Шарҳи Маснавӣ (309)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (52)

* * *

Дар намад дӯхтани зани араб сабӯи оби боронро ва мӯҳр ниҳодан бар вай аз ғояти эътиқоди араб (2)

* * *

Эй ки андар чашмаи шӯр аст ҷот,

Ту чӣ донӣ Шатту Ҷайҳуну Фурот?

Эй касе, ки ҷойгоҳат дар чашмаи шӯр аст, ту чӣ донӣ, ки Шатту Ҷайҳуну Фурот чист?

Нукта: Хитоби ин байт мутаваҷҷеҳи аҳли зоҳир аст, ва манзур аз «чашмаи шӯр», ғизоҳои нафсонӣ ва лаззоти ҷисмонӣ аст, ва мурод аз «Ҷайҳуну Фурот» завқу майли руҳонӣ ва маънавӣ аст. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1034)

Эй ту нораста аз ин фонӣ рибот,

Ту чӣ донӣ маҳву сукру инбисот?

Эй касе, ки аз ин саройи зудгузар ва дунёи фонӣ раҳоӣ наёфтаӣ! Ту чӣ донӣ, ки маҳву сукру инбисот чист?

Рибот: хона.

Нукта: Маҳв аз истилоҳоти урафо ва сӯфия аст. Ва мурод аз он, зудудани авсофи нафсонӣ ва изолаи сифоти башарӣ ва найл ба бехешӣ ва ё берун омадан аз худи маҷозӣ ва ғаризӣ аст. Аз ин рӯ, урафо дар таърифи расмии он гуфтаанд: «Рафъи авсофи одат ва изолаи иллат.» (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.31) Низ гуфтаанд: «Нафйи сифоти башарӣ, ҳолати бехудӣ аз худ ва лавозими худӣ. Муқобили исбот ва саҳв.» (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.1, с.244) Ба таври куллӣ, худро аз сифоти накӯҳида пок кардан ва ба сифоти писандида муттасиф шудан-ро, маҳву исбот гӯянд. (Тарҷумаи рисолаи Қушайрия, с.115)

Аммо сукр ба маънои мастӣ ва он ҳолате аст, ки ақлро аз тасарруф ва қувваҳои нафсониро аз инқиёди ақл боздорад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.1, с.244)

Инбисот, дар луғат, густариш ва паҳн шудани ҷисм бар сатҳи чизе аст, аммо дар истилоҳи сӯфия он аст, ки аз халқ ба хотири ҳифзи ҳаззи худ рӯй дар накашад ва бо онҳо дар кору сухан ояд ва сиъаи садр нишон диҳад, ба шарти он, ки аз ҳудуди шаръ нагузарад ва дар маҳзур наяфтад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1138)

В-ар бидонӣ, нақлат аз аббу ҷад аст,

Пеши ту ин номҳо чун абҷад аст.

Эй асир дар каманди дунё! Ту чӣ донӣ, ки олами мукошафа ва маърифати асрору ҳақоиқ чист? Агар ҳам муддаӣ шавӣ, ки ман ба олами асрору ҳақоиқ воқифам, ҳамин миқдор донистан (дар ҳадди ҳифзи алфозу истилоҳоти аҳли кашфу шуҳуд) низ тавассути машойих ва авлиё (падарони руҳонии ту) ба ту расидааст. Вале ин алфозу истилоҳоти аҳли завқ, дар назди ту ҳукми ҳуруфи абҷадро дорад. (Зеро кӯдакон ҳам метавонанд ҳуруфи абҷадро ҳифз кунанд ва бар забон оранд. Вале мусалламан бо ҳифзи калимоту такаллум ба онҳо, касе орифу комил намешавад.)

Нукта: Дар мисроъи аввал калимаи «аб» дар арабӣ ба маънии падар ва ҳар касе аст, ки сабаби ислоҳ ё эҷоду зуҳури чизе шавад. Барои ҳамин аст, ки ба муаллим аб (падар) гӯянд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.804)

«Абҷаду ҳавваз» чӣ фош асту падид

Бар ҳама тифлону маънӣ бас баъид.

Ҳамон тавр, ки такрори ҳуруфи абҷад, ҳавваз… барои ҳар баччае бисёр осону саҳл аст ва аммо маънои он бас душвор, пас, ба забон ҷорӣ кардани истилоҳоту калимоти аҳлуллоҳ тавассути ту низ ҳамин ҳолро дорад. Яъне алфозу калимоти эшонро хеле роҳат баён мекунӣ, аммо намедонӣ, ки чӣ маъноҳо ва асроре дар онҳо нуҳуфтааст.

Инак идомаи достон:

Пас сабӯ бардошт он марди араб,

Дар сафар шуд, мекашид ин рӯзу шаб.

Пас он марди аъробӣ сабӯро бар дӯш кашид ва равона шуд ва рӯзу шаб онро бо худ мебурд.

Бар сабӯ ларзон буд аз офоти даҳр,

Ҳам кашидаш аз биёбон то ба шаҳр.

Меларзиду метарсид, ки мабодо газанди рӯзгор ба сабӯ осебе ворид оварад, пас ҳамон тавр бо муроқибату мувозибат аз биёбон то шаҳр онро бар дӯш кашид.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: