Таъсиси «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ» аз забони Абдусаттор Бобоев

Ба гузориши хабаргузории Тасним, ду парвандаи фарзандони хурдсоли фаъолони тоҷик: яке, Ҳамза Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва дигаре, Фотима Давлатова, духтари Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқӣ, ҳошияҳои бисёреро дар фазои сиёсӣ ва расонаии Тоҷикистон ба вуҷуд овард.

Дар ин росто эътирозоти бисёре нисбат ба иқдомот ва мавозеъи давлати Тоҷикистон дар мумониат аз хуруҷи ин кӯдакони хурдсол аз кишвар ва пайвастан ба волидайнашон сурат гирифт. Ҳам дар қолаби кампинҳои маҷозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар чорчӯби тазоҳурот ва таҷаммӯоти эътирозӣ дар бархе кишварҳо дар Урупо.

Дар ҳамин росто, хабаргузории Тасним мусоҳибаеро бо Абдусаттор Бобоев, раиси ситоде, ки дар ибтидо «Наҷоти Ҳамза» номида шуд ва сипас ба «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ» тағйири ном дод, тартиб додааст.

Шаклгирии ситоди «Наҷоти Ҳамза»

Тасним: Аз ситоди озодсозии гаравгонҳои сиёсии тоҷик бигӯед. Чӣ тавр шуд, ки чунин ситоде шакл гирифт? Чӣ гурӯҳҳо ва аҳзоби сиёсӣ дар он мушорикат доранд?

Бобоев: Банда қаблан ҳам медонистам, ки Ҳамзаи 4-сола мубтало ба саратон аст ва модараш бо ду фарзанди дигар мехост аз кишвар хориҷ шавад, аммо мақомоти Тоҷикистон ба ӯ иҷоза намедоданд. Ҳудуди 7 моҳ қабл аз ин мавзӯъ ҳам расонаҳо барои нахустин бор эълом карда буданд, ки Ҳамза Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ ба бемории саратон мубтало шудааст.

Бо шиддат гирифтани бемории Ҳамза ва замоне, ки акси бемории ӯ дар расонаҳо мунташир шуд, дигар ҳеч кас наметавонист нисбат ба ин мавзӯъ бетафовут бошад. Ба ҳамин хотир мо ба ҳамроҳи гурӯҳе аз аъзо ва фаъолони аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳо ва анҷуманҳои мухталифи тоҷик ва ҳамчунин чеҳраҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва рӯзноманигорони мустақил, ситоде ташкил додем, то нисбат ба ин мавзӯъ иқдомотеро сурат бидиҳем.

Ҳадафи мо ҳам танҳо озодӣ ва наҷоти Ҳамза буд. Ба ҳамин далел ҳам номи ситодро «Наҷоти Ҳамза» гузоштем. Банда дар ин ситод ба унвони раис интихоб шудам ва афроде низ ба масъулиятҳои дигаре монанди ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо рӯзноманигорони хориҷӣ ва фаъолони ҳуқуқи башарӣ мансуб шуданд ва корро оғоз кардем.

Аз кампинҳои маҷозӣ ва петитсияи 140 ҳазор нафарӣ то баргузории тазоҳурот дар кишварҳои урупоӣ  

Тасним: Иқдомоти ин ситод дар хусуси ду парвандаи Ҳамза Тиллозода дақиқан чӣ буд? Ин ситод аз чӣ равишҳо ва абзорҳое барои дастёбӣ ба аҳдофаш истифода кардааст?

Бобоев: Ибтидо иқдомотро бо интишори тасовире аз Ҳамза ва дархост барои озодии ӯ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз кардем. Мо як петитсияи байналмилалиро низ барои наҷоти Ҳамза ба роҳ андохтем, ки 140 ҳазор имзо низ дар он ҷамъоварӣ шуд.

Аммо баъд тасмим гирифтем тазоҳуроти эътирозиро низ ба хусус дар кишварҳои урупоӣ, ки муҳоҷирони тоҷик дар онҳо зиёданд, баргузор кунем. Ҳамон тавр, ки шумо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид буданд, мо тазоҳуротеро дар кишвари Литва баргузор кардем ва шумори зиёде аз муҳоҷирони тоҷик дар ин тазоҳурот ширкат карда ва аз давлати Тоҷикистон дархост карданд, то ҳарчи зудтар гузарномаи Ҳамза ба ӯ бозгардонда шуда ва барои дармон ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунад.

Бо ин ҳол, ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон муддаӣ буданд, ки ҳеч иқдоме аз ҷониби хонаводаи Ҳамза барои хуруҷашон аз кишвар анҷом нашудааст. Ҳол он ки мо медонистем ин сирфан як баҳонаҷӯӣ аст ва ҳудуди 3 сол аст, ки ҳамсари Руҳуллоҳ Тиллозода, модари Ҳамзаи хурдсол, талош карда буд, то ба хориҷ аз кишвар сафар кунад, аммо гузарномаашро ба тариқе, ки ҳанӯз мушаххас нест, аз онҳо гирифта буданд.

Модари Ҳамза ҳам гуфта буд, ки намедонам, ки пас аз вақойеъи сентябри 2015 гузарномаам чӣ шуда ва куҷо ҳастанд.

Инчунин мо тазоҳуроти дигаре ҳам дар кишвари Утриш (Австрия), шаҳри Вен баргузор кардем. Дар он ҷо низ муҳоҷирон ва муборизони тоҷик, ки гирди ҳам омада буданд аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дархост карданд, то барои ҳалли мушкили Ҳамзаи 4-сола мусоидат кунанд. То ин ки билохира Ҳамза аз кишвар хориҷ шуд ва мақомоти Тоҷикистон мадорики ӯ ва модарашро ба онҳо бозгардонданд.

Ташкили «Кумитаи шаҳрвандӣ барои наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ»

Тасним: Чӣ тавр шуд, ки билофосила баъд аз қазияи Ҳамза, масъалаи Фотима Давлатова матраҳ шуд? Дар ин қазия ҳам ситоди шумо фаъолияташро идома дод?

Бобоев: Бале, баъд аз он вақте, ки қазияи Фотима, духтари Шабнам Худойдодова пеш омад, мо тасмим ба идомаи кор гирифтем. Албатта медонед, ки ситод як ниҳоди муваққатӣ аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ташкил мешавад ва баъд аз ҳал шудани мушкил, аъзои он муҷаддадан пароканда мешаванд.

Баъд аз қазияи Ҳамза чун масоили марбут ба Фотима пеш омад, ки барои муддати 4 сол дар асорати давлати Тоҷикистон қарор дошт ва наметавонист назди модараш дар Урупо бирасад, мо тасмим ба идомаи кор гирифтем.

Тасмими мо, табдили ситод ба як кумита буд, то аъзои аҳзоб, ҷунбишҳо ва анҷуманҳои мухталиф ҳамчун Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ), Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳаракати ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва ҳамчунин чеҳраҳо ва шахсиятҳои мустақил дар он узв шаванд.

Ниҳоятан мо ин кумитаро «Кумитаи шаҳрвандӣ барои наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ» номгузорӣ кардем. Ҳадаф аз номгузории ин кумита ҳам мушаххас аст. Қарор шуд, то замоне, ки охирин зиндонии бегуноҳ ва гаравгони сиёсӣ дар Тоҷикистон озод нашуда, ин кумита ба кори худ идома диҳад.

Дар қазияи Фотима ҳам ҳамон равиши пешинро идома додем. Тасмим гирифтем, то ба равишҳои қонунии кишварҳои мавҷуд, тазоҳуротеро баргузор кунем ва аз тариқи расонаҳо ҳам эълом кардем, ки агар Фотима ҳам озод нашавад, дар таърихи 14 август назди Сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳурот мекунем, аммо баъд дидем, ки қабл аз он Фотима Давлатова ва модарбузургаш аз кишвар хориҷ шуданд ва мо ҳам дигар тазоҳуротро лағв кардем.

Қазияи Ҳамза ва Фотима барои тоҷикҳо ваҳдатофарин буд

Тасним: То пеш аз ин шоҳиди шаклгирии чунин мавҷе аз мухолифатҳо ба ин иқдомоти давлати Тоҷикистон набудаем. Чӣ тавр шуд, ки дар парвандаи Ҳамза ва Фотима ин фишорҳо аз сӯи афкори умумӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шакл гирифт ва натиҷабахш ҳам буд?

Бобоев: Ба ростӣ, ки ин ҳолати Ҳамза ва Фотима мардумро бетафовут нагузошт, канори ҳам ҷамъ шуданд ва ваҳдате ба вуҷуд омад. Мо ҳам аз тариқи расонаҳо афкори умумии ҷаҳонро огоҳ кардем, ки мардумоне дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки чунин масоиле бар онҳо раво мешавад. Модароне, ки солҳои тӯлонӣ наметавонанд фарзандони худро бибинанд ва ҳатто тамос бигиранд ва кӯдаконе, ки наметавонанд ба дидори волидайни хеш бираванд. Чунин тавонистем ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам сиёсатмадорон ва аҳзоби худро барои иқдоми муштарак мутақоид кунем ва навъе ваҳдат ва муборизаи сиёсӣ барои як ҳадафи муштарак ба вуҷуд биёяд.

Хуруҷи Ҳамза ва Фотима ба маънои тағйир дар рӯйкардҳои давлати Тоҷикистон нест

Тасним: Дар хусуси ин ду мавриди ахир дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад. Давлати Тоҷикистон инро нишонаи ҳусни ният ва бахшиш медонад, мухолифон ва ҳамкорони шумо натиҷаи эъмоли фишорҳо. Оё воқеан опозисиюн ба чунин қудрате дар хориҷ аз кишвар даст ёфта, ки метавонад давлатро водор ба иттихози чунин тасмимоте кунад? Агар чунин буда, чаро барои масоили дигар то кунун ин фишорҳо натиҷабахш набуда? Гурӯҳи севвуме низ дар таҳлили ин таҳаввулот мӯътақиданд, ки навъе тағйиру таҳаввул дар фазои сиёсии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Оё воқеан фазои Тоҷикистон дар ҳоли бозтар шудан аст ва вазъияти мухолифон рӯ ба беҳбуд?

Бобоев: Ман ин тавр фикр намекунам, ки Тоҷикистон дар ҳоли бозтар шудан аст ва вазъият барои мухолифон рӯ ба беҳбудӣ бошад. Имрӯз сатҳи зиндагии мардум ба лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шиддат таназзул ёфта, ки ба далели заъфи давлат аст.

Мардуми Тоҷикистон имрӯз дар тангнои шадиде қарор доранд. Бо вуҷуди гузашти 25 сол аз фурӯпошии Шӯравӣ, ҳанӯз дар Душанбе, ки пойтахти кишвар аст, барқ барои ҳамаи мардум дар дастрас нест. Аммо дар иваз, давлат барои ин ки фикру зеҳни мардумро аз ин мавзӯъҳо мунҳариф кунад, саҳнасозӣ мекунад ва бозиҳои мухталифе ба роҳ меандозад.

Ахиран ҳам мебинем, ки афродеро бо зӯри шиканҷа ва таҳдид водор ба мусоҳиба мекунанд, то бигӯянд Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ё ҲНИТ дар нооромиҳои Тоҷикистон даст доштаанд. Ё филмҳое дуруст мекунанд, то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бигӯянд инҳо теруристанд ва аз теруризм ҳимоят мекунанд. Албатта ҳеч кас ҳам ҳарфи онҳоро ҳанӯз бовар накардааст, аммо ба ҳар ҳол Тоҷикистон фазои бастае аст ва мардум ҳаққи интихоби зиёде надоранд.

Бадеҳӣ аст ин равишҳо қатъан ҷавоб намедиҳад. Дар ҳар ҳол, ман фикр намекунам дар мавзеъгириҳои давлат нисбат ба мухолифон то кунун нишонаҳое аз беҳбуд дида шуда бошад.

Хайрулло Мирсаидов, парвандаи ҷадиди кумита

Тасним: Пас аз натиҷабахш будани эътирозот дар қазияи Ҳамза ва Фотима, оё кумита барномаи дигаре дар дасти анҷом дорад?

Бобоев: Бале, ҳамон тавр, ки дар расонаҳо ҳам эълом шудааст, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, ки раҳбари дастаи КВН-и Тоҷикистон ҳам буд, яъне Хайрулло Мирсаидов, ахиран зиндонӣ шудааст. Мирсаидов низ монанди дигар мухолифони давлат ба ҳабсҳои тӯлонӣ дар зиндон маҳкум шудааст; монанди раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки беш аз 15 сол дар зиндон аст ва ё ду тан аз намояндагон ва муовинони ҲНИТ, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Моҷарои Хайрулло аз ин қарор аст, ки вақте, ки барои коре масъулони давлатӣ аз вай талаби ришва кардаанд, ӯ ба ин мавзӯъ эътироз карда ва онро расонаӣ кардааст. Иллати аслии боздошти ӯ ин масъала аст.

Албатта, додгоҳи Тоҷикистон иддао карда, ки вай фасоди молӣ дорад ва ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст. Кумитаи мо ҳам ҳудуди як ҳафта аст, ки барои озодии ин рӯзноманигори тоҷик фаъолият мекунад. Боз ҳам тасмим ба идомаи равишҳои қаблӣ барои Мирсаидов дар қолаби кампинҳои маҷозӣ ва баргузории тазоҳуротро дорем.

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Гуфтугӯ, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: