Перейти к содержимому

Хидмати бузурги Тромп ба душманонаш

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, хидмати бузурге ба душманонаш ироа мекунад ва бӯҳронҳои бузурге бо ҳампаймонони кишвараш аз тариқи зиёдаравиаш дар эъмоли муҳосираҳо ва дар айни ҳол роҳандозии «ҷангҳои иқтисодӣ» дар беш аз як ҷабҳа эҷод мекунад, ва агар ин гуна сиёсатҳо идома пайдо кунад, вай ба ҷуз режими «Исроил» ва Арабистони Саудӣ, дӯсте перомуни худ нахоҳад дид.

Тромп таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркия эъмол кард, муҳосираи хафакунанда алайҳи Эронро шурӯъ кард, таъомул бо рубли Русияро мамнӯъ кард, таҳримҳо алайҳи Куреи шимолиро ташдид кард ва худашро омодаи эъмоли таърифаҳои гумрукӣ бар содироти Чин ба кишвараш ба арзиши 400 милёрд дулор дар моҳҳои оянда мекунад ва таърифаҳои дигар ва мушобеҳе низ бар воридот аз Урупо эъмол мекунад.

Пушти ҳамаи ин муҳосираҳо «Исроил» аст, ки нуфузи азиме бар раисиҷумҳури Омрико дорад ва бархе манобеъи исроилии баландпоя ба ин мубоҳот карданд, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири ин режим, ҷузъиёти онро тадвин кардааст ва Ҷоред Кушнер, домоди раисиҷумҳури Омрико ва мушовири барҷастааш аз он ҳимоят кардааст. Инҳоро Бен Косбет, нависандаи исроилии наздик ба манобеъи амниятӣ дар мақолае, ки дар маркази «Алмасдар», мутахассис дар умури Ховари Миёна мунташир кард, мавриди таъкид қарор дод.

* * *

Замоне, ки Тромп алайҳи Русия, Туркия ва Эрон — се кишвари узв дар маҷмӯаи минтақаии Сочи, ҷанги иқтисодӣ роҳ меандозад, ин кораш боис мешавад, ки иттиҳоди ин маҷмӯа тақвият шавад ва кишварҳои Чин, Покистон ва Ҳиндро ба он изофа мекунад, ки эълом карданд ба ин таҳримҳои Омрико пойбанд намешаванд ва ҳар гуна таҳриме алайҳи ин кишварҳоро ҳамон тавр, ки Тромп таҳдид ба эъмоли онҳо кард, ба чолиш мекашанд.

Тромп то кунун дар муттаҳид кардани муҳимтарин ва қавитарин кишварҳои исломӣ дар Ховари Миёна алайҳи худаш муваффақ шуд ва ду мазҳаби суннӣ ва шиъаро зери як чатр яъне чатри душманӣ ва танаффур аз давлат ва кишвараш қарор дод ва мо дар ин ҷо дар бораи Эрон ва Туркия сухан мегӯем; амре, ки зарбаи муҳлике ба тарҳҳояш дар эҷоди «НАТО-и арабӣ» бар пояҳои мазҳабӣ, ворид мекунад.

Ин қобили таваҷҷӯҳ буд, ки Покистон дар даврони Имронхон, нахуствазири ҷадид, аз ҳампаймони омрикоиаш сарпечӣ карда ва Муҳаммад Файсал, сухангӯи вазорати хориҷааш эълом кард, ки ин кишвар ба таҳримҳои Омрико алайҳи Эрон пойбанд намешавад ва равобити тиҷории худ бо Эронро бидуни ҳеч гуна тағйире идома медиҳад ва ин кишвар кишваре дорои ҳокимият ва истиқлол аст ва сиёсатҳояшро бар асоси манофеаш ва на бар асоси диктаҳои хориҷӣ тарсим мекунад.

Ин мавзеъгирии ғайримунтазираи Покистон маънояш ин аст, ки Покистон аз урдугоҳи Арабистон ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс хориҷ шуда ва тасмим гирифт, ки дар рӯёрӯӣ бо Тромп ва давлаташ, дар хандақи Эрон қарор гирад. Молезӣ низ, ки аз эътилофи низомии Арабистон хориҷ шуд низ ба Покистон мулҳақ мешавад ва нахустин гомҳояш дар ин масир хуруҷи нерӯҳояш аз ҷанги Яман аст. Молезӣ поро фаротар гузошт замоне, ки маркази мубориза бо ифротгароӣ, ки Арабистон дар Куоло-лумпур эҷод кард ва дар маросими ифтитоҳияи он Малик Салмон бен Абдулазиз тайи дидораш аз Молезӣ дар соли қабл ҳозир шуд баст. Ва таъаҷҷуб намекунем агар Андунезӣ низ даст ба ҳамин кор бизанад.

Наздик шудани Покистон ва Эрон, бар тарҳи Омрико барои тақвияти субот дар Покистон ва аз байн бурдани ҷунбиши Толибон, бозтоби манфӣ мегузорад; ҷунбише, ки ҷанги чарикии сахте ба роҳ андохта, то ин тарҳи Омрикоро аз байн бибарад; тарҳе, ки барои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва ҳампаймононаш дар паймони НАТО беш аз ду ҳазор кушта ва ду трилюн дулор аз замони дахолати низомӣ дар соли 2001 ва то кунун, ҳазина доштааст.

Муҳосира боис намешавад, ки Эрон ба зону дарояд ё бозуҳои низомии қавиаш дар беш аз як кишвар дар минтақа қатъ шаванд ва таҳмили як тавофуқномаи ҳастаии ҷадиде ва тағйирёфта низ наметавонад эътирозҳоеро дар Эрон барои бесуботии ин кишвар ва тағйири низом роҳ биандозад. Давраи тағйири низомҳо чӣ басо ба шакли бебозгаште сипарӣ шуд ва истодагии Сурия пас аз ҳафт сол дахолатҳои низомии хунин ва ҳазина кардани 70 милёрд дулор ва тазриқи беш аз 300 ҳазор фарди мусаллаҳ пас аз омӯзиш ва таслеҳашон ва басиҷ кардани эътилофе аз 70 кишвар, оғоз ва мадраке дар ин замина аст. Таҷрибаҳои Либӣ, Ироқ, Яман ва Афғонистон ҳаргиз такрор намешаванд.

* * *

Омрико танҳо қудрати бузурги мусаллат бар ҷаҳон нест, Чин ва Русия ва дигар кишварҳои ҳастаӣ монанди Куреи шимолӣ, Покистон ва Ҳинд низ ҳастанд, ки дар хандақи рӯёрӯӣ бо ин такаббур ва султагарии Омрико қарор гирифтаанд ва тамарруди аланиашон бар муҳосираҳояшро эълом мекунанд ва чӣ басо Урупо низ ҳамин роҳро дар ояндаи наздик биравад.

Агар мусалласи Русия, Эрон ва Туркия дар як ҷабҳа ва дар бистари муқобила бо муҳосираҳои Омрико муттаҳид шавад, муваффақ хоҳад шуд ва шикасти сахте бар Омрико ва ҷойгоҳаш ба унвони қудрати бузурги ҷаҳон ворид мекунад. Ҷаҳон метавонад бидуни дулори Омрико, бидуни бозорҳо ва кукокулои омрикоӣ зиндагӣ кунад. Ин муҳосираҳо фоли нек ва оғози бедории ҷаҳонӣ ва мутабалвир шудани низоми иқтисодии ҷадид ва мустақил хоҳад буд, ки бар арзҳое такя мекунад, ки арзи омрикоӣ ҷузъи онҳо нест.

Чӣ басо бархе бар ин боваранд, ки мо руъёпардоз ва хушбинтар аз лозим ҳастем ва ин бовари беҷост, зеро Омрико, ки ба воситаи раисиҷумҳури мутаҳаввираш фақат бо мутаҳаввирҳое ба монанди худаш таъомул мекунад, ба пойи худ шиллик мекунад ва танаффурро на фақат дар Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом ба монанди даҳаи 80 ва 90, балки ҳамаи ҷаҳонро алайҳи худ басиҷ мекунад.

Дар гузашта, танаффур аз Омрико бар ҳимояташ аз режими саҳюнистӣ дар Фаластини ишғолӣ ва ҷангҳояш дар Афғонистон ва Ироқ тамаркуз дошт, аммо акнун ба далели муҳосираҳо ва ҷангҳои иқтисодиаш, ки ба наздиктарин ҳампаймононаш пеш аз душманонаш осеб мезанад, афзуда шудааст.

Инқилоби хашми ҷаҳонӣ алайҳи Омрико наздик аст ва бодҳояшро мебинем, ки дар ҳоли ҷамъ шудан аст ва ҳеч кас наметавонад натоиҷи онро пешбинӣ кунад ва Омрико ва низомаш пеш аз вуқӯъи тағйир дар Туркия ва Эрон ва Русия, тағйир мекунад… Худо донотар аст!

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: