Инсони комил (33)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби сусиёлизм (сотсиализм) (1)

قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْاْ إِلَى كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلاَّ نَعْبُدَ إِلاَّ اللّهَ وَلاَ نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلاَ يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ

(Сураи Оли Имрон, ояти 64)

Яке дигар аз мактабҳо дар мавриди инсони комил, мактаби сусиёлизм (сотсиализм) аст. Дар ин мактаб, нақсу камоли инсоният дар ду чиз хулоса мешавад: нақс дар он ҷост, ки башар ҳар чи бештар ҷанбаи фардият дошта бошад, ва камоли инсоният дар ҷанбаи ҷамъӣ аст, ба ин маънӣ, ки инсон то “ман” аст, ноқис аст ва он вақт комил мешавад, ки “ман” аз байн биравад, вале на ба он маъно, ки урафо “ман”-ро аз байн мебаранд. Урафо мехоҳанд “ман”-ро барои “ӯ” аз байн бибаранд, яъне “ман” ба унвони замири аввали шахс, мунҳадим ва маъдум мешавад, то ӯ (замири севвуми шахс) ошкор ва пайдо шавад, ва албатта манзури онҳо аз “ӯ”, Худост. Фонӣ шудани “ман” дар “ӯ” яъне фонӣ шудани инсон дар Худо.

Ин мактаб дар ин ҷиҳат бо мактаби урафо ширкат дорад, ки тарафдори мунҳадим шудан ва шикастани “ман” аст, вале на барои ин ки “ӯ” пайдо шавад ва зоҳир ва ошкор гардад, балки “ман” аз байн биравад барои ин ки “мо” (замири мутакаллими маъалғайр) пайдо шавад. Аз назари инҳо (сусиёлистҳо), инсони комил инсоне нест, ки ориф бошад ва бигӯяд: «Лайса фи ҷуббати илаллоҳ», балки инсони комил он инсоне аст, ки “ман”-и худро дар ҷамъ мустаҳлик карда бошад. Чунин инсоне он чи, ки ҳис намекунад, “ман” аст ва он чи, ки ҳис мекунад, “мо” аст.

Бисёре аз мактабҳои дигар ҳам то ин андоза ин матлабро қабул доранд. Ҳатто мактабҳое, ки “ман”-ро барои пайдо шудани “ӯ” мунҳадим мекунанд, бо пайдо шудани “мо” мухолиф нестанд ва аз ин, ки “ман” табдил ба “мо” шавад, ҳимоят мекунанд.

* * *

Хулосаи сухани ин мактаб

Ин мактаб (сусиёлизм), ки инсони комилро он инсоне медонад, ки дар ӯ “ман” табдил ба “мо” шуда бошад, роҳашро ҳам ироа медиҳад, мегӯяд: ҳар ҷо, ки ашёе ба “ман” таъаллуқ надоранд ва ба “мо” таъаллуқ доранд, ин амр сабаби “мо” будани афрод аст. Вақте шумо таъаллуқоти ашё ба инсонҳоро нигоҳ кунед, мебинед ду ҷур аст. Як силсила умур аст, ки дар ҳар ҷомеае ба “мо” таъаллуқ дорад. Масалан, оё забони форсӣ моли ман аст? На. Моли шумост? На. Моли он фарди дигар аст? На. Забони форсӣ моли як ҷамъ аст. Ватан моли кист? Моли як фард нест, моли ҷамъ аст. Ҳар чи аз ин қабил аст яъне ҳар чи, ки ба ҷамъ таъаллуқ дорад, на ба фард, афродро яке мекунад. Мо ба он далел бо якдигар муттаҳид ҳастем, ки ҳамзабонем, яъне забон ба “мо” таъаллуқ дорад, на ба “ман”, ва ҳамватан ҳастем, яъне ватан ба “мо” таъаллуқ дорад, на ба шахс ва фард. Мо ҳамчунин ҳамфарҳанг ҳастем, ҳамдину ҳамдил ҳастем. Ҳар чи, ки ба “мо” таъаллуқ дорад ва ба “ман” таъаллуқ надорад ва ҷанбаи ихтисосӣ надорад ва ҷанбаи иштирокӣ дорад, афродро ба ҳамон нисбат “мо” мекунад.

Аз тарафи дигар, суроғи ашёе меравем, ки ба фард-фард ҷудогона таъаллуқ дорад ва ҷанбаи ихтисосӣ дорад: хонаи ман, пули ман, либоси ман, фарши ман, худрави ман. Хонаи ман дигар моли шумо нест, моли ман аст. Пули ман пули шумо нест, пули мо нест, пули ман аст. Ин гуна таъаллуқот, ки ашё ба инсон таъаллуқ пайдо мекунанд, таъаллуқоти ихтисосӣ аст, на иштирокӣ. Мегӯянд, таъаллуқот, ки ихтисосӣ мешавад, “мансоз” аст. “Ман”-ро чӣ месозад? Моликияти фардӣ, ихтисос. “Мо”-ро чӣ месозад? Моликияти ҷамъӣ, иштирок. Пас, милоки комил будани инсонҳо, “мо” будани онҳост, ва милоки “мо” шудани инсонҳо ин аст, ки ихтисосҳо аз байн биравад ва иштирок ва сусиёлизм ҷойгузини ихтисос шавад.

Инҳо муддаӣ ҳастанд, дар аввал, ки ҷомеаи башарият ба вуҷуд омадааст, ҷомеаи башарӣ як ҷомеаи иштирокӣ буда ва моликият набудааст; замини ман ва замини ту, сарвати ман ва сарвати ту матраҳ набуда, ҳама чиз иштирокӣ будааст ва башар дар як биҳишт ва дар осоиш зиндагӣ мекардааст. Он чи, ки дар адён омадааст, ки ҷадди аълои мо ибтидо дар биҳишт буд ва баъд ба як шаҷара наздик шуд ва исён кард ва чун исён кард, аз биҳишт ронда шуд ва гирифтори зиндагии хокии заминӣ шуд, аз назари онҳо ин амр таъбири дигаре аз ин аст, ки башар дар биҳишти иштирокият зиндагӣ мекард ва “мо” буд, на “ман” ва баъд як исён муртакиб шуд ва ба воситаи он исён аз биҳишти иштирокият ронда шуд, ва он исён, пайдоиши моликияти фардӣ аст. Вақте моликияти фардӣ пайдо шуд, башар аз биҳишти саодат ронда шуд ва дучори бадбахтӣ гардид ва ҳанӯз ҳам дучори ҳамон бадбахтӣ аст. Тавбаи инсон барои ин ки ба биҳишт бозгардад, тавба аз моликият аст ва ҳамон тавр, ки дар адён омада биҳиште, ки инсон баъдан меравад, аз аввал комилтар ва беҳтар аст. Ҳар вақт башар аз ин гуноҳи бузург тавба кард ва ба ҷои моликияти фардӣ ба иштирокият рӯ овард, бори дигар ба мақоми одамият ва инсонияти худаш мерасад.

Мегӯянд: моликият, ки падид омад, зулм пайдо шуд — ва зулм ношӣ аз моликият аст — ва аз ин рӯ истисморгару истисморшуда пайдо шуд. Башар дар ҳоле, ки истисморгар ва ё истисморшуда аст, ноқис аст. То вақте, ки ин ноҳамвориҳо ва пастиву баландиҳо дар байни афроди башар вуҷуд дорад, ки яке он қадр боло меравад, ки ба қуллаи Дамованд мерасад ва яке ҳам он қадр поин меравад, ки дар як дараи ҳавлнок суқут мекунад, ҳаргиз ҷомеаи башарият рӯи саодатро намебинад. Вақте рӯи саодатро мебинад, ки ҳолати даштро пайдо кунад ва мутасовӣ бошад. Баъд аз ин ки тасовӣ ва баробарӣ ҳоким шавад, бародарӣ ба вуҷуд меояд ва дар он ҳангом, инсон дигар инсони ноқис нест ва инсони комил аст.

Пас, ин мактаб, камоли инсонро мусовӣ бо нафйи таъаллуқоти ихтисосӣ ва ҳамаи лавозиму дунболаҳои он монанди истисморгариҳо ва истисмор шуданҳо медонад, ки истисмор дар ҳар ду тараф, ҳазорон айбу нақс эҷод мекунад: дар яке ҳиқду кина эҷод мекунад ва дар дигаре ҳирсу оз. Вақте, ки решаашро аз бун задед, камоли инсон буруз мекунад.

* * *

Иштибоҳи асосии ин мактаб

Ин ки ҳадаф ҳамеша ин аст, ки “ман” бояд табдил ба “мо” шавад ва “ман” дар байн набошад, матлабе нест, ки аз мухтассоти сусиёлистҳо бошад. Он чи аз мухтассоти онҳост, роҳе аст, ки нишон медиҳанд, ва он ин аст, ки мегӯянд: “мансоз” моликияти ихтисосӣ (1) аст ва “мосоз” моликияти иштирокӣ (2).

Касоне, ки ба сусиёлистҳо ҷавоб медиҳанд ва ё метавонанд ҷавоб диҳанд, ин тавр метавонанд бигӯянд: оё он чи, ки “мансоз” аст, таъаллуқи ашё ба инсон аст ё таъаллуқи инсон ба ашё? Оё ин ки ашё ба инсон таъаллуқ дошта бошанд яъне инсон молик бошад ва ашё мамлук бошанд, “мансоз” аст ва миёни афрод марз месозад ва ҳисор мекашад ва афродро аз якдигар ҷудо мекунад ва ваҳдату иттиҳодро аз байн мебарад? Ва ё моликияти инсон бар ашё ва таъаллуқи ашё ба инсон маншаи ин амр нест, акси қазия аст: таъаллуқи инсон ба ашё ва моликияти ашё бар инсон ба ин маъно, ки инсон бандаи ашё бошад — ва ба таъбири ирфонии худамон, таъаллуқи қалбӣ ба ашё дошта бошад — “мансоз» аст. Молики пул будан, инсонро “ман” намекунад ва “мо” буданро аз ӯ намегирад; мамлук ва бандаи пул будан, инсонро “ман” мекунад ва “мо” буданро аз ӯ мегирад.

Сусиёлизм мегӯяд, моликиятро аз байн бибар, то “ман”-ҳо табдил ба “мо” шаванд. Ислом намегӯяд, моликиятро аз байн бибар; мегӯяд, инсонро бисоз, инсонро хуб тарбият кун, ба инсон идеяҳои олӣ ва воло бидеҳ, ки фаразан молики ашё ҳам бошад ва ашё ба ӯ таъаллуқ дошта бошанд, ӯ дигар ба ашё таъаллуқ надорад ва бандаи ашё нест ва озод аст. Кадом инсон “мо” аст? Он инсоне, ки озодии маънавӣ дорад, на инсоне, ки ҳеч чиз надорад. Ин тавр нест, ки агар як инсон ҳеч чиз надошт, “мо” аст; балки ба далели ин ки як инсон вобаста ба ашё нест ва таъаллуқи хотир ва қалбӣ ба ашё надорад ва ашё ӯро асири худашон накардаанд ва намекунанд, “ман”-и ӯ ҳеч вақт “ман” нест ва ҳамеша “мо” аст. Он вақт аз ду тараф мисол меоваранд, мегӯянд: мо мебинем ҳамеша инсонҳое дар дунё буда ва ҳастанд, ки молики ашё ҳастанд, вале тарбияташон як навъ тарбияте аст, ки инҳо мамлук ва банда ва асири ашё нестанд. (3) Зуҳд ба маънии воқеӣ ҳамин аст. Тарки дунё дар мафҳуми “Наҳҷул-балоға”, яъне озод зистан аз дунё ва бандаи дунё набудан.

* * *

Дунё аз диди Алӣ (а)

Алӣ (а) мефармояд: дунё! Туро талоқ додам ва сеталоқа ҳам кардам ва дигар раҷъате дар ин талоқ нест.

اعز عنّي

«Эй дунё! Аз ман дур шав!»

فوالله لا أذلّ لك فتستذلّني ولا أسلس لك فتقوديني

«Дунё! Ба Худо қасам, ҳаргиз таслиму роми ту намешавам, ки маро хору забун кунӣ…» (Наҳҷул-балоға, номаи 45) Алӣ (а) ҳамеша дар муқобили дунё яъне дар муқобили ашё, як ҳолати исёну тамарруду саркашӣ дорад ва ҳеч иҷоза намедиҳад, ки дунё дар руҳи ӯ чанг биандозад.

ولا أسلس لك فتقوديني

«Ман маҳорамро ба дасти ту намедиҳам, ки ба ҳар ҷо, ки бихоҳӣ, бикашӣ ва бибарӣ…» Ин ҳамон зуҳди исломӣ ва тарки дунёи исломӣ аст, яъне озод зистан нисбат ба неъматҳои дунё ва худро нафарӯхтан ба неъматҳои дунё.

Боз Алӣ (а) мефармояд:

الدنيا دار ممرّ لا دار مقرّ، والناس فيها رجلان: رجل باع فيها نفسه فأوبقها ورجل ابتاع نفسه فأعتقها

«… Мардум дар бозори дунё ду дастаанд: як даста, дар бозори дунё худро мефурӯшанд ва пули фурӯхтани худашонро мегиранд, ва дастаи дуввум, мардуме ҳастанд, ки дар дунё худро мехаранд ва озод мекунанд.» (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 133)

Як вақт Алӣ (а) дирҳам ё динореро, ки моли худашон буд кафи даст гирифт, қадре ба он нигоҳ кард ва фармуд: эй пул! Ту то вақте, ки дар дасти ман ҳастӣ, моли ман нестӣ. Дуруст акси он чи мо мегӯем. Мо мегӯем, то вақте пул моли ман аст, ки дар ҷайби ман аст ва вақте харҷ кардам, аз дасти ман рафтааст. Алӣ (а) акси инро фармудааст: ту то вақте, ки дар дасти ман ҳастӣ, моли ман нестӣ, зеро то вақте, ки дар дасти ман ҳастӣ, бояд моли ту бошам ва навкари ту бошам ва туро нигаҳдорӣ кунам. Ту он вақт моли ман ҳастӣ, ки туро харҷ карда бошам, вагарна то вақте, ки туро нигаҳ доштаам, ту моли ман ва дар хидмати ман нестӣ, ман моли ту ва дар хидмати ту ҳастам.

Алӣ (а) аз ҷилави як қассобе мегузашт. (4) Қассоб чашмаш, ки ба Алӣ (а) афтод, арз кард: имрӯз гӯштҳои хубе овардаам, агар мехоҳед бихаред. Ҳазрат фармуд: пул надорам. Қассоб гуфт: ман барои пулаш сабр мекунам. Фармуд: ман ба шиками худ мегӯям сабр кунад. Чаро аз ту гӯшт бигирам, ки ту бихоҳӣ барои пулаш сабр кунӣ? Ман шикамамро водор ба сабр мекунам, ки ин миқдор залилу мақрузу мадюни ту набошам.

* * *

Ислоҳи дарун, роҳи раҳоӣ аз “ман” будан

Ин мактаб (мактаби ислом) мегӯяд: агар мехоҳед инсонро аз “ман” будан хориҷ кунед ва “мо” кунед, ӯро дар дарунаш ислоҳ кунед, нагузоред бандаи ашё шавад, вагарна бо салби моликияти фардӣ, ин дард даво намешавад.

Албатта, дар ин ҷо боз ду мактаб аст: як мактаб мегӯяд, ки аслан ба моликиятҳо коре надошта бошед, ноҳамвориҳо ҳар миқдор бошад, фақат ба дарун бипардозед. Мактаби дигар мегӯяд: дуруст аст, ки асос дарун аст, вале бидуни ислоҳи берун, дарунро намешавад ислоҳ кард. Ва мо дар ислом мебинем, ки ба берун ҳам таваҷҷӯҳ аст. Яъне ислом мехоҳад ноҳамвориҳои берунро табдил ба ҳамворӣ кунад бидуни он ки моликиятро ба куллӣ илғо карда бошад. Ислом аз роҳҳое ворид мешавад, то тасовӣ пайдо шавад ва дар ҷомеа ҳамворӣ ба вуҷуд ояд, вале дар айни ҳол, ин амрро барои ин ки “ман” табдил ба “мо” шавад, кофӣ намедонад, магар он ки ҳақиқатеро бар руҳҳо ҳоким кунад.

Ҳатман дар адабиёт, “музоф” ва “музофун илайҳ”-ро хондаед. (5) Мактаби сусиёлизм таваҷҷӯҳаш ба “музоф”-ҳост, мегӯяд: ин музофҳо вақте ҳамроҳи “ман” меояд, масалан “хонаи ман” ва “пули ман” ва “либоси ман” мешавад, “ман”-ро “ман” мекунад. Музофҳоро бардоред, чун вақте музофҳо ихтисосӣ шуд, “мансоз” аст. (6) Вале ин мактаб (ислом) мегӯяд: музофҳои “ман” коре намекунад, музофун илайҳҳои “ман” кор мекунад. Мегӯяд: “ман”-и чӣ? Яъне ин “ман” ба чӣ таъаллуқ дорад? Агар “ман” ба умури фардӣ ва маҳдуд таъаллуқ дошта бошад, “ман”, “ман” мешавад, ва агар “ман” ба умури ҷамъӣ ва номаҳдуд таъаллуқ дошта бошад, “ман” “мо” мешавад. Ба иборати дигар, вақте, ки руҳ ба умури фардӣ таъаллуқ дошта бошад, яъне умуре, ки ё бояд моли ман бошад ё моли шумо, табдил ба “ман” мешавад, вале вақте, ки руҳ ба умури ҷамъӣ мисли идея, имон ва Худо таъаллуқ дошта бошад, табдил ба “мо” мешавад. Тарафдорони ин мактаб мегӯянд: мо инсонҳоеро мебинем, ки ашёи зиёде ба онҳо таъаллуқ пайдо карда, вале “ман”-и онҳо “ман” боқӣ намонда ва “мо” шудааст. Вақте ҳеч чизе ба онҳо таъаллуқ надошта, “ман”-и онҳо “мо” буда ва вақте ҳам ҳама чизро доштаанд, “ман”-и онҳо “мо” будааст, чун руҳу равонашон ба ашё таъаллуқ надоштааст.

Алӣ (а) дар зиндагӣ чунин буд. Ӯ як зиндагии пурнавасоне дошт. Рӯзеро гузарондааст, ки нони ӯ ба ҳамон миқдоре, ки шаб бо ҳамсару фаразандонаш бихӯранд мунҳасир будааст ва вақте онро инфоқ кард, дигар чизе дар хона надошт. Айёме ҳам бар Алӣ (а) гузашт, ки дар раъси бузургтарин кишвари он рӯзи дунё буд, моликурриқоби мардум буд ва байтулмоли азиме дар ихтиёраш буд, васоил барои ҳар навъ танаъуме, ки бихоҳад ва ҳар гуна, ки бихоҳад “ман”-ро ишбоъ кунад, фароҳам буд. Вале на он рӯзе, ки чизе ба ӯ таъаллуқ надошт ва на он рӯзе, ки беш аз ҳамаи мардум ашё дар ихтиёраш буданд, ҳеч вақт “ман”-и ӯ “ман” набуд, ҳамеша “мо” буд. Ҳамеша худашро фаромӯш медошт ва дар фикри дигарон буд. Пас, маълум мешавад ин фалсафа дуруст нест, ки барои ин ки “ман” “мо” бишавад, бояд моликият ва ихтисосро аз байн бибарем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Яъне таъаллуқи ашё ба фард, на ба ҷамъ.

(2) Яъне таъаллуқи ашё ба ҷамъ, на ба фард.

(3) Дар ин ҷо фақат барои як тараф мисол оварда шудааст. Мисол барои тарафи дуввум, афроде ҳастанд, ки аз дороии ночизе бархӯрдоранд, вале бандаи он ҳастанд.

(4) Саъдӣ ин достонро дар мавриди як ориф ба шеър даровардааст, вале чунонки дар аҳодис аст, ин воқеа дар мавриди Алӣ (а) аст.

(5) Вақте як шайъро ба шайъи дигаре нисбат медиҳед ва масалан мегӯед: либоси ман, либосро “музоф” ва манро “музофун илайҳ” мегӯянд.

(6) Медонед, ки инҳо дар асл, ҳам дар қадимулайём ва ҳам дар давраи ҷадид, асли иштирокро дар мавриди хонавода ҳам гуфтанд, вале ба мушкил бархӯрд карданд. Ҳатто дар ибтидои инқилоби кумунистӣ дар Шӯравӣ, масъалаи иштирок дар зан ҳам пешниҳод шуд, вале баъд дар соли 1936 инро ба куллӣ ҳазф карданд. Дар ин ҷо ҳам масъалаи “ман” ва “мо” меояд, вале диданд амалӣ нест.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: