Перейти к содержимому

Озод будан, шарти озодихоҳ будан

Сайидюнуси Истаравшанӣ

«Озодихоҳ» ба касе гуфта мешавад, ки ба дунболи озодӣ аст, дӯстдори озодӣ ва тарафдори он аст, ҳамеша дар талош аст, то ҳам худаш ва ҳам дигарон аз бардагиҳо ва маҳрумиятҳо ва маҳдудиятҳо раҳо ва озод бошанд.

Дар ҷаҳон, чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз, афроде, ки худро озодихоҳ медонанд, андак набуданд ва имрӯз ҳам андак нестанд. Аммо бо ин ҳама, мебинем, шумори бисёр ангуштшуморе аз онҳо муваффақ мешаванд ва талошҳояшон ба самар менишинад. Чаро?

Яке аз далелҳои адами муваффақияти бисёре аз муддаиёни озодихоҳӣ, озод набудани худи онҳост. Яъне озоду раҳо набудани онҳо аз қайду бандҳои дарунӣ аст; қайду бандҳое мисли риёсатталабӣ, кина, ҳиқд, адоват, ҳасад, тамаъ, бадгумонӣ ва суизанн нисбат ба дигарон, ва хулоса, тамоми ахлоқу рафторҳои зишти инсонӣ. Хислатҳои нописанд дар воқеъ ғуллу занҷирҳое ҳастанд, ки дасту пойи инсонро мебанданд ва ӯ наметавонад роҳат ҳаракат кунад ва озод нест.

Чӣ басо як инсон аз тамоми қайду бандҳои берунӣ — мисли бардагӣ, маҳдудиятҳо, маҳрумиятҳо ва ғайра – озод бошад, аммо дар айни ҳол, асиру бардаи ҳавоҳои нафсонии худ бошад, натавонад худро контрол кунад, натавонад ҷилави ҳиқду кина ва ҳасодаҳои худро бигирад. Ӯ бардаи «хоҷае», ки ба ӯ амру наҳй мекунад нест, ӯ дар ин ҷиҳат озод аст, вале бардаи нафси худ аст. Ва бардаи хостаҳои дарунӣ, ба маротиб бардатар аз бардаи «хоҷаи» берунӣ аст.

* * *

Бар ҳамин асос, «озодихоҳе», ки асиру бардаи хостаҳои нафсонӣ аст ва аз қайду бандҳо ва ғуллу занҷирҳои дарунӣ озод нест, агар дар ибтидо ҳадафаш «мубориза бо душманони озодии инсонҳо» будааст, дар васати роҳ аммо вақте барояш рақибе пайдо шавад ва ё касе дар хилофи хостаҳои дарунии ӯ ҳаракат кунад, оташи кина ва ҳасодат аз дарунаш шӯъла мезанад ва он гоҳ якдафъа масираш иваз мешавад ва ба ҷойи «мубориза бо душманони озодӣ», шурӯъ мекунад ба пайкор ва мубориза бо «душманони хостаҳо ва ҳавоҳои даруниаш». Яъне, шурӯъ мекунад ба тавҳину таҳқир ва дашноми афроде, ки бо ӯ ба ҳар далел ҳамраъй нестанд. Ва ба тадриҷ аҳдофи аслиаш ба фаромӯшӣ супурда шуда, ҳадафи асосии ӯ, фақат «аз сари роҳ бардоштани» душманони хостаҳои дарунии ӯ мегардад, ва чӣ басо худаш мутаваҷҷеҳи ин тағйири масир ҳам нашавад.

* * *

Асосан, инсоне, ки асиру бардаи ҳиқду кинаҳо ва ҳасодату бухлҳои дарунӣ аст ва аз онҳо озод нест, ӯ ба лиҳози равонӣ бемор аст. Ва ба қавли имрӯзиҳо, ӯ уқдаи равонӣ дорад. Масалан, касе, ки кина дорад, ӯ ҳамвора фикру зикраш интиқомҷӯӣ аст. Яъне, вақте нисбат ба касе ҳиқду кина дорад, дилаш мехоҳад аз ӯ интиқом бигирад ва то ӯро ба хоку хун накашад, наметавонад ором гирад. Ва ё як ҳасуд вақте хайру неъматеро дар дигарон мебинад, ҳамаи орзуяш ин аст, ки он неъмат аз соҳибонаш салб шавад. Дар бораи худаш фикр намекунад. Ӯ бемор аст. Яъне вақте касе ҳамеша дар ин андеша аст, ки дигаре ақиб биафтад, ӯ бемор аст, мариз аст. Ҳатто гоҳе кор ба ҷойе мерасад, ки одамҳои ҳасуд ҳозиранд ба худашон садама бизананд, то шояд ба дигарон садама ворид шавад.

Як достони бисёр дарсомӯзе дар китобҳои таърихӣ дар ин бора нақл шудааст. Дар замони хилофати Мӯсои Ҳодӣ, бародари Ҳорунаррашид, марди ҳасуде дар ҳамсоягии як марди сарватманд ва некӯкоре зиндагӣ мекард. Марди ҳасуд наметавонист ҳамсояи худро таҳаммул кунад, ӯ дар ин андеша буд, ки ҳамсояи некӯкорашро беобрӯ ва назди мардум беэътибор созад.

Ӯ ғуломе харид ва ӯро мутобиқи майли худ тарбият кард. Як рӯз марди ҳасуд ба ғуломаш гуфт:

— Ман кори муҳимме бо ту дорам ва аз ту мехоҳам дар ивази он ҳама муҳаббат, ки дар ҳаққи ту кардам, дар анҷоми он кӯтоҳӣ накунӣ.

Ғулом гуфт:

— Ҳар чӣ бифармоӣ, итоат мекунам.

Марди ҳасуд гуфт:

— Ман бо ин ҳамсояи сарватмандам миёнаи хубе надорам ва сахт ӯро душман медорам, то ҷойе, ки мехоҳам ӯро нобуд кунам.

Ғулом гуфт:

— Бифармо, то ҳамин ҳоло ӯро ба қатл бирасонам.

Марди ҳасуд гуфт:

— На. Агар ӯро ба қатл бирасонӣ, маро қотили ӯ хоҳанд донист ва натиҷаи матлуб ба даст намеояд. Бояд маро бикушӣ.

Ғулом гуфт:

— Барои чӣ туро бикушам?

Марди ҳасуд гуфт:

— Ман ин ҳамсояро наметавонам бибинам. Мурдан барои ман аз зиндагӣ беҳтар аст. Мо рақиби якдигар будем ва ӯ аз ман пеш афтода ва ҳама чизаш аз ман беҳтар аст. Ман дорам дар оташи ҳасад месӯзам, мехоҳам қатле ба пойи ӯ биафтад ва ӯро зиндонӣ кунанд. Агар чунин чизе шавад, ман роҳат шудаам. Роҳатии ман фақат барои ин аст, ки медонам агар кушта шавам ва ҷасадам пушти боми ҳамсоя пайдо шавад, фардо мегӯянд ҷанозааш дар пушти боми рақибаш пайдо шуда, пас ҳатман рақибаш ӯро куштааст, баъд рақиби маро зиндонӣ ва сипас эъдом мекунанд ва мақсуди ман ҳосил мешавад.

Ғулом чорае ҷуз қабул кардан надошт. Соҳиби худро гардан зад ва ҷасади ӯро пушти боми ҳамсоя андохт. Он марди ҳамсояро ба зиндон бурданд. Вале ҳама мегуфтанд: агар ӯ қотил бошад, рӯйи пушти боми хонаи худаш, ки ин корро намекунад, пас қазия чист? Муаммое шуда буд. Виҷдони ғулом ӯро роҳат нагузошт, пеши ҳукумати вақт рафт ва ҳақиқатро ин тавр гуфт:

— Ман ба тақозои худаш ӯро куштам. Ӯ он чунон дар ҳасад месӯхт, ки маргро бар зиндагӣ тарҷеҳ медод.

Маъмурон моҷароро ба Мӯсои Ҳодӣ, халифаи вақт гузориш доданд. Халифа хитоб ба он ғулом гуфт:

— Ҳарчанд қатли нафс кардаӣ, вале чун ҷавонмардӣ намудаӣ ва бегуноҳеро аз марг наҷот додаӣ, туро озод мекунам.

Сипас ӯро озод намуд.

Ин ҳам саранҷоми касе, ки асир ва бардаи хостаҳои нафсонӣ ва дарунии худ будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: