Перейти к содержимому

Инсони комил (34)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби сусиёлизм (сотсиализм) (2)

Адами инҳисори авомили “мансоз” дар моликият

Он чи, ки башар мехоҳад, ҳама аз қабили умури иқтисодӣ нест, то вақте моликиятро иштирокӣ кардем, якдафъа “ман” табдил ба “мо” шавад. Фақат як қисмат аз мавҳибатҳои зиндагӣ умури иқтисодӣ аст, ки масъалаи моликият дар он ҷо матраҳ аст. Қисматҳои зиёди дигаре дорем, ки марбут ба умури иқтисодӣ ва моликият нест, мисли мақом.

Агар фарз кунем — ки тоза ин як фарз аст ва ҳақиқат надорад — он касе, ки дар раъси як кишвари сусиёлистӣ қарор гирифтааст, аз назари тағзия ва либосу маркаб бо бақияи мардум яксон аст, масалан нахуствазири фалон кишвари сусиёлистӣ аз назари истифода аз мавоҳиби иқтисодӣ бо фалон коргаре, ки дар фалон корхона ё мазраъа кор мекунад, дар як ҳадд ҳастанд ва аз назари ғизо ва осоишу хобу либосу худрав як ҷур ҳастанд, ва агар фарз кунем нахуствазири Чин аз раисиҷумҳури Омрико ҳадяе қабул намекунад ва ба он ҳадя ифтихор ҳам намекунад; бо фарзи ҳамаи инҳо, оё ӯ, ки дар мақоми нахуствазирӣ зиндагӣ мекунад ва ҳар рӯз садҳо ҳазор акс аз ӯ дар рӯзномаҳо мунташир мешавад ва рӯзе садҳо бор исми ӯ дар родиюҳои дунё бурда мешавад ва борҳо филми ӯро дар телевизиюн мебинанд, бо он коргари фаромӯшшуда дар таҳи корхона, як ҷур аз мавоҳиб бархӯрдоранд? На, ин тавр нест. Билохира, ӯ аз мавоҳиби ин мақом истифода мекунад, на дигаре. Намешавад инҳоро ба ҳолати иштирокӣ даровард. Намешавад мақоми он коргарро бо мақоми он нахуствазир рӯи ҳам бирезанд ва байни онҳо тақсим кунанд. Хоҳ нохоҳ раҳбарии ҳизб ба як нафар ихтисос пайдо мекунад ва муовинати ҳизб ба як нафари дигар ва симати мудири куллӣ ба фарди дигар, ва дар охир як идда дар поинтарин рутба қарор мегиранд. Мақомҳои идорӣ ҳам ҳамин тавр аст.

Пас, барои ин ки “ман” табдил ба “мо” шавад, кофӣ нест, ки моликиятҳои ихтисосӣ аз байн биравад, ва мо дидем, ки дар ҷоҳое, ки моликиятҳои ихтисосӣ аз байн рафт, “ман” табдил ба “мо” нашуд; ҷангҳо ва низоъҳо ва тасфияҳо дар дохили онҳо мешавад ва рақобатҳои дохилӣ сурат мегирад ва ҳатто ду урду ва ду ғули бузурги инҳо (Чин ва Шӯравӣ) бо якдигар дар ҳоли мубориза ҳастанд ва барои ин ки ҳамон нуқтаи муқобилашонро, ки империалисм аст бо худашон рафиқ кунанд, бо ҳам мусобиқа гузоштаанд. Инҳо нишон медиҳад, ки “ман”-ҳо табдил ба “мо” нашудааст ва инҳо ҳарф аст.

Мо қабул дорем, ки ноҳамвориҳои моликият асари фаровоне дар “мансозӣ” ва мунофоти зиёде бо “мо” будан дорад, ва аз ин рӯ, ислом ба таъдили сарвату моликиятҳо инояти фавқулъода дорад. Вале масъала ин аст, ки аз байн бурдани ин ноҳамвориҳо кофӣ нест барои ин ки “ман”-ҳо табдил ба “мо” шавад. Баъд мебинем, ки “мо” дар миёни онҳо исму лафзу ҳарф аст; пойи эҳтиёҷ, ки ба миён биёяд, матлаб аз ин қабил нест.

Мактаби ҳақиқӣ дар ин ҷо ин аст, ки аввалан, ин матлаб, ки “ман” бояд табдил ба “мо” шавад, яке аз шароити инсони комил аст ва мо инро қабул дорем, аммо ин ки касе хаёл кунад ба сирфи ин ки “ман”-и инсон табдил ба “мо” шуд, инсон комил шудааст, саҳеҳ нест. Мактаби сусиёлизм боз як мактаби такарзишӣ аст. Ин назария, ки тамоми арзишҳои инсоният мунҳасир аст ба ин ки “ман” табдил ба “мо” шавад, дуруст нест.

Чандин арзиши дигар ғайр аз табдили “ман” ба “мо” вуҷуд дорад, ки ҳамаи мактабҳое, ки қаблан шарҳ додем, ҳар кадом лоақал ба як арзиш дуруст таваҷҷӯҳ кардаанд. Пас, танҳо як чизро арзиши инсонӣ донистан, дуруст нест.

* * *

Имон, роҳи “мо” шудани “ман”-ҳо

Сониян, ин “ман” он вақт воқеан ва ҳақиқатан табдил ба “мо” мешавад, ки қаблан табдил ба “ӯ” шуда бошад, яъне ҳамон назарияи урафо. “Ман”, бидуни он ки қаблан табдил ба “ӯ” шуда бошад, табдил ба “мо” намешавад. Роҳи “мо” шудани “ман”-ҳо ин аст, ки аввал “ман”-ҳо “ӯ” бишаванд, яъне имон ба Худо пайдо шавад:

قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْاْ إِلَى كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلاَّ نَعْبُدَ إِلاَّ اللّهَ وَلاَ نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلاَ يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ

(Сураи Оли Имрон, ояти 64)

Мухотаб, аҳли китобанд: эй аҳли китоб! (Яҳудиҳо, насоро, зардуштиҳо!) Биёед ҳамаи мо гирди як калима ва як ҳақиқат ҷамъ шавем, ҳақиқате, ки:

سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ

Бибинед, таъбири Қуръон чӣ қадр аҷиб аст! Ҳақиқате, ки на аз ман аст ва на аз ту, на аз мост (1) ва на аз шумо; ҳақиқате аст, ки аз “мо”-и ба маънои аъамм аст; мо ва шумо ҳар ду дар ӯ шарикем ва ӯ мо ва шумо ҳар дуро дарбар мегирад. Ман, ки пайғамбари исломам, наметавонам бигӯям ӯ Худои ман аст ва Худои туи масеҳӣ нест, Худои туи яҳудӣ нест, Худои туи зардуштӣ нест, Худои туи бутпараст нест, Худои ин санг нест, Худои ин обу ҳаво нест; ӯ Худои ҳама аст ва ба ҳама таъаллуқ дорад, ва агар инсон ба ӯ таъаллуқ пайдо кунад, таъаллуқ ба як амри маҳдуд нест, ки “марзсоз” ва “мансоз” бошад. Ӯ дигар пул нест, ки агар ман ба ӯ таъаллуқ дошта бошам, шумо ҳам ба ӯ таъаллуқ дошта бошед, ҷанг дар бигирад; ҳақиқате аст, ки метавонад дар они воҳид ҳамаро дар худаш ҷамъ кунад. Биёед ҳама “мо” шавем, аммо ба чӣ васила? Ба василаи як имон, ба василаи як идея, ба василаи як калима: Худо, Худои мо. Биёед “мо” бишавем, аммо аввал бояд ҳама “ӯ” бишавем. Вақте, ки “ӯ” шудем, яъне ин манияти мо дар муқобили “ӯ” аз байн рафт ва ҳама якранг шудем, он вақт аст, ки метавонем ҳама “мо” бошем.

تَعَالَوْاْ إِلَى كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ

Биёед ба сӯи калима ва ҳақиқате, ки байни мо ва шумо баробар аст. Агар пайғамбари ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) масалан пешниҳод кунад ки: эй мардум! Биёед ҳама забони арабиро ёд бигирем, то ҳама “мо” шавем, он касе, ки забонаш форсӣ аст мегӯяд: чаро забони арабӣ? Забони форсӣ бошад. Он касе, ки забонаш туркӣ аст мегӯяд: чаро забони арабӣ? Забони туркӣ бошад. Он касе, ки забонаш фаронсавӣ аст мегӯяд: чаро забони арабӣ? Он забон, фаронсавӣ бошад. Он касе, ки забонаш ангилисӣ аст, ҳамин тавр… Забони арабӣ наметавонад чизе бошад, ки барои ҳамаи мардум

سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ

— бошад. Забони арабӣ ва форсӣ ва туркӣ ва фаронсавӣ ва ангилисӣ ҳар кадом ба як миллате ихтисос дорад. Хеле чизҳои дигар ҳам ҳамин тавр аст.

Вале он ҳақиқате, ки моли ҳама аст ва моли ҳеч кас ҳам нест, Худои мост; он ҳақиқати куллӣ ва он касе, ки ҳамаи моро офаридааст, он касе, ки оламро халқ карда ва бозгашти олам ба сӯи ӯст. Биёед ҳама ба сӯи ӯ биштобем, танҳо ӯро парастиш кунем ва шарике ҳам барои ӯ қарор надиҳем. Баъд мефармояд:

وَلاَ يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ

Вақте, ки ба сӯи “ӯ” рафтем ва “ӯ” шудем, он вақт “мо” мешавем ва танҳо он вақт аст, ки метавонем “мо” бошем. Дар ин ҳангом, баъзе, баъзеи дигарро рабби худ (яъне Худои худ) интихоб накунад, сӯҳбати оқоӣ ва навкарӣ аз миён биравад, сӯҳбати истисморгару истисморшуда аз байн биравад, сӯҳбати болову поин аз миён биравад, вале ба шарте, ки аз он ҷо шурӯъ кунем:

تَعَالَوْاْ إِلَى كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلاَّ نَعْبُدَ إِلاَّ اللّهَ وَلاَ نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلاَ يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ

Ин аст, ки Қуръон тарафдори “мо” будааст ва ҳамеша дам аз “мо” мезанад.

Дар намоз, баъд аз он ки Худоро ҳамду ситоиш мекунем:

الْحَمْدُ للّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

Худоро мухотаб қарор медиҳем. Ман танҳо дорам намоз мехонам ва намози ман фуродо аст. Мехоҳам бигӯям, Худоё, туро парастиш мекунам ва аз ту кӯмак мехоҳам, вале ин тавр мегӯям:

إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ

Худоё, “мо” фақат туро парастиш мекунем ва “мо” фақат аз ту ёрӣ меҷӯем. Намегӯем, “ман” фақат туро парастиш мекунам. Дар охири намоз ҳам мегӯем:

السلام علينا وعلى عباد الله الصالحين

* * *

Ноқис будани маънии шеъри Саъдӣ

Саъдӣ мегӯяд:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз миҳнати дигарон беғамӣ

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Ин шеъри Саъдӣ, ки ба ҳақ дар сатҳи бисёр олӣ ташхис дода шудааст, айни тарҷумаи як ҳадиси набавӣ аст; мунтаҳо каме ноқис аст ва ба камоли асли ҳадис нест. Ҳадиси набавӣ ин аст:

مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، مَثَلُ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنْهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى

«Масали аҳли имон дар туводуд (дӯстии мутақобил) ва тароҳум (меҳрубонии мутақобил), масали аъзои як пайкар аст…» Оё вақте узве аз аъзои як пайкар ба дард ояд, соири аъзо роҳат мехобанд ва мегӯянд, он узв ҳар чи дард мекашад, бикашад? Ё узвҳои дигар бо ӯ ҳамдардӣ мекунанд? Пайғамбар мефармояд: соири аъзо ба ду васила бо ин узв ҳамдардӣ мекунанд: яке, ба василаи таб, ва дигар ба василаи бехобӣ. Аъзои дигар намехобанд ва доиман дар табу тобанд. Масалан, нороҳатӣ дар рӯда пайдо шуда ё як конуни чиркӣ дар кабид пайдо шуда, вале даст ҳам намехобад, сар ҳам намехобад, қалб ҳам намехобад, аслан бадан истироҳат намекунад, чун як узв ба дард омадааст. Таб, аксуламали ҳамаи бадан дар муқобили нороҳатие аст, ки дар як узв пайдо шудааст.

Вале пайғамбар таваҷҷӯҳ ба як нукта дорад. Вақте мефармояд: масали мӯъминин масали як пайкар аст, таваҷҷӯҳ дорад, ки пайкар руҳ мехоҳад. Як руҳ бояд вуҷуд дошта бошад, то ҳамаи аъзоро “ӯ” карда бошад ва баъдан “мо” шуда бошанд. Оё агар ҷасад мурда бошад ва шумо як узвро қитъа-қитъа кунед, соири аъзо ҳис мекунанд? На, чун руҳ вуҷуд надорад. Ин руҳ аст, ки ҳамаи мӯъмининро яке кардааст. Чун инҳо дар он руҳ яке ҳастанд, “мо” шудаанд ва бо якдигар ҳамдардӣ доранд. Он руҳ, имон аст; ҳамон калимаи:

سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ

— аст. Чун мӯъминин имон доранд ва калимаи:

سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ

— бар онҳо ҳукмфармост, “ман”-ҳои онҳо “ӯ” шудааст ва табъан ҳамдилу ҳамдард ҳастанд. Аммо инсонҳо бидуни “калимаи саво” ин тавр нестанд. Пайғамбар фармуд, “мӯъминин” яъне онҳо, ки дар як руҳ шариканд ва онҳо, ки

كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ

— бар онҳо ҳукмфармост. Саъдӣ иштибоҳ карда, ки гуфтааст: «Банӣ Одам аъзои якдигаранд«. Банӣ Одам то он

كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ

— бар онҳо ҳоким набошад, ҳаргиз аъзои як пайкар наметавонанд бошанд ва нестанд. Дурӯғ аст, ки банӣ Одам аъзои якдигаранд. Оё омрикоиҳо ва ветномиҳо банӣ Одам ҳастанд ё нестанд? Агар бигӯем, ветномиҳо банӣ Одаманд ва омрикоиҳо банӣ Одам нестанд, ё билъакс, ки дуруст нест. Ҳар ду банӣ Одаманд, вале дурӯғ аст, ки банӣ Одам аъзои як пайкаранд. Банӣ Одам ҳар гоҳ як руҳ ва як имон бар онҳо ҳоким шуд, яъне вақте, ки “ман”-ҳои эшон дар як “ӯ” ва дар як имон ҳал шуд ва “ман” барояшон боқӣ намонд, бо якдигар ҳамдардӣ доранд. Дар он вақт аст, ки:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Пас, дар ин мактаб (мактаби сусиёлистӣ), як иштибоҳ дар бораи инсони комил ин аст, ки ҳамаи арзишҳо ҷуз як арзиш, фаромӯш шудааст ва он ҳам арзиши “мо” будан аст. Ин “мо” будан ҳарфи дурусте аст, яъне агар инсоне “ман”-и ӯ табдил ба “мо” нашуда бошад, инсони комил нест. Аммо ин ки хаёл кунед ба сирфи ин ки “ман”-и инсон табдил ба “мо” шуд, комил шудааст, дурӯғ аст. “Мо” шудан яке аз хутути симои инсони комил аст, на тамоми он.

Иштибоҳи дигарашон ин аст, ки хаёл кардаанд он чизе, ки “ман”-ҳоро “мо” кардааст, моликиятҳои ихтисосӣ аст ва агар моликияти ихтисосиро аз байн бурдем ва моликияти иштирокӣ ҳоким шуд, дигар “ман”-ҳо “мо” шудааст ва ҳеч кас эҳсоси “маният” намекунад.

* * *

Достони шутуру рӯбоҳ

Чандин сол пеш, достонеро дар маҷаллае хондам. Афсонае сохта буданд, ки рӯзе як шутур ва як рӯбоҳ бо ҳам рафиқ шуданд. Рӯбоҳ ба шутур пешниҳод кард, ки биё як зиндагии иштирокӣ дошта бошем ва ин зиндагии ихтисосӣ ва моликияти ихтисосиро илғо кунем ва бо якдигар дӯсту рафиқ бошем ва ҳатто якдигарро “рафиқ” садо бизанем. Ман ба ту мегӯям “рафиқ шутур” ва ту ҳам ба ман бигӯ “рафиқ рӯбоҳ”. Сӯҳбати “ман” дар кор набошад. Ҳатто ман ҳеч вақт баъд аз ин намегӯям “баччаи ман”, мегӯям “баччаи мо” ва ту ҳам ба баччаат дигар нагӯ “баччаи ман”, бигӯ “баччаи мо”. Биё “ман”-ро ба куллӣ аз байн бибарем ва табдил ба “мо” кунем. Ман баъд аз ин ба полони ту мегӯям “полони мо” ва ту ҳам ба думи ман бигӯ “думи мо” ва асосан дигар мане дар кор набошад.

Шутури бечора ҳам бовар кард. Муддате бо ҳам зиндагии иштирокӣ карданд, то ин ки ҳодисае пеш омад: рӯбоҳ чанд рӯзе шикоре гираш наомад. Як рӯз дар ҳоле, ки асабонӣ ва нороҳат буд, ба хонаи иштирокӣ омад, вале ба истилоҳ рӯдаи кучакаш дошт рӯдаи бузургашро аз гуруснагӣ мехӯрд. Чашмаш ба баччаи шутур афтод. Ӯро ба гӯшае бурд ва дарид ва хӯрд. Шутур, ки баргашт, суроғи баччаашро гирифт. Рӯбоҳ изҳори беиттилоӣ кард ва гуфт: намедонам.

Шутур дунболи баччааш гашт, то лошаашро пайдо кард. Бетоб шуд ва ба сараш мезад, ки чӣ касе баччаи манро чунин кардааст! То шутур гуфт “баччаи ман”, рӯбоҳ гуфт: ту ҳанӯз тарбият нашудаӣ, ки мегӯӣ “баччаи ман”?! Бигӯ, “баччаи мо”.

Вақте “ман” ин тавр бихоҳад табдил ба “мо” бишавад, шакли “рӯбоҳу шутур”-ро пайдо мекунад.

Пас, ин мактаб (сусиёлистӣ) ҳам дар мавриди инсони комил, мактаби комиле нест. Дар ин мактаб фақат ба як арзиш, он ҳам ба таври ноқис таваҷҷӯҳ шудааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) «Мо” дар муқобили “шумо”, на дар муқобили “ман”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: