Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (308)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (51)

* * *

Ҳадя бурдани араб сабӯи оби борон аз миёни бодия сӯйи Бағдод ба амирулмӯъминин бар пиндошти он, ки он ҷо ҳам қаҳти об аст (2)

* * *

Зан намедонист, к-он ҷо бар гузар,

Ҳаст ҷорӣ Даҷлае ҳамчун шакар.

Зани аъробӣ намедонист, ки дар он ҷо — яъне роҳе, ки ба Бағдод мунтаҳӣ мешавад — рӯди азими Даҷла ҷорӣ аст, ки маззае ширин монанди шакар дорад.

Дар миёни шаҳр чун дарё равон,

Пур зи киштиҳову шасти моҳиён.

Рӯди Даҷла дар миёни шаҳри Бағдод равон аст ва монанди дарё аз киштиву қуллобҳои моҳигирӣ пур аст.

Шаст: қуллоби моҳигирӣ.

Нукта: Дар ин ҷо ҳолати ин зану марди аъробӣ, нишондиҳандаи худбинӣ ва ғурури инсонҳои худбохта ба вежа мутакаллимон ва файласуфон ва аҳли қилу қол аст, ки ба андешаҳои хурду нораси худ сахт меболанд ва гумон медоранд, ки бо муште алфозу истилоҳ метавон ба сирри акбар даст ёфт, дар ҳоле, ки ҳақоиқи ҷаҳони ҳастӣ бекаронтар аз он аст, ки дар зарфҳои ночизи ин алфозу истилоҳот маҳдуд шавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.802)

Мавлоно гӯяд: «Ин илмҳо нисбат ба аҳволи фуқаро, бозӣ ва умр зойеъ кардан аст, ки –

انّما الدنيا لعب

Акнун чун одамӣ болиғ шуд, оқилу комил шуд, бозӣ накунад. Ва агар кунад, аз ғояти шарм пинҳон кунад, то касе ӯро набинад. Ин илми қилу қол ва ҳавасҳои дунё бо дасти одамӣ хок аст ва чун бод бо хок омезад, ҳар ҷо, ки расад, чашмҳоро хаста кунад ва аз вуҷуди ӯ ҷуз ташвишу эътироз ҳосиле набошад.» (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.145)

Рав бари султону кору бор бин,

Ҳисси «таҷрӣ таҳтаҳал-анҳор» бин.

Бирав ба маҳзари шоҳ ва дар он ҷо бибин, ки чӣ гуна наҳрҳо ва ҷӯйборон ғулғулакунон дар ҷараёнанд.

Нукта: Мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 266 сураи Бақара:

تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ

«Аз зери онҳо наҳрҳо равон аст…»

Инчунин ҳисҳову идрокоти мо

Қатрае бошад дар он наҳри сафо.

Оре, ин ҳавоссу идрокоти мо, дар баробари он рӯдҳои сафо ва улуми илоҳӣ, қатрае беш нест.

* * *

Дар намад дӯхтани зани араб сабӯи оби боронро ва мӯҳр ниҳодан бар вай аз ғояти эътиқоди араб (1)

* * *

Мард гуфт: оре, сабӯро сар бибанд,

Ҳин, ки ин ҳадяст моро судманд.

Дар намад дардӯз ту ин кӯзаро,

То гушояд шаҳ, ба ҳадя рӯзаро.

Марди аъробӣ гуфт: сари сабӯро бибанд ва огоҳ бош, ки ин армуғон барои мо судманд хоҳад афтод. Ин сабӯро ту бо намад бипеч, то шоҳ рӯзаи худро бо он бигушояд.

Нукта: Одати биёбониён ва саҳронишинон аст, ки сабӯро дар намад дармепечанд, то оби он сард бимонад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.803)

К-ин чунин андар ҳама офоқ нест,

Ҷуз раҳиқу мояи азвоқ нест.

Зеро чунин оби зулолу гуворое дар ҳеч ҷои дунё ёфт намешавад ва ин об мисли бодаи нобу гуворои мазоқи одамиён аст.

Раҳиқ: бодаи ноб, шароби холис. Мояи азвоқ: ҳар чи ба мазоқҳо хуш ояд.

Нукта: Дар ояти 25 сураи Мутаффифин омадааст:

يُسْقَوْنَ مِن رَّحِيقٍ مَّخْتُومٍ

«Ва бинӯшанд аз бодаи ноб

Мисроъи дуввумро Никелсун ин гуна овардааст: «Ҳеч обе ин чунин ровоқ нест.» Яъне ҳеч обе бад-ин зулолӣ ёфта наёяд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.803)

З-он ки эшон з-обҳои талху шӯр

Доимо пуриллатанду нимкӯр.

Зеро ки онон аз ин обҳои талху шӯр ҳамвора дучори бемориҳои гуногунанд ва чашмонашон хираву бефурӯғ аст.

Мурғ, к-оби шӯр бошад масканаш,

Ӯ чӣ донад ҷойи оби рӯшанаш?

Масалан, мурғе, ки доиман минқор дар оби шӯр фурӯ мекунад, он мурғ чӣ медонад, ки ҷои оби софу зулол куҷост?

Нукта: Мисроъи аввал баргирифташуда аст аз масали:

Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,

Минқор дар оби шӯр дорад ҳама сол.

(Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1138)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: