Шарҳи Маснавӣ (306)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (49)

* * *

Таъйин кардани зан тариқи талаби рӯзӣ, кадхудои худро ва қабул кардани ӯ (3)

* * *

Гуфт: чун шоҳи карам майдон равад,

Айни ҳар беолате олат шавад.

Зан ба шавҳараш гуфт: ҳар гоҳ шоҳи карам ва офаридгори ҳамаи мавҷудот ба майдони атову эҳсон равад ва бар бандагонаш лутф кунад, ҳар чизе, ки бар ҳасби зоҳир сабабу абзоре надошта бошад, худ айни сабабу абзор мегардад.

З-он ки олат даъвӣ асту ҳастӣ аст,

Кор дар беолативу пастӣ аст.

Зеро сабабу абзор худ навъан даъвӣ ва исботи вуҷуди маҷозӣ барои шахси муддаӣ аст. Балки амали дуруст ва гавҳари ростини ирфон дар назди ҳазрати Субҳон, беолатӣ ва камоли фақру хоксорӣ аст.

Нукта: Дар ду байти ахир, Мавлоно ба ин масъала ишора кардааст, ки дидори шоҳон бисёр нодир ва мушкил будааст. Зеро онҳо худро дар кохҳои азиму ариз ниҳон мекарданд ва ҷилави ҳар даре низ ҳоҷибоне бармегумоштанд, то монеъ аз вуруди мардум бад-он ҷо шаванд. Лекин дар идҳо ва рӯзҳои хосс, шоҳон бо кавкабаи бузург дар шаҳр мегаштанд ва мардум низ аз панҷараҳо ононро медиданд. Дар ин ҷо Мавлоно аз ин падидаи зоҳирӣ, натиҷае орифона мегирад, ва он ин ки: вақте ҷамоли ҳақиқат бар дил битобад ва вусул даст диҳад, одобу асбоб соқит гардад. Сипас мегӯяд, ки худнамоӣ ва хештанфурӯшӣ аз тариқи доштани васоил, ойини ташарруф ба ҳузури хулафо ва салотин нест, он ҷо иноят муассир аст, на василату олат; зеро василасозӣ далел бар вуҷуд ва бақои шахсият ва навъе арзи ҳунар аст, ва фурӯтанӣ ва афтодагӣ дар муқобили қудрат, муассир меафтад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1129)

Гуфт: кай беолатӣ савдо кунам,

То на ман беолате пайдо кунам?

Мард ба зан гуфт: ман бояд чунин ҳолеро дар худ падид оварам. Фақирӣ ва беолатӣ барои расидан ба қурби Ҳақ, бартарин ҳадя аст. Вале кай метавонам бо ҳастии маҷозии худ бад-он мақом расам? Модом, ки ба мартибаи фақр нарасидаам, наметавонам ба мақоми қурб бирасам.

Пас гувоҳе боядам бар муфлисӣ,

То шаҳе раҳмам кунад дар муфлисӣ.

Пас бояд шоҳиду гувоҳе бар фақру ифлоси худ дошта бошам, то шоҳи ҳақиқат ба хотири ифлоси ман, бар ман раҳму шафқате оварад.

Ту гувоҳе ғайри гуфтугӯву ранг

Вонамо, то раҳм орад шоҳи шанг.

Эй зан! Ту барои ман шоҳид ва гувоҳе нишон бидеҳ, ки ниёзе ба гуфтану рангу шакл надошта бошад, зеро ҳеч кас бо зоҳири фақру ранги зоҳирӣ, ба мартибаи фақр намерасад, зеро ин завоҳир наметавонанд далел бар фақри ҳақиқӣ бошад. Бинобар ин, барои исботи фақри ҳақиқӣ бояд шоҳиде ҳақиқӣ нишон диҳӣ, то шоҳи хушманиш моро мавриди марҳамат қарор диҳад.

Шанг: зариф ва хушманиш.

Нукта: Мақсуд аз «гуфту ранг», он даста аз аъмоли зоҳирӣ аст, ки дар онҳо сидқу ихлоси дарун риоят нашуда бошад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1130)

К-ин гувоҳӣ, ки зи гуфту ранг буд,

Назди он қозилқузот он ҷарҳ шуд.

Зеро агар шоҳиди ту дар исботи фақр, ҳамин рангу бӯ ва қилу қол бошад, ин гувоҳиҳои зоҳирӣ дар назди он довари ҳақиқӣ, мардуд мегардад. Мақоми фақр, бо иддао ва алфози пуртамтароқ ҳосил намешавад, балки бояд аз ҳар чи ҳаст, дил канд; чунон ки Мирзо Ҳасани Исфаҳонӣ гӯяд:

Гар ту хоҳӣ, к-аз тариқат дам занӣ,

Пой бояд бар сари олам занӣ.

Сидқ мехоҳад гувоҳи ҳоли ӯ,

То битобад нури ӯ бе қоли ӯ.

Гувоҳи ҳоли ӯ, сидқу ростӣ дар даъвӣ аст, вагарна ин ки фақат пирояи фақрро ба худ бибандам ва ранги фақр ба худ бигирам, кофӣ нест, балки бояд нури ботини фақир бе ҳеч қилу қоле намоён шавад. (Шарҳи ҷомеаи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.798)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: