих ҳарфи аслии худро дар бораи Устод Нурӣ нагуфтааст. Ин масъалаи замон аст. Ҳар чи қадр замон бештар бигузарад, арзиши андешаҳо ва шахсияти Устод Нурӣ ва амсоли ӯ болотар хоҳад рафт.

Ҳар чизи асиле, бо гузашти замон, бар арзишаш афзуда мешавад. Ман тарафдори муболиға ва иғроқ дар баҳо додани шахсиятҳо ва падидаҳо нестам. Ба таври сунъӣ ва сиёсӣ рафтор кардан ҳам арзиши масъаларо поин мебарад ва ҳам тарафи муқобилро бармеангезад. Ҳар чи қадр мо ба таври тасаннуъӣ чеҳрасозӣ кунем, ҳамон қадр дигарон чеҳрасӯзӣ хоҳанд кард. Кофӣ аст, ки мо воқеиятҳоро бигӯем ва ҳатто камтар аз он ки ҳаст, он вақт хоҳем дид, ки шахсияти воқеии Устод ҷилва хоҳад кард ва мардуми боинсоф ҳам хоҳанд пазируфт. Фақат ниёз ба вақт дорем, то ин корҳо ба таври табиӣ роҳандозӣ шаванд.

Тасним: Имрӯз Наҳзат дар шароити сахте ба сар мебарад. Ба назаратон, агар марҳум Нурӣ дар Наҳзат ҳузур дошт, боз ҳам чунин вақойеъе барои Наҳзат рӯй медод ё ин зарфиятро дошт, ки аз он пешгирӣ кунад? Бар фарзи пеш омадани чунин шароите, ба назаратон марҳум Нурӣ ҳамин роҳе, ки имрӯз Наҳзат тай кардаро мепаймуд? Ба Урупо ҳиҷрат мекард ва ба муқобилаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дипломатик бо давлати Тоҷикистон бармехост?

Кабирӣ: Посух ба ин суол кори соддае нест. Ба хусус, барои банда, ки имрӯз масъулияти Наҳзатро бар дӯш дорам. Ба ҳеч ваҷҳ намехоҳам рафтори худро бо Устод муқоиса кунам, чун ғайриқобили муқоиса ҳастанд ва ман ҷойгоҳи худро дар баробари Устод мешиносм. Аммо, шак надорам, ки Устод метавонист аз шикасти сулҳ аз тарафи Раҳмон ҷилавгирӣ кунад.

Зарфияти ӯ, шахсияти ӯ ҳамчун нафаре, ки зери Созишномаи сулҳро имзо кардааст, иҷоза намедод, ки Раҳмон ба ин шакл ҳамаи таъаҳҳудотро поймол кунад. Мусибати мо ҳам ин буд, ки ӯ хеле зуд реҳлат кард ва сулҳ ятим монд ва Раҳмон майдонро холӣ ёфт.

Ба ҳошия рондани Наҳзат, маҳдуд кардан ва эъмоли фишорҳо билофосила пас аз қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ сурат гирифт. Дар аввалин интихобот, ҳукумат тақаллуби густардае кард ва танҳо ду курсӣ ба Наҳзат ихтисос дод, ки ин ҳама дар ҳамон солҳо оғоз шуданд. Аммо, суръат ва ҳаҷми фишорҳо пас аз интихоботи порлумонии 2010 боло рафт, ки Наҳзат бо иттифоқи раъйи ҳамаи мардум ва коршиносон ва нозирон ва ҳатто худи мақомот, аксарияти ороро ба даст овард.

Мо ба хиёбонҳо нарафтем, чун Устод Нурӣ ҳам пас аз тақаллуби интихоботҳо ба хиёбон нарафтанд. Он рӯзҳо Наҳзат нерӯи низомӣ ҳам дошт ва ҳанӯз ҳама чизро таслим накарда буд. Бо ин вуҷуд, Устод ин ду курсиро пазируфтанд ва вазъиятро ором карданд. Мо низ дар мароҳили баъд дар чунин ҳолатҳое, айнан ҳамон тавр рафтор кардем. Ҳоло ин дуруст буд ё на, баҳси дигар аст. Чун суол ин буд, ки Устод дар чунин шароите чӣ гуна рафтор мекарданд, банда ба суоли шумо посух мегӯям. Мо то лаҳзаи охир талош кардем, ки ҷанг нашавад ва Устод ҳам ҳамин корро мекарданд. Ҳоло агар иштибоҳ кардем, чӣ дар он замон чӣ баъдан, ба хотири як ҳадафи нек кардем ва ниятамон нек буд.

Аммо, ин ки оё Устод ба Урупо ҳиҷрат мекарданд ё на, масъалаи комилан дигаре аст. Замони ҳиҷрати аввал, яъне солҳои 90, танҳо гузинаи Афғонистон буд, ки ҳама рафтанд. Ҳам Афғонистон ва ҳам кишварҳои ҳамҷивор, мисли Покистон, Эрон ва дигарон ҳам ин омодагиро барои пазируфтани муҳоҷирон ва раҳбарияти сиёсӣ доштанд. Аммо, имрӯз ҳеч кадом аз ин кишварҳо чунин омодагиро надоранд. Ман мутмаиннам, агар яке аз ин кишварҳо омодагии пазируфтани мухолифони тоҷикро медошт, аксари онҳо дар ин кишварҳо мустақар мешуданд ва муборизаи худро идома медоданд. Вале, воқеият чунин аст, ки танҳо Урупо барои мухолифони имрӯзаи кишвари мо ҷойи амн ва муносиб барои идомаи талошҳост. Билофосила пас аз ҳиҷрат, мухолифони тоҷик, ба хусус Наҳзат талош карданд дар кишварҳое мисли Эрон, Туркия ва собиқ Шӯравӣ мустақар шаванд, то ба кишвар наздиктар бошанд. Аммо, ин кишварҳо зарфияти таҳаммули ҳузури мухолифони тоҷик дар хоки худро надоштанд ва мо маҷбур ба ҳиҷрат ба тарафи Урупо шудем. Агар бо Устод Нурӣ ҳам чунин рафтор мешуд, эшон чорае ҷуз ин намедоштанд.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: