Перейти к содержимому

Шабнам Худойдодова: «Мақомоти Тоҷикистон нисбат ба кӯдакон раҳму шафқате надоранд»

Ба гузориши хабаргузории Тасним, давлати Тоҷикистон тайи моҳҳои ахир бобати мавзӯе, ки мухолифон онро «гаравгонгирии сиёсӣ» меноманд, мавриди интиқодоти шадиде қарор гирифтааст. Хонаводаҳо ва наздикони мухолифони сиёсии давлат ба баҳонаҳои мухталиф наметавонанд аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Мухолифон мегӯянд, аз ин афрод бархе бо мамнуъулхуруҷ шудан, бархе ба воситаи таҳдидоти гуногун ва иддае ҳам аз тариқи забти аснод ва мадорик, наметавонанд аз кишвар хориҷ шуда ва ба аъзои хонаводаи худ бипайванданд. Ин масъала ба вежа дар қиболи кӯдакони хурдсол бозхӯрдҳои шадидтареро аз сӯи афкори умумӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барангехтааст.

Пас аз қазияи Ҳамза Тиллозода (набераи Муҳиддин Кабирӣ, ки ба бемории саратон мубтало шуда ва давлат аз хуруҷи вай ва модараш барои мудово ҷилавгирӣ карда буд), ин бор навбат ба Фотима Давлатова, духтари 10-солаи Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқии тоҷик расидааст.

Эътирозот дар ин замина ба ҳадде буд, ки ахиран 7 созмони ҳуқуқи башарӣ баёнияи муштараке алайҳи давлати Тоҷикистон дар ин замина мунташир кардаанд. Дар ҳамин росто, хабаргузории Тасним гуфтугӯе бо хонум Шабнам Худойдодова, модари Фотима, ки ҳамакнун дар Урупо ба сар мебарад, тартиб дода, ки дар идома мехонед:

Тасним: Лутфан бифармоед чӣ тавр шуд, ки аз Фотима ҷудо афтодед? Дар гузоришҳо ва ахбори расонаҳо сирфан аз ин гуфта шуда, ки шумо аз соли 2014 дар Русия будед ва Фотима дар Тоҷикистон.

Худойдодова: Аввалан салому дуруди ман ба ҳамаи онҳое, ки имрӯз дар ин масъала бо ман ҳамдардӣ карда ва маро ёрӣ мекунанд. Ҳар модаре ниёз дорад, ки кӯдакашро дар оғӯш гирифта ва барои ӯ лолои модарона замзама кунад. Мутаассифона Худо ин рӯзҳоро насиби ман накардааст. Ман Фотимаро 7-моҳа бордор будам, ки зиндагии ман бо падари Фотима ба мушкил бархӯрд ва аз ӯ ҷудо шудам. Фотима дар манзили падару модарам ба дунё омад. Пас аз таваллуди Фотима, тасмим доштам, ки дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолиятҳоямро идома диҳам, аммо мутаассифона нашуд.

Ман фориғуттаҳсили риштаи забони тоҷик ҳастам ва натавонистам шуғли муносибе дар ришта ва тахассуси худам дар Тоҷикистон пайдо кунам. Зиндагӣ маро водор кард, ки барои ояндаи Фотима ба Русия муҳоҷират кунам. Чун дар он замон Фотима хурдсол буд, наметавонистам ӯро бо худ ҳамроҳ кунам, аз ин рӯ ӯро назди модарам гузоштам. Дар соли 2011, замоне, ки Фотима 3 сол дошт, ӯро бо модарам ба Петербург даъват кардам. Дар Русия ин имконро надоштам, ки ҳам аз Фотима муроқибат кунам ва ҳам сари кор биравам.

Тасним: Мақомоти Тоҷикистон ба ин ки чаро монеъ аз хуруҷи Фотима ва модари шумо аз кишвар мешаванд, посухе надодаанд? Оё додгоҳҳо ва мароҷеъи қонунии Тоҷикистон ҳукме дар ин замина содир кардаанд?

Худойдодова: Мақомоти Тоҷикистон ба модару духтарам иҷозаи хуруҷ аз кишвар намедиҳанд ва мегӯянд, ки иллати он ман ҳастам! Ман то кунун посухи дигаре дарёфт накардаам. Ман ҳам ҳамчун шумо ва дигарон, ҳамчунон дар интизори посухе қонеъкунанда барои ин мавзӯъ ҳастам.

Тасним: Тайи ин 4 соле, ки аз Фотима дур будед, барои тамоси телефонӣ ё интернетӣ маҳдудияте барои хонаводаатон вуҷуд надошт?

Худойдодова: Бале, тайи ин 4 сол албатта, ки дар тамос гирифтан бо модару духтарам ҳам мушкил доштам. Ба ҳар ҳол ба он кишвари Тоҷикистон мегӯянд ва мақомоти амниятӣ ҳамеша ва ҳама ҷо ҳастанд. Аммо як сол мешавад, ки телефони мобилӣ аз ин ҷо барои духтару модарам фиристодам, то бо онҳо аз тариқи Imo тамос бигирам.

Тасним: Пеш аз ин дар гузоришҳо ва мусоҳибаҳо ишора карда будед, ки ба далели фишорҳо модаратон ҳам бемор шудаанд. Чӣ фишорҳое ва аз сӯи чӣ касоне ба онҳо ворид шуда?

Худойдодова: Бале, аз соли 2014 фишорҳои мутаъаддиде аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба модарам эъмол шуд. Дар соли 2016 низ пас аз суханрониам дар Лаҳистон (Полша), тазоҳуроте ба муддати 10 рӯз атрофи манзили модарам шакл гирифт, ки возеҳ буд аз сӯи давлат созмондиҳӣ шудааст. Дар он замон ҳамсари бародарам кӯмаки зиёде барои наҷоти модарам сурат дода буд. Ин масъала, фишорҳо ва стресҳои ношӣ аз он, боис шуда бемории фишори хуни модарам ташдид шавад. Ман тасмим доштам, то модарамро ҳамчунин барои мудово ба ин ҷо (Урупо) даъват кунам, то вазъияти саломатии ӯ беҳтар шавад, аммо афсӯс, ки бахт бо ман ёр набуд.

Тасним: Дар хабарҳо омада, ки дар соли 2015 замоне, ки дар Белорус барои 9 моҳ боздошт будед, бо эътирози созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва пайгириҳои давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико озод шудед. Ин созмонҳо ва давлати Омрико тайи ин 4 сол иқдом ба эъмоли фишор ба давлати Раҳмон барои раҳоии Фотима ва хуруҷаш аз кишвар накарданд?

Худойдодова: Бале, ман соли 2015 дар Белорус дастгир шуда ва пас аз 9 моҳ бо фишорҳои давлати Омрико ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ озод шудам. Дар ин солҳо ҳам давлати Олмон ва Омрико талошҳое барои кӯмак ба ман сурат доданд, аммо боз ҳам мо дар доми фиреби мақомоти Тоҷикистон афтодем. Соли 2016 ва пас аз озод шуданам аз Белорус, мехостам, ки духтарамро бигирам ва сипас ба Омрико сафар кунам. Чун асосан паноҳандагии ман дар Омрико буд, на Лаҳистон (Полша).

Ба хотири фарзандам дар Лаҳистон мондам, то бо Фотима бо ҳам ба Омрико биравем. Дар соли 2016 замоне, ки давлати Тоҷикистон аз тасмими модару духтари ман барои хуруҷ аз Тоҷикистон ва мулҳақ шудан ба ман огоҳ шуд, сареъан ба суроғи хонаводаи ман рафта ва мадорикашон, ба вежа паспорти онҳоро забт карданд. Хонаводаи ман барои муддати як сол бидуни мадорик буданд. Дар он замон модарам ҳатто наметавонист маоши бознишастгиашро дарёфт кунад.

Дар январи 2018 вакил гирифтам ва бо тайи фарояндҳои ҳуқуқӣ тавонистам мадорики онҳоро пасбигирам. Баъд аз гирифтани мадорик, мехостам, ки ба хонаводаам бипайвандам, аммо боз ҳам афсӯс, ки натавонистам. Чаро, ки дасти мақомот ва раисиҷумҳури мо бениҳоят дароз аст. Онҳо на нисбат ба кӯдакон ва на занони солхӯрда раҳму шафқате надоранд.

Тасним: Пас аз он ки доӣ ва модарбузурги Фотима аз ҳавопаймо берун оварда шуданд ва фишорҳо аз сӯи афкори умумӣ ва созмонҳои байналмилалӣ алайҳи давлати Тоҷикистон афзоиш ёфт, маҳдудиятҳо ва фишорҳои бештаре нисбат ба хонаводаи шумо эъмол нашуд?

Худойдодова: Ман ба сурати лаҳзаӣ бо модарам дар тамос ҳастам. Ба далели ҳарос аз ин ки осебе аз ҷониби ҳукумати Раҳмон ва тарафдоронаш ба духтарам, модарам ва бародарам ворид шавад, онҳо дар Душанбе махфӣ шудаанд. Аслан бовар надорам, ки вазъияти хонаводаи ман дар Тоҷикистон хуб бошад. Агар вазъияташон беҳтар мешуд, модарам ҳатман ба ман иттилоъ медод.

Тасним: Сухан охире агар доред бифармоед.

Худойдодова: Дар поён мехоҳам ташаккур ва қадрдонии худамро аз тамоми созмонҳо ва хабарнигорони байналмилалӣ, бародарон ва хоҳароне, ки дар ин ғаму андӯҳ бо ман шарик буданд, эълом кунам. Худованд ёру ёвари ҳама мо ва шумо бошад!

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: