Перейти к содержимому

Инсони комил (35)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Хулосаи назари экзистенсиализм

Мактаби дигареро дар охири ин ҷаласа ба таври хулоса арз мекунам ва тафсилашро дар ҷаласаи баъд баён хоҳам кард.

Ин мактаб имрӯз хеле роиҷ аст ва метавон гуфт аз назари арзишҳои инсонӣ ва аз назари хутуте, ки барои инсони комил тарсим мекунад, нуқтаи муқобили сусиёлизм аст. Дар мактаби сусиёлизм бештар ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ шудааст. Аз назари сусиёлизм, инсон он вақт инсони комил аст, ки байни ҳамаи инсонҳо тасовӣ ва баробарӣ ва ваҳдат барқарор бошад. Моликияти иштирокӣ ҳам, ки мегӯянд, ҳокӣ аз таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои ҷамъӣ аст.

Дар ин мактабе, ки мехоҳам арз кунам (экзистенсиализм), ба арзишҳое таваҷҷӯҳ шудааст, ки бештар ҷанбаи фардӣ дорад, на ҷанбаи иҷтимоӣ, монанди озодии ирода, озодии андеша, ҳокимият ва истиқлоли як фард нисбат ба худ. Бештар такяи ин мактаб рӯи ин масоил аст. Ин мактаб мегӯяд: инсони комил инсоне аст, ки “ман”-и ӯ аз ҳар ҷабре озод бошад, таҳти таъсири ҳеч қудрате набошад, озоди мутлақ зиндагӣ кунад: иродааш озод бошад, андешааш озод бошад. Дар воқеъ милоки асосии инсоният дар ин мактаб, “озодӣ” аст. Ва агар “огоҳӣ” ҳам мегӯянд, муқаддимаи озодӣ аст. Мегӯянд: инсони комил яъне инсони озод, ва ҳар чи инсон озодтар бошад, комилтар аст; ҳар чи таҳти таъсири омилҳои дигар қарор гирад, аз инсонияти ӯ коста шудааст. Ҳатто дар ин мактаб мӯътақиданд имон ва эътиқод ба Худо ва такя ба Худо ва бандагии Худо, инсонияти инсонро ноқис мекунад, чун инсонро водор мекунад дар муқобили Худо таслим бошад. Ва бандагӣ нисбат ба Худо ва дар муқобили Худо, озодиро аз инсон салб мекунад. Ва чун камоли инсон дар озодӣ аст ва инсони комил инсоне аст, ки аз ҳама чиз озод бошад, пас ҳатто бояд аз қайди дин озод бошад. Ҳофизи мо мегӯяд:

Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд,

Зи ҳар чи ранги таъаллуқ пазирад, озод аст.

Агар касе дар зери ин чархи кабуд пайдо шавад, ки ба ҳеч чизе вобастагӣ ва таъаллуқ надошта бошад, ӯ комил аст.

Магар таъаллуқи хотир ба моҳи рухсоре,

Ки хотири ҳама ғамҳо ба меҳри ӯ шод аст. (1)

Ё дар ҷои дигаре мегӯяд:

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

Мактаби экзистенсиализм мегӯяд: на, “бандаи ишқам” ҳам ғалат аст; бояд бигӯӣ аз ҳар ду ҷаҳон озодаму аз ишқ ҳам озодам. Ба ҷои ин ки бигӯӣ “Магар таъаллуқи хотир ба моҳи рухсоре”, бояд бигӯӣ: “Ҳатто таъаллуқи хотир ба моҳи рухсоре”. Озоди мутлақ аз ҳама чиз. Инсоният яъне озодӣ ва он чи ки озодӣ иқтизо мекунад. Инсоният яъне тамарруду исён. Дар муқобили ҳама чиз мутамарриду осӣ будан ва таслими ҳеч чиз набудан. Инсон яъне озодӣ, ва озодӣ яъне инсон. Дар ҷаласаи баъд иншоаллоҳ дар бораи ин мактаб ба тафсил баҳс хоҳам кард.

ولا حول ولا قوة الاّ بالله العليّ العظيم

* * *

Нақду баррасии назарияи мактаби экзистенсиализм (1)

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَلْتَنظُرْ نَفْسٌ مَّا قَدَّمَتْ لِغَدٍ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ. وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنسَاهُمْ أَنفُسَهُمْ أُوْلَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ

(Сураи Ҳашр, оятҳои 18-19)

Дар охири ароизи ҷаласаи гузашта ба як мактаби дигар ва дар воқеъ ба ҷадидтарин мактаби имрӯз ва назарияи он дар бораи инсони комил ишора кардем.

Ин мактаб меъёри камоли инсонӣ ва дар воқеъ ҷавҳари инсон ва модари ҳамаи арзишҳои инсонро “озодӣ” медонад ва мӯътақид аст, ки инсон танҳо мавҷуде аст, ки дар ин олам озод офарида шудааст, яъне маҳкуми ҳеч ҷабру ҳеч зарурату ҳеч таҳмиле нест, ва ба таъбире, ки қудамои мо мекарданд, инсон дар олами хилқат як мавҷуди мухтор аст ва на як мавҷуди маҷбур, ва ба таъбири баъзе, ғайри инсон ҳар чи ҳаст маҷбур аст, яъне таҳти таъсири ҷабрии як силсила иллатҳо ва маълулот аст, вале инсон маҷбур нест ва ҳеч гуна ҷабри иллӣ ва маълулӣ ӯро идора намекунад.

* * *

«Асолати вуҷуд” дар экзистенсиализм

Ин мактаб дар ин ҷо матлаби дигаре ҳам дорад, ва он ин аст: инсон, ки озоду мухтор дар ин ҷаҳон омадааст, баръакси ҳамаи мавҷудоти дигар дорои сиришту табиати махсус нест. Ҳар чи дар дунё офарида шудааст, бо як сиришту моҳияти хосс офарида шудааст: санг, санг офарида шудааст, дигар наметавонад санг набошад ва кулӯх бошад. Гурба бо табиати гурбаӣ офарида шудааст ва муш ҳам муш офарида шудааст бо табиати мушӣ, ва асб ҳам асб офарида шудааст бо табиати асбӣ. Аммо инсон дорои ҳеч гуна табиати хосс нест, магар он табиате, ки худаш ба худаш бидиҳад. Инсон, ки мавҷуди мухтору озод аст, доираи ихтиёру озодии ӯ дар ин ҳадд аст, ки ба худаш сиришт медиҳад ва табиату моҳият мебахшад. Исми инро “асолати вуҷуд” ё “тақаддуми вуҷуд бар моҳият” гузоштаанд.

Истилоҳи «асолати вуҷуд» ва «асолати моҳият» дар миёни мо як истилоҳи нисбатан қадимӣ аст ва дар ҳудуди 350 сол (яъне аз замони Садрулмутааллиҳин) аз умраш мегузарад. Вале фалосифаи исломӣ асолати вуҷуд ва асолати моҳиятро ихтисосан дар ин маврид ба кор намебурданд, балки дар мавриди ҳамаи ашё ба кор мебурданд ва аз он, маънии дигаре ғайр аз он чи имрӯз ба номи «асолати вуҷуд» мусталаҳ шудааст, дар назар мегирифтанд. Вале ин матлаб, ки инсон нисбат ба соири мавҷудот ин имтиёзро дорад, ки дорои сиришти муайян нест ва ин худаш аст, ки ба худ сиришт медиҳад — ки инҳо исмашро «асолати вуҷуд» ё «тақаддуми вуҷуд бар моҳият» гузоштаанд — бо мабонии бисёр муҳкамтар дар фалсафаи мо ва махсусан дар фалсафаи Садрулмутааллиҳин, албатта бо таъбири дигар ва аз роҳи дигар собит шудааст. Ва ин, ҳарфи дуруст ва ҳақиқате аст, ки инсон аз худ як сиришти собит надорад ва ин худи инсон аст, ки ба худаш сиришту табиат медиҳад.

Матлабе, ки дар таъбироти динии мо роҷеъ ба масхи умматҳои гузашта ё дар бораи ахлоқиёти мардум дар замони ҳозир ва ё дар мавриди ҳашри мардум дар қиёмат омадааст — ки инсонҳо дар қиёмат ба як сурат маҳшур намешаванд; баъзе аз инсонҳо инсон маҳшур мешаванд ва бисёре аз инсонҳо ба сурати ҳайвон маҳшур мешаванд — бар ҳамин асос аст. Бо ин ки ҳар касе инсон ва бо фитрати инсонӣ мутаваллид мешавад ва инсони билқувва мутаваллид мешавад, вале дар ҷараёни зиндагӣ мумкин аст моҳияташ мутаҳаввил ба як ҳайвоне ғайр аз инсон шавад. Ва ин худ ҳақиқате аст. (2)

Ба ҳар ҳол як асл дар ин мактаб (экзистенсиализм) ин аст, ки инсон мухтору озод ва масъули худаш офарида шудааст, ва ҳарфи дурусте аст.

Медонем, дар миёни мусалмонон (дар масъалаи ҷабру ихтиёр) ду гурӯҳ буданд: ашоира ҷабрӣ буданд ва мӯътазила тафвизӣ. Шиъа мӯътақид ба “амри байни амрайн» аст; на ҷабри ашъариро қабул дорад ва на тафвиз ва “ба худ вониҳодагӣ”-и мӯътазилиро. Он чи ки экзистентсиалистҳо “вониҳодагӣ” меноманд, ҳамон тафвизи мӯътазилӣ аст. Аз назари шиъа тафвиз нест, вале ихтиёр ҳаст. Имомон фармудаанд:

لا جبر ولا تفويض بل أمر بين الأمرين

Ҷабр нест он чунон, ки имрӯз ҳам материалистҳо мегӯянд ва ба ҷабр мӯътақиданд, ва тафвизу вониҳодагӣ ҳам нест он чунон, ки экзистентсиалистҳои имрӯз ҳам мегӯянд ва ба тафвиз мӯътақиданд, ихтиёр аст, ки “амри байни амрайн” аст. Пас, то ин ҳадд, масъалаи ихтиёру озодии инсон ва ин ки ҷабре бар инсон ҳукумат намекунад ба ин маънӣ, ки аз ӯ салби ихтиёр кунад, матлаби дурусте аст. Ин матлаб ҳам, ки инсон бар хилофи ҳамаи мавҷудоти дигар — аъам аз ҷондору ғайри ҷондор — дорои як сиришти собит ва ғайриқобили тағйир нест, балки инсон худаш ба худаш моҳияту сиришту сурат медиҳад, матлаби дурусте аст.

* * *

Натоиҷи таъаллуқ ва вобастагии инсон

Аммо ин мактаб (экзистенсиализм) дар мавриди озодӣ матолиби дигаре ҳам дорад. То ин ҷо озодӣ ба маънии озодии фалсафиро баён мекунад: инсон озоду мухтору масъули худ офарида шудааст ва ҳатто сиришти худро худ бояд ба худ бидиҳад. Баъд мегӯянд: ҳар чизе, ки бар зидди озодӣ ва мунофӣ бо он бошад, инсонро аз инсоният хориҷ ва ӯро бегона аз инсоният мекунад. Инсон, зотан озод офарида шудааст. Мумкин аст омилҳое аз ҷумла вобастагиҳо ва таъаллуқҳо озодиро аз инсон бигирад. Агар инсон худашро ба чизе бибандад ва ба он таъаллуқ ва вобастагӣ пайдо кунад ва бандаву таслими чизе бошад – ҳол, ҳар чи мехоҳад бошад — аз назари ин мактаб (экзистенсиализм) аз инсоният хориҷ шудааст, зеро озодӣ аз ӯ гирифта шудааст. Инсон як мавҷуди озоду раҳост; ҳамин қадр, ки худро ба чизе баст, озодӣ ва раҳоӣ аз ӯ гирифта шудааст.

Лозимаи таъаллуқ ва вобастагии инсон чанд чиз аст: аввалан, вақте инсон вобаста ба чизе мисли пул шуд ва пул нақши асосиро дар фикру зеҳну хости ӯ бозӣ кард, он пул таваҷҷӯҳи инсонро аз “худ” ба пул ҷалб мекунад ва натиҷааш ғафлати инсон аз худ ва таваҷҷӯҳ ба чизи дигар аст, худфаромӯшӣ аст. Ҳамин қадр, ки инсон ба чизе вобаста шуд ва таъаллуқ пайдо кард, аввалин хислаташ ин аст, ки худогоҳиро аз инсон мегирад, яъне ӯро аз худаш ғофил мекунад ва таваҷҷӯҳи инсонро ба он чиз ҷалб мекунад. Ҳеҷ вақт ин инсон ба ёди худаш нест, ба ёди он маҳбубу матлубаш аст, ҳоло мехоҳад он маҳбуб пул бошад, мақом бошад, шуғл бошад, ҳар чи мехоҳад бошад. Пас, аввалин асари вобастагӣ ба ашё ин аст, ки худогоҳиро аз инсон мегирад. Ва ин худаш барои инсон як суқут аст, ки худогоҳиро аз ӯ нафй мекунад ва ба ҷои як мавҷуди худогоҳ як мавҷуди “худғофил” ва “ғайрогоҳ” мешавад. Агар дар бораи он шайъ аз он инсон суол кунӣ, дақиқтарин иттилоотро ба ту медиҳад, вале аз худаш бехабар аст.

Хислати дуввуми ин таъаллуқот ин аст, ки инсон аз арзишҳои худ ва арзишҳои инсонӣ ғофил мешавад ва ҳамаи таваҷҷӯҳаш маътуф ба арзишҳои он шайъ мешавад. Барои як одами пулпараст, он чизҳое, ки арзиши инсонӣ аст, арзиш надорад, аслан худи ӯ барои худаш арзиш надорад. Шарофату каромат дар зеҳни ӯ нақше надорад, озодӣ ва озодагӣ дар зеҳни ӯ нақше надорад ва ҳар чи ҳаст пул аст. Арзишҳои пул барои ӯ арзиш аст, вале арзишҳои худаш барои худаш арзиш нест. Арзишҳои худаш дар назари ӯ суқут мекунад ва арзишҳои ғайри худаш (яъне арзишҳои ҳамон шайъ) зинда мешавад.

Хислати севвум ин аст, ки вобастагӣ ба як шайъ, асорат меоварад. Вақте инсон худашро ба як чиз баст, қаҳран аз ҷараёну ҳаракату такомул меистад, чун ба он чиз мисли ҳайвоне, ки ӯро ба як дарахт ё мехи тавила баста бошанд, баста шудааст. Шумо агар як инсон ё ҳайвон ва ё худравро ба як дарахт бибандед, ҷилави ҷараён ва ҳаракати ӯро гирифтаед, яъне ӯро рокид ва мунҷамид ва мутаваққиф кардаед, ва ба таъбири форсии имрӯз, ӯро аз ҳолати “шудан” ба ҳолати “будан” табдил кардаед, ё ба таъбири фалосифаи худамон, ҳолати “сайрурат” — ки ҳолати аслии ӯст — аз ӯ гирифта мешавад ва табдил ба ҳолати “на сайрурат”, балки “кайнунат” мешавад.

* * *

Эътиқод ба Худо аз дидгоҳи ин мактаб

Пас, ҷавҳар ва ҳақиқати инсон ва арзиши арзишҳо ва модари арзишҳои инсон дар ин мактаб (экзистенсиализм), озодӣ ва ихтиёр аст ва инсон агар бихоҳад нигаҳбони инсонияти худ бошад, ки инсонияташ маҳву масх нашавад, бояд озодии худро ҳифз кунад. Ва агар бихоҳад озодии худро ҳифз кунад, бояд худашро аз ҳар чи ранги таъаллуқ пазирад, озод нигаҳ дорад, ҳатто — ҳамон тавр, ки дар ҷаласаи гузашта гуфтем — он “магар”-ро ҳам дар шеъри Ҳофиз («Магар таъаллуқи хотир ба моҳи рухсоре«) наоварад. Ё дар он ҷо, ки мегӯяд:

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

—  “бандаи ишқам”-ро ҳам ҳазф кунад ва бигӯяд: аз ҳар ду ҷаҳон озодам ҳатто аз ишқ. Ё он ҷо, ки Ҳофиз мегӯяд:

Гулъизоре зи гулистони ҷаҳон моро бас,

З-ин чаман сояи он сарви равон моро бас…

Аз дари хеш Худоро ба биҳиштам мафирист,

Ки сари кӯи ту аз кавну макон моро бас.

— «гулъизоре” ва “сояи сарви равон” ва “биҳишт” ва “сари кӯи худат”-ро бояд раҳо кунад. Ин мактаб мегӯяд, инсон бояд озоди мутлақ бошад. Ва ба ҳамин далел, бо ин ки дар бисёре аз усул бар зидди мактаби материализми диалектик аст, вале дар айни ҳол як гурӯҳ аз ин ду гурӯҳи экзистентсиалистҳо — ки Ҳойдегер ва Сортр ва ғайра… ҳастанд — материалист ҳастанд ва инҳо муддаиянд, ки эътиқод ва имон ба Худо аз ду назар бо ин мактаб созгор нест: яке аз ин назар, ки асосан эътиқод ба Худо мусталзими эътиқод ба қазо ва қадар аст, ва эътиқод ба қазо ва қадар, ҳам мусталзими эътиқод ба ҷабр — ба ақидаи инҳо — ва ҳам мусталзими эътиқод ба як табиати собити башарӣ аст; чун агар Худое вуҷуд дошта бошад, ночор башар бояд дар илми он Худо як табиати муайян дошта бошад ва ломутаайин нахоҳад буд. Ва ҳамчунин агар Худое вуҷуд дошта бошад, қазо ва қадар ва дар натиҷа ҷабр бар инсон ҳоким мешавад ва дигар ихтиёру озодӣ надорад. Пас, мо чун озодиро қабул кардаем, Худоро қабул намекунем.

Ба илова, қатъи назар аз ин ки эътиқод ба Худо бо эътиқод ба озодӣ — ба ақидаи инҳо — мунофӣ аст, эътиқод ба Худо мусталзими имон ба Худост, ва имон ба Худо яъне таъаллуқу баста будан ба Худо, ва ҳол он, ки баста будан — ба ҳар шакл, ки мехоҳад бошад — ва таъаллуқу имону вобастагӣ ба ҳар ҳақиқате, бар зидди озодии инсон аст, хусусан агар ин эътиқоду бастагӣ эътиқоду бастагӣ ба Худо бошад, чун бастагӣ ба Худо фавқи ҳамаи бастгиҳост. Ба қавли шоир:

Ман бастаи ту ҳастам, мӯҳтоҷи бастане нест,

Аҳде, ки бо ту бастам, ҳаргиз шикастанӣ нест.

Агар бастагӣ ба Худо бошад, дигар ба ҳеч шакл наметавон онро нақз кард ва шикаст. Бинобар ин, ин мактаб (экзистенсиализм), камоли инсонро дар озодӣ медонад.

Дар бораи ин мактаб аз ду ҷанба мешавад баҳс кард: яке ин ки муддаӣ ҳастанд, ки эътиқод ба Худо бо ихтиёру озодӣ носозгор аст, ва ин як иштибоҳ аст. Дар китоби «Иллатҳои гароиш ба моддигарӣ» ва низ дар китоби «Инсон ва сарнавишт» ин матлабро шарҳ дода ва гуфтаем, ки ин тавр нест. Он чи ки инҳо дар бораи эътиқод ба қазо ва қадар фикр мекунанд, ҳамон аст, ки пиразанҳо фикр мекунанд. Инҳо қазо ва қадарро нашнохтаанд, вагарна эътиқод ба қазо ва қадар он чунон, ки дар маорифи исломӣ ҳаст, ба ҳеч ваҷҳ бо ихтиёру озодии инсон мунофӣ нест, вале ин ҷиҳат феълан мавриди баҳси мо нест. Баҳси мо дар қисмати дуввум аст.

Ишколи дуввуми ин мактаб дар ин аст, ки гуфтаанд, таъаллуқу вобастагӣ ба ҳар чизе, бар зидди озодии инсон аст ҳарчанд ки он таъаллуқ ва вобастагӣ ба Худо бошад. Ин ҷо ман муқаддимае барои шумо арз мекунам.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Яъне Худо.

(2) Ин матлабе, ки имрӯзиҳо ба сурати дигаре дарк кардаанд, дар воқеъ матлабе аст, ки дар маорифи исломӣ собиқаи тӯлонӣ дорад. Ман феълан намехоҳам дар бораи ин ҷиҳат зиёд баҳс карда бошам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: