Гузориши такондиҳанда аз таҷовузи артиши Миёнмор ба 18000 зану духтари мусалмон

Натоиҷи як пажӯҳиши ҷадид ҳокӣ аз он аст, ки артиши Миёнмор дар муддати як сол ҳудуди 18000 зану духтари руҳингиёиро мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор додааст.

Ба гузориши Daily Sabah, натоиҷи пажӯҳиши ҷадиди Ожонси тавсиъаи байналмилалии Унториу дар Конодо (Ontario International Development Agency) бо мавзӯи «Муҳоҷирати иҷбории Руҳингиё: таҷрибаҳои ногуфта» нишон дод, ки аз моҳи августи соли 2017 то кунун, ҳудуди 24 ҳазор мусалмони руҳингиёӣ ба василаи артиши Миёнмор кушта шуда ва ҳудуди 18000 зану духтари руҳингиёӣ аз сӯи нерӯҳои артиш мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Ин пажӯҳиш, ки бо ҳамкории муассисаҳо ва коршиносоне аз кишварҳои Устролиё, Банглодеш, Конодо, Нурвеж (Норвегия) ва Филиппин анҷом шуд, нишон дод, ки беш аз 40 ҳазор мусалмони руҳингиёӣ ҳам бо гулӯлаи артиши Миёнмор маҷрӯҳ шудаанд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, омори дақиқи теъдоди мусалмононе, ки ба василаи артиши Миёнмор кушта шудаанд 23962 нафар гузориш шудааст. Ҳамчунин 17718 зану духтари руҳингиёӣ ҳам ба василаи нерӯҳои пулис ва артиши Миёнмор мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Дар ин даргириҳо беш аз 115000 хонаи мусалмонони руҳингиёӣ ба василаи артиши Миёнмор ба оташ кашида шуд ва 113000 хонаи дигар ҳам вайрон шуд.

Пеш аз ин, дар гузориши «Пизишкони бидуни марз» теъдоди мусалмонони руҳингиёӣ, ки ба василаи артиши Миёнмор аз 25 август то 24 сентябри соли гузашта кушта шуданд, 9400 нафар эълом шуда буд. Дар ин миён 730 кӯдаки зери 5-сол буданд.

Ҳамлаи артиши Миёнмор ба мусалмонони Руҳингиё дар вилояти Рохин аз 25 августи соли гузашта оғоз шуд. Оморҳои Созмони Милал ҳокӣ аз он аст, ки артиши Миёнмор бо ҳадафи поксозии нажодӣ хонаи бисёре аз мусалмонони руҳингиёиро ба оташ кашидааст. Ҷиноятҳои мудовими артиши Миёнмор боис шуд мусалмонони зиёде ба Банглодеш бигурезанд.

Аз 25 августи соли 2017 то кунун беш аз 750000 муҳоҷир, ки бештари онҳо ҳам зану кӯдак ҳастанд, аз Миёнмор гурехта ва ба Банглодеш паноҳ овардаанд. Бар асоси эъломи Созмони Милал, беш аз 40 дар сади оворагони руҳингиёӣ зери 12 сол ҳастанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки мусалмонони Руҳингиё дар чанд даҳаи гузашта аз сӯи артиши Миёнмор мавриди табъиз воқеъ шудаанд ва давлати Миёнмор ба онҳо ҳаққи шаҳрвандӣ надодааст.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: