Шарҳи Маснавӣ (307)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (50)

* * *

Ҳадя бурдани араб сабӯи оби борон аз миёни бодия сӯйи Бағдод ба амирулмӯъминин бар пиндошти он, ки он ҷо ҳам қаҳти об аст (1)

* * *

Гуфт зан: сидқ он бувад, к-аз буди хеш,

Пок бархезанд аз маҷҳуди хеш.

Зан гуфт: дар ин роҳ, садоқат дар ин аст, ки аз «буд» ва «ҳастӣ»-и маҷозии хеш ба куллӣ даст бардорӣ ва аз ҳамаи алоиқ ва вобастагиҳо бираҳӣ.

Маҷҳуд: тавоноӣ ва тоқат, кӯшиш.

Нукта: «Сидқ» дар луғат ба маънии ростгӯӣ ва росткорӣ аст, ва «сиддиқ» касе аст, ки ҳарфу амалу паймонаш рост бошад. (Кашфул-асрор, ҷ.9, с.495) Ва ин истилоҳ, баргирифта аз Қуръони Карим аст, ки дар сураи Юсуф, ояти 46 ва Марям, ояти 41 ва Ҳадид, ояти 19 ва Нисо, ояти 69 ёд шудааст. Ва манзур аз «сиддиқин» ҳамонҳое ҳастанд, ки сидқу ростӣ дар онон ба сурати малака даромада ва гуфтору кирдори онон ҳама аз он нашъат мегирад. (Тафсири Алмизон, ҷ.11, с.188)

Тасаввуф ин вожаро аз Қуръон ва ривоёт ахз карда ва ба мадади завқу кашф, таърифҳое аз он ба даст додааст, аз он ҷумла: «Сидқ он бувад, ки аз хештан он намоӣ, ки бошӣ, ва он бошӣ, ки намоӣ.» (Маноқибус-суфия, с.75) ва «Ҳар ки бо нафсу ҳавои худ мудоҳанат кунад, ҳаргиз насими сидқ ба машоми ӯ нарасад, ва касе, ки ҷамоли сидқ бидид ва мухолифи ҳавои худ гашт, аз марг натарсад, балки пайваста мунтазири Азроил бошад, чунон ки Қуръони Карим хабар дод: «Орзуи марг кунед агар ростгӯ ҳастед.» (Сураи Ҷумъа, ояти 24) Касе, ки дар коре содиқ гашт, нишони ӯ он бувад, ки ҳар чи зидди он кор аст, он бар худ раво надорад ва банди алоиқ ҳама аз худ бардорад ва пайваста мунтазири аҷал бошад ва интизор бад-он қувват бошад, ки сидқ бар сари ӯ ғолиб бошад, донад, ки чун парда аз аҳволи ӯ баргиранд, расво нахоҳад шуд. Касе, ки ин сифат ёфт, марг бар дили ӯ осон гардад.» (Маноқибус-суфия, с.75)

Ибни Арабӣ гӯяд: «Сидқ, шиддату салобат дар дин ва ғаюр будан барои Худованд аст.» (Футуҳоти Маккия, ҷ.2, с.22)

Ба ақидаи Мавлоно, сидқ, фано ва нестӣ аз худ ва осори худӣ аст, яъне он ки худро набинад ва ҷаҳду кӯшиши хешро ба ҳеч ангорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.799)

Оби борон аст моро дар сабӯ,

Мулкату сармояву асбоби ту.

(Зан дар идома ба шавҳари худ гуфт:) Мо дар сабӯ оби борон дорем, ва дору надори мо ҳамин сабӯи об аст.

Ин сабӯи обро бардору рав,

Ҳадя созу пеши шоҳаншоҳ шав.

Ин сабӯи обро бардору бирав ва онро ба шоҳ пешкаш кун.

Гӯ, ки моро ғайри ин асбоб нест,

Дар мафоза ҳеч беҳ з-ин об нест.

Ба шоҳ бигӯ, ки ғайр аз ин сабӯи об, дороии дигаре надорем ва дар дашти хушку бе обу алаф, ҳеч чиз беҳтар аз ин об нест.

Мафоза: биёбони бе обу алаф.

Гар хазинаш пурзарасту гавҳар аст,

Инчунин обаш наёяд, нодир аст.

Агарчӣ ганҷхонаи шоҳ аз колоҳои гаронбаҳо пур аст, вале назиру монанди ин об дар он ҷо пайдо намешавад, зеро ин навъ об камёб аст.

Нукта: Мавлоно дар идома, ғафлати ин зан аз дастгоҳи аризу тавили халифаро ба илму маърифати ночизи башар ташбеҳ мекунад, ки мехоҳад ин маорифи ночизро василаи шинохти Худо ва расидан ба мақоми қурби ӯ созад. Аз ин рӯ, дар абёти зайл ба тафсири маънавӣ аз ин моҷаро мепардозад.

Чист он кӯза? Тани маҳсури мо,

Андар ӯ оби ҳавоси шӯри мо.

Он кӯза чист? Мурод аз он кӯза, тани маҳсуру маҳфузи мост; обе, ки дар дохили он аст, оби ҳавосси шӯру ногувори мост.

Нукта: Дар ин байт, бадан ва вуҷуди инсонӣ ба кӯзае, ки дорои панҷ лӯла аст ташбеҳ шудааст, ки танҳо миқдори ночизе аз об даруни он ҷо мегирад. Ин панҷ лӯла, ҳамон панҷ ҳисси мост. Пас, маорифе, ки аз тариқи ин панҷ лӯла (ҳавосси панҷгона) ба кӯзаи вуҷуди одамӣ дармеояд, басе маҳдуду ночиз аст, вале агар одамӣ кӯзаи вуҷуди худро ба дарёи ҳақиқат васл кунад, донишу маърифате бекарон ёбад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.800)

Эй Худованд, ин хуму кӯзай маро

Дарпазир аз фазли Аллоҳуштаро.

Марди араб гуфт: Худовандо! Ин оби аҳволу аъмоли маро, ки дар хуми вуҷудам гирд овардаам, аз рӯи фазлу бузургвориат бипазир!

Нукта: Чунонки дар ояти 111 сураи Тавба фармуда:

إِنَّ اللّهَ اشْتَرَى مِنَ الْمُؤْمِنِينَ أَنفُسَهُمْ وَأَمْوَالَهُم بِأَنَّ لَهُمُ الجَنَّةَ

«Худованд ҷону моли мӯъминонро ба баҳои биҳишт харидааст…»

Кӯзае бо панҷ лӯлай панҷ ҳис,

Пок дор ин обро аз ҳар наҷис.

Ин кӯзаи колбадро, ки панҷ лӯла аз ҳавосс дорад ва низ оби даруни ин кӯзаро, ки ҳамоно қувваҳои макнун дар колбади мост, пок дор ва аз олудагӣ дур фармо! Яъне моро аз андешаҳо ва ниятҳои олуда ба ағрози нафсонӣ, пок фармо!

То шавад з-ин кӯза манфаз сӯйи баҳр,

То бигирад кӯзаи ман хӯйи баҳр.

То ин ки аз ин кӯза равзанае ба ҷониби дарё гушуда шавад ва кӯзаи колбадамон хӯю табъи дарёро бигирад.

Манфаз: сӯрох ва маҷро, равзана.

Нукта: Кӯзаи вуҷуди одамӣ ҳар гоҳ аз сифоти замима пок шавад ва аз каманди ҳавосс бираҳад ва ба дарёи маорифи илоҳӣ васл шавад, дар он сурат, ҳеч амре аз умури дунё онро тираву палид намесозад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.800)

То чу ҳадя пеши султонаш барӣ,

Пок бинад, бошадаш шаҳ муштарӣ.

То ин кӯзаро, ки ба унвони армуғон ба маҳзари подшоҳ мебарӣ, шоҳ онро пок бибинад ва харидораш шавад.

Бениҳоят гардад обаш баъд аз он,

Пур шавад аз кӯзаи ман сад ҷаҳон.

Пас аз он ки аз кӯзаи колбади одамӣ равзанае ба сӯи дарёи ҳақиқат боз шуд, оби кӯзаи тан низ бениҳояту бекарон мегардад.

Лӯлаҳо барбанду пур дораш зи хум,

Гуфт: «Ғуззу ъан ҳаво абсорикум.»

Лӯлаҳоро бибанд ва кӯзаи вуҷудатро аз хуми маърифату ҳақиқати ҳазрати Парвардигор лабрез кун, зеро Ҳақ Таъоло гуфтааст: «Дидагонатонро аз ҳавову ҳавас фурӯ бандед.»

Нукта: Мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 30 аз сураи Нур:

قُل لِّلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ

«Эй паёмбар! Мӯъминонро гӯй, ки чашмҳои худ аз ҳаром фурӯ банданд…»

Акбарободӣ гӯяд: «Барбастани лӯлаҳо, киноя аз боздоштани ҳавосс аст аз лаззот, ки мутаҷовиз аз ҳадди зарурат бошад.» (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.198)

Риши ӯ пур бод, к-ин ҳадя кирост?

Лоиқи чун ӯ шаҳе, ин аст рост.

Аъробӣ бо ғуруру худбинӣ меболад ва мегӯяд: кист он, ки битавонад армуғоне беҳтар аз армуғони ман ба назди шоҳ бибарад?

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: